Чанд пурсишу посухи қуръонӣ № 12
Савол: Истилоҳи “муташобеҳ” дар Қуръон, яъне чӣ?
Ҷавоб: Ояте аст, ки расоии он бар маънии бахусус дар авлавият ва тарҷеҳ қарор надошта бошад ва ақсомаш иборатанд аз муҷмал, муъавал ва мушкил,.
Савол: Оё бештари Қуръон муҳкам ё муташобеҳ аст?
Ҷавоб: Бештари оёти Қуръон муҳкам аст ва танҳо теъдоди андаке аз он муташобеҳ аст.
Савол: Ҳикмати вуҷуди “муташобеҳ дар Қуръон чист”?
Ҷавоб: Озмоиш ва имтиҳон ва эҷоди ангеза барои талош дар ҷиҳати фаҳми ҳарчи бештари Қуръон.
Савол: Барои ҳар як аз ду истилоҳ “муҳкам ва муташобеҳ” мисолеро зикр кунед?
Ҷавоб: Мисоли муҳкам монанди “ақиму салот” ва мисоли муташобеҳ монанди: “Ядуллоҳи фавқа айдиҳим”.
Савол: Онҳо, ки аз назари фикрӣ ва қалбӣ мариз ва мунҳариф ҳастанд, дунболи чӣ чизе меафтанд?
Ҷавоб: Бо ҳадафи эҷоди фитна миёни мусалмонон ва таъвили нодурусти оятҳо, ҳамеша ба дунболи оятҳои муташобеҳот меафтанд, то миёни мусалмонон бо таъбирҳои нодурусти худ бар зеҳнҳои онҳохалал ворид намоянд.
Давом дорад, бо мо буданро фаромӯш масозед, хонандагони гиромӣ