Аз Солеҳи Алмарқадӣ(раз) ривоят аст,ки ҳазрат мегузаштанд ҳангоми сафарашон аз як диёр ё сарзамине,ки ба харобае мубаддал гаштааст ва ҳеҷ ҳаракати зиндаҷонеро эҳсос накарданд.Чунин гуфтанд: “Эй диёр ва эй сарзамини зебо куҷо шуданд бошандагони пешинаи ту,ки дар ту зиндагони ва сукунат менамуданд? ва куҷоанд онҳоеки дар рӯйи ту хонаҳо ва қасрҳо бунёд намуда буданд?”Ҳотифе садо дод: “Аз бошандагони ин сарзамин асаре намонда аст.Ҷасадҳои онҳо дар зери хок ҳар кадом ба танҳои нобуд гаштаанд.Аммо бар гардани онҳо амалҳои кардаашон ҳамчун гарданбанд боқимонданд”.