Гуфтугӯйи Қуръон бо телефон!
Телефон: Ин аввалин маротиб аст, ки маро фаромӯш мекунад ва ман хеле андӯҳгинам.
Қуръон: Маро ҳамеша фаромӯш мекунад.
Телефон: Ман ҳамеша бо ӯ сухан мегӯям ва ӯ ҳам бо ман сухан мегӯяд.
Қуръон: Ман ҳамеша бо ӯ сухан мегӯям, вале ӯ маро намешунавад.
Телефон: Маро хусусиёти зиёд аст, бо ман рисола ё нома менависад, инчунин қабул ҳам мекунад.
Қуръон: Ман дорои рисолаҳо, башорату муждаҳо, ва ваъдаҳои зебову дилнишинам, агар бо ман ҳамроҳ бошад, вале бо ин ҳама маро тарк мекунад!
Телефон: Аз ман мавҷҳои зараррасон хориҷ мегардад, ки ба ақлу ҷисми инсон зиён дорад, аммо бар замми ин ҳама зарар доштанам аз ман дур намешавад, ҳамеша бо ман аст.
Қуръон: Ман табиби рӯҳу равон ва ҷисмам, бар замми ин аз ман дурӣ меҷӯяд.
Дар ин ҳолат, гуфтугӯи Қуръон ва телефон соҳиби ин ҳарду дохили ҳуҷра мегардад.
Телефон: Бо иҷозати шумо Қуръон, ман нагуфтам ҳаргиз аз ман дур ва бениёз нест, ҳамакнун соҳибамон ҳозир шуд, то маро бо худ барад.
Бале, хонандаи гиромӣ ин аст аз аҳволи ҳақиқӣ ва имрӯзии мову шумо. Аз ин густохӣ ва камтаваҷҷӯҳиамон ба каломи Аллох Аз Ӯ талаби паноҳ металабам.
Вокеан хело аламовар аст агар телефонамонро як ё ду соат чое гузорем пазмонаш мешавем. Вале агар Қуръонро хафтахо ва моххо накушоему нахонем пазмону муштокаш намешавем.
Худоё моро бо Қуръон зинда нигох дор ва бо Қуръон унсамон бидех. Бо Қуръон хаётамонро равшану нурони бигардон. Бо Куръон кабл аз марг забонамонро гуё бигардон ва аз дунё бо Қуръон ба гурамон бубар. Қуръонро барои мо хуччат бигардон на бар зидди мо ва рузи киёмат шафеъамон карораш бидех ва дарачахои моро бо охирон оятеки дар дунё тиловат менамоем боло бубар омин.