Тақво ё парҳезгорӣ, фазилат ва самараҳои он!
Имрӯз тақво ё парҳезгорӣ дар ҷомеъа коста гардида, қариб, ки аз миён рафтааст. Ҷомеъаҳо рӯ бар завол ва рукуди маънавӣ қарор доранд. Тақворо бархеҳо дар гузоштани риш, пӯшидани либосу аммома ва ё шахси насиҳатгар мебинанд.Тақворо набояд дар ин ашёи зоҳирии шахс ҷӯё шуд, зеро тақво ҷавҳарест ноёб ва на ҳама он ашхоси дар боло зикршуда, дорои он ҷавҳаранд. Намехоҳам суханро ба дарозо кашам, биноан мепардозам ба асли матлаб, то мавзӯи тақво комилан возеҳ гардад.
Алӣ Ибни Абӯтолиб (р) мефармоянд: “Тақво тарс аз Аллоҳ буда, амал намудан ба ончи нозил намудааст, (яъне Қуръони карим) ва қаноъат намудан ба кам ва омодагӣ ба рӯзи бозгашт”.
Абдуллоҳ Ибни Масъуд (р) мегӯяд: “Тақво он аст, ки банда итоъат кунад ва муртакиби гуноҳ нашавад, ҳамеша ба ёд орад ва фаромӯш накунад, шукр гӯяд ва ношукрӣ накунад.”
Инчунин дар шарҳи ин суханонаш меафзоянд: Шукри банда бояд шомили ҳама амалҳояш бошад, ҳатто дар тоъату ибодаташ. Маъноӣ ба ёд орад, яъне дар дилаш банда бояд амрҳои Худовандро ҳамеша ба ҷой диҳад, ба вижа дар суханрониҳояш ва ҳаракатҳое, ки анҷом медиҳад. Инчунин ончи Худованд онҳоро манъ намудааст аз ҳамаи онҳо ба тамомӣ дурӣ ҷӯяд.
Талқ Ибни Ҳабиб (раҳ) мегӯяд: “Тақво он аст, ки ба итоъату фармонбардории Худованд амал намояд, бар нуре аз Аллоҳ Таъоло ва умедвории савоб танҳо аз Худованд намояд. Инчунин маъсият ва гуноҳонро дар маҳзари Худованд тарк намояд ва аз азоби Худованд сахт битарсад.”
Абудардоъ (р) саҳобии ҷалилулқадр мегӯяд: “Тақво ба таври комил он аст, ки банда аз Худованд битарсад, ҳатто ба андозаи хурдтарин заррае. Барои содиқ будан дар тақвояш бояд шахси муттақӣ ё парҳезгор ҳар чизеро, ки дар ҳалол будани он камтарин шубҳае вуҷуд дорад, тарк намояд. Зеро Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло барои бандагонаш ин масъаларо хело хуб баён доштааст ва чунин фармудааст: “Пас, ҳар кас ба вазни заррае некӣ карда бошад, онро мебинад. Ва ҳар кас ба вазни заррае бадӣ карда бошад, онро мебинад.
(Сураи Зилзол, оятҳои 7-8)
Пас, шахси перҳезгорро мебояд ҳаргиз чизеро аз амалҳои неке,ки анҷом медиҳад, паст нашуморад, инчунин чизе аз корҳои баду мамнуъшударо ночиз нашуморад ва аз он дурӣ ҷӯяд”
Сафёни Саврӣ (раҳ) мегӯяд: “Онҳоро парҳезгор бад-он хотир меноманд, ки аз он чизҳое, ки дигарон парҳез наменамоянд, онҳо парҳез менамоянд.”
Ҳасани Басрӣ (раҳ) мегӯяд: “Парҳезгорон аз он чизҳое, ки Худованд бар онҳо ҳаром намудааст парҳез намуданд ва ба ҷой оварданд он чизеро, ки Худованд бар адои он ҳамчун қарз вогузор намуд”.
Умар Ибни Абдулазиз (раҳ) мегӯяд: Тақво ва парҳезгорӣ ба рӯза доштани рӯз ва ба шабзиндадорӣ ба намоз нест ва миёни ин ду ҳаргиз мухолатат нанамоед. Вале тақво ва парҳезгорӣ ин тарк намудани ончи Худованд ҳаром намудааст ва баҷой овардани ончи Худованд фарз гардонидааст. Шахсеро, ки Худованд рӯзии нек дод, пас, он нек аст ва агар надод пас, он ҳам нек аст.
Мусо Ибни Аъюн (раҳ) мегӯяд: “Парҳезгорон дар чизҳои ҳалол мардумони бисёр мудаққиқ ҳастанд, зеро тарс аз он доранд, ки дар ҳаром налағжанд, аз ин хотир онҳоро парҳезгорон номиданд”.
Маймун Ибни Меҳрон (раҳ) мегӯяд: Шахси парҳезгор шахсест, ки аз худ сахт ҳисобот гирад ва бояд ончунон аз худ ҳисобот гирад, ки шарики тиҷоратии бахил аз шарикаш ҳисоботи суди тиҷоратро мепурсад.
Абуҳурайра (р)-ро аз тақво ва парҳезгорӣ пурсиданд, ҳазрат чунин гуфтанд:” Оё роҳи пур аз хорро дидаӣ? Саволдиҳанда гуфт: Бале. Гуфт дар он роҳ чӣ кор кардӣ? Саволдиҳанда гуфт: Ҳангоме, ки хореро дидам аз он дурӣ ҷустам ва коре кардам поям ба он нарасад ва гоҳе хорҳоро буридам. Абуҳурайра (р) гуфт: Ана, ҳамон аст тақво ва парҳезгорӣ”.
Маъруфи Алкарахӣ (раҳ) аз Бакр Ибни Хунайс (раҳ) пурсид: “Чӣ тавр парҳезгор аст шахсе, ки намедонад аз чӣ парҳез намояд? Маъруфи Алкарахӣ (раҳ) чунин гуфт: Агар тақво ва парҳезгориро надонӣ рибо мехӯрӣ ва агар тақворо надонӣ ҳангоме, ки занеро рӯ ба рӯ гаштӣ чашматро аз ӯ намепӯшӣ ва муҳим ин аст, ки агар тақво ва парҳезгориро надонӣ ва накӯ анҷом надиҳӣ монанди он аст, ки шамшератро дар гулӯят гузоштаӣ (ва хабар надорӣ)”.
Ибни Раҷаб (раҳ) мегӯяд: Асли тақво ва парҳезгорӣ ин аст, ки банда миёни худ ва миёни он чизе, ки аз он метарсад дурӣ меҷӯяд. Дурӣ ҷустан аз онҳо ин худ тақво аст. Аммо тақвои банда аз Парвардигораш ин аст, ки аз Ӯ, аз ғазабаш, аз қаҳраш ва азобаш битарсад ва пардае ба вуҷуд орад ки он тақво ва парҳезгорӣ бошад. Инчунин мебояд парҳезгорро амали итоъат намояд ва аз гуноҳҳон дурӣ ҷӯяд.”
Аҳамияти Тақво ва вижагиҳои он
1.) Калимаи ихлос (Ло илоҳа илаллоҳ) инро калимаи тақво номидаанд.
Худованд мефармояд: “Он гоҳ ки кофирон тасмим гирифтанд, ки дил ба таассуб, таассуби ҷоҳилӣ супоранд (ва тасмим гирифтанд, ки мусалмонон вориди Макка шаванд), Худо низ оромиши Худро бар дили паёмбараш ва муъминон фурӯ фиристод ва тақворо лозимашон кард, (ихлос ва итоъати онҳо аз Худо ва расулаш) ки инҳо ба тақво сазовортару шоистатар буданд ва Худо бар ҳар чизе доност”.
(Сураи Фатҳ, ояти 26)
2.) Худованд бандагонашро дар умум ба он амр намудааст, вале муъминонро ба шакли хусусӣ амр намудааст.
“Фариштагонро ҳамроҳи ваҳй, ки фармони Ӯст, бар ҳар як аз бандагонаш, ки бихоҳад, фурӯ мефиристад, то бим диҳанд (ба ин мазмун Худо мефармояд), ки ҷуз Ман, ҳеҷ Маъбуди барҳақе нест, пас, аз Ман битарсед”.
(Сураи Наҳл, ояти 2)
«Албатта, ин дини шумо динест, ягона ва Ман Парвардигори шумоям, аз Ман битарсед».
(Сураи Муъминун, ояти 52)
«Болои сарашон табақоти оташ аст ва дар зери пояшон табақоти оташ». Ин чизест, ки Худо бандагони худро ба он метарсонад. Пас, эй бандагони Ман, аз Ман битарсед».
(Сураи Зумар, ояти 16)
«Эй касоне, ки имон овардаед, он чунон ки шоистаи тарс аз Худост, аз ӯ битарсед ва ҷуз дар мусалмонӣ намиред».
(Сураи Оли Имрон, ояти 102)
«Эй мардум, битарсед аз Парвардигоратон, он ки шуморо аз як тан биёфарид ва аз он як тан ҳамсари ӯро ва аз он ду мардону занони бисёр падид овард. Ва битарсед аз он Худое, ки бо савганд ба номи ӯ аз якдигар чизе мехоҳед ва зинҳор аз хешовандон мабуред. Ҳар оина Худо назораткунандаи шумост!”
(Сураи Нисо, ояти 1)
“Ва ҳар ойна аҳли китобро, ки пеш аз шумо буданд ва низ шуморо супориш кардем, ки аз Худо битарсед, агар ҳам куфр варзед, боз ҳам он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар замин аст, мутааллиқ ба Худост ва Ӯст бениёз ва лоиқи ситоиш!”
(Сураи Нисо, ояти 131)
3.) Васияти Паёмбарон ба қавмҳояшон
“Он гоҳ ки бародарашон Нӯҳ ба онҳо гуфт: «Магар парҳезгорӣ намекунед?”
(Сураи Шуъаро,ояти 106)
«Он гоҳ, ки бародарашон Ҳуд гуфт: «Оё наметарсед?»
(Сураи Шуъаро,ояти 124)
«Он гоҳ ки бародарашон Солеҳ гуфт: «Оё наметарсед?»
(Сураи Шуъаро, ояти 142)
«Он гоҳ, бародарашон Лут гуфт: «Оё наметарсед?»
(Сураи Шуъаро,ояти 161)
«Он гоҳ, ки Шуъайб ба онҳо гуфт: «Оё аз Худо наметарсед?»
(Сураи Шуъаро, ояти 177)
«Ва низ Иброҳимро ба паёмбарӣ фиристодем, он гоҳ ки ба мардумаш гуфт: «Худои якторо бипарастед ва аз ӯ битарсед. Ин бароятон беҳтар аст, агар мардуме доно бошед».
(Сураи Анкабут, ояти 16)
4.) Талаби Худованд аз офаридаҳояш ибодати Ӯ ва чигуна таҳаққуқ ёфтани он.
“Эй мардум, Парвардигоратонро, ки шумо ва пешиниёнатонро биёфаридааст, бипарастед. то ки парҳезгор шавед!”
(Сураи Бақара,ояти 21)
“Эй касоне, ки имон овардаед, рӯза доштан бар шумо муқаррар шуд, ҳамчунон ки бар касоне, ки пеш аз шумо будаанд, муқаррар шуда буд, то парҳезгор шавед!”
(Сураи Бақара,ояти 183)
«Ва ин аст роҳи рости Ман. Аз он пайравӣ кунед ва ба роҳҳои гуногун маравед, ки шуморо аз роҳи Худо пароканда месозад. Инҳост он чӣ Худо шуморо ба он супориш мекунад, шояд парҳезгор шавед!»
(Сураи Анъом, ояти 153)
5.) Ҷойгоҳи дил,ки яке аз узвҳои муҳими ҷисми инсон буда, дил ё ислоҳ мешавад ё фосид!
Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки расули акрам (с) фармуданд: “Шумо мусалмонон ба якдигар ҳасад наварзед, ба зиёни якдигар созиш накунед, ба якдигар бадбинӣ ва кина наварзед ва ба ҳамдигар пушт нагардонед ва ҳеҷ яке аз шумо бар фурӯши дигаратон нафурӯшад. Бандагони Худо ва бародарони ҳамдигар бошед. Мусалмон бародари мусалмон аст, ба бародари худ ситам намекунад даст аз ёрӣ ва кӯмаки ӯ намекашад, ӯро такзиб намекунад ӯро хору залил намешуморад, ин аст тақво ва парҳезгорӣ. Ва се бор ба синааш ишора фармуд барои инсон ҳамин кофӣ аст, ки бародари мусалмони хешро ҳақир ва паст намешуморад. Хун, мол, шараф ва номуси ҳар мусалмон бар мусалмони дигар ҳаром аст”.
( Ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Имом Муслим)
Барои тӯлонӣ нашудан ва хаста нагардидани хонанда дар бахши дуввуми мақола самараҳои тақво ва дигар ҷанбаҳои онро бароятон ба тафсил баён хоҳам дошт.
Идома дорад
бо мо бошед!