ФАЗИЛАТИ СУЛҲ БАР АСОСИ ОЁТИ ҚУРЪОН ВА АҲОДИСИ НАБАВӢ
(бахши панҷум)
2.) Ташвиқ ба талош барои ислоҳ ва барқарории сулҳ дар миёни мусалмонон.
Худованди мутаол барои касоне, ки ба ислоҳ ва барқарории сулҳу созиш дар миёни мардум ҳиммат мегуморанд подош ва фазли бузурге дар назар гирифта, ҳар кас барои ризои Худованд (ҷ) ба эҷоди сулҳу созиш дар миёни мусалмонон бипардозад, аз ин аҷр ва подош бархурдор хоҳад гардид.
Худованд мефармояд: «Дар бисёре аз наҷвоҳояшон (маслиҳатҳои сиррӣ) хайр ва хубие нест, магар дар наҷвоҳои он касе, ки ба садақа ва эҳсон ё ба кори нек ва писандидае ё ислоҳи байни мардум дастур диҳад. Ҳар кас чунин кореро ба хотири ризои Худо анҷом диҳад, Худованд подоши бузурге ба ӯ ато мекунад.» (Сураи Нисо, ояти 114)
Худованд касонеро, ки ба эҷоди сулҳ ва созиш дар миёни мусалмонон мепардозанд мағфират менамояд ва раҳматашро бар онҳо сарозер мекунад. Чунончӣ мефармояд: «Ва агар миёни худ, сафо ва самимият барқарор кунед ва тақво пеша намоед (Худованд шуморо меомурзад), ҳамоно Худованд омурзанда ва меҳрубон аст.» (Сураи Нисо, ояти 129)
Ин оят бо ду сифати «Ғафур» ва «Раҳим» (1) поён ёфтааст ва ин ба он маъност, ки Худованд ислоҳкоронро мағфират менамояд ва ононро мавриди раҳматаш қарор медиҳад. Ҳамчуноне, ки Худованд мефармояд: «Касе, ки аз инҳирофи васияткунанда (аз ҷодаи адолат) ё аз гуноҳи ӯ (ба сабаби тарки қонуни шариат) битарсад (ва он инҳироф ва гуноҳ ва низоеро, ки ба ин иллат миёни вараса даргирифтааст, тағйир диҳад) ва сулҳу созишро миёни онҳо барқарор намояд, гуноҳе бар ӯ нест. Бегумон Худованд омурзанда ва меҳрубон аст.» (Сураи Бақара, ояти 182)
Дар ин оят низ ба ин нукта ишора шудааст, ки Худованд ислоҳкоронро меомурзад ва ононро мавриди раҳматаш қарор медиҳад ва инки дар ояти мазкур ду сифати «Ғафур» ва «Раҳим» пай дар пайи ҳам омадааст ба вузуҳ (2) ин матлабро мерасонад. Худованд мефармояд: «Мо, подоши ислоҳкоронро ҳадар намедиҳем». (Сураи Аъроф, ояти 170)
3)- Фазилати сулҳ ва ислоҳгарон.
Худованди бузург борҳо дар мавриди фазилати сулҳ сухан гуфта ва ин гуфтаҳо бар ин далолат мекунанд, ки касоне, ки дар миёни мардум сулҳ меоваранд, аз аҷру савоби бузург бенасиб намемонанд ва Худованд ҳам тайид намуда, сулҳро аз низоъ ва ҷанг беҳтар мешуморад ва дар ин замина мефармояд: «Ва сулҳу созиш беҳтар аст.» ( Сураи Нисо, ояти 128)
Ин фармудаи Худованд нишона аз аҳамияти сулҳу созиш назди Худованд (ҷ) аст. Сулҳу созиш метавонад буғзу кина ва ихтилофоту бадиро аз байн барад, бад-ин хотир Худованди мутаъол масъалаи сулҳ ва ислоҳгариро барои тамоми башар матраҳ намудааст. Ҳамчунин эҷоди сулҳу созиш ва иҷтиноб аз ихтилофу низоъ яке аз вижагиҳои ахлоқи паёмбарони Илоҳӣ мебошад. Худованд аз забони Мусо (а) хитоб ба бародараш Ҳорун (а) мефармояд: Мусо (пеш аз инки озими ибодат ва муноҷоти Худо шавад) ба бародараш Ҳорун гуфт: Дар миёни қавми ман ҷонишини ман бош ва ислоҳгарӣ намо ва аз роҳ ва равиши табоҳгарон пайравӣ макун. (Сураи Аъроф, 142)
Оятҳои зиёде дар Қуръон фаровон омада, ислоҳе, ки дар ин оятҳо ишора шудааст, ом буда, ҳам ҷанбаи динӣ ва ҳам ҷанбаи дунёӣ доранд. Ҳар вақте, ки миёни гурӯҳҳо ва ё афроди ҷомеъаи мусалмонон ҷангу ҷидол сар занад, бояд онҳоро ба сулҳ даъват намуда, ихтилофи миёнашон бударо бартараф кард, чунки даъват кардан ба сулҳ ин яке аз сифот ва ахлоқи анбиё аст. Расули Худо то он андозае, ки метавонист, сулҳро байни афроди ҷомеъа барқарор мекард. Рӯзе дар замони паёмбар миёни ду гурӯҳ низоъ шуд ва кор то ба сангпартоии тарафҳо ба сӯи ҳамдигар пеш рафт. Вақте паёмбар аз ин моҷаро бохабар шуд, гуфт: “Бишитобем то миёни онон сулҳ ва созиш барқарор кунем.” Бубин, ки паёмбар чӣ тавр барои оштӣ ва сулҳ ва бартараф кардани кинаву кудурат, қабл аз ин, ки оташи хусумат ва душманӣ шуълавар гардад, мешитобид. Ба хотири барқарор кардани сулҳ дар миёни мардум, дини мубини ислом иҷоза додааст барои таҳаққуқи ин амр, шахси ислоҳгар, ҳатто аз суханони дурӯғ ҳам истифода намояд. Расули акрам дар ин маврид бад-ин маънӣ фармудааст: “Касе, ки барои эҷоди сулҳ ва оштӣ миёни мардум, сухани маслисҳатомезеро ба мардум бирасонад ва ё сухани маслиҳатомез бар забон оварад, агарчи дурӯғ ҳам бошад, дурӯғгӯӣ ба ҳисоб намеравад.” Иллати ҷоиз будани дурӯғ гуфтан барои эҷоди сулҳ ва оштӣ дар миёни мардум ин аст, ки вуҷуди ихтилоф ва тафриқа дар миёни мусалмонон хеле хатарнок аст ва паёмадҳои ногуворро ба дунбол дорад, чунончӣ расули акрам фармудааст: “Аз тафриқа ва душманӣ бипарҳезед, ки ин амр шуморо аз байн мебарад.” Бад-ин тартиб аз онҷо, ки Худованди мутаол расули гиромиашро аз вуқуъи ихтилофот ва кашмакашҳо дар миёни умматаш, пас аз вафоти он бузургавор, бохабар карда буд, аз ин рӯ яке аз муҳимтарин ва бузургтарин орзӯҳои паёмбари акрам ин буд, ки Худованд дар насли вай шахсеро омили эҷоди сулҳ ва бартараф кардани низоъ ва кашмакашҳои миёни умматаш қарор диҳад. Чунончӣ Абӯбакр (р) мегӯяд: Аз расули Худо шунидам, ки бар болои минбар мефармуд: “Ин фарзандам сайид ва сарвар аст, чӣ басо Худованд ӯро воситаи сулҳ ва созиши ду гурӯҳи бузурги аз мусалмонон бигардонад.” Абӯбакр (р) мегӯяд: Дар он ҳангом Ҳасан (р) дар канори расули акрам буд ва он Ҳазрат зимни баёни ин фармудааш гоҳе ба Ҳасан (р) ва гоҳе ба мардум нигоҳ мекард. Оре! Яке аз муҳимтарин ангезаҳое, ки муҷиб шуд Ҳасан ибни Алӣ (р) ин сулҳро бипазирад, майл ва рағбати вай ба аҷр ва подоши бузурге буд, ки дар фазилати эҷоди сулҳ ва оштӣ баён шуд.
Дуввум: «Дар ҳақиқат ин писари ман сайид аст ва умед аст, ки Худованд (ҷ) тавассути ӯ байни ду гурӯҳи бузурги мусалмонон сулҳ биёварад»:
Ин дуои паёмбар амирулмуъминин Ҳасан (р)-ро бар он водошт, ки худро аз ҳар нигоҳ барои сулҳ омода созад. Ин ҳадис барои Ҳасан (р) як барномаи комили ҳаётие буд, ки дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёташ барои дастрасӣ пайдо кардан ба ҳадафҳои гузоштааш, ки ҳамоно барқарор гардидани сулҳу суботи миёни уммати мусалмон буд, роҳнамо ва таҳрикдиҳанда ба ҳисоб мерафт ва ӯ бар ин асос барномаи ислоҳии худро тарҳрезӣ намуда, онро ба марҳалаҳо тақсим намуд ва ба натиҷаи он бовар дошт.
Пас, ин ҳадиси набавӣ омили аслии таҳрикдиҳандаи Ҳасан (р) ба сӯи сулҳ буд.
Саввум: Ҳифозати хуни мусалмонон.
Ҳасан (р) гуфт: метарсам аз он ки рӯзи Қиёмат ҳафтод ҳазор нафар ё кам ё зиёд меоянд, дар ҳоле, ки хун аз рагҳои эшон ҷорист. Ҳамаи онҳо назди Худованд (ҷ) мехоҳанд фаҳманд, ки барои чӣ хуни эшон рехта шуд? Инчунин дар хутбае, ки амри хилофатро ба Муъовия (р) таслим мекард, гуфт: ё ин ки ин амр ҳаққи ман аст ва онро ба хотири салоҳи ин уммат ва ҳифзи хуни онҳо ба Муъовия месупорам.(3)
Аз суханони Ҳасан (р) шиддати хавфи ӯро аз Худованд (ҷ) мулоҳиза мекунем. Ин хавфест, ки ӯро ба сулҳ водоштааст. Худованд (ҷ) анбиёву авлиёи худро ба хотири тарсу хавфашон аз ӯ таоло мадҳ карда фармудааст: «Дуъояшро мустаҷоб кардем ва ба ӯ Яҳёро бахшидем ва занашро барояш шоиста гардонидем. Инҳо дар корҳои нек шитоб мекарданд ва бо он биму умед Моро мехонданд ва дар баробари Мо фурӯтан буданд».(Сураи Анбиё, ояти 90)
Инчунин дар ояти дигар Худои пок мефармояд:
«Онон, ки он чиро ки Худо ба пайвастани он фармон дода, мепайванданд ва аз Парвардигорашон метарсанд ва аз сахтии бозхости Худованд (ҷ) бимноканд.» (Сураи Раъд, ояти 21)
Хавф ва тарси аз Худо (ҷ) ончунон амри писандидаест, ки сабаб мешавад инсон ба майлу хоҳишоти худ падруд гуфта, аз дилбастагӣ ба дунё даст кашад ва дар ҷустуҷӯи илму дониш ва роҳҳои дарёфти ризои офаридгораш, ки ҳамоно Худои субҳон аст барояд. (4)
Ҳасан ибни Алӣ (р) чунин тасмимеро барои худ раво дошт, ки ҷиҳати наздикӣ ба Худованд (ҷ) пеши хунрезии мусалмононро бигирад, зеро ӯ аз ин, ки дар мавриди хуни мусалмонон дар рӯзи Қиёмат муохаза шавад, бисёр дар ҳаррос буд. Ҳарчанд ин амр ба маънои канорагирӣ аз хилофат ва зимомдории умури мусалмонон буд, ба ҳар ҳол маҷмӯаи авомиле, ки зикр шуд, Ҳасан ибни Али (р)-ро ба пазириши сулҳ водошт.
Ҳасан (р) хатарнок будани ҷавобгарии хуни мусалмононро медонист. Медонист, ки амри хатарнок ва паёмадҳои ногувореро ба дунбол дорад ва каёну ҳастии ҷомеаро таҳдид мекунад. Медонист, ки барои таҳрими он оёту аҳодис ворид шуда, муртакиби онро ваъиду таҳдидҳои зиёде баён гардидааст.
Дар бисёре аз нусуси Қуръон ва суннат ба азоб ва сазое, ки барои қатл дар назар гирифта шудааст, ишора мешавад. Қатл (куштор) аввалин чизест, ки аз он рӯзи Қиёмат ҳисобу китоб оғоз мешавад. Ин далолат ба бузург будани масъалаи қатли инсон ва таҷовуз ба ҳурмати он мекунад. Имом Бухорӣ аз Абдуллоҳ ибни Маъсуд ривоят мекунад, ки паёмбар фармудаанд: «Аввалин чизе, ки – рӯзи Қиёмат – байни мардум қазоват мешавад, масъалаи хун аст.» (5)
Қатл ва хунрезӣ дар рӯзи Қиёмат гуноҳи бисёр бузурге ба ҳисоб меравад ва шариат нигоҳ доштани ҷони мусалмонон дар дунёро аз мақсадҳои муҳимтарини хеш қарор додааст. Бинобар ин Ҳасан ибни Алӣ (р) шефтаи сулҳ ва муҳофизат аз ҷони мусалмонон буд. Шариати муқаддаси ислом, ки Ҳасан (р) онро ба хубӣ дарк карда, ба мафоҳими он пай бурда буд, барои ҷони инсонҳо аҳамияти вижае қоил шуда, аҳкомеро ташреъ намудааст, ки дар ҷиҳати масолеҳи инсонҳост ва мафосиду зиёнҳоро аз онҳо дур месозад ва ин танҳо ба мақсади ҳифз ва нигоҳ доштани ҷони инсонҳо ва решакан кардани кина ва душмании миёни онҳо сурат гирифтааст. Тааррӯз ба ҷони афрод муҷиби ҳалокати онҳо ва дар натиҷа кушта шудани мусалмононе мегардад, ки саропо Худовандро бандагӣ мекунанд ва чун мусалмонон аз байн раванд, дини ислом бо зиён ва мусибати бузурге рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ногуфта намонад, ки бо таваҷҷӯҳ ба ончи баён шуд, вақте иддае бар сулҳи Ҳасан ибни Алӣ (р) эътироз намуданд ва аз он ба унвони нангу ор бар мусалмонон ёд карданд, Ҳасан ибни Алӣ (р) ба онҳо хитоб карда гуфт: «Ман ин нанг ва орро бар оташи ҷаҳаннам бартар медонам.» (6)
Ҳасан (р) ҳамвора масъалаи сулҳу созишро бо пайравони худ дар миён ниҳода, барои онҳо ангезаҳои худро аз бастани паймони сулҳ ёдовар мешуд, то сатҳи фикрии онҳоро рушд кунад. Ҳасан (р) мекӯшид, то ҳамон умуреро, ки худаш ба ҳақиқати онҳо пай бурда буд, ба кор барад ва дар масири мавриди назараш аз фишори тудаи мардум мутаассир намегардид. Бинобар ин, ҳар гоҳ Ҳасан ибни Алӣ (р) итминони хотир пайдо мекард, ки кор ё иқдоми мавриди назараш муҷиби ҷалби ризояти Худованд ва дар ростои масолеҳи мусалмонон аст, ба ҳеҷ ваҷҳ аз ба самар расонидани чунин иқдоме, кутоҳӣ намекард.
Чаҳорум: Ҳадафи ӯ якпорчагии уммат буд.
Дар яке аз марҳалаҳои сулҳ Ҳасан (р) хутбае ироа намуда, гуфт: Дар дили худ нисбати касе ҳасад надорам ва ман ба шумо тавре назар мекунам, ки ба худам назар дорам. Ман фикре дорам ва мехоҳам, ки онро рад накунед. Ба таҳқиқ он чи ки шумо дар ҷамоъат бад мебинед, беҳтар аст аз он чи дар танҳоӣ дӯст медоред. (7)
Ба фазлу карами Худованд (ҷ) ва баъд бо саъю талоши Ҳасан (р) ваҳдату ягонагии уммат амалӣ гардид. Имом Ҳасан (р) барои ҳифзи хуни мусалмонон ва дурӣ ҷӯстан аз фасодҳои калон, ки дар ҳоли истимрори вазъият ба ин уммат сарозер мешуд, аз хилофат даст кашид. Агар ӯ барои ба даст овардани хилофат исрор меварзид ва фитна давом мекард хунрезиҳои зиёд, қатъи раҳм ва аз байн рафтани амнияти роҳҳо ва ғайраву ғайра насиби ин уммат мешуд. Ба инояти Худованд (ҷ) бо даст кашидани ӯ аз хилофат ваҳдату якдилии уммат ҳосил шуд ва он солро «Соли ҷамъоат номиданд» (8) Ин гуна пай мебарем, ки Ҳасан (р) шахси огоҳ, мудаббир ва оянданигар буда, ҳамвора натиҷаи корҳо ва иқдомотро месанҷид. Ва ин дарсе аст, ки Ҳасан ибни Алӣ (р) аз Қуръон омӯхта буд, зеро Худованди мутаол барои судури ҳукме онро ошкоро баён намекунад, балки шавоҳид ё натоиҷеро зикр менамояд ва бар асоси он аҳкомеро ба бандагонаш гӯшзад мефармояд. Барои мисол чанд намунаро зикр менамоем:
1.Наҳйи аз носазо гуфтан ба мушрикон
Худованд мефармояд: «Ба маъбудҳое, ки мушрикон ба ҷуз Худо мепарастанд, дашном надиҳед, то онҳо таҷовузкорона ва ҷоҳилона Худоро дашном надиҳанд». (Сураи Анъом, ояти 108)
Ба зами ин, ки носазо гуфтан ба бутҳои мушрикон ба гунае сабаби ёрӣ расонидани Ҳақ ва иҳонат ба ботил мебошад ва амре ҷоиз низ ҳаст. Аммо шариати оканда ва пурра аз ҳикмати ислом, паёмади эҳтимолии ин носазо гуфтанро мадди назар қарор дода, ба адами носазо гуфтан ба бутҳо ҳукм намудааст. Ин ҳукм аз он ҷиҳат содир шудааст, ки монеъ аз муқобилаи ба мисл кардани мушрикон гардад, то мабодо барои дифоъ аз бутҳои худ ба Худованд (ҷ) носазо гӯянд. Бе гумон, маслиҳате, ки дар дашном додани бутҳо вуҷуд дорад, ба маротиб камтар аз паёмадҳои бад ва муфсиде аст, ки бар асари носазогӯӣ ба Худованд (ҷ) тавассути мушрикон ба вуҷуд меояд. Бинобар ин даъфи мафосид ва ё ҷилавгирӣ аз он бар ҷалби манофеъ авлавият дорад. (9)
2.Баёни чӣ тавртиловат кардани Қуръон.
Худованд мефармояд: «Намозатро баланд ё оҳиста махон, балки миёни он ду роҳеро дар пеш гир.» (Сураи Исро, ояти 110)
Худованди мутаол барои ҷилавгирӣ аз носазо гуфтан ба дин ва Қуръон тавассути мушрикон, ба паёмбар дастур дод, ки аз баланд хондани оятҳои Қуръон дар намоз худдорӣ кунад. (10) Ибни Аббос (раҳ) дар шаъни нузули ин оят мегӯяд: Дар он замон, ки дини ислом дар Макка ошкор нашуда буд, кофирон бо шунидани оятҳои Қуръон, ба Қуръон ва Худованд (ҷ) ва паёмбар носазо мегуфтанд. Бинобар ин, Худованд ба паёмбараш дастур дод, ки аз баланд хондани Қуръон худдорӣ кунад. Чунончӣ мефармояд: «Ва ло таҷҳар бисалотика…», яъне: «(Эй паёмбар) Намозатро бо овози баланд махон» ва низ мефармояд: «Ва ло тухофит биҳо», яъне: « ва он қадар ҳам пасту оҳиста махон», ки ёронат оятҳои Қуръонро нашунаванд. Ва дар давоми оят мефармояд: «вабтағӣ байна золика сабилан», яъне: «(Балки) ҳадди миёнаро ихтиёр кун.» (11)
3.Киштиро шикастани Хизр (а)
Худованд мефармояд:«Ва аммо он киштӣ аз они гурӯҳе аз мустамандон буд, ки дар дарё кор мекарданд ва ман хостам онро айбнок гардонам, зеро сари роҳи онҳо подшоҳи ситамгаре буд, ки ҳамаи киштиҳо (и солим)-ро ғасб карда мегирифт». (Сураи Каҳф, ояти 79)
Дар шариати муқаддаси ислом таҷовуз ба амволи дигарон мамнуъ ва ҳаром аст, аммо мушоҳида мекунем, ки Хизр (а) ба киштӣ осеб мерасонад, ба гунае, ки он айбнок мегардад ва соҳибаш низ хисорот мебинад, аммо ҳангоме, ки Мусо (а) бар Хизр (а) эътироз мекунад ва эҳсони аҳли киштиро ёдовар мешавад, ки ҳардуи онҳоро ройгон савори киштӣ намуданд, Хизр (а) мегӯяд, ки ин харобкорӣ барои ҷилавгирӣ аз харобӣ ва табоҳии бузургтаре анҷом гирифтааст. Далели ҳазрати Хизр (а) ин буд, ки подшоҳ киштиҳои нав ва солимро ба зурӣ мегирад ва чунончӣ ин киштӣ солим мемонд, подшоҳ онро ғасб карда, мегирифт. Бинобар ин Хизр (а) ба Мусо (а) ёдовар намуд, ки ин нуқси кӯчакро дар киштӣ эҷод кунад, то асли киштӣ ба куллӣ аз даст наравад. Бешак тан додан ба нуқс ва зиёни андак барои мамониат аз зарари бузургтар кори дуруст ва писандида аст ва шариати муқаддаси ислом низ ҳамвора дафъи мафосид ва навоқиси бузургро мавриди таваҷҷӯҳ қарор додааст. Ҳатто агар дафъи мафосиди бузург, масрафе ҳамчун тан додан ба иртикоби мафосиди кӯчактарро ба дунбол дошта бошад. Ин нукта дар мисоли мазкур ба хубӣ баён шудааст, чунончӣ эҷоди нуқси маъмулӣ дар киштӣ сабаб шуд, ки киштӣ ба пуррагӣ аз даст наравад. Ба иборате тан додан ба хисороти қобили ҷуброн, аз бурузи хисороти ғайри қобили ҷуброн ҷилавгирӣ кард. (12)
4. Бо дар назар гирифтани равиши набавӣ пазируфтани зарари камтар барои пешгирӣ аз зарари калон. Худдорӣ аз куштани мунофиқон.
Ҷобир (раҳ) мегӯяд: Дар яке аз ғазваҳо, ҳамроҳи расули Худо будем. Дар миёни муҳоҷирон марди шухтабиате буд. Ӯ ба шухӣ ба пушти як ансорие зад. Он ансорӣ ба шиддат хашмгин шуд ва низоъ миёнашон сар зад, то ҷое, ки ҳар кадоми онҳо мардуми қавму қабилаи худро ба кӯмак талабид. Расули Худо назди онҳо омад ва фармуд: чаро бонги замони ҷоҳилиятро сар додаед? Сипас пурсид: моҷарои онҳо чист? Расули Худо -ро аз коре, ки он муҳоҷир карда буд бохабар сохтанд. Набии акрам фармуд: ин суханони ҷоҳилиятро раҳо кунед, ки хеле зишт ва нописанд аст. Ҷобир (раҳ) мегӯяд: Вақте расули Худо назди он ду мунозиакунанда омад мардуми Ансор он ҷо бештар буданд ва баъди омадани паёмбар мардуми Муҳоҷир бештар ҷамъ шуданд. Абдулло ибни Убай ибни Салул (раиси мунофиқон) гуфт: Оё якдигарро бар зиди мо фаро хондаанд? Қасам ба Худо вақте ба Мадина бозгардем, афроди боиззат ва қудратманд ашхоси хор ва забунро берун хоҳад кард. Умар (р) бо ишора ба сӯи Абдулло ибни Убай гуфт: Эй расули Худо ! Бигзор ин палиди нокасро ба қатл бирасонам? Набии акрам бад-ин мазмун фармуд: бигзор ӯро! Боз мардум нагӯянд, ки Муҳаммад ёронашро мекушад. Бадеҳӣ аст, ки куштани мунофиқон ва решакан кардани онҳо, сабаби покӣ ва холис шудани сафҳои мусалмонон аз вуҷуди аносири фасодангез ба нафъи мусалмонон мебошад, аммо бо куштани чанд тан мунофиқ, эътибор ва эътимод аз байн меравад ва ин тасаввурро дар миёни мардум эҷод мекунад, ки расули Худо ёрон ва ҳаммаслакони худро ба қатл мерасонад ва бад-ин хоти, барои маслиҳати мусалмонон расули Худо аз чандин корҳо чашмпӯшӣ мекард. Албатта, ба касе пӯшида нест, ки вуҷуди мунофиқон зарару зиёни бисёр дар ҷомеъаи исломӣ меовард, аммо куштани онҳо ҳам холӣ аз зиёну зарар набуд, баръакс мушкилоти бисёртар ва бештареро миёни мусалмонон эҷод мекард. Расули Худо медид, ки манфиат ва маслиҳати мусалмонон дар накуштани мунофиқон аст, ан ин лиҳоз монеъи куштани онҳо шуд ва бад-ин восита аз бурузи бештари фасодие, ки куштани онҳо ба дунбол дошт ҷилавгирӣ шуд. Ва яке дигар аз дурандешӣ ва оянданигарии паёмбар нисбати тарки азнавсозии бинои Каъба буд, ки уммулмуъминин Оишаи сиддиқа мегӯяд, ки расули Худо фармуд: Агар тозамусалмоншавии қавмат (Қурайш) намебуд, дастур медодам, то хонаи Каъбаро вайрон мекарданд ва Ҳатимро ба Каъба якҷо мекардам ва барои хонаи Каъба ду дарвоза дар назар мегирифтам, ки яке ба сӯи шарқ ва дигаре ба сӯи ғарб боз шавад ва бад-ин тартиб, хонаи Каъба монанди бинои замони Иброҳим (а) мешуд. Ба ҳамагон маълум аст, ки Каъба аниси дилҳои мусалмонон ва таҷаллигари таърихи анбиёи пешин аст ва мебоист ба ҳамон шакле, ки анбиёи илоҳӣ онро ёдгор гузоштаанд, боқӣ монад. Аммо бозсозии бинои Каъба, ки дар даврони ҷоҳилият, аз тарафи Қурайшиҳо сурат гирифт ва Қурайшиҳо пулу моли ҳалол ва бе шакку шубҳа он қадар надоштанд, ки бинои Каъбаро ба итмом расонанд ва онро то ҷое расонданд, ки расули акрам худ шоҳиди он буд. Расули акрам метавонист, ки бинои Каъбаро аз нав бисозад ва ҷоеро, ки Қурайш ба сабаби камбуди моли ҳалол ба итмом нарасонида буд ба итмом расонад. Аммо ба сабаби вуҷуди эҳтимол ва нигарониҳое, ки иддае ин корро шояд як навъ беэҳтиромӣ ва беадабӣ нисбат ба Каъба талаққӣ кунанд ва ё ҳурмат ва ҳайбати Каъба аз қулуби бархе зоил гардад, расули акрам аз бозсозии Каъба ба ҳамон шакле, ки Иброҳим (а) бино карда буд, сарфи назар кард.
Идома дорад
Муҳаммадиқболи Садриддин
Феҳристи манобеъ ва осори таҳқиқотӣ
1. Ахлоқ ан-Набӣ (с) фил-Қуръон ва-с-суннат. 2\971.
2. Ахлоқ ан-Набӣ (с) фил-Қуръон ва-с-суннат. 2\971.
3. Ал-Муъҷам ал-кабир ли-т-Табаронӣ 3/26, санадаш ҳасан аст.
4. Ҷомеул-улуми вал-ҳикам. -с. 363.
5. Ал-Бухорӣ, китоб-уд-диёт. № 6864.
6. Табақот. Таҳқиқи Суламӣ. 1\329.
7. Ал-ахбор ат-тивол. -с. 200.
8. Эътиборул-маолот ва муроот натоиҷ ат-тасарруфот. -с. 167.
9. Эътиборул-маолот ва муроот натоиҷ ат-тасарруфот. -с. 124.
10. Эътиборул-маолот ва муроот натоиҷ ат-тасарруфот. -с.125.
11. Асбобу нузул, Воҳидӣ. -с. 223-224.
12. Эътиборул-маолот ва муроот натоиҷ ат-тасарруфот. -с. 126