СУЛҲИ ИМОМ ҲАСАН ИБНИ АЛӢ (р) БО МУЪОВИЯ (р)
(бахши чаҳорум)
Сулҳро Ҳасан (р) оғоз бахшид ё Муъовия (р) ???
Пурсиши дигаре инҷо ба миён меояд, ки оё оғозкунандаи мавзӯи сулҳ Ҳасан (р) буда ё Муовия (р)? Кадоме аз инҳо нахустин гомро дар ин ҷода бардоштаанд? Оё Ҳасан ибни Алӣ (р), ки паёмбари Худо ба фазилати ӯ дар заминаи барқарории сулҳ ишора карда буд, пешқадам гардид ё Муовия (р)? Посухи саҳеҳ ин аст, ки рағбат ба сулҳ дар ҳар ду ҷониб дида мешуд. Ҳасан (р) аз ибтидо барои сулҳ барномарезӣ кард ва мекӯшид тоҷи сулҳ ва оромиро бар сари уммат ниҳад. Муовия (р) низ кореро, ки Ҳасан ибни Алӣ (р) оғоз карда буд, идома дод ва пурра намуд. Ҳамин тавр ҳар яке аз онҳо пурракунандаи иқдомоти дигарӣ мебошанд, ҳарчанд Ҳасан (р) дар эҷоди сулҳ нақши бештаре дошт. Худованд аз тамоми он бузургон розӣ ва хушнуд бошад. (1)
Марҳилаи ҳафтум.
Кӯшиши дигаре барои аз байн бурдани Ҳасан (р).
Баъд аз комёб шудани кӯшишҳои сулҳ байни Муъовия ва Ҳасан (р), барои омода намудани зеҳнияти пайравонаш барои қабули сулҳ, Ҳасан (р) байни эшон истода, хутбае эрод намуд ва дар он хутба эшонро барои қабули он чи аз кори сулҳ тамом шудааст, даъват намуд. Чун ӯ дар ҳоли хутбахонӣ буд, баъзе аз лашкариёнаш ба эшон ҳуҷум намуданд, лекин Худованд (ҷ) ин маротиба низ ӯро наҷот дод. Балозурӣ хутбаи ҳазрати Ҳасан (р)-ро чунин нақл мекунад:
«Ман умедворам, ки хайрхоҳтарини мардум нисбат ба махлуқоти Худованд бошам ва дар дил заррае кина ба касе надорам. Ҳеҷ гоҳ бар касе бадиро аз ҷониби худ намеписандам ва дӯст надорам, ки касеро гирифтори сахтӣ ва машаққат намоям. Эй мардум! Бидонед, ки агар ба хотири якпорчагии мусалмонон ба амри ногуворе тан диҳед, ин бароятон хеле беҳтар аз он аст, ки ба хотири майл ва хостаҳои шахсӣ, муҷиботи тафриқа ва аз ҳам гусехтагии уммати исломиро фароҳам кунед. Эй мардум! Тасмиме, ки ман барои шумо гирифтаам, аз тасмиме, ки худатон барои худ гирифтаед беҳтар аст. Пас бо ман мухолифат накунед ва ончиро, ки мегӯям бипазиред. Худованд ман ва шуморо биёмурзад».
Пас аз он, ки суханронии Ҳасан (р) поён ёфт, ҳозирин ба якдигар нигаристанд ва гуфтанд: Савганд ба Худо, ки Ҳасан (р) эҳсоси заъф ва нотавонӣ карда, ба сулҳ бо Муовия (р) тан додааст. Дере напоид, ки иддаи зиёде ба хаймаи Ҳасан (р) ҳамла намуда, онро ба ғорат кашиданд, ҳатто фарши зери пояшро кашида гирифтанд ва яке аз онҳо бо номи Абдурраҳмон ибни Абдуллоҳ ибни Абӯҷаоли Аздӣ ба сӯи Ҳасан (р) рафт ва бар ӯ сахт гирифт ва ридои он бузургворро, ки дар он печида буд кашид, аз китфонаш раҳо кард ва ҳамчунон шамшераш ҳамоил буду ҳайратзада ва чун ба худ омад аспашро савор шуда, байни мардум рафт. Баъзе мардум бо чашми ҳақорат ба ӯ менигаристанд ва баъзеи дигар мардумро аз эшон дур мекарданд.
Марде бо номи Ҷарроҳ ибни Синон аз бани Асад, ки ҳамфикри аҳли хавориҷ буд дар канори дарёи Даҷла нишаста, мунтазири омадани Ҳасан (р) буд ва ҳамин, ки ӯ аз наздаш гузаштанӣ шуд, лаҷоми аспашро гирифта, «Эй Ҳасан! Ту ҳам мисли падарат ширк овардӣ?» гуфт ва аз бағалаш ханҷареро, ки ҳамроҳ дошт берун карда, дар рони Ҳасан (р) чунон зад, ки қариб буд ба устухонаш бирасад. Имом Ҳасан (р) баргашта ба рӯйи ӯ зад ва ҳарду даст ба гиребон шуда, ба замин ғалтиданд. Ин ҳангом Абдуллоҳ ибни Хазли Тоӣ ва Зибён ибни Имораи Тамимӣ барои ҳимояи Ҳасан (р) миёни эшон даромада, он хориҷиро ба қатл расониданд. Баъд аз он ҳазрати Ҳасанро ба Мадоин оварда, табобат намуданд.
Нисбати он чӣ, ки ба Ҳасан (р) рух дод, овардаанд, ки Ҳасан (р) саркардаҳои асҳоби худро дар қасри Мадоин ҷамъ намуда, гуфтааст: Эй аҳли Ироқ, ман аз се амали шумо шикоят дорам: Ба қатл расонидани падарам, маҷрӯҳ сохтан ва ғорат намудани амволам. Шумо бо ман бд-ин шарт байъат намуда будед, ки бо ҳар ки сулҳ кунам, сулҳ мекунед ва бо ҳар ки ҷангидам, меҷангед. Ман бо Муъовия (р) байъат намудам ва шумо аз ӯ итоъат кунед. Баъд аз ин аз минбар поин шуд ва ба даруни қаср даромад. (2)
1. Мавқеи «Шуртатулхамис», яъне пешоҳангони лашкари Ҳасан (р) нисбат ба сулҳ.
Дар бораи мавқеъгирии лашкари Ҳасан (р) нисбат ба сулҳ Ҳоким аз Абӯғариф овардааст, ки мегӯяд: мо дувоздаҳ ҳазор нафар дар пешоҳангони лашкари Ҳасан (р) бо ханҷарҳои тези худ омодаи ҷанг бо аҳли Шом будем. Чун хабари сулҳи Ҳасан (р) бо Муъовия (р) ба мо расид, гӯё миёни ҳамаи мо шикаст. Ҳангоме, ки Ҳасан (р) ба Куфа омад, марде аз байни мо, ки Абӯомир Суфён ибни Лайл ном дошт, аз ҷой бархоста, гуфт: ассалому алайкум эй хору залилкунандаи муъминҳо! Ҳасан (р) гуфт: Ин тавр нагӯ эй Абӯомир, ман муъминеро хор накардаам, лекин нахостам онҳоро дар талаби мулк ба қатл расонам. Аммо Қайс ибни Саъд барои дохил шудан ба сулҳ дудила буд. Бинобар ин ҳамроҳи пайравонаш гӯша гирифт ва баъд аз муддате Худованд (ҷ) кӯшоише барояш насиб гардонид ва ба сулҳ дохил шуда, бо Муъовия (р) байъат намуд.
Ба таври умумӣ ривоятҳо ишора бар он мекунанд, ки дарҳол баъд аз шунидани хабари сулҳ қисми бузурги пешоҳанги лашкар ин иқдомро дастгирӣ карданд, магар Қайс бо пайравонаш, ки дар ибтидо ибо варзида, баъд аз дубора назар кардан дар ин амр, онро қабул намуда, бо Муъовия (р) байъат менамоянд.
2. Мавқифи амирони Алӣ (р) нисбат ба сулҳ.
Вокуниши амирони Алӣ (р) нисбат ба сулҳ аз ҳам фарқ мекунад. Дар зер баёни он омадааст:
а) Мавқифи қабул ва нек донистан ва аз пешоҳанги ин ашхос Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар ибни Абӯтолиб аст.
б) Мавқифи рад, баъд аз он қабул ва дар ин гурӯҳ Қайс ибни Саъд ва Зиёд ибни Абиҳ меояд.
в) Гурӯҳи саввум касонеанд, ки дар сулҳ дохил шудаанд, лекин бо бадбинӣ. Инҳо ба ду қисм ҷудо мешаванд:
1. Қисми аввал касонеанд, ки эътиқод доранд, ки бо сулҳ танҳо дар ҳоли ҳаёти Ҳасан (Р) пойбанд ҳастанд. Мисли ин ашхос Ҳаҷар ибни Адӣ аст.
2. Қисми дуввум касонеанд, ки бовар доранд, ки танҳо дар ҳоли ҳаёти Муъовия (р) ва Ҳасан (р) бо сулҳ пойбанд ҳастанд.
Марҳилаи ҳаштум.
Даст кашидани Ҳасан (р) аз хилофат ва таслими он ба Муъовия (р).
Баъд аз он ки Худованд (ҷ) ҳазрати Ҳасан (р)-ро аз фитнае, ки рух дод, наҷот бахшид, Мадоинро тарк гуфта, ба сӯи Куфа раҳсипор шуд.
Балозурӣ мегӯяд: Ҳангоме ки Ибни Омир ва Ибни Самра номаи сулҳи Муъовия (р)- ро ба Ҳасан (р) расониданд ва Ҳасан (р) омодаи ҳаракат ба сӯи Куфа шуд ва хутбае баён фармуд, ки дар он омадааст: «Шояд чизеро бад бинед, ки Худованд (ҷ) дар он хайри зиёдеро дода бошад» ва баъд аз эроди хутба озими Куфа шуд. (3)
Балозурӣ дар бораи ҳаракати Муъовия (р) мегӯяд: Баъд аз он Муъовия (р) аз минтақаи Маскан ба сӯи Куфа равон шуд ва миёни минтақаи Нахила ва Дорурризқ қарор гирифт. Баъд аз он Ҳасан (р) аз Куфа ба сӯи Нахила равон шуд, то амри хилофатро ба Муъовия (р) супорад. Муҷолид аз Шаъбӣ ривоят мекунад, ки ҳазрати Ҳасан (р)-ро дар Нахила ҳангоме, ки Муъовия (р) бо ӯ мусолаҳа мекард, дидам. Муъовия (р) ба Ҳасан (р) гуфт: агар чунин бошад, пас бархезу мардумро хабар кун, ки шумо ин амрро, яъне хилофатро ба ман таслим намудед. Шаъбӣ мегӯяд: пас Ҳасан (р) аз ҷой бархоста, Худовандро ҳамду сано гуфт ва фармуд: Шахси ҳушёру зирак тақвопеша ва шахси аблаҳ фоҷир аст. Ин амре, ки ман ва Муъовия (р) дар он ихтилоф намудем ё ҳаққи ман буд, ки барои салоҳи уммат ва аз хунрезӣ боз доштани онҳо, онро ба Муъовия (р) вогузоштам ё ҳаққи шахси дигаре буд, ки ӯ аз ман дида ба он сазовортар буд ва ман бад-он хотир аз он даргузаштам. (4)
«Намедонам, шояд ин озмоиш ва баҳрамандие барои шумо бошад, то ба ҳангоми марг.» (Сураи Анбиё, ояти 111)
Ин ривоятро Ибни Саъд, Ҳоким Абӯнаъими Исфаҳонӣ, Байҳақӣ ва Ибни Абдулбар ҳамаашон чун ривояти Табаронӣ аз Шаъбӣ нақл кардаанд. Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ.) низ ривояти байъати Ҳасан (Р) бо ҳазрати Муовияро аз тариқи Анас ибни Сирин ривоят кардааст, ки чунин аст: Рӯзе, ки Ҳасан (Р) бо Муовия (Р) дар бораи сулҳ музокира намуд, гуфт: «Дар миёни шаҳри Ҷоблус ва Ҷоблуқ ҳеҷ шахсе вуҷуд надорад, ки чун ман падарбузургаш Паёмбари Худо @ бошад. Ҳамоно ман дар ҳоле, ки беш аз ҳар кас сазовори хилофат будам, аз он канорагирӣ намудам ва бо Муовия байъат кардам ва намедонам, ки саранҷоми ин байъат муҷиби ба вуҷуд омадани фитнае дар миёни шумо хоҳад шуд ва ё то муддате бароятон судманд хоҳад буд».(5)
Ва дар ривояти Ибни Саъд аз Амр ибни Динор омадааст: Ҳасан ибни Алӣ (Р) аз ҷои худ бархост ва хитоб ба мардум карда гуфт: «Эй мардум! Ман беш аз ҳама масоилеро, ки барои мусалмонон пеш омад, нохушоянд медонистам, аммо дар ин авохир тадбире андешидам ва тасмим гирифтам хилофатро ба касе вогузорам, ки аз ман ба он сазовортар аст ва агар ҳам воқеан беш аз ҳар касе сазовори хилофат бошам, боз ҳам тасмим гирифтаам ба хотири маслиҳати уммати бобоям ва барои он ки миёни мусалмонон сулҳу оромиш барқарор шавад, аз ин ҳаққам бигзарам». Сипас фармуд: «Эй Муовия! Худованд зимоми умури уммати ҳазрати Муҳаммадро ба ту супурд ва намедонам воқеан расидан ба ин мақом ба хотири сифати хубе буда, ки дар ту вуҷуд дорад ва ё ин ки баръакс ба хотири вуҷуди шарре, ки дар ту ҳаст» ва он гоҳ ин оятро тиловат намуд:
«Ман намедонам, шояд ин озмуне барои шумо бошад (ва шояд шуморо) то муддате баҳраманд созад (ва бароятон судманд бошад)». (Сураи Анбиё, 111)
Ва сипас аз минбар поён шуд.
Дар ривояти Балозурӣ омадааст: Ҳасан ибни Алӣ (р) ҳамроҳ бо Қайс назди Муовия (р) рафт, то бо ӯ байъат кунад. Ҷарир ибни Ҳозим мегӯяд: Муҳаммад ибни Сиринро шунидам, ки мегуфт: вақте Ҳасан ибни Алӣ (р) бо Муовия (р) байъат кард савори маркабаш шуд, то ба лашкаргоҳи Муовия (р) равад. Ӯ Қайс ибни Саъд ибни Убодаро низ бо худ бурд ва чун вориди лашкаргоҳи Муовия (р) шуданд, мардум ба якдигар мегуфтанд: Қайс омадааст, Қайс омадааст. Вақте онҳо назди Муовия (р) расиданд, Ҳасан (р) бо Муовия (р) байъат кард, сипас ба Қайс фармуд: «Байъат кун.» Қайс зимни он, ки дастонашро зери бағалаш гирифт ва онҳоро ба сӯи Муовия (р) дароз накард, гуфт: «Ин гуна.» Муовия (р), ки пештар бар тахти худ нишаста буд, бар рӯи зонуҳояш истод ва дасти худро дароз кард ва дасти Қайсро гирифт. Қайс марди ботануманд буд. (6)
Ҳамин тавр бо даст кашидани Ҳасан (р) аз хилофат ва таслими он ба Муъовия (р) даврони хилофати нубувват ба поён расид, ки он сӣ сол буд ва далел бар он фармудаи Паёмбар аст:
«Хилофати нубувват сӣ сол аст, баъд аз он Худованд (ҷ) мулкро дод ё касеро хост мулк дод». Инчунин он Ҳазрат фармудаанд: «Хилофат дар уммати ман сӣ сол аст, баъд аз он мулк аст.» (7)
Ибни Касир дар шарҳи ин ҳадис гуфтааст: Бо тамом шудани хилофати Ҳасан (р) муддати хилофати иршодфармудаи набавӣ сӣ сол пур шуд. Ӯ аз хилофат ба фоидаи Муъовия (р) дар моҳи рабеъ-ул-аввали соли 41-уми ҳиҷрӣ даст кашид ва он замон сӣ сол аз вафоти Расули акрам ба пуррагӣ гузашта буд. Он Ҳазрат дар рабеъ-ул-аввали соли ёздаҳи ҳиҷрӣ вафот намуда буд. Ва ин аз далоили нубуввати он Ҳазрат аст ва бинобар ин Ҳасан (р) панҷумин халифаи рошид аст. (8)
-Муҳимтарин асбоб ва омилҳои таҳриккунандаи сулҳ
Сабаб ва омилҳои зиёде амирулмуъминин Ҳасан (р)-ро ба сулҳ бо Муъовия (р) водошт, ки ин омилҳо иборатанд:
1. Дар назар гирифтани маслиҳати уммати исломӣ ва чашм дӯхтан ба неъматҳои ҳамешагии Худованд.
Ҳангоме, ки Нафири Ҳазрамӣ ба Ҳасан (р) гуфт: мардум мегӯянд, ки шумо иродаи халифа шудан доред. Ҳасан (р) дар посух ба ӯ гуфт: Тамоми сарони араб зери фармону итоъати ман буданд. Бо касе сулҳ мекардам ё меҷангидам, пайрави ман буданд. Ман ба хотири ризои Худо ин амрро тарк кардам.
Ҳасан (р) дар хутбае, ки хилофатро ба Муъовия (р) супурд гуфт: ё ин ки ин амр ҳаққи ман аст ва онро ба хотири салоҳи уммат ба Муъовия (р) месупорам. (9)
Ҳосил намудани ризои Худованд (ҷ) ва ҷонибдории салоҳу якпорчагии уммат аз сабабҳо ва омилҳои таҳриккунандаи сулҳ назди Ҳасан (р) буд. Ҷойгоҳ ва маконати сулҳ дар ислом хеле бузург аст. Танҳо роҳи сулҳ метавонад, ихтилофу тафриқаро аз байн бардошта, ҷои он дӯстию бародарӣ ва иттиҳоду ҳамбастагиро ба миён оварад. Бинобар ин сулҳ мақсуди олиест, ки тавассути он бародарӣ ҳосил мешавад. Худо мефармояд: «Ҳаройина, муъминон бародари ҳамдигаранд. Миёни бародаронатон оштӣ бияфканед ва аз Худо битарсед, то ки бар шумо раҳмат орад».(Сураи Ҳуҷурот, ояти 10)
Мақсуд аз ин бародарӣ ҳамон бародарие аст, ки гоҳ бар асари ихтилофоте, ки дар миёни мусалмонон рух медиҳад, аз миёнашон рахт мебандад. (10)
Бинобар ин, Қуръони карим инояти вижае ба сулҳ намуда, ба он таъкид мекунад ва мардумро ба парҳез аз низоъ ва кашмокаш дастур додааст.
Акнун ба баъзе аз дастурот ва роҳнамудҳои қуръонӣ дар заминаи аҳамияти сулҳ ва оштӣ мепардозем:
1.) Сулҳ ва созиш
Худованд мефармояд: «Туро аз ғаниматҳои ҷангӣ мепурсанд, бигӯ: «Ғаниматҳои ҷангӣ аз они Худову паёмбар аст. Пас агар аз муъминон ҳастед, аз Худо битарсед ва бо якдигар ба оштӣ зист кунед ва аз Худову паёмбараш фармон баред!» (Сураи Анфол, ояти 1)
Ва низ мефармояд: «Ҳар гоҳ ду гурӯҳе аз муъминон бо ҳам ба ҷанг пардохтанд, дар миёни онҳо сулҳ барқарор созед. Агар яке аз онҳо дар ҳаққи дигарӣ ситам мекунад ва тааддӣ меварзад, бо он гурӯҳ биҷангед, то он ки ба итоат аз фармони Худо бозгардад ва ҳукми Ӯро пазиро шавад. Ҳар гоҳ бозгашта ва фармони Худоро бипазирад дар миёни онҳо додгарона сулҳ барқарор кунед ва адолатро риоя намоед, зеро Худованд адлкунандагонро дӯст медорад. Фақат муъминон бародари ҳамдигаранд, пас миёни бародарони худ сулҳ барқарор кунед ва тақворо пеша созед, то шумо мавриди раҳм ва марҳамат қарор бигиред». (Сураи Ҳуҷурот, оёти 9-10)
Чунончӣ мушоҳида мешавад Худованди мутаол ба бандагони Худ дастур медиҳад, ки миёни якдигар сулҳу созиш барқарор созанд, зеро муъминон бо ҳамдигар бародаранд: «Фақат муъминон бародари якдигаранд, пас миёни бародарони худ сулҳ барқарор кунед.» (Сураи Ҳуҷурот, ояти 10)
Дар ин оят сиғаи ҳаср ба кор рафтааст, бинобар ин бародарии дар ояти мазкур мавриди ишора қарор гирифта мунҳасир ба муъминон аст ва танҳо муъминон бо мансубият ба асли имон, ки маншаъи мондагорияшон дар биҳишт аст, бо ҳам бародаранд. Ояти мазкур баёнгари вуҷуби барқарории сулҳу сафо дар миёни муъминон мебошад.
Аз ин дастурот ва авомири қуръонӣ чунин бармеояд, ки ислоҳи зотулбайн ва эҷоди сулҳу сафо дар миёни мусалмонон аз мисдоқи таовун ва ҳамкорӣ бо якдигар дар ростои некӣ ва тақво, ҳамчунин аз масодиқи амри ба маъруф ва наҳй аз мункар мебошад, ки Худованд муъминонро ба ин ду амри муҳим дар равобити иҷтимоияшон бо якдигар дастур додааст. Хулоса ин ки ҳар мусалмоне муваззаф аст ҳамвора ба ислоҳ ва барқарорию пойдории сулҳу сафо миёни мусалмонон ва ҳамаи мардум бипардозад, ба ин сурат зиндагии иҷтимоӣ бар асоси дӯстӣ ва бародарӣ дар ҷомеа ҷомаи амал ба тан мекунад. (11) Ин омил ва ангезаҳое буд, ки ҳазрати Ҳасан (р)- ро ба сулҳу созиш водошт.
Идома дорад
Муҳаммадиқболи Садриддин
Феҳристи манобеъ ва осори таҳқиқотӣ
1. Марвиёту хилофати Муъовия фӣ торих ат-Табарӣ. -с. 141.
2. Ат-Табақот. 1/324.
3. Ансобул-ашроф. -с. 447.
4. Ал-муъҷам ал-кабир 3/26, санадаш саҳеҳ аст.
5. Фазоилу саҳоба. 2\769.
6. Ансобул-ашроф. -с. 154.
7. Сунани Тирмизӣ маъа шарҳиҳо Тӯҳфатул-Аҳвазия. 6/395-397.
8. Маосирул-иноқа. 1/105, санади ин ҳадис ҳасан-саҳеҳ аст.
9. Ал-Муъҷам ал-кабир ли-т-Табаронӣ. 3/ 26, санадаш ҳасан аст.
10. Ахлоқ ан-Набӣ (с) фил-Қуръон ва-с-суннат. 2\969.
11. Ахлоқ ан-Набӣ (с) фил-Қуръон ва-с-суннат. 2\971.