Имом Абӯдовуди Сиҷистонӣ (Сиистонӣ)

Ислоҳ нет

Имом Абӯдовуди Сиҷистонӣ (Сиистонӣ)

Имом Сулаймон ибни Ашъас Абӯдовуди сиҷистонӣ дар соли 202 ҳ. дар Сиистон чашм ба дунё кушод.
Имом Абӯдовуд аз кӯдакӣ шефтаи илму ҳадис буд, аз ин рӯ аз мазҳари уламову донишмандони шаҳри худ касби файз намуд.
Сипас барои таҳсили дониш ва ҷамъоварии ҳадис ба шаҳрҳои Ироқ, Ҳиҷоз, Миср, Шом ва Хуросон сафар кард. Дар сафарҳо аз пешвоёни илму ҳадис ахзи ҳадис кард.
Шуюхи имом (устодон)
1. Имом Аҳмад ибни Ҳанбал
2. Яҳё ибни Муъин
3. Қутайба ибни Саъид
4. Усмон ибни Абишайба
5. Абдулло ибни Раҷо
6. Абӯвалиди Таёлисӣ
7. Муслим ибни Иброҳим
8. Иброҳим ибни Башор
9. Исҳоқ ибни Роҳавия
10. Абдулло ибни Масламаи Қаънабӣ
11. Сулаймон ибни Ҳарб
Шогирдони имом
1. Абӯисои Тирмизӣ
2. Абӯабдураҳмони Насоӣ
3. Абӯбакр Абдуллоҳ ибни Абӯдовуд (писараш)
4. Абӯаъвона Яъқуби Исфароинӣ
5. Абӯалӣ Муҳаммад ибни Алии Лулуӣ
6. Муҳаммад ибни Абибакр ибни Доса
7. Муҳаммад ибни Алӣ ибни Усмони Оҷарӣ
8. Абӯбакр ибни Абидунё
9. Абӯсаъид ибни ал-аъробӣ
10. Аҳмад ибни Алӣ ибни Ҳасани Басрӣ
11. Муҳаммад ибни Ҷаъфари Фарёбӣ
Таълифот
Имом Абӯдовуд дар заминаи ҷамъоварии аҳодис заҳамоти фаровоне карда, осори зиёде аз худ ба ҷой гузошт, ки муҳимтарини онҳо китоби гаронқадраш “Суннани Абӯдовуд” мебошад. Осори дигари имом иборат аст аз:
1. Китоби муросил
2. Масоили имом Аҳмад
3. Китоби қадар
4. Носих вал мансух
5. Китоби зуҳд
6. Ахбор-ул-хавориҷ
7. Фазоил-ул-аъмол
“Суннани Абӯдовуд”
Имом Абӯдовуд китобашро “Суннан” номидааст ва барои ҷамъоварияш беш аз 10 сол аз умрашро дар ин роҳ сарф намуд ва бархе аз уламо мегӯянд, ки Абӯдовуд аввалин фарде аст, ки китоби “Суннан”-ро ҷамъоварӣ намудааст.
Ва дар истилоҳи муҳаддисин “Суннан” ба китобе итлоқ мешавад, ки бар ҳасби абвоби фиқҳ, таҳорат, намоз ва закот мураттаб шуда бошад.
Имом Абӯдовуд дар номае, ки барои аҳли Макка навиштааст манҳаҷ ва равиши худро дар ҷамъоварии китоби “Суннан” баён намудааст.
Имом дар ин рисола мефармояд: ман ҳудуди 500 ҳазор ҳадиси расули Худо (с)-ро навиштаам, ки аз миёни онҳо 4800 ҳадисро баргузида, дар ин китобам қарор додаам аҳодиси саҳеҳ ва ончи ба он шабоҳат ва наздикӣ дорад (ҳадиси ҳасан) овардаам ва ҳадисе, ки уламо бар тарки он иҷмоъ дошта бошанд, дар ин китоб наёвардаам ва ҳар гоҳ ҳадисе зикр намоям, ки дар он сустиву заъфи шадид вуҷуд дошта бошад баён мекунам ва аҳодисе, ки дар мавридаш чизе нагуфтаам солеҳ мебошанд.
Ҳамчунонки гуфтем имом Абӯдовуд китобашро ба кутуб ва он гоҳ кутубро ба абвоб тақсим намудааст, шумори китобҳояш 35 китоб мебошад ва теъдоди абвобаш 1871 боб аст.
Шумори тамоми аҳодиси китоб 4800 ҳадис мебошад, бархе теъдоди онро 5274 ҳадис зикр кардаанд ва ин бармегардад ба инки бархе ҳадиси такрориро як ҳадис ва бархе дигар ду ҳадис ё бештар ба шумор меоваранд.
Бояд зикр кард, ки муҳаддиси аср алома Албонӣ китоби “Суннани Абӯдовуд”-ро ба ду бахш “Саҳеҳи суннани Абӯдовуд” ва “Заъфи суннани Абӯдовуд” тақсим намудааст.
Шарҳи суннани Абӯдовуд
Бар китоби “Суннани Абӯдовуд” шарҳҳои зиёде навишта шудааст, ки муҳимтарину машҳуртарини онҳо:
1. “Маъолим-ус-суннан” таълифи имом Абӯсулаймон Аҳмад ибни Иброҳими Хаттобӣ
2. “Авн-ул-маъбуд” таълифи аломаи муҳаддис Азимободӣ аст.
Мухтасар ва таҳзиби “Суннани Абӯдовуд”
Имом Абдулазим Мунзрӣ китоби “Суннан”-ро ихтисор намуда, имом ибни Қайим ин мухтасарро таҳзибу шарҳ кардааст.
Вафот
Имом Абӯдовуд баъд аз як умри талошу хидмат барои ислом дар синни 73 солагӣ дар соли 275 ҳ. дар Басра чашм аз дори фано фурӯ баст ва ба дори боқӣ шитофт.
Идомаи матлаб имом Тирмизӣ

Share This Article