Зиндагиномаи Абдуллоҳ ибни Зубайр (разияллоҳу анҳу)

Ислоҳ нет

Зиндагиномаи Абдуллоҳ ибни Зубайр (разияллоҳу анҳу)

(бахши дуввум)

Ибни Зубайр халифаи мусалмонон.

Баъд аз ин ки Язид ибни Муовия писараш Муовияи дуввумро халифаи худ таъин намуд ӯ хурдсол ва ҳанӯз ба сини ҳаждаҳ нарасида буд ва заифу зоҳид буд. Чун Муовияи дуввум вафот намуд касеро халифаи худ таъин накард.

Ибни Зубайр, ки то он вақт сиёсати таҳаммул ва сабрро пеша карда буд, майдонро барои даст ёфтан ба хилофат холӣ ёфт ва сиёсати фаврӣ амал намуданро пеша кард. Билоди Ҳиҷоз ва Шибҳи ҷазираи араб ҳамфикрии худро нисбати Ибни Зубайр изҳор намуда, бо ӯ байъат карданд. Ибни Зубайр барои риъояи шуури аҳли Мадина фармони ихроҷи Умавиёнро аз Мадина содир намуд ва ба эшон иҷоза дод, то дороию аҳлу авлодашонро бо худ баранд. Аммо аҳолии Ироқ ба олами ислом назар андохта, онро ба ду тақсим ва ду халифа ёфтанд. Гурӯҳе бо халифаи худ дар Ҳиҷоз ва дуввум дар Шом бо халифаи худ Марвон ибни Ҳакам буданд.

Аҳли Ироқ бояд пайравӣ аз яке ин ду мекарданд. Чун эшон собиқаи хубе бо хонадони Умавиён надоштанд пайравӣ аз Ибни Зубайр ва байъати ӯро авло донистанд, то аз ҳукми Умавиён халосӣ ёбанд. Ба тадриҷ аҳолии Миср ва Хуросону Яман байъати худро бо

Ибни Зубайр эълон намуда, волиёни умавиро хориҷ намуданд. Аммо билоди Шом, маркази роҳбарияти Умавиён ҷуз иқлими Урдун боқӣ ҳамаи иқлимҳо итоъати худро аз Ибни Зубайр эълон намуданд. Ҳамин тавр бештари билоди ислом итоъати халифаи навро намуда, хилофати ӯро эътироф карданд.

Таҷдиди бинои Каъба.

Каъба дар аҳди Зубайр ба таври чашмрас таъсир пазируфта буд ва зикри он ошкор гардида буд. Чун лашкари умавӣ дар аҳди Язид ибни Муовия, Абдуллоҳ ибни Зубайр (р)-ро дар Каъба муҳосара намуд сарлашкар Ҳасин ибни Нумайр амр намуд, то онро бо Манҷаниқ сангборон кунанд. Дар натиҷа яке аз рукнҳои он моил шуд ва ба оташ кашида шуд. Ин ҳодиса дар сар то сари олами ислом гуфтугузорҳоеро ба бор овард.

Ва ҳангоме, ки Ҳасин ибни Нумайр ибни Нойл Ас-сукунии Ал-киндӣ сарлашкари Умавиҳо дар давлати Умавиҳо бо сипоҳи худ баъд аз марги Язид ибни Муовия Каъбаро тарк гуфта, хост сӯи Шом биравад ин муҳосара аз тарафи сарлашкари Умавиҳо 64 рӯз идома ёфт.

Ҳангоме, ки хабари вафоти Язид ибни Муовия расид 14 рабеъулаввали соли 64 ҳиҷрӣ буд. Ҳасин ибни Нумайр вақте ин хабарро шунид назди Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) рафт ва чунин гуфт: Вақте Язид ибни Муовия мурда бошад, ту эй Абдуллоҳ ибни Зубайр, шоистатарин шахс ба хилофат ҳастӣ. Биё то бо ту байъат кунам ва якҷо бо ту ба суйи Шом меравем. Ҳама сипоҳи бани Умая ва

шамшерзанону шуҷоъони аҳли Шом ин ҷо бо ман зери фармони ман ҳастанд. Савганд ба Аллоҳ, агар бо ман ба суйи Шом равӣ касе пайдо намешавад, ки бо ту ихтилоф кунанд ва аз байъат бо ту худдорӣ намоянд.

Агар Абдуллоҳ ибни Зубайр ин пешниҳоди Ҳасин ибни Нумайр сарлашкари сипоҳи Умавиҳоро мепазируфт хеле олӣ мешуд, зеро Бани Умая пас аз вафоти Язид ибни Муовия дигар дар изтироб ва тарс қарор доштанд. Чунки писари Язид, Муовия аз бар дӯш гирифтани амри хилофат сарпечӣ кард. Агарчи ӯро гузоштанд, аммо пас аз се моҳ аз дунё гузашт. Муҳим Абдуллоҳ ибни Зубайр ин пешниҳоди Ҳасин ибни Нумайрро напазируфт ва дар Макка боқӣ монд.

Баъзе муаррихин мегӯянд: Абдуллоҳ фикр мекард ин пешниҳод ягон ҳилае набошад, аммо дар асл пешниҳоди содиқонае буд, ки ба ӯ дода шуда буд. Афсус садафсус ин пешниҳодро напазируфт ва дар Макка боқӣ монд.

Пас аз марги Язид ибни Муовия Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) халифаи мусалмонон эълон гардид. Ба ӯ ҳама мардум байъат карданд. Ин дар таърихи 7 раҷаби соли 64 ҳиҷрӣ мутобиқ бо 1 марти соли 648 мелодӣ буд. Куфа, Басра, Миср ва Хуросон зери ҳукми ӯ қарор гирифтанд. Сарзамин Шом мақари Умавиён буд, инчунин Урдун ҳам, ки Ҳассон ибни Баҷдалии Калбӣ аморати он сарзаминро ба ӯҳда дошт зери амри Умавиён боқӣ монд.

Яъне Абдуллоҳ Ибни Зубайр амирулмуъминин ва халифаи мусалмонон гардид. Бузургтарин сарзаминҳои қаламрави ислом зери амри эшон буданд. Мақарри хилофаташро Макка эълон намуданд ва ҳеҷ хатари ҷиддие аз тарафи Умавиён эҳсос намекард ва онҳоро ба ҳоли худ гузошт. Мусалмонон ҳам шахсияти муносиберо барои хилофат доштанд ва гирди он Ҳазрат ҷамъ омаданд.

Тавре, ки пештар баён доштам ҷанге, ки дар Макка миёни Ибни Зубайр (р) ва сипоҳи Умавиҳо сурат гирифта буд, баъзе харобиҳоеро баҷо гузошт. Ибни Зубайр он рукни моил ё каҷгаштаро то асоси саидино Иброҳим вайрон намуда, аз нав бино кард ва ҳиҷри Исмоилро дар он дохил намуд ва онро ду дар ниҳод, ки аз яке дохил шуда, аз дигаре хориҷ мешаванд. Ҳамин тавр Ибни Зубайр бинои Каъбаро аз нав ба тавре, ки Паёмбар (с) мехост, ниҳод.

Дар Саҳеҳайн аз Оиша (р) собит шудааст, ки Паёмбар (с) фармудааст: «Агар бими куфр шуморидани қавми ту намебуд ҳар оина бинои Каъбаро вайрон карда, аз нав мениҳодам ва ҳиҷрро дохили он менамудам. Ҳар оина нафақа бар қавми ту кӯтоҳ омадааст. Ва ҳар оина ду дар: Шарқию Ғарбӣ бар он мениҳодам, то аз яке дохил шуда, аз дигаре берун шаванд ва ҳар оина дарҳои онро ба замин мерасонидам, зеро қавми ту дари онро бардоштаанд, то касеро хоҳанд дохил намоянд ва касеро хоҳанд манъ намоянд.»

Пас Ибни Зубайр, мувофиқи хоҳиши Паёмбар (с), ки Оиша (р) ӯро аз он огоҳ намуда буд, Каъбаро бино намуд.

Поёни хилофати Ибни Зубайр.

Хилофати Ибни Зубайр ба сабаби зиёд будани ҳаракатҳо ва хоҳишмандони зиёд барои хилофат, ором ва мустаққар набуд. Сар авали ин ҳаракатҳо Умавиҳо буданд, ки он замон худро соҳибони хилофат мепиндоштанд. Умавиҳо дар ором намудани вазъ дар Шом ба фоидаи худ комёб шуда, батадриҷ дигар сарзаминҳоро зери итоъати худ дароварданд.

Ибни Зубайр бародараш Мусъабро аз вилояти Ироқ сабукдӯш намуда, писараш Ҳамзаро ба он мансаб гумошт.

Бидуни шак ин иқдоми Абдуллоҳ ҳаракати ӯро дар Ироқ заиф гардонид, зеро Мусъаб шахси қавӣ ва маҳбуб назди ироқиҳо буд, аммо писараш Ҳамза заиф ба назар мерасид. Абдулмалик ибни Марвон лашкари зиёде ҷамъ намуда, азми ҳамла ба Ироқро намуд ва тавонист бар Зубайриҳо дар Ироқ комёб шуда, бародар ва писари Ибни Зубайр (р)-ро ба ҳалокат расонад. Ва шикасти Зубайриҳо дар Ироқ эълони ғуруби ҳукми Зубайриҳо маҳсуб меёфт. Зеро Ироқ муҳимтарин қаламрави хилофати Ибни Зубайр буд ва Шом ҳам аз он дар ҳарос буданд. Дар сар то сари олами ислом ба ҷуз Ҳиҷоз ҳама мутеъи ҳукми Абдулмалик ибни Марвон гардиданд.

Баъд аз пирӯзиҳои пай дар пай бар зидди Зубайриҳо Абдулмалик ибни Марвон қасди Ҳиҷозро намуд. Ӯ бо вуҷуди чандин кӯшишҳои пай дар пайи худ ноком шуд ва охирин сарлашкари барҷастаи худ Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуфи Сақафиро фиристод. Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуфи Сақафӣ, ки шахси закӣ буд аз роҳи Мадина нарафта, бо дигар роҳ вориди Макка шуд, зеро ӯ адовати шадиди аҳли Мадинаро нисбати

хонадони Умавиҳо хуб дарк намуда буд. Чун Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуфи Сақафӣ бо бист ҳазор сипоҳиёнаш ба Макка расид, Каъбаро муҳосира намуда, бо Манҷаниқ онро сангборон намуд ва асҳоби Ибни Зубайр (р)-ро барои пайвастан ба худ дилгарм намудан гирифт, то андозае, ки даҳ ҳазор нафар аз мардон ба Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуфи Сақафӣ пайвастанд. Зеро вақте Маккаро Ҳаҷҷоҷи золим муҳосира намуд ва касе ба шаҳр даромада наметавонист. Мисли молҳои тиҷоратӣ аз қабили корвонҳои озуқа ва либоса. Инчунин аз Макка касе баромада наметавонист ба ҷуз ин ки қабл аз баромадан назди сипоҳи Ҳаҷҷоҷ бояд мерафтанд, бе силоҳ мебуданд ва пас аз иҷозати Ҳаҷҷоҷ метавонистанд Маккаро тарк кунанд.

Дар ривояте омадааст вақте бо манҷаниқҳои оташдор аҳли Шом ба Макка меандохтанд манҷаниқ бар сари худи сипоҳи Ҳаҷҷоҷ афтод ва чанд нафар сӯхтанд ва ҳалок гаштанд. Сипоҳ аз андохтани оташ ба тарафи Макка боз истоданд, зеро аз ин амалашон тарсиданд. Ҳаҷҷоҷи золим, ки суханвар буд рӯ ба сипоҳ овард ва чунин хутабе баён намуд: Эй сипоҳ, марг бар шумо чаро ором истодаед ва ба партофтани оташ идома намедиҳед!

Оё намедонед қавмҳое, ки пеш аз мо буданд ҳангоме,ки қурбонӣ мекарданд барои Аллоҳ оташ аз осмон меомад ва он қурбонии онҳоро месӯзонд мехурду ба коми худ мекашид. Ин далолат аз қабул шудани қурбонии онҳо буд. Ояти 27-уми сураи Моидаро мехонад ва онҳоро ба идомаи муҳосира ва андохтани оташ шуҷоъ менамояд. Ин амали шумо қабули даргоҳи Илоҳӣ мебошад, ки шуморо ба оташ сӯзонид. Дубора сипоҳ ба андохтани оташ ва муҳосира шуруъ мекунанд.

Бубинед агарчӣ Ҳаҷҷоҷ барои вазифае, ки бояд анҷом медод ва маъмурияти худро, ки он ё таслим шудани Ибни Зубайр ва ё кушта шуданаш буд онро бо тамоми қувват анҷом дод. Агарчӣ ончи гуфт иштибоҳ ва таъвили ғалат буд, аммо боз ҳам тавонист корашро ва ҷинояташро анҷом бидиҳад. Ҳамеша суханвар будан дар ҳама умур агарчӣ ноҳақ ҳам бошанд ба нафъи он гурӯҳест дар худ чунин ашхосро доранд.

Ин ҳангом Абдуллоҳ ибни Зубайр назди модараш Асмоа бинти Абубакр (р) рафт ва аз ӯ пурсид. Эй модар, чӣ кор кунам Макка дар бадтарин ҳолат қарор дорад. Макка дар муҳосираи сипоҳи Ҳаҷҷоҷи золим қарор дорад ва месӯзад. Инчунин мардуми зиёд инро тоқат накарда, Маккаро тарк доранд ва қариб, ки танҳо боқӣ мондаам, ҳатто наздиктарин ашхос ин ҳолати сахту душворро дида, аз барои наҷоти ҷонашон аз Макка хориҷ шуданд. Адади онҳое, ки хориҷ шуданд аз Макка болиғ аз даҳ ҳазор нафар мегӯянд. Ҳатто фарзандонам ҳам Ҳамза ва Хубайб ба истиснои як фарзандам аз Макка хориҷ гаштанд.

Асмоа бинти Абубакр (р) гуфт: Агар ту медони, ки ҳақ ҳастӣ ва ба сӯи ҳақ мардумро даъват мекунӣ сабр кун ва идома бидеҳ он роҳе, ки ихтиёр намудаӣ. Магзор бани Умая бар ту ғолиб оянд. Эй писарам, агар ту тарсида бошӣ ва ҳаёти тезгузари ин дунёро пазируфтани бошӣ, пас ту бадтарин банда ҳастӣ. Писарам, ҷанг авло ва беҳтар аст” Чӣ қадар аст ҳаёти ин дунёи тезгузар. Ба модараш наздик шуд ва гуфт: Савганд ба Аллоҳ ин ҳам фикри ман аст ва сари модарашро бӯсиду чунин гуфт: Савганд ба Худо ман ин дунёро дӯст надоштаам ва бақо дар онро ҳам. Танҳо мехоҳам ба хашму ғазаби Аллоҳ гирифтор нагардам ва омадам, то аз шумо фикри шуморо донам. Пас фаҳмидам,ки дидгоҳи ман бо дидгоҳи шумо як аст. Инро бароят мегӯям: Эй модар бидон, ки ман имрӯз кушта мешавам. Барои ман ҳаргиз ғамгин набош ва ҳама корро ба Аллоҳ биспор, зеро ман то ба имрӯз коре анҷом надодаам он мункар ва бод бошад,ман ҳаргиз амали фоҳишае анҷом надодаам. Ҳамеша ба ончи Аллоҳ фармудааст амал намудам, касеро фиреб накардаам, ҳеҷ шахсе, ки омада бошад аз ман амон хоста бошад ӯро накуштаам. Ҳеҷ мусалмонеро зулм накардам. Зулм бар раъиятамро аз ҳеҷ кормандам қабул накардам. Вақте зулмеро шунидам дарҳол онро инкор намудам ва ба он қазия расидагии комил намудаам. Бор Илоҳо, ин ҳама суханонро ман барои тазкия ва тавсиф намудани худ намегӯям, зеро ту эй Аллоҳ ба ончи дар ман аст ва дар ғайри ман аст хуб огоҳӣ. Ин ҳамаро баро таъзияи модарам мегӯям, зеро касе аз ӯ пурсад бо итминон бигӯяд писари ман чунин буд ва ё чунин набуд.

Модараш Асмоа бинти Абубакр (раз) пас аз шунидани ин суханони вопасини писараш чунин гуфт: Эй писарам, ман аз Аллоҳ хоҳони онам, ки азо ва сӯги ту бароям некӯ бошад. Ончи анҷом додаӣ аз хайр барои ман ва барои худат нафъе бошад. Хориҷ шав аз наздам, бирав эй писарам, то бубинем сарнавишту кори ту чӣ мешавад.

Ибни Зубайр мегӯяд: Эй модар, Аллоҳ ҷазои хайрат диҳад. Сипас дуои тӯлоние дар ҳаққи фарзандаш мекунад. Вақте мебинад дар тани писараш ҷавшан пӯшида аст. Мегӯяд: Эй писарам, оё ту намехоҳӣ шаҳид шавӣ?

Абдуллоҳ ибни Зубайр мегӯяд: Бале, эй модар мехоҳам шаҳид шавам. Ин либоси ҷавшан (бронжилет)-ро пушидаам, то хотири шуморо малол накунам ва фикр кунед ҳеҷ тире ба писаратон таъсир намекунад.

Модараш мегӯяд: -На писарам ин либоси оҳанинро аз танат берун каш ва либоси хубе ба бар кун ва либоси поёниатро хуб мустаҳкам бипӯш, то мабодо вақте ба шаҳодат мерасӣ авратат намоён нагардад.

Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) гуфт: Эй модари бузургворам, ман метарсам инҳо маро мекушанду бо мурдаам корҳои баде мекунанд. (Масалан меовезанд ё ҷасади маро дар маркабе баста гирди Макка давр мезанонанд.)

Модараш чунин гуфт: Писарам пуст кардани гӯсфанд ҳеҷ зараре намерасонад ба гӯсфанд, пас аз он ки ӯро куштанд ”Сипас писарашро ба падараш Зубайр ва бобояш Абубакри Сиддиқ (р) ва бибияш Сафия бинти Абдулмутталиб ва холааш Оишаи Сиддиқа (р) тазкир менамояд, ки ҳамаи инҳо таманнои шаҳодататро доштанд. Бирав эй писарам, алвидо.

Рӯзе хориҷ гашт намози субҳро дар масҷиди ҳарами маккӣ хонд ва сураи Нунро тиловат кард. Пас аз салом доданаш гуфт ман имшаб каме хоб кардам ва хоб дидам, ки осмон ду пора гашт ва ман дохили он шудам. Имрӯз ин шо Аллоҳ ман ҷоми шаҳодатро менӯшам. Хаста шудам аз ин ҳаёт ва умрам ҳам ба ҷое расидааст. Эй Аллоҳ ман дидори шуморо дӯст медорам, Ту ҳам дидори маро дӯст бидор.

Пас аз ин аз назди модараш хориҷ мегардад ва ба суйи маъракаи набард мешитобад. Он рӯз 17-уми моҳи Ҷимодулаввал буд, мутобиқ ба 4 октиябри соли 692 мелодӣ. Дар ин рӯз пас аз ҷонфидоиҳои зиёд ба шаҳодат мерасад ва умраш ба 72 расида буд. Ҳукумати ӯ пас аз 9 сол ба поён мерасад. Аллоҳ раҳмат карда бошад ба ин саҳобии ҷалилулқадр Абдуллоҳ ибни Зубайр (р).

Аҳволи Макка пас аз шаҳодати Ибни Зубайр (р)

Ибни Асокир дар таҷумаи Ҳаҷҷоҷ пас аз шаҳодати Ибни Зубайр чунин ривоят мекунад.

Пас аз шаҳодати Ибни Зубайр (р) садои гиря аз ҳар хонаи аҳли Макка шунида мешуд. Вакте Ҳаҷҷоҷ инро шунид мардумро ба ҳарами маккӣ даъват намуд ва ба онҳо хутбае хонд ва чунин гуфт: Эй мардум ба дурустӣ, ки Абдуллоҳ ибни Зубайр беҳтарини ин уммат буданд. То ҳангоме, ки мақсади бар хилофат расиданро дар сар парваронид ва мехост халифаи мусалмонон гардад, онҳое, ки сазовортар бар хилофат буданд бо ӯ даргир шуданд. Ӯ (алъаёзу биллоҳ) ҳурмати ин хонаро ба ҷо наовард ва ҷанг кард (ин сухан ҳамеша пас аз он ки як нафарро қатл кунанд ва ё бар ӯ чира оянд барои он ки тарафдоронаш дубора сар набардоранд бояд он шахсро тӯҳмат кунанд, терористу одамкуш, хоин ва монанди ин барин суханон гӯянд. Ин услуб аз қадим бар зидди мухолифони сиёсӣ истифода мешудааст) Пас Аллоҳ бар ӯ азоби дарднокеро овард. Хуб гӯш кунед эй мардум, ҳар оина Одам (а) назди Аллоҳ аз Ибни Зубайр карда, бошарофату боқадртар буд. Одам (а) дар ҷаннат буд, ки ҷаннат аз Макка бошарофаттар аст. (ин суханон ва мисолҳоро барои ҷинояти худро рӯпӯш намудан мезанад, аҳамият диҳед) Ҳангоме, ки одам дар ҷаннат аз он дарахте, ки Аллоҳ ӯро манъ намуда буд наздик шуду аз он хурд, Аллоҳ ӯро аз ҷаннат хориҷ намуд. Ибни Зубайр китоби Аллоҳро тағйир дод, (яъне дар китоби Аллоҳ гуфта шудааст: Дар Макка набояд касеро ҷанг карду кушт) Ин ҳангом Абдуллоҳ ибни Умар (р) аз ҷояш баланд шуд ва гуфт: Эй Ҳаҷҷоҷ, агар хоҳам бигӯям бар ту, ки дурӯғ гуфтӣ ба дурусти, ки дурӯғ гуфтӣ ва Ибни Зубайр ҳеҷ гоҳ китоби Аллоҳро тағйир надода буд, балки марди мусалмон шабзиндадору рӯзҳо рӯзадор буд ва ҳамеша ончӣ ҳақ буд амал мекард. Ҳаҷҷоҷ ибтидо ки будани сухангӯро нашинохт. Вақте фаҳмид Ибни Умар (р) аст дар ҳол барои хомӯш шудани ин даъвоҳо гуфт: Эй бандагони Худо барои адои намоз бархезед.

Асмоа бинти Абубакр (р) пас аз кушта шудани писараш Абдуллоҳ.

Ҳангоме, ки Абдуллоҳ Ибни Зубайр (р) ба шаҳодат мерасад Ҳаҷҷоҷ амр мекунад ӯро дар баландие овезанд, то ҳама аҳли Макка ӯро бубинанд. Пас аз овезон намудан Ҳаҷҷоҷ мегӯяд: Модараш куҷост? Як нафарро мефиристад, то ӯро хабар кунанд, аммо вақте фиристодаҳои Ҳаҷҷоҷ мераванд Асмоа (р) намеояд ва мегӯяд: Ман ба ҳеҷ куҷо намеравам, то ин ки ба қувваи зурӣ маро набаранд. Муҳим дубора мефиристад, то ӯро ба зурӣ назди писараш,ки овезон буд оваранд. Вақте Ҳаҷҷоҷ, Асмоаро мебинад, мегӯяд: Абдуллоҳро чӣ хел кардам?

Асмоа бинти Абубакр (раз) мегӯяд: Дунёни ӯро хароб намудӣ охирататро хароб мекунад. Эй Ҳаҷҷоҷ, шунидам ту писари маро айб мегирифтӣ ва мегуфтӣ писари Зотинитоқайн. Ман ду миёнбанд доштам ва якеро барои онки ба таъоми Расулаллоҳ (с) пашша ё ҳашароте наафтад мепӯшонидам. Миёнбанди дигарамро барои худ мегузоштам, зеро занон ба он ниёз доранд. Ин бигуфт ва Асмоа (раз) аз пеши ҷасад хост дур шавад ва дигар ба Ҳаҷҷоҷ нигоҳ накард. Ҳаҷҷоҷ дубора наздаш рафт ва гуфт: Писарат ба хонаи Каъба беэҳтироми намуд, Аллоҳ барояш азоби дарднокеро нозил кард.

Асмоа гуфт: Дурӯғ гуфтӣ, писарам Абдуллоҳ ҳамеша падару модарашро аз худ розӣ медошт ва шабзиндадору рӯзҳо рӯза медошт.

Хуб гӯш кун Ҳаҷҷоҷ, ман аз Расули Акрам (с) шунида будам, ки аз Сақиф ду дурӯғгӯ мебарояд, ки дуввумӣ аз аввалӣ бадтар аст. Мо аввалиро дидем аз бани Сақиф ва ҳоло ин ту дуввум ҳастӣ.

Ҷасорату имони қавии занро бубинед чунин суханонро назди амиру сарлашкари золиму ситамгаре чун Ҳаҷҷоҷ бидуни ҳеҷ хавфу тарсе мегӯяд. Ҳаҷҷоҷе, ки барояш вайрон кардани Макка қатли мусалмон ва ҳарчи мехоҳад бе ягон мамониъат анҷом медиҳад. Хуб медонад, ки назди ин золим одам куштан аз нӯшидани чой осонтар аст. Ба ин зан чӣ қувват медиҳад, то чунин суханони ҳақро ошкоро бигӯяд. Имони ба Худо содиқ будан ба аҳду паймони бандагӣ ба холиқ.

Дар ривояти дигар омада: Ҳангоме, ки Асмоа (раз) ин суханонро бигуфт Ҳаҷҷоҷ аз ғазаб он ҷоро тарк кард. Ба Абдуллоҳ ибни Умар (р) расониданд, ки модари Ибни Зубайр дар як тарафи Байтуллоҳ назди ҷасади писари овезонаш истодааст. Дар ҳол Ибни Умар (р) наздаш шитофт ва салом дод ва чунин гуфт: Ин ҷасад ҳеҷ чиз аст, балки рӯҳи поки ӯ буд, ки назди Аллоҳ аст. Аз Аллоҳ битарс эй модар сухан нагӯ, то он норозиги бошад шуморо ба сабр даъват мекунам.

Асмоа (раз) гуфт: Ба дурусти, ки сари Яҳё ибни Закариё (а)-ро аз тан ҷудо кард бадбахтарини қавми бани Исроил ин бигуфт ва рафт.

Бале ин буд сабри модари мусалмони садри ислом, ки мебинад ҷасади беҷону бесари писарашро, ки овезон аст на фиғон мекунад ва на навҳасароӣ. Сабр мекарданд ва марг барояшон як чизи оддие буд. Чунин фарзандони барӯмандеро тарбия карданду ба олам ва ҷомеаҳояшон тақдим намуданд.

Умеди онро дорам аз ин саргузашту зиндагиномаи Ибни Зубайр (р) барои ҳар як аз мо ва шумо намунае бошад.

Share This Article