Падару модар дарахти сабзи низоми хилқатанд, ки фарзандон меваҳои шодоби он мебошанд. Онҳо замини пурбаракате ҳастанд, ки маҳди пурмеҳри онҳо, заминасози парвариши насли одамиён ва оғӯши гармашон, бистари муносибе барои рушду шукуфоии истеъдоди фарзандон аст.