НАСИҲАТИ ПАДАР БА ПИСАР ДАР ИСТИФОДАИ ИНТЕРНЕТ

Ислоҳ нет

НАСИҲАТИ ПАДАР БА ПИСАР ДАР ИСТИФОДАИ ИНТЕРНЕТ

(Интернетро истифода бубар! На инки интернет истифодаат барад!)

Эй дурри шараф зи баҳри қавнайн,
Фарзанди азиз қурат-ул-айн.
Бишнав сухани маро, ки панд аст,
Панди падар аст, судманд аст.

Писарам, медонам, асре, ки умр ба сар мебарӣасри интернет ва навовариҳои техникӣҳаст. Намехоҳам берун аз мавзуъ бо ту суҳбат кунам, зеро ҳамеша мегўйӣ: падар, ончи мехоҳӣбароям бе парда бигӯй.
Нури чашмонам, хуб гўш кун! Гугл, фесбук, ютуб, твитер, однокласники, вотсап, вайбер, имо ва дар умум ҳама барномаҳои шабакаи интернет баҳреанд бе паҳно. Аммо ин баҳр дар умқи худ ҳозорон ҳазорро фурў бурда, яъне ба ахлоқи фардии ҷавонону миёнсолон (мардону занон, духтарону писарон) таъсири манфӣ расонида. Гоҳо то он ҳадд ононро муътод мекунад, ки аз ибодат, хўрдану хоб, ҳамсар, фарзанд, падару модар ва ёру дӯст дур мешаванд, дар ҳоле, ки худ аз ин огаҳ нестанд.
Агар истифода аз интернетро дар як маҳдудаи муайяне қарор надиҳӣ, пас мунтазири он ҳам бош, ки ин бемории бедаво инсонро гоҳо пардаи ҳаёву иффат, шараф, каромат ва иззату номусашро медарад, ки ин дигар анҷоми кор аст.

Пас, огаҳ бош! Ба он бисёр дода машав! Ва аз зиёдаравӣ ҳазар кун!
Дар интернет, билхусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ мисли замбури асл бош.

Писар: Чӣхел мисли замбури асл?

Падар: Писарам, ҳангоме, ки дохили ҳар шабака ё сомонаи он шудӣмисле, ки занбур ҳангоми бор чидану ихтиёр карданаш ба ҳамон буттагуле менишинад, ки он бӯйи хуш дошта бошад ва аз он самари хуб, ки он асали мусаффо ва гуҳарбор аст, ҳосил диҳад. Пас, ту ҳам ҳангоме, ки дохил шудӣҳама вақт таваққуфатро бар он сомонаҳое кун, ки аз онҳо маълумотҳои муфиди илмӣ, динӣ ва муҳими ҳаётиро фаро гирӣ. Зеро таваққуфат бар мақолаҳои рақиқу фаҳш, акси занҳо ва духтарони урён зеҳну равонатро фасод ва ақли солиматро заҳрогину мағшуш месозад. Аз онон на танҳо барои ту зарар аст, балки зиёни он ба хонадони ту мерасад ва дилу ҳушатро аз ҳамасари ҳалолу хонаи обод ва фарзандони дустрӯят дур месозад.

Писар: Падарҷон, аз дидани онҳо чӣ тавр зиён ба хонадони ман ва ончӣ баён доштед мерасад, ҳеҷ нафаҳмидам. Падарҷон, бе парда гӯед, зеро баъзе суханонат бароям мисли муаммо сарбастаанд.

Падар: Писарам, ончи гуфтам чӣ ҷои нофаҳмӣ дорад?
Акнун ман аз ту мепурсам ту ҳам бе парда ва ончи дар ботинат ва фикру зеҳнат ҳаст бароям бигӯ, то бароят возеҳтару равшантар гардад.

Писар: Падарҷон, ман ҳамеша бо шумо аз хурдӣто ҳол мисли рафиқу дўсти беҳтарин будам ва ончи пурсидаед ба он посухи дуруст додаам, зеро ин тарбияи худи Шумо буд ва ман чунин бузург шудам. Пас, ҳар чи лозим аст бипурсед, то ҷавоб бигўям.

Падар: Мо шо Аллоҳ писарам барои қадрдониат. Аллоҳ то охир туро бароям муттако, ифтихорам дар дунё ва тоҷи заррин дар охират қарор диҳад. Писарам, ту дар 14 солагиат маро хеле хушҳол кардӣ, он ҳангом, ки ҳофизи кулли Қуръон шудӣ ва ҳаргиз он хушҳолие, ки маро аз он сол падид омада буд аз пеши назарам дур нест.Умеди онро дорам танҳо ту сабаб мегардӣ, ки дар рӯзи Қиёмат Аллоҳ тоҷи заррин ва ҷомаи беҳамто назди халоиқ мепўшонад. Танҳо хоҳишам ин аст, ки мабодо интернет сабаб шавад, ки Қуръонро фаромӯш созӣ, то ончи дар сар мепарварам ноумед ба қабр равам.

Писар: Падарҷон, қиблагоҳи азизам, ман алҳамдулиллоҳ аз хурдӣ бо Қуръон унс гирифтаам, агар ҳар рӯз панҷ ҷузъ такрор накунам аз хона берун намешавам. Боз як хушхабари дигар, инки набераатон Аҳмад 20 ҷузъ ҳифз кардааст ва ман низ он тарбияе, ки барои ман додӣдар фарзандам истифода бурдам. Падарҷон, Аҳмадам ҳоло 8 сола аст ва ҳофизаи қавӣ дорад.

Падар: Алҳамдулиллоҳ, Аллоҳ маро қабл аз маргам гулҳо ва райҳонҳои ҷаннатро дар ин дунё арзонӣдоштааст. Парвардигорамро беҳисоб шукр мегўям.

Писар: Падарҷон, аз мавзуъ дур шудем, ончӣ мехостед бипурсед, то посӯх бигӯям?

Падар: Писарам ҳангоме, ки вориди сомонаҳое мешавӣ, ки дар онҳо занҳои урёнро мебинӣ дар дилат хоҳише ё майле пайдо намегардад, ки ин хонум бо ту бошад ва ҳамсаратро дар назди ҷамоли онҳо поёнтар намеҳисобӣ? Танҳо сухани ростро бигӯ, писарам.

Писар: Падарҷон, ман ончи росту ҳақ аст ба шумо мегӯям, зеро Аллоҳ аз ончи дар қалби ман мегузарад огоҳ аст. Ман ҳаргиз дар интернет зани урёнеро нигоҳ намекунам, зеро қалбам танг мешавад ва вақте онон дар кушодани сомонаҳо дар саҳифаи кампютер ё телефон падид меоянд, дар назарам мисли шайтонҳое намудор мешаванд, ки ғариза ва нафсам, ки ҳама
нафс амр ба бадӣмекунад, ҳатто он нафсу ғаризаам ба онҳо нафрат дорад. Намедонам аз чист, вале воқеъан чунин аст. Ҳамсарамро беҳтарин ҳадияи Аллоҳ дар зиндагӣмеҳисобам, зеро аз ӯ сухани баде, тарки намозе кўтоҳӣдар ончи мехоҳаму мепиндорам, намебинам. Пас, чаро шарики ҳаётамро, модари фарзандонамро паст аз як зани лухт ва беҳаёву беиффате, ки худро дар маърази ҳамагон ба намоиш мегузорад, донам?

Падар: Писарам, аз ин посухат хушҳолам, аммо боз ҳам ончи бароят бояд бигӯям, мегӯям. Агар онҳо дар ту бошанд онҳоро тарк кун ва агар набошанд мушкил нест. Боз ҳам мегӯям, то дар зеҳну равонат боқӣбимонад. Ту дигар савол макун, танҳо гўш бидеҳ ва ман бароят мегӯям;

-мисли замбури асал бош, дар он саҳифа ва сомонаҳое дохил шав ва истифода кун, ки онҳо илмӣ ва нофеъ бошанд. Ончӣхондӣ ва истифода кардӣ ҳатман онро ба рафиқу дўсту хонаводаат расон ва дар расонидани он ҳаргиз бахил мабош.

-ҳаргиз мисли магасе мабош, ки болои ҳар палидӣ менишинад ва бемориву нопокиҳоро ба дигарон мерасонад, бидуни онки худ аз ин амалаш огаҳ бошад.

– интернет мисли бозори бузургест, ки ҳеҷ кас молашро бидуни ба даст овардани чизе, нафъе ё пуле намебарорад.

-пас, ҳамагӣ ончиро, ки мегузоранд бар ивази он чизе мехоҳанд.

-манзури баъзе аз онҳо бо маводи гузоштаи худ фасод кардани ахлоқи ҷавонони мусалмон аст.

-баъзеи дигар мехоҳанд фикри носолиму ғаразноки худро дар миёни мардум интишор намоянд.

-баъзеи дигар бошанд бо навиштани мақолае, шеъре, наворе ё ҳикмате мехоҳанд худро машҳур намоянд.

-Баъзе дигар воқеъан ислоҳкоронанд ва некмардону занонанд, ғамхорони ин умматанд, аммо ончи мегузоранду нашр мекунанд, ибтидо онро таҳқиқ кун, агар росту муайядшуда аст, пас онро бигир ва раҳо макун.

Эй писарам! Туро барҳазар медорам аз кушодани силкаҳое, ки онҳо хароб кунандаи ақлу ҳушанд ва пас аз кушодани онҳо бадбахтии бузурге туро интизор аст, дар ҳоле ту аз оқибати он ноогоҳӣ.

Эй писарам! Туро барҳазар медорам аз нашр намудани латифаҳо ва он суханоне, ки мардумро ба ханда меорад ва аз ёди охират дур месозад. Инчунин аксҳои урён ва видеоҳое, ки дар онҳо чизи андаке, ҳатто аз ҳаром бошад, зеро оне, ки нашраш мекунӣ дар телефон ва эмелҳои ёру дўстонат пайдо мегардад.
Дар ҳар назар намудани онон ба он навор ё мақола дар номаи аъмоли ту бадӣ навишта мешавад, зеро ту онро бо фишор намудани тугмачаи клавишат пахш намудӣ ва он то вақте ҳаст бароят бад аст. Ҳамеша қабл аз пахши тугмача аз оқибати он андеша кун, сипас онро фирист. Мегӯянд фурӯшанда пеш аз онки молашро ба намоиш гузорад онро бояд хуб бубинад, то каму костӣва нуқсоне дар он набошад, сипас онро ба харидор пешниҳод кунад, зеро харидор вақте молатро дид бо ту машварат намекунад!

Эй писарам! Бадтарин чизе ман дидам дар шабакаҳои иҷтимоии фейсбук, однокласники, твитер ин комент навиштанҳо буд. Ҳамеша пеш аз он ки чизе менависӣхуб биандеш, ки навиштаи ту оё Аллоҳатро розӣ мекунад ё боиси нозил гардидани ғазаби Ў мегардад. Инро бидон ончӣ навишти он ду малак онро дар сафҳаи аъмолат ҳатман сабт менамоянд. Пас, барои худ ҳаргиз гуноҳ захира макун!

Эй писарам! Ҳеҷ гоҳ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо касе, ки ӯро бо чашми худ надидаӣё ашхосе, ки бо илму дониши худ дар ҷомеъа машҳуру маъруфанд, рафоқат макун!

-ҳаргиз шитоб макун, дар ҳукм кардан ва қазовати аҷулона ба мақолае ё коменте, ки менависанд, ё нисбати касе, ки носазояш мегӯянд, ибтидо дақиқ кун, зеро гоҳо нафареро бо иттиҳоме тўҳмат мекунанд, дар ҳоле, ки ӯ пок аст. Гоҳо нафареро носазо мегӯянд, ки воқеъан чунин аст, пас дар ин масъала хеле амиқу дақиқ амал кун, то аз чанд сарчашма ва нафарони содиқ онро нашнавӣ!

-ҳаргиз бо афроде, ки дар шабакаҳо бо номҳои мустаъор (фейкҳо) баромад мекунан, дӯсти макун ва суханони ононро зиёд аҳамият мадеҳ.

-зеро аксҳои онҳо дурӯғ;

-ахлоқашон номаълум;

-суханонашон мисли ҳуввияташон;

-мардумро мехоҳанд қаноъатманд намоянд;

-дурӯғро рост ва ростро дурӯғ вонамуд мекунанд;

-фейкҳоеро мебинем, ки худро мардони дин вонамуд мекунанд, аммо дар асл фосиқанд.

-чи қадар зеборӯёнеро мебинем, ки онҳо дар асл безебтарини мардумонанд.

-чи қадар саховатмандонеро мебинем, ки онҳо дар асл бахиланд.

-чи қадар ҷасурону бозўмандонеро мебинем, ки дар асл тарсуянд.

-магар онеро, ки Аллоҳ ба ӯ раҳм намуда бошад.

Пас, эй писарам аз он идда мардоне бош, ки дар раҳмати Илоҳӣ қарор доранд.

-ҳаргиз бо номи мустаъор (фейк) вориди интернет машав. Зеро Аллоҳ аз ҳама пинҳону ошкор огаҳ аст!

-Шахсе бо номи мустаъор (фейк) вориди интернет мешавад ба худ боварӣ надорад, ки тағйири ном мекунад.
Писарам, чӣтавр ту ба шахсе бовар мекуни, ки ӯ ба худ бовар надорад?

-ҳаргиз дар ин шабакаҳо шахсе туро носазо гуфт ба ӯ носазо магӯ, зеро ӯ аз шахсияти худ сухан мегӯяд ва ту аз шахсияти худ. Ту аз ахлоқи волои худ намояндагӣ мекунӣ ва ӯ аз ахлоқи бади худ. Зеро матъали мардумӣ аст, ки мегўянд: ончи дар дохили дег аст дар кафлез мебарояд. Пас, ҳамеша дохилатро бо ахлоқи волои исломӣ музаййян намо!

Эй писарам! Ончи менависӣ чӣ мақолаи нофеъ бошад чӣкоменти хубе онро бо забонат бихон. Зеро ончи менависӣ малоикаҳо онро менависанд ва Аллоҳ ҳамаро назора мекунад ва ту ҳисоб пас медиҳӣ. Агар хуб бошад бароят аҷру подошест, агар бад бошад ҳасрату пушаймонист!

Эй писарам! Ончӣ барои ту маро ором намегузорад ин баҳри пурталотуми интернет аст. Дар ин баҳр ҳама чиз вуҷуд дорад, чунонеки аз оташи сўзони ҷаҳаннам метарсӣ ҳамчунин аз ҳаромҳои он барҳазар бош, то мабодо шайтон фиребат диҳад ва дар он баҳри фисқу фуҷур ғуттавар гардӣдар ҳоле худат огаҳ набошӣ!

-агар рӯзе аз рӯзҳо ё шабе аз шабҳо нафси саркашат туро ба сомонае бурд, ки дар он ҳаромнамудаҳои Аллоҳ вуҷуд дошта бошад, худро ба даст гир ва дар ҳол аз он берун шав, зеро оташи ҷаҳаннам бо шубҳаҳо оғушта аст ва ҷаннат бо ончи нафсат онро намехоҳад, вале ту бар нафси саркашат мардонавор ҳоким мегардӣ!

-боз ҳам такрор мекунам, агар вориди сомонаи баде шудӣ аз он роҳи гурезро биҷў, чунонеки инсон барои наҷоти ҷонаш аз шер ё ҳайвони ваҳшие, ки аз пушти ӯст, мегурезад, чунон бош!

-агар ончи бароят гуфтам ҳамчунон бошӣман аз ту розиям, вале агар аз ончи бароят гуфтам берун шудӣдар рӯзи Қиёмат ман худ назди Аллоҳ аз ту шикоят мекунам!

-Нури чашмонам, яке аз муҳимтарин даромадгоҳҳое, ки шайтон инсонро тавассути он ба домаш меафтонад ин ғафлат ва шаҳват аст, ки сутуни ин ду дом интернет аст.

-огоҳ бош писарам! Ин шабака на барои он дуруст шуда, ки туро ғофил аз динат, ахлоқат ва имонат созад, балки барои он аст, ки туро баръакс ба динат, имонат ва ахлоқат марҳаме бошад, вале агар ту мардонагӣва устувориатро ҳамчун ҷавони мусалмон ба кор барӣ!

-пас, интернетро ту истифода бубар на инки интернет туро истифода барад!

-бо интернет биное соз, ки он бино бо имон, ахлоқ ва матонату устуворӣ муҳкам бошад. Магзор туро аз мақсади аслиат берун созад ва ҳалокат кунад!

-ҳамеша интернетро барои худ чун ҳуҷҷату далел барои рӯзи Қиёматат истифода кун, то назди Аллоҳ бо амалҳое, ки дар он хидмати дину миллату ватанатро анҷом додаӣ, сарбаланд бошӣ. На инки интернет назди Аллоҳ рӯзи Қиёмат ҳуҷҷате дар нокомӣ ва бадбахт шуданат бошад!

-эй Аллоҳ шоҳид бош, ман вазифаи падариамро анҷом додам ва ончи як падар барои писар бояд насиҳат кунад, то роҳнамун шавад, анҷом додам.

Хонандаи гиромӣ! умед аст аз ин васияту насиҳат панде гирифта бошед ва ончи инҷо баён гардид ба фарзандон ва ёру дўстони худ расонед ва дар ислоҳи онҳо саҳмгузор бошед ва аҷри азимеро соҳиб гардед.

Сармояи умр бас азиз аст,
Дарёб, ки ин нафас азиз аст.
Умре, ки баҳо бувад гаронаш,
Бо ҳар баду нек магзаронаш…

Share This Article