Хиёнат гуноҳи кабира аст

Ислоҳ нет

Хиёнат гуноҳи кабира аст

(барои шинохтани хоинон талош мебояд кард)

Хиёнат як падидаи номатлуб ва аз байн барандаи ҳайсият ва моҳияти шахсҳо,оилаҳо ва ҳатто гоҳо ҷомеаҳо мегардад.Ин падида ва ё ғариза дар ниҳоди бисёре аз мо ва шумо азизон вуҷуд дорад.Маро дуруст фаҳмед зеро агар ба мантиқи ҳаёт ва мафҳуми зиндагӣ аз тарафи хоҳишот ва нафсоният бингарем ҳар яке аз мо ва шумо мехоҳем зиндагонии осуда ва хуберо дар ин дунё дошта бошем.Вале набояд аз ёд барорем,ки аз ин ҳаёти бо кару фаре,ки орзў дорем ва албатта он орзўҳои беинтиҳоямон,ки онҳо ҷомаи амал пушиданашон 10% имкон пазир аст, агар аз оғози зиндагониамон аз он рўзе,ки дасти ростамонро аз чапамон шинохтем,аз он рўзе,ки хубро аз бад ҷудо намўдем,аз он рўзе,ки ҳаёт дар назарамон мушаххас гардид,ва барои бақои он ва хушу хуррам гузаштани он майл пайдо кардем ва дар дилҳоямон муҳаббати зан ва сипас фарзанд ва пас аз дастёби ба ин ду хоҳиши андухтани сарват ва молу матоъи дунё пайдо гашт.Акнун зиндаги ва дӯст доштани он рӯз ба рӯз дар назарамон рангинтар шуданашро оғоз намӯд.Талаботамон ва талаботи фарзандоне,ки дирӯз кучак буданд вале бо гузаштани рӯзҳо ва солҳо бузургтар шуданд аз мо хоҳиши ину онро оғоз намӯданд.Ҳамсаронамон,ки то ин рўз бо андаке қаноъат мекарданд бо гузаштани солу рўз хоҳиши баҷо овардани талаботи фарзандонамонро аз мо бо исрор ва пофишори талаб менамоянд.Гоҳо барои он,ки он талаботро бароварда наметавонем кор ба мушоҷара ва ғавғоҳо мекашад.Инак мо ва шумо дар пайи дарёфти он талабот даст ба ҳар коре мезанем то онҳоро бароварда ва таъмин намоем.Дар ин ҳолат шахс омода мегардад то худро дар назди ойла паст нишон надиҳад ўро мебояд даромаде дошта бошад.

Ҳар шахсеро пешае, коре, ҳунаре вуҷуд дорад ва аз он мехоҳад самаранок истифода барад.Чун маҷбур мегардад даст ба хиёнат мезанад онро метавон дар ҳар коре кард.Масалан: Коре,ки дар ҷой кораш ба ў вогузор намуда буданд онро анҷом надод бо ҳар баҳонае.Дар дуконе фурўшанда аст бояд як чизеро 10 сомон мефурӯхт онро 11 сомон фурўхт ва 1 сомонашро қайд накард, то дахлаш гардад ва умуман ҳар суде пинҳон аз шарики тиҷоратиаш,ки мебоист онро бигуяд нагуфт.Корманди давлате,ки аз пули хазинаи миллат маош мегирад ва бояд барои беҳбудии бақои давлат ва миллат анҷом диҳад онро ба таври бояду шоядаш анҷом надод.Муаллиме,ки бояд шогирдашро биомӯзонад чӣ дар мактаб бошад чӣ дар донишгоҳ онро бо ҳар сабабе анҷом надод ё баҳои шогирдро бо гирифтани маблағе гузошт дар ҳоле,ки он шогирд лаёқати он баҳоро надошт ва он дар соҳае аст,ки табиб аст,муҳандис аст,техник аст ва оянда пас аз гирифтани дипломаш ки дар каллааш чизе нест ҳоли миллатро табоҳ ва вазифаеро шояд банд менамояд,ки лоиқи он вазифа нест. Раисе вазифадоре,ки шахси бе таҷриба ва ноаҳлеро,ки лоиқи он вазифаи муқарар намудааш нест вале бо ҳар сабабе ба кор қабул менамояд ва аз хазинаи миллат маош барояш муқаррар менамояд дар ҳоле,ки ба миллат хидмате накардааст ва ҳатто карданиҳам нест. Идомаашро худатон қиёс намоед ин ҳама хиёнат аст бо шаклҳои гуногўн.Ин ҳама барои осуда гузаронидани зиндагии худу фарзандонамон дар ҳоле,ки фардо аз ману ту пурсида мешавад на аз зану фарзандон- амон.Барои он,ки худро на дар пешгоҳи Худо ва на дар пешгоҳи миллат маломат нашуморем то ҷойи тавон аз ин амал даст бикашем то хонаободу осуда зиндагони намоем.
Нахуст худро ва сипас ҷомеъаамонро аз ин бемори ва гуноҳ наҷот бидиҳем. Зеро фардо аз ману шумо пурсида мешавад натиҷаи он даромадҳои ноҷо ,ки тавассути хиёнат бадаст овардаем. Воқеан дар рўзҳои охир ин гуноҳро бисёр анҷом медиҳем вале намедонем,ки он гуноҳи кабира аст.

Барои он,ки бидонем хиёнатро дар шариъати ислом чӣ ҳукме аст мехоҳам онро ба таври мухтасар барои шумо азизон баён намоям.Уламои ислом дар боби хиёнат китобҳо ва бархе дар китобҳои худ боберо барои он ихтисос додаанд.Имом Заҳабӣ дар китоби маъруфи худ Ал-кабоир боби 39 худро ба ин гуноҳ ихтисос додаст. Дар кутуби сунанҳам дар ин масъала бобҳои ҷудогона вуҷуд дорад ва ҳам дар баҳсҳо ва бобҳои гуногуни кутуби сунан аз он сухан меравад.
Худованди баландмартаба ва ростгӯй дар сураи муборакаи Анфол чунин мефармояд
«Эй касоне, ки имон овардаед, медонед, ки набояд ба Худову
паёмбар хиёнат кунед ва дар амонат хиёнат варзед. Бидонед, ки дороиҳо ва фарзандон василаи озмоиши шумоянд ва подоши бузург дар назди Худост».(Сураи Анфол,оятҳои 27-28)

Бале хонандаи гиромӣ ин сухани Худост ва он барои мо ва шумост то онро дар ҳаёти кутоҳе,ки барои мо ва шумо ато намудааст баҷой оварем ва растагор шавем.
Абдуллоҳ ибни Аббос (р) дар тафсири ин оят шаънуннузулашро дар мавриди Абў Лубоба,ки дар ҳодисаи Бани Қурайза хиёнатеро анҷом дод ва борҳо онро такрор мекард,ки ман,ҳангоми он хиёнатам ба Худо ва паёмбараш қадамҳоям аз ҷояшон ҳаракат накарда буд,ки ман фаҳмидам,ки ба ин ду хиёнат кардам.Сипас хилвате аз масҷидро ихтиёр кард ва аз сидқ дуъо намуд то инки тавбаашро Худо бо нузули ояте пазируфт.Худо аз ӯ рози бод,ки гуноҳашро бо тавбааш аз байн бурд.
Ибни Аббос мегуяд: «Амонот» амалҳоест,ки Худо амонат гузоштааст онҳоро бар бандагонаш яъне адои фаризаҳои Илоҳӣ дар идома мегўяд дар адои онҳо кутоҳи накунед»
Калби дар тафсири ин оят мегўяд: «Хиёнат намудан бар Худо ва паёмбараш ин аз онҳо итоъат накардан аст ва мухолифи фармуда ҳояшон амал намуданро гӯянд.» 
Аммо хиёнати Амонат: Ин ҳар амонате,ки бар шахс гузошта мешавад аз он чӣ Худо бар бандагонаш фарз гардонидааст.Агар хоҳад адо менамояд онро агар хоҳад хиёнат менамояд дар адои он ва аз он касе огоҳ намегардад магар Худованд. Чуноне,ки дар охири ояти 27 ин калимаро гуфтааст: «Шумо аз он огоҳ намешавед» Ин амонати ғайри шубҳа аст. Чуноне,ки дар сураи Юсуф мефармояд:
«Чунин шуд, то бидонад, ки ман дар ғайбаташ ба ў хиёнат накардаам ва ҳамоно, Худо ҳилаи хоинонро ба мақсад намерасонад.» (Сураи Юсуф,ояти 52)
Дар тафсири ин оят муфассирин мегуянд: Сухани зани Азиз аст, ва ба ривояте сухани Юсуф (а) аст. «Дар ғайбаташ»,яъне, дар ғайбати Юсуф, дар ривояти дигар дар ғайбати Азизи Миср.
Яъне ба ҳадаф намерасад макри шахсе,ки дар амонат хиёнат кардааст
Агар ба ибораи дигар гӯем мумкин аст дар оғоз каме осудахотир ва ба гумони худаш комёб бошад вале бидуни ҳеҷ шакке дар ниҳоят ва фарҷом аз ҳидояти Илоҳӣ маҳрум ва шармсор хоҳад гашт.
Паёмбари гиромии Ислом Муҳаммади Амин (с) дар аҳодиси зиёде Хиёнатро маҳкум намўда барои асоснок намудани мавзуъ мехоҳам ҳафт ҳадисеро пешкаши шумо азизон намоям.

1-)«Нишонаи мунофиқ се аст,ҳангоме,ки сухан гўяд дурўғ мегуяд,ҳангоме,ки ваъда кунад хилоф (мухолифи гуфтааш ) менамояд,ҳангоме,ки амонате наздаш гузошта шавад онро хиёнат менамояд»(ҳадиси мутафақун алайҳ ба ривояти Бухорӣ ва Муслим)
2-) «Имон надорад шахсе,ки амонат дор набошад ва дин надорад шахсе,ки аҳд(паймон) надоштабошад»(Ин ҳадис дар чанд сунан омадааст аз ҷумла Аҳмад ва ибни Ҳаббон аз Анас ба санади саҳеҳ ва ҷомеъус-сағир(2\205)

3-) « Адо намоед амонати шахсеро,ки бар шумо амонате додааст.Хиёнат накун шахсеро,ки туро хиёнат кардааст»(Имом суюти санадашро саҳеҳ дониста аст.омадааст дар Ҷомеъус-сағир(1\14)

4-) «Пайрави карда мешавад шахси муъминро дар ҳама чиз магар (пайрави карда намешавад)дар хиёнат ва дурўғ»(омадааст ин ҳадис дар бархе аз кутуби ҳадис ва Дорқутнӣ онро марфуъ ва мавқуф гуфта ва мегӯяд мавқуф монанди дуруст аст.Трғиб зери рақами 3418)

5-)Дар ҳадиси қудси аз расули акрам чунин омадааст: «Худованд мегуяд: Ман севуми ду шарик ҳастам то он замоне,ки ин ду яке дигарашро хиёнат накунанд»(омадааст ин дар заъиф Ҷомеъуссағйр таҳти рақами (1748) ва Ал-Ирвоъ(1468)

6-) «Шуморо бар ҳазар медорам аз хиёнат зеро он бадтарин ҳолати дарунист»(ҳадиси ҳасан сунани Абудовуд зери рақами (1368)

7-) Рсули акрам(с) чунин фармудаанд: «Чунинанд аҳли дузах» ва ба ёд оварданд мардеро,ки тамаъашро пинҳон намедошт ва агар кучак тарин ҳолате бар ў рух диҳад магар ин,ки хиёнат мекунад.(ривояти муслим ва Аҳмад(4\162)

Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) мегуяд: Оварда мешавад рўзи қиёмат соҳиби амонатеро,ки хиёнат намудааст дар он ва ба ў гуфта мешавад:Адонамо амонатеро,ки назди ту гузошта шуда буд. Мегўяд чигуна эй Худойи ман ба таҳқиқ дунё ба поён расид? Сипас намоён мегардад ба мисли он амонати гирфтааш дар қаъри ҷаҳаннам.Сипас мегӯянд барояш,ки бирав ба сўйи он ва он ро аз он дохил берун барор.Сипас (ноилоҷ) дохил мегардад (ба қаъри ҷаҳаннам барои гирифтани амонат) ва мебардорад онро бар гарданаш дар ҳоле,ки хело вазмин аст барояш (бардоштани он) аз куҳҳои дунё.Ин ҳангом ҳатто агар гумон кунад инки наҷот меёбамҳам асари он мушаққат то абад бар ў асар мегузорад.Сипас мегӯяд(пас аз берун шудан аз он қаъри ҷаҳаннам): Намоз амонат аст,вузўъ амонат аст, ғусл амонат аст,тарозу амонат аст,паймона(ченак андоза метр) амонат аст.Вале бузургтар аз ҳама амонатест,ки бар ту додаанд(мисли чизе,ки бароят медиҳанд то пас аз чанде бар гардонӣ,пуле,ки ба ту додаанд ба касе расон, тиҷорате,ки бо ту шарик аст ва суд ва даромад назди туст ва шарикат огоҳ нест аз он,райсе,ки пули кормандон дар дасташ аст бояд адо намояд,ва…) 
(Ин ривоятро овардаанд Аҳмад,Байҳақи мавқуф ба ибни Масъуд медонад.Ин чунин овардааст ин ривоятро писари имом Аҳмад Абдуллоҳ дар китоби Зуҳд ва аз падараш овардааст,ки пурсидам аз ин ривоят гуфтанд:Санадаш ҷайд(хуб) аст нигаред китоби Тарғиб ро (4\14) ) 
Эй Худо бо мо муъомила кун бо лутфат ва хоҳони лутфи туем дарёб моро бо афват.

Ҳоло дар ин рӯзҳо хиёнати рафиқу ёру дӯстон миёни ҳамдигар бештар шудаистодааст.Дар ивази чизе бародарони имониашонро мефурӯшанд.Хело ин амали баду норавоест авоқиби вахиму мудҳишеро дар пай дорад.Медонед,ки бо як сухане мегӯед бародари имонии шуморо солиёни тулонӣ зиндонӣ мекунанду азобу шиканҷа менамоянд.Умри инсонро дубора баргардонидан намешавад ва тӯ инҷо хоин ҳасти
Эй хонандаи гиромӣ ба рости,ки мо вақтҳои гарони худро сарфи корҳои начандон хубе дорем.Медонем, ки бори дигар дирўз бар намегардад ва амали хуби имрўзамон фардо бароямон муясар нест онро бо диққат гузаронем ва муртакиби гуноҳе чун хиёнат нагардем.Чи қадар нафсҳои саркашамонро итоат намудем дар ҳоле,ки он ҳаргиз барои манфиати маънави моро ташвиқ наменамояд ва ин нафси саркаш ҳамеша моро мойл ба иртикоби гуноҳе чун хиёнат менамояд бо ҳар василае чӣ он хиёнати маънавӣ бошад ва чӣ моли ва чӣ иҷтимоӣ.Саҳифаҳои аъмоламонро,ки рўз ба рўз пур шуда истодаанд дар ҳоле,ки намедонем чӣ дар он сабт шуда истодааст.Марги нобаҳангом низ моро дар камин наззора дорад ва мутассифона бароямон вақт рўз сол моҳеро муаян накарда аст,ки лоақал қабл аз омаданаш омодагии комилтаре мегирифтем.Ҳамеша қабл аз даст задан ба хиёнат бояд андеша намоем,ки моро нахуст саҳифаҳои сиёҳи таърих дар интизор аст, сипас лаҳади тангу торик саволи ду малак дар қабр. Дар рӯзи қиёмат назди ҳама халоиқ пешгоҳи маҳкамаи Илоҳи ва қаъри пурҷуши оташи ҷаҳаннам.Агар аз ин ҳама хавфе надошта бошем пас амал намоем он чунонеки нафси саркашамон моро ба он амр менамояд.Аллоҳ миллати тоҷикро аз хоинон пок бигардон,то ҳама миллат осуда зиндагонии хубу бо саъодате дошта бошанд.Хоинонро хору залил ва рӯсиёҳи ин дунё ва охират бигардон омин.

Share This Article