Қиссаи зебои бозиммҷон ва зан
Шайх Алии Тантовӣ дар музокироташ чунин овардааст: Дар Димишқ масҷиди бузурге буд бо номи Ҷомеъи Тавба ва он масҷиди хеле мубораку зебое буд, бад-он хотир онро масҷиди Ҷомеи Тавба ном гузоштанд. Қабл аз ин он макон ҷои иртикоби фасод буд ва ӯро яке аз подшоҳон дар асри 7-уми ҳиҷрӣ харидорӣ намуда, хароб кард ва ин масҷидро ба ҷои он бино намуд. Тақрибан 70 сол дар ҳамон масҷид шахсе бо номи шайх Салим ас-Сиютӣ вазифаи имоматро бар дӯш дошт ва аҳли қария ӯро эҳтиром зиёд намуда, барояш эътимод доштанд ва дар тамоми масоили диниву дунявӣ ба ӯ муроҷиат менамуданд. Назди ӯ толибилмони зиёд таҳсили илм мекарданд ва шайхро толибилме буд, ки сахт фақир, аммо ботақво ва парҳезкор, ки дар ҳуҷрае аз он масҷид зиндагӣ мекард. Рӯзҳои зиёдеро бо ин ҳолу вазъ паси сар мекард ва ин ҳолат то бад-он ҷо расид, ки муддати ду рӯз буд, ки таъом нахӯрда буд ва пуле ҳам надошт, ки барои хӯрдан чизе харидорӣ намояд. Рӯзи саввум эҳсоси гуруснагӣ ва таҳдиди маргро кард. Пас, дид, ки дар ҳолати изтирор ва ночорӣ қарор дорад. Дар ин ҳол барои ӯ аз гушти худмурда тановул кардан ё худ ба миқдори ҳоҷаташ дуздидан ҷоиз буд. Шайх Алии Тантовӣ мегӯяд: ин қисса қиссаи воқеист, зеро ман худ шоҳиди бевоситаи ин қисса ҳастам ва бо ашхосе, ки дар ин қисса ҳастанд ошно ҳастам, яъне ман он чизеро, ки он толибилм анҷом додааст ривоят мекунам ва чизе ба амали анҷомдодаи ӯ ҳукм намекунам, инки ӯ хуб аст ё нохуб ё ҷоиз аст ё мамнуъ (манзури шайх Тантовӣ он нест, ки дар ҳолати гуруснагӣ бояд дуздӣ кард, зеро баёни воқеъаи воқеъшуда танҳо ибрат аз он аст).
Масҷид дар яке аз қарияҳои қадимии шаҳр қарор дошт, хонаҳо ба якдигар васл ва бомҳои хонаҳо низ ба ҳам пайваст буданд, бад-он гуна, ки як нафар метавонист аз як боми хона то нуқтаи охирини қария равад. Ин толибилм ба боми хонае, ки бо боми масҷид пайваст буд, баромад ва аз як бом ба боми дигар мерафт. Чун аз болои бом ба хонае менигарист ва ҳар ҷо, ки занеро медид чашм мепӯшид ва ба боме расид, ки хонаро холӣ дид, аммо бӯи таъом ба машомаш расид, то он ҷо, ки гӯё қувваи ҷозибае ӯро бад-он хона ҷалб намуд. Чун асари гуруснагӣ бар ӯ ғолиб шуда буд дарҳол бад-он хона расид, ва хона, ки аз як табақа иборат буд ба зудӣ ба хона дохил шуда, вориди матбах (ошпазхона) гардид ва деги таъомро дид, ки нимпӯш аст. Чун болопӯшро бардошт дохили дег бозимҷони бирёншударо дид ва аз шиддати гуруснагӣ гармии ӯро эҳсос накарда, донае аз он гирифт ва ба даҳон андохт, аммо пеш аз онки ӯро тановул намояд, дарҳол ба фикр фурӯ рафт ва ақлу динаш ба ёдаш расид ва гуфт: “Аз Худованд паноҳ металабам, ман толибилм ҳастам ва дар масҷид зиндагӣ мекунам, чӣ тавр дохили хонаҳо ворид шуда даст ба дуздӣ мезанам?” Ин амал барояш хеле зишт намуд, пушаймон гардид ва истиғфор намуд ва бозимҷони дар даст будаашро дохили дег гузошт ва луқмаи даҳонашро низ қайд намуд ва аз он тариқе, ки вориди хона гашта буд ба масҷид бозгашт ва ҳузури ширкат ба ҳалқаи дарсии шайх дар масҷид намуд, аммо аз асари гуруснагӣ намедонист, ки шайх чӣ мегӯяд. Вақте ки шайх аз дарс фориғ шуд, толибилмон низ аз масҷид берун шуданд ва ӯ танҳо дар масҷид монд. Дар ин ҳол зани ҳиҷобдоре ба масҷид ворид шуд ва ба шайх чизе гуфт, ки ман онро нашнидам. Шайх ба ҳар тараф нигоҳ мекард ва ҷуз он толибилм касеро намедид. Ӯро садо намуд ва гуфт: издивоҷ кардаӣ? Гуфт: -на. Шайх гуфт: оё мехоҳӣ издивоҷ намоӣ? Толибилм, ки аз осори гуруснагӣ хеле бемадор буд хомӯш буд. Шайх бори дигар аз ӯ пурсид. Оё мехоҳӣ издивоҷ кунӣ? Толибилм посух дод: эй шайх савганд ба номи Худо ман пули як дона нонро надорам чӣ тавр издивоҷ намоям? Шайх гуфт: ин хонум мегӯяд шавҳараш вафот намудааст ва дар ин сарзамин ғариб аст, танҳо амаке дорад, ки хеле пиру фақир аст ва айни ҳол ҳамроҳи ин зан ба масҷид омада дар гӯшае аз он нишастааст ва ишора ба сӯи ӯ намуд. Ҳамчунин аз шавҳараш ба ӯ хона ва сармояи хубе мерос мондааст ва ин зан мехоҳад бо сунати Худо ва паёмбараш бо марде издивоҷ кунад, то танҳо набошад, ба ӯ ва фарзандонаш газанде нарасад ва ба ҳаром даст назанад. Оё мехоҳӣ бо ин зан издивоҷ намоӣ? Толибилм гуфт: бале. Шайх аз зан пурсид ин ҷавонро ба шавҳарӣ қабул мекунӣ? Зан посух дод, бале. Пас, шайх амаки зан ва ду шоҳидро даъват намуда, ақди никоҳро миёни ин ду баст ва маҳри занро низ худ пардохт. Шайх ба толибилм гуфт: дасти ҳамсаратро бигир ва ба хонаи ӯ рав. Толибилм дасти ҳамсарашро гирифта, раҳсипори хона гардиданд, вақте дохили хона шуд, ҳиҷобро аз сари зан бардошт ва духтари ҷавону зебоеро дид. Вақте ба хона нигарист ҳамон хонаи воридшудаашро дид. Ҷавон дар тааҷҷуб буд, ҳамсараш аз ӯ пурсид, оё чизе хӯрдан мехоҳӣ? Ҷавон посух дод, бале. Зан вақте болопӯши дегро бардошт як бозимҷони газидашударо дид. Зан гуфт: аҷиб, кӣ ба хонаи ман ворид шуда, ин бозимҷонро газидааст? Пас, ҷавон гиря кард ва ба ҳамсараш он чизеро, ки гузашта буд қисса намуд. Зан чунин гуфт: ин аст самара ва натиҷаи амонат. Ту худро дур намудӣ аз хӯрдани бозимҷон бо роҳи ҳаром, пас, Худованд ато намуд бароят ҳама ин хонаро ва соҳибашро бо роҳи ҳалол!!!
“Шахсе тарк намояд чизеро аз барои Худо, иваз медиҳад Худованд барояш беҳтар аз онро.”
Тарҷума ва таҳияи