Муъовия ибни Абусуфён (р) дар замони хилофати Алӣ ибни Абӯтолиб(р)
(бахши аввал)
Намехоҳам суханро ба дарозо кашам ва танҳо ин нуктаро барои бархе ашхос, ки бо Муъовия ибни Абусуфён (раз) кинатӯзиву фаҳҳошӣ доранд, зикр мекунам ва муруре ба воқеъаҳои гузашта менамоям, то хонандаи закӣ огоҳ гардад ва худ қазоват кунад. Мавриде, ки нисбати ин саҳоба чизе мешунавад, воқиф бошад, то фирефтаи суханони ноҷои ин қабил афрод нагардад.
Дар замони хилофати Умар (р) ва Усмон (р) Муъовия волии Шом буд, чун Алӣ (р) ба хилофат расид хост ўро аз вазифа дур созад. Чунин ба назар мерасад, ки ошӯбгарон болои Алӣ (р) фишор оварданд, зеро қабл аз расидани Алӣ (р) ба хилофат робитаи ў бо Муъовия хуб буд. Инчунин ошӯбгарон барои дур кардани волӣ Қайс ибни Саъд комёб шуданд ва натиҷааш аз даст рафтани Миср шуд. Инро ба тафсил дар китоби «Асмал-матолиб» баён кардам. Амирулмуъминин бар ивази Муъовия Абдуллоҳ ибни Умар (р)-ро, ки аҳли Шом ўро итоъат мекард, волӣ таъин намуд, аммо ў вуҷуди робитаҳои хешу табориро миёнашон ёдовар (1) шуда, узр хост ва узрашро Алӣ (р) пазируфт. Аммо ривоёте, ки дар мавриди: Алӣ (р) Абудуллоҳ ибни Умар (р)-ро ба хотири пешниҳоди амирулмуъмининро напазируфтан сарзаниш кардааст, баҳс мекунанд, дурӯғу бӯҳтони маҳз мебошад. (2) Ҳақиқати ҳол бар ин амр дар ривояти Заҳабӣ аз тариқи Суфён ибни Уяйна аз Ибни Нофеъ аз падараш аз Ибни Умар (р) чунин баён шудааст: Алӣ (р) нафаре назди ман фиристоду гуфт: Эй Абуабдураҳмон, туро аҳли Шом итоъат мекунанд, пас бо онҳо бош, зеро ман туро бад-он вилоят гузоштам. Ман гуфтам: Ба хотири Худо ва қаробатам бо ў (с) маро аз ин кор озод бикун. Алӣ (р) қабул накард. Аз Ҳафса кўмак хостам натиҷа надод, пас шабона сўи Макка равон шудам. (3) Ин далели қотеъ бо байъати Абдуллоҳ ибни Умар
(р) бо Алист. Чӣ тавр ўро волӣ таъин мекунад, дар ҳоле, ки байъат накардааст?!
Дар «Истиъоб» аз Ибни Умар (р) ривоят мекунад, ки ҳангоми иҳтизор гуфт: Аз чизе пушаймон нестам, ҷуз тарк намудани қитол ҳамроҳи Алӣ (р) бар зидди гурўҳи боғиҳо. (4) Ин ривоят низ далел аст бар байъат кардани ў бо Алӣ (р) ва агар байъат намекард пушаймониаш аз ин ки байъатро тарк кардааст бештар буд ва инро зикр мекард. Лозим донистани байъат ва ҷамоъат воҷиб аст ва тарки он муҷиби итобу азоб аст. Ба далели ривояти худи Ибни Умар (р) аз Паёмбар (с), ки фармудааст: «Шахсе, ки бидуни байъат вафот мекунад монанди вафоти замони ҷоҳилият вафот кардааст». (5)
Ин бар хилофи хориҷ шудан ҳамроҳи Алӣ (р) барои қитол, зеро он миёни саҳоба амри пурихтилофест. Баъзе саҳобагон аз он канор гирифтанд. Пас, чӣ тавр Ибни Умар (р) барои тарки қитол пушаймон мешаваду барои тарки байъат не, агар онро тарк карда бошад. Биноан ботил будани қавли баъзе аз муаррихин исбот мегардад, зеро собит шуд, ки Ибни Умар (р) яке аз байъаткунандагон ва наздикони Алӣ (р) буд, ки ўро ба вилоят гузошт, чун вафодорию садоқаташ маълум буд. (6) Баъд аз узрхоҳии Ибни Умар (р), Алӣ (р), Суҳайл ибни Ҳунайфро ба ҷои ў фиристод, аммо баробари расидан ба навоҳии Шом саворагони артиши Муъовия пеши роҳи ўро гирифта гуфтанд: Агар Усмон Шуморо фиристода бошад, пас марҳабо ва агар ғайри Усмон (р) фиристода бошад, пас баргардед. (7) Диёри Шом он замон аз ғазаб барои қатли Усмон меҷӯшид.
Ихтилофи саҳоба дар равиши гирифтани қасос аз қотилони Усмон (р).
Ихтилофе, ки миёни Алӣ (р) аз як тараф ва Талҳаву Зубайру Оиша (р) аз тарафи дигар сар зад, сабабаш мухолифат бо Алӣ (р) барои хилофат ва имомат набуд, ҳамагӣ дар ин амр иттифоқ доштанд. Ибни Ҳазм мегўяд: Муъовия ҳаргиз фазлу бартарии Алӣ (р) ва ҳаққашро ба хилофат инкор
накардааст, лекин иҷтиҳодаш ин буд, ки аввал қасос аз қотилони Усмон (р) гирифта шавад ва ў худро соҳиби ҳақ ба талаби хуни Усмон (р) мешуморид. (8) Ибни Таймия мегӯяд: Муъовия даъвои хилофат надошт ва мавриде, ки бо Алӣ (р) ҷангид бо ў байъат накарда буд ва Алӣ (р) низ чун халифа бо Муъовия наҷангид ва на ин ки ў мустаҳиқи хилофат аст. Муъовия инро иқрор мекард. Худи Муъовия ва асҳобаш ҷангро аввал бар зидди Алӣ (р) шуруъ накарданд. (9) Ҳамаи ҳамрорҳонаш иқрор доштанд, ки Алӣ (р) аз ҳар ҷиҳат бар Муъовия бартарӣ дорад, ҳамчуноне, ки Абӯбакру Умару Усмон (р) бартарӣ доштанд. (10)
Маншаъи хилоф на дар асли қазияи қасос буд, балки дар тариқаи мусолиҳаи ин қазия буд. Алӣ (р) барои гирифтани қасос ҳеҷ тардиде надошт танҳо раъяш ин буд, ки гирифтани қасос баъд аз ором шудани вазъият сурат бигирад ва ин амри савоб аст. (11)
Нававӣ мегўяд: Сабаби набардҳо ин аз ҳад зиёд печида ва муштабеҳ шудани умур буд. Аз шиддати ин печидагӣ иҷтиҳоди эшон мухталиф омад ва се гурўҳ шуданд. Ду гурўҳ ба муқобили ҳам ва гурўҳи саввум гӯшанишиниро ихтиёр карданд, зеро натавонистанд гурўҳеро тарҷеҳ диҳанд ва дар ин ҳолат қатл биғайрил-ҳақ мешавад. (12)
Ҷанги Сиффин (73 ҳиҳрӣ). Силсилаи ҳодисаҳои қабл аз ҷанг.
1. Умми Ҳабиба Нуъмон ибни Баширро бо пероҳани хунолуди Усмон (р) назди Муъовия ва аҳли Шом равон мекунад. Чун Усмон кушта мешавад умми Ҳабиба аз аҳлу хонадони ў либосҳоеро, ки бо он кушта шуда буд металабад ва онро бо торҳои мўй аз риши Усмон (р), ки канда шуда буд ҳамроҳи Нуъмон ибни Башир ба Муъовия, ба аҳли Шом фиристод. (13) Дар ривояте омада, ки чун пероҳани хунолуди Усмон (р)-ро бо ангушти завҷааш Ноила (14-15) ба Муъовия расониданд, Муъовия онро болои минбари масҷид овезон намуд ва мардум атрофи он гирияву нола карда ҳамдигарро барои гирифтани қасос аз кушандагони Усмон (р) ташҷеъ мекарданд. (16)
Шарҳабил ибни Самти Киндӣ ба Муъовия гуфт: Усмон халифаи мо буд, агар тавоноии талаб аз хуни вайро доред хуб, вагарна аз мо канор гир. (17)
Мардуми Шом қарор намуданд, ки болои фирош нахобанд, то ин, ки қотилони Усмон (р)-ро ба қатл расонанд ва касе мухолифи эшон барояд сазои ў низ қатл хоҳад буд. (18) Муъовия низ инро мехост. Аҳволи Мадина, ки хеле таассуфбор ва ҳузнангез аз ҳониби Нуъмон ибни Башир назди эшон тасвир ёфт; аз манзараи кушташавии халифа, шамшери ошӯбгарон болои сари аҳли Мадина, байлутмоли рабудашуда ва ангуштони буридашудаи Ноила ҳамсари халифа, ҳамаи ин мардумро ба шӯр оварда, эҳсосоташонро такон дод ва ашк аз чашмонашон ҷорӣ шуд. Ин буд, ки Муъовия ва аҳли Шом барои гирифтани қасос пеш аз байъат пофишорӣ намуданд. Оё тассаввур кардан мумкин аст, ки халифаи мусалмонон аз ҷониби муҷримҳо кушта шаваду олами ислом ба шӯр наояд. (19)
2. Ангезаҳое, ки сабаби байъат накардани Муъовия гардиданд:
Муъовия ва аҳли Шом аз байъати Алӣ (р) худдорӣ карданд. Онҳо мехостанд ибтидо Алӣ (р) аз кушандагони Усмон (р) қасос бигирад баъд аз он байъат мекунанд. (20) Гуфтанд: Касеро, ки қотилонро паногоҳ додаст байъат намекунем. (21) Онҳо аз ҳузури қотилони Усмон (р) дар лашкари Алӣ (р) тарсиданд, биноан байъатро қабл аз қасос воҷиб намедонистанд. Муъовия бо далели ояти 33-и сураи Исро худро валии хуни Усмон (р) мешуморид.
Бинобар ин Муъовия (р) мардумро ҷамъ намуда, дар бораи қатли мазлумонаи Усмон (р) аз тарафи мунофиқон дар баладулҳаром сухан кард. Ин амали зиштро онҳо маҳкум карданд. Иддае аз саҳобагони Паёмбар (с), онҳо буданд ва яке аз онҳо бо номи Мурра ибни Каъб гуфт: Аз Паёмбар (с) шунидам, ки роҷеъ ба вуқуъи фитна ва қурби он сухан гуфта истода буд, ки марде рўйпушида гузашт, Ҳазрат (с) фармуд: «Ин дар он рӯз дар роҳи рост аст». Чун аз ҷой бархоста дидам, ки ў Усмон (р) буд. Боз дар рў ба рўи ў истода гуфтам: Ҳамин? Гуфт: «Бале». (22)
Ҳадиси дигаре низ дар ин боб вуҷуд дорад, ки таъсираш бар Муъовия ва талаби ў аз қасос хеле қавист. Ҳадисро Оиша (р) ривоят мекунад, ки охирин сухане, ки Паёмбар (с) ба Усмон (р) гуфт: Ин буд, ки ба китфаш зада, фармуд: «Эй Усмон Худованд зуд аст, ки Шуморо пироҳане мепӯшонад, агар мунофиқон иродаи берун кардани онро аз Шумо кунанд, пас онро берун накунед ҳатто, ки бо мо бипайванди». Инро се бор такрор кард. Нуъмон ибни Башир гӯяд: Аз Оиша (р) пурсидам: Ин ҳадис то имрўз куҳо буд? Оиша (р) гуфт: Савганд ба Худо онро фаромӯш карда будам. Нуъмон мегўяд: Чун Муъовияро огоҳ намудам аз хабари ман қонеъ нашуда ба Оиша (р) нома навишт ва хост, то он ҳадисро ба он навишта равон кунад. (23)
Сабаби асосии байъат накардани аҳли Шом бо сардории Муъовия бо Алӣ (р) ин ҳирси шадиди эшон барои ҳорӣ намудани қасос бар қотилони Усмон (р) буд, на талаби мансаб аз ҷониби Муъовия, зеро ў медонист, ки ин амр бар боқимондаи аҳли Шӯрост ва Алӣ (р) аз ў беҳтар аст. (24) Абумуслими Хувлонӣ мегўяд, ки аз Муъовия пурсидам: Шумо бо Алӣ (р) мунозоъа мекунед ё Шумо мисли ў ҳастед? Гуфт: На, савганд ба Худо. Ман медонам, ки ў аз ман беҳтар аст ва мустаҳиққи ин амр аст, аммо намедонед, ки Усмон (р) мазлумона кушта шуд ва ман писари амакаш ҳастам ва толиби хуни ў. Равед, ба Алӣ (р) бигўед қотилони Усмон (р)-ро ба ман диҳад, ман дар байъати ў медароям. Чун ин пешниҳодро ба Алӣ (р) арз карданд, ў напазируфт. (25)
Хонандаи гиромӣ барои комилан огоҳи пайдо намудан аз ин мақтаъи таърихӣ идомашро дунбол намоед,то фирефтаи ҳар нохалафе ё роҳ гум кардае нагардед.
Идома дорад
Муҳаммадиқболи Садриддин
Феҳристи манобеъ ва осори таҳқиқотӣ
1. Ал-мусаннаф ли ибни Абӯшайба (7/472). Иснодуҳу саҳеҳ.
2. Истишҳоду Усмон (р) ва вақъату-л-ҷамал, (с. 160).
3. Сияру аъломи-н-нубало (3/224). Риҷолуҳу сиқот.
4. Ал-истиъоб (6/326) биҳошияти китоби-л-Исоба.
5. Муслим, китобу-л-Имора, р. (18/51).
6. Ал-интисор ли-с-саҳби ва-л-Ол, (с. 507).
7. Таҳзибу таърихи Димишқ (4/39), хилофату Алӣ, Абдулҳамид, (с. 110).
8. Ал фаслу фӣ-л-милали ва-л-аҳвои ва-н-ниҳал (4/160).
9. Маҷмӯъ-ул-фатово (35/72).
10. Маҷмӯъ-ул-фатово (35/72).
11. Аҳдосун ва аҳодису фитнати-л-ҳараҷ, (с. 158).
12. Шарҳи Навави ало Саҳеҳи Муслим (15/149).
13. Ториху-л-ислом фӣ аҳди-л-хулафои-р-рошидин (539).
14. Ал-бидоя ва-н-ниҳоя (7/539).
15. Ториху-д-даъвати-л-исломия, Муҳаммадҷамил, (с. 398).
16. Ал-бидоя ва-н-ниҳоя (539/7), санадуҳо заъифун.
17. Ал-ансоб (4/418), Ториху-д-даъвати-л-исломия, (с. 398).
18. Таърихи Табарӣ (5/600).
19. Ал-бидоя ва-н-ниҳоя (7/129).
20. Ал-бидоя-ва-н-ниҳоя (7/129).
21. Ал-авосиму минал-қавосим, (с. 162).
22. Саҳеҳу сунани Ибни Моҷа (1/240).
23. Муснади Аҳмад (24045), ҳадиси саҳеҳ.
24. Хилофати Алӣ ибни Абӯтолиб (р), Абдулҳамид, (с. 112).
25. Сияру аъломи-н-нубало (3/140), риҷолуҳу сиқотун ва иснодуҳу ҷаййид.