Аввал аз номи Худо оғоз кард.
Хонандаи гиромӣ! Шояд бар ин биандешӣ, ки оё хобро ҳам бояд рӯйи сафҳа овард? Суолат баҷост, аммо одамӣ баъзе авқот ба паёомадҳо ва ҳолоти аҷибе гирифтор мешавад, ки гӯшзад кардани онон бо дигарон (билхусус бо ошноёну дӯстон) барои машварат ва андешаи онон хеле муҳим буда, дархури аҳамият аст. Биноан бо такя бар ин эътимод пеши худ мақсад гузоштам аз хобе, ки дидам нақл кунам, зеро хоби аҷибе буд. Агарчӣ таъбири он бароям рушан аст, аммо боз ҳам мехоҳам назари шумо хонандагони гиромиро дар ин росто шунавам. Як нуктаи муҳими дигарро низ мехоҳам сабт кунам, ки манзурам аз нақли хобам холис аст, яъне Аллоҳ шоҳид аст бар ончи навиштаам ҳеҷ мақсаде надорам ва ҳаргиз иззатро аз бандае ё шахсе ё тарафе надоштаам ва то охир нахоҳам дошт.Ин чунин ононеки наздик бар подшоҳонанд дар ин дунё аз иззати ӯ ва мардум бархурдоранд.Вале дар охират бо гуноҳони ва ҳар амале кардааст якҷоя ҷавобгӯй ҳастанд.Ниёкону бузургони дин ҳамеша дар гузашта кӯшиш намудаанд то аз ин даргоҳҳои муҷаллал ва муқарраб будан бо подшоҳон дӯрӣ гузинанд.
Шоми ҷумъа пас аз ифтори рӯзаи Айёми Бийз як мулоқот доштам ва пас аз он ба хона баргаштам. Чун ҳамешагӣ тадриси Қуръон ва тиловатро анҷом додам. Соат расо 2:30 дақиқаи шаб буд, ки хоб рафтам. Соати 4:30 дақиқа,ки барои азон 35 дақиқа монда буд хоби аҷибе дидам, ки он хоб маро бедор кард. Чун он хоб ба шахсияти худи ман мутааллиқ аст лузуме намебинам онро бинвисам. Аз ҷо баланд шудам таҳорат кардаму намоз хондам ва каме зикрҳои субҳро то азони субҳ хондам ва суннатро гузошта аз Қуръон сураи муборакаи Шуъароро тиловат намудам. Намози Субҳро адо намуда, боз ба тиловат то баромадани офтоб идома додам. Дар Сураи муборакаи Намл хеле тааммул намудам ва бо таваҷҷӯҳи зиёд мехондам ва як ҷаҳон лаззати маънавӣ мебурдам. Сипас намози зуҳоро хондам ва тасмим гирифтам каме истироҳат кунам. Дар ин асно хоби аҷибе дидам, ки борҳо чунин хобҳо дидаам, вале бад-ин сурат бори нахуст мебинам.
Хоб дидам Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар як толор баромад доранд. Мардумони зиёде онҷо нишастаанд. Ман низ онҷо ширкат дорам, аммо ман рост истодаам на нишаста. Сипас ҷаласа ба итмом расид ман дар дохили хатсайр (автобус) нишастам ва бо ман се нафар ҳам нишаста буданд. Як хонум аз ман пурсид ҳоло Ҷаноби Олӣ дар ин хатсайр менишинанд? Президент дохили хатсайр шуда, нишастанд ва бо ман салом карданд. Ба тарафи анбӯҳи одамони дар берун истода нигоҳ мекарданд. Ин хонум хостанд маро муаррифӣ кунанд, ки ман худ ин корро анҷом додам. Пурсиданд куҷо хондаӣ? Гуфтам: ҳам дар ватан хондаам ва ҳам дар хориҷ аз ватан. Пурсиданд: дар кадом ришта? Гуфтам: ман улуми исломӣ ва шариъат хондаам. Аз корҳои илмии худ каме ҳам барояш гуфтам. Сар ҷунбониданд ва гуфтанд: хеле хуб, шумо бояд дар шуъбаи идеоложӣ кор кунед. Дар ин асно сураи муборакаи Намл ояти 34-ро тиловат намудам:
“Зан гуфт: “Подшоҳон чун ба шаҳре дароянд, вайронаш мекунанд ва азизонашро хор месозанд. Оре,чунин мекунанд.”(Сураи Намл,ояти 34)
Ман ин оятро хондам ва тарҷума намудам ва боз гуфтам, вале бубинед шумо чунон накардед ва кишварро обод намудаед.
Дар ин ҳол Президент сахт дар ғазаб шуданд ва гуфтанд: чунин нест, ин дуруст нест, дигар инро нахонед!!! Ё гуфтанд ман намехоҳам инро дигар бишнавам. Аз хондани ин оят сахт нороҳат шуданд. Ибтидо мақсадам аз ояти хондаам чизи дигар буд, аммо вақте мухолифат шунидам, гуфтам: на ин дуруст аст, ин сухани Худованд аст!!! Хатсайр қарор гирифт ва Президент хашмолуд аз он поён шуданд. Он зане, ки бо мо буд мехост Президентро ором намояд, барои ин мегуфт: не, мақсади ин чизи дигар буд, мешавад магар чунин ҷавонро нодида гирем, аммо бо асабоният инкор мешунид, -на -на гӯён. Боз пурсид чӣ мехоҳед аз ман? Гуфтам : Дар инҷо хостам аз баъзе масоили рӯзмара бигӯям, аммо боз чизе маро бозмедошт ё тарс буд ё чизи дигаре буд намедонам, гуфтам: ман аз шумо чизе намехоҳам, на пул мехоҳам на вазифае, танҳо сарбаландии шумо ва миллатамро мехоҳам. Дар ин ҳол Президент тамоман дар фикр фурӯ рафтанд, тағйири чеҳраашон ҳатто намоён буд. Хостам фароям ва ӯ ҳам чизе мехост бигӯяд, аммо дарҳои хатсайр баста шуд ва ҳаракат намуд.Танҳо ба худ чунин ҷасоратро ҷамъ намуда будам то бигӯям Ҷаноб хӯб мешуд як мушовири огоҳ аз шариъат бар худ ихтиёр намоед.Вале дар хобамҳам ин имкон бароям нашуд.
Таъбири ин хобро муаббири бузург Ибни Сирин ва чанд муаббири дигар, ки хобҳоро дар партави Қуръон ва суннат таъбир намудаанд чунин мегӯянд: Шахсе Сураи Намлро тиловат намояд ё касе барои ӯ тиловат намояд чунонеки Нофеъ ва Ибни Касир (раҳ) гуфтаанд: Чунин шахс пешвои қавмаш мегардад.
Ибни Фазола мегӯяд: Ин шахс таълимдида ва донишманд мегардад ва ба ӯ подшоҳӣ ва мансаби волое дода мешавад. Инчунин ҳар шахсе ин хобро дидааст мустаҷобудуо мегардад. Аҷру подоши зиёд ба ӯ ба андозаи сидқи Сулаймон (а) ва дигар паёмбарони Илоҳӣ дода мешавад. Ҳамчунин ин шахс аз қабраш мехезад ва “Ло илоҳа илаллоҳ”ро нидо мекунад.
Баҳс намудан бо подшоҳ чӣ таъбире дорад?
Шахсе хоб бубинад, ки бо подшоҳ баҳс ё даъво дорад ин шахс хушҳолӣ ва қувватро ноил мегардад. Гоҳо хасм шудан ва муҷодала бо подшоҳ далолат бар нишонаҳои Худованд мекунанд. Инчунин гоҳо бар зулми аҳли зимма далолат мекунад.
Андешаи худ дар ин замина чунин аст: чун ин сураро бо тадаббури зиёд ва тааммуқ тиловат намудам сабаб танҳо инро мебинам на чизи дигаре Худо ба ончи мегӯям шоҳид аст.
Аз суханони ноҷо ва ракик дар коментҳоятон хоҳиш ва илтиҷо менамоям ба таври кулли сарфи назар намоед.