Аз рӯзгор ва осори Абдуллоҳ ибни Аббос (разияллоҳу анҳу)
(бахши дуввум)
Абдуллоҳ ва дӯст доштани илм.
Паёмбар (с) вафот кард, аммо илми Ибни Аббос, то ҳанӯз ба ҷое нарасида буд. Ҳангоме, ки Расули Акрам (с) аз дунё гузаштанд Абдуллоҳ ибни Аббос 15 сол дошт. Ӯ аз вафоти он Ҳазрат (с) андӯҳгин шуда, дар сӯгвории ӯ (с) талх мегирист.
Абдуллоҳ ибни Аббос (раз) аз Расули Акрам (с) 1660 ҳадис ривоят мекунад.
Ибни Аббос баъд аз вафоти Паёмбар (с) ба чӣ кор машғул мешавад? Дӯстдории илмро, ки аз Паёмбар (с) гирифта буд, пас аз вафоти ӯ (с) фаро гирифтани илмро тарк накард ва онро идомаву сайқал дод.
Абдуллоҳ тасмим гирифт, ки роҳи талаби илмро идома диҳад, зеро ӯ аз хурдӣ қимати илму манзалати уламоро дарк карда буд.
Аввалин чизе, ки Ибни Аббос дар мавриди он фикр мекард омӯхтан ва навиштан буд, то тавонад он чи аз бузургони саҳоба нақл мекунад, тадвин намояд. Ибни Аббос мегӯяд: Ҳангоме, ки Расули Худо (с) вафот кард бо яке аз аҳли ансор гуфтам: имрӯз, ки сафи асҳоби Паёмбар (с) зиёд аст, моро зарур аст аз эшон зиёд омӯзем.
Марди ансорӣ гуфт: Эй Ибни Аббос, ман тааҷҷуб мекунам, оё чунин мепиндоред, ки мардум ба шумо ҳоҷат пайдо мекунанд, дар ҳоле, ки миёни онҳо асҳоби Паёмбар (с) ҳастанд? Ибни Аббос он мардро ба ҳоли худ гузошта, аз паи омӯзиши илм ва пайгирии саҳобагон шуд.
Ибни Аббос гуфтааст: Чун мешунидам, ки фалон кас ҳадис аз Расули Худо (с) шунидааст, назди вай мерафтам ва ӯро дар ҳоли хоб меёфтам, назди дарвозааш ридоямро андохта, менишастам ва боду
хок ба рӯям мевазиду ман интизори берун шудани он мард будам, то ин ки берун мешуд ва маро дида, мегуфт: Эй писарамаки Расули Худо (с) ба шумо чӣ шуда, ки ин ҷо нишастаед? Мегуфтам: Шунидам, ки ҳадисе аз Паёмбар (с) шунидаед ва онро ривоят мекунед, дӯст доштам онро аз шумо шунавам.
Пас ӯ мегуфт: Чаро кас нафиристодед, то ман назди шумо равам?
Ман гуфтам: Ин ҳаққи ман буд, ки назди шумо оям. Он мард маро назди Расули Худо (с) дида буд ва қаробати маро бо он Ҳазрат (с) медонист. Ибни Аббос дар талаб намудани илм такаббурӣ намекард ва ҳар касе заррае илм дошт аз ӯ мепурсид.
Абурофеъ, ходими Расули Худо (с)-ро, ки баъзе аз суханон ва афъоли Паёмбар (с)-ро менавишт, мепурсид ва аз ӯ меомӯхт. Абдуллоҳ ибни Масъуд аз ҷаҳду кӯшиши Ибни Аббос ва шавқу муҳаббати ӯ дар талаби илм дар шигифт омада буд. Ӯ мегуфт: Агар ин писарбача он чиро мо дарёфтем дармеёфт ҳар оина аз ӯ бениёз намемондем ва ба ӯ эҳтиёҷ пайдо мекардем.
Бурдборӣ ва шикебоии уламо.
Офтоб агар тулуъ намуд бояд нури он бидурахшад, агар замин сероб шуд албатта аз он зироат бояд бирӯяд. Ҳамчунин қалбе, ки зарфи илм шуд аз он ҳилму бурдборӣ бояд сарозер шавад. Ибни Аббос, ин олими обид, чунин буд. Ӯ сабуру шикебо ва худотарс буд. Аз забони ӯ сухани ноҷое намебаромад ва аъзои ӯ кореро намекард, ки ин бурдборию сабурии ӯро халалдор созад. Чӣ тавр ӯ соҳиби чунин ахлоқи олӣ набошад, ки дар хонаи Паёмбар (с) ба воя расидааст. Ин ахлоқи олии ӯ дар рафтору гуфтораш ҳувайдо буд .
Ибни Бурайда мегӯяд: Марде Ибни Аббосро дашном дод, Ибни Аббос дар посух гуфт: Шумо маро дашном медиҳед ва ман чандин хислатҳо дорам: Ман оятеро аз оёти Қуръон рӯ ба рӯ мешавам ва дӯст медорам, ки ҳароина дар бораи ин оят ман медонам ва дигарон ҳам донанд. Ва ман чун ҳукми одилонаи яке аз ҳокимони мусалмон мешунавам хушнуд мешавам ва шояд ман ҳаргиз назди вай додхоҳи наравам.
Ва ман чун аз боридани борони раҳмат дар яке аз шаҳристонҳои мусалмонон мешунавам хушҳол мешавам, агарчи ман ҳеҷ ниёзе он ҷо надорам. Ин оёт ахлоқи Ибни Аббос ва бурдбории ӯ дашномро бо шикебоию сабр посух медиҳаду ҷаҳлро бо нури илм.
Маймун ибни Меҳрон мегӯяд: Аз Ибни Аббос шунидам, ки мегуфт: Аз ҳеҷ бародаре макруҳе ба ман нарасидааст, ҷуз ин ки ӯро дар яке аз се манозил гузоштам:
-Агар аз худам бузургтар буд қадри ӯро донистам.
– Агар ҳамсини ман буд ба ӯ марҳамат намудам.
– Агар аз ман поёнтар буд ба ӯ аҳамият додам, яъне ба тарбияааш пардохтам.
Баъд аз он гуфт: Ин сирати ман аст. Агар шахсе аз ин нороҳат бошад, пас замини Худо фароху паҳновар аст.
Ҷиҳоди ӯ.
Илму порсоӣ аз хотири Ибни Аббос ҷиҳодро дур накард, балки ӯро ба ин майдон овард ва Ибни Аббос намунае буд дар ин ҷода, ки ҳар кас бояд ба ӯ пайравӣ намояд. Ибни Аббос аз ягон набард қафо намемонд. Ӯ дар чандин ғазва дар хориҷи Ҷазираи Арабӣ иштирок кардааст. Аз ҷумла аҳли Табаристон, ки дар айёми хилофати Умар (р) аҳдшиканӣ намуда буданд, ширкат дошт.
Инчунин дар рӯзи «Сиффин» ҳамроҳи ҳазрати Алӣ (р) бо хавориҷ бо забону бо ханҷараш мубориза бурдааст.
Дар соли 46-ҳиҷрӣ дар аҳди Язид ибни Муовия дар набарди диёри Рум иштирок намуда, то билоди Қастантиния расидааст.
Гурӯҳе аз бузургони саҳоба мисли ибни Умар, Ибни Зубайр ҳамроҳи ӯ дар ин набардҳо ширкат варзидаанд. Ибни Аббос бо ҷиҳод намудан танҳо бо шамшер иктифо накарда, бо ҷиҳоди сухан низ пардохтааст. Ӯ бо хавориҷ ба мунозара пардохта, амирону халифаҳоро низ ишрод намуда, насиҳат кардааст. Инчунин дар робита миёни Ҳасану Ҳусейн ва Муовия (разияллоҳу анҳум аҷмаъин) ва мавқифи Абдуллолҳ ибни Зубайр аз хилофати Умавиён дахолат
намудааст. Хулас Ибни Аббос дар ҳама навъи ҷиҳод (бо қалам, бо калом, бо ахлоқ ва бо силоҳ) ширкат кардааст.
Ибодат, зуҳд ва порсоии ӯ.
Ибни Аббос на танҳо имоми уламо ва пешвои парҳезкорон, балки сарвари парҳезгорону порсоён ва обидон буд. Ӯ аз хурдсолӣ соҳиби чунин хислатҳои наҷиб буд, зеро ӯ дар хонадони нубувват ба воя расид ва аввалин мадрасаи ӯ маҳсуб меёбад, ки он ҷо фиқҳи ибодот ва порсоиро аз худ намуд.
Ибни Абималика мегӯяд: Дар сафаре аз Макка ба Мадина ҳамроҳи Ибни Аббос будам. Ҳар ҷое, ки шаб мегузаронидем медидам, ки нимашаб бархоста, ба тиловати Қуръон ва тасбеҳ машғул мешуд. Ибни Аббос ба хотири ибодот аз ҳамаи дороияш, ҳатто вуҷудаш даст мешуст. Ҳангоме, ки дар чашми ӯ об расид ва нобино шуд, табибон омада аз ӯ хостанд оби чашмашро резонанд ва барои як рӯз бояд истода, намоз нагузорӣ, балки нишаста, ё ба паҳлӯ намоз бихонед Ибни Аббос гуфт: На, савганд ба Худо ман як ракъатро тарк нахоҳам кард. Ӯ гуфт: Ман ҳадисеро шунидам, ки шахсе як намозро қасдан тарк гӯяд Худовандро вомехӯрад дар ҳоле, ки ӯ аз ин банда ғазаболуд аст. Ибни Аббос бисёр ашки чашм мерезонд ё гиря мекард, ба андозае, ки зери чашмонаш хатҳо пайдо шуда буд.
Шеърдонии ӯ.
Ибни Аббос дар баробари олим будан ба Қуръон ва улуми он ба фиқҳ ва анвоъи он, ба таърих ва ҳодисаҳои он, илми шеъру луғат ва шуъаро ва хабарҳои байни арабро хуб аз худ карда буд.
Рӯзе гурӯҳе аз мардум ҷамъ шуда, аз шеъру шуъаро сухан гуфтанд ва Умар ибни Хаттоб (р) миёни эшон буд. Умар (р) гуфт: Беҳтарин шоир кист? Мардум ихтилоф намуда, баъзе гуфтанд: Уммул-Қайс, дигаре гуфт: Нобиғаи Зубейнӣ. Ин ҳангом Ибни Аббос дохили маҷлис шуд. Пас Умар (р) гуфт: Беҳтарин донандаи шеър назди шумо омад. Умар (р) гуфт: Эй Ибни Аббос! Беҳтарин шоир кист?
Ибни Аббос гуфт: Беҳтарин шоир Зуҳайр ибни Абисалмост.
Посухи Ибни Аббос ба суолҳои малики Рум.
Ибни Аббос барои илму маърифате, ки дошт соҳиби обурӯю маконати олие назди халифа Муовия ибни Абусуфён (раз) гардида буд. Муовия ӯро эҳтиром мекард ва ҳар масъалаи мушкиле, ки пеш меомад аз ӯ мепурсид. Яке аз ҳолатҳое, ки Муовия ба Ибни Аббос рӯй овард ин ҷавоб додан ба суолҳои малики Рум буд, ки мехост мусалмононро имтиҳон ва оҷиз кунад. Аз ин рӯ рисолае ба Муовия фиристода, аз ӯ хоҳиш мекунад, ки ба ҳафт савол посух гӯяд:
1. Дӯстдоштатарин сухан назди Худованд кадом аст?
2. Мукаррамтарин банда назди Худованд кист?
3. Беҳтарин зан назди Худо кист?
4. Чаҳор кассе, ки рӯҳ доранду раҳмро надидаанд?
5. Аз қабре, ки бо соҳибаш ҳаракат кардааст?
6. Аз маконе ки дар замин асту танҳо як маротиба офтоб ба он расидааст?
7. «Қавс Қазеҳ» ва «Миҷарра» чист?
Муовия номаро хонда, мушкилоту сахтиҳои онро дарк намуд ва ба хулосае омад, ки ягона касе, ки онро ҳал мекунад Ибни Аббос аст, биноан нафаре назди ӯ фиристод ва Ибни Аббос дар посух ба суолҳо чунин навишт:
– беҳтарин сухан назди Худо ин: «Субҳонналлоҳ, Алҳамдулиллоҳ, Ло илоҳа иллаллоҳ, Алоҳу акбар ва Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ» аст.
– беҳтарини бандагон назди Худо Одам (а) аст. Ӯро ба дастонаш халқ карда, аз рӯҳи Худ дар он дамида, малоикаро амр намуд, то барояш саҷда кунанд, номҳои ҳамаи чизро барояш омӯхт.
– Беҳтарини занон назди Худо Марям бинти Имрон аст.
-Чор нафаре, ки дар раҳм наистодаанд: Одам асту Ҳаво, Асои Мусо ва гӯсфанди қурбонии Иброҳим (а).
-Аммо қабре, ки бо соҳибаш ҳаракат кардааст он Ҳути Юнус (а) аст.
– Аммо маконе, ки онро танҳо як маротиба офтоб расидааст он баҳр аст ҳангоме, ки ҷудо шуду Мусо бо қавмаш аз дохили он гузар намуд.
– «Қавси Қазеҳ» ин амон ёфтан аз ғарқ барои аҳли замин аст.
– Миҷорра дарест дар осмон.
Чун нома ба малики Рум расид ва посухи саволҳояшро хонд, гуфт: Савганд ба Худо посухҳо аз назди Муовия нестанд ва на аз суханони ӯ, балки аз аҳли Паёмбар (с) ҳастанд.
Абдуллоҳ ибни Аббос дар аҳди хулафои рошидин (раз)
Ибни Аббос дар замони хилофати Абубакри Сиддиқ ва Умари Форуқ (разияллоҳу анҳум) хурд буданд. Албата дар маъракаҳои ҷангӣ дар хилофати Умар (раз) иштирок кардаанд. Дар хилофати Усмон ибни Аффон (раз) соли 35 ҳиҷрӣ. Ҳазрати Усмон (раз) имомати ҳаҷи он солро ба ӯҳдаи ӯ гузоштанд. Вақте аз ҳаҷ баргаштанд ҳазрати Усмон ибни Аффон (раз)-ро ба шаҳодат расониданд. Бо Алӣ ибни Абутолиб (раз) байъат карданд. Алӣ (раз) мехост волии Шом таъинаш намояд, аммо Абдуллоҳ ин вазифаро напазируфтанд ва гуфтанд: Эй амирулмуъминин волии Шом Муовия ибни Абусуфёнро бигуморед. Пас аз он волии Басра таъинаш намуданд.
Фурӯтанӣ ва эҳтиром.
Шахсе, ки пайроҳаи илм мегузураду одоби онро меомӯзад ва ба аҳли он робита дорад, албатта уламоро эҳтиром бояд намояд ва назди онҳо фурӯтанӣ намояд ва бо наздикӣ ба эшон ва суханони онҳо аниси худро ёбад.
Бо вуҷуди соҳибилму соҳибнасабу шараф будан Ибни Аббос дар робита бо шинохти ҷойгоҳу маконати уламо ва қадршиносии эшон намунае буд комил барои ояндагон. Ибни Аббос ҳамеша мулозими Зайд ибни Собит буд. Ӯ маконати илмии Зайдро медонист, биноан ӯро эҳтиром ва қадр мекард ва бо ӯ наздикӣ мекарду аз илмаш истифода менамуд.
Ӯ назди Зайд Ибни Собит (раз) омада, аз лаҷоми маркабаш мегирифт, аммо Зайд ӯро аз ин кор манъ намуд. Ибни Аббос гуфт: Мо амр шудем, то ба уламо чунин рафтор намоем.
Зайд гуфт: Дастатро ба ман деҳ. Пас Ибни Аббос дасташро пеш намуд ва Зайд онро бӯсиду гуфт: Мо амр шудем, то бо аҳли байти Расули Худо (с) чунин рафтор кунем.
Ибни Аббос назди Зайд ибни Собит ба хонааш рафта, мегуфт: Назди илм мераванд ва илм худ намеояд. Ибни Аббос, Зайд ибни Собитро аз ҷумлаи собитқадамон дар илм медид ва мегуфт: Асҳоби Муҳамммад медонистанд, ки Зайд ибни Собит аз собитқадамон дар илм аст. Ҳангоме, ки Зайд ибни Собит вафот намуд, Ибни Аббос хеле ғамгин шуда, болои қабраш истод ва амалҳои некашро ном мебурд.
Ӯ мегуфт: Шахсе мехоҳад, ки чигунагии қабз намудани илмро бубинад, пас ин тавр қабз мешавад, яъне бо марги уламо.
Ситоиши Саҳоба ва тобеъин ба Ибни Аббос.
Худованд ба Ибни Аббос бисёр як қудрати аҷиб, фикри амиқ, илми фаровон ва қудрати ҳозирҷавобӣ дода буд.
Дар бораи вай гуфтаанд: Мисли занбури асал буд, ки гирди ҳар гуле чарх мезад ва аз он шаҳд мегирифт. Дар ҳақиқат Ибни Аббос лоиқу сазовори чунин ситоиш аст. Ӯ олими тавоно ва тарҷумони Қуръон буд, ки ҳамеша рӯй бар илму маърифат дошт. Ҳамаи саҳобагони Расули Худо (с) нисбати ӯ шаҳодат медиҳанд.
Убайдуллоҳ ибни Утба мегӯяд: Ибни Аббос бо чанд хислат аз мардум пешдастӣ намуда буд; бо илме, ки касе дорои он набуд ва фаҳми орои ӯ дар он чӣ эҳтиёҷ пайдо мешуд, дар ҳилму насабу бурдборӣ. Касеро донотар ба аҳодиси Паёмбар (с) аз ӯ надида будам. Инчунин ба ҳукми қазоватҳои содиршудаи Абубакр (р), Умар (р), Усмон (р). Чун ҳар шабонгоҳ назди ӯ ҷамъ мешудем шабе аз таърихи набардҳои араб, шаби дигар дар бораи насабҳо ва шабе дар бораи шеър бо мо суҳбат мекард.
Масруқ мегӯяд: Ҳар гоҳ, ки Ибни Аббосро медидам, мегуфтам: Зеботарини мардум аст, чун нутқ мекард, мегуфтам: суханвартарини мардум аст. Чун сухан мегуфт, мегуфтам: донотарини мардум аст.
Баъд аз он гуфт: Се маротиба Қуръонро назди Ибни Аббос гузаронида, назди ҳар оят истода, аз ӯ мепурсидам: Дар шаъни чӣ нозил шуда, ва чӣ тавр буд?
Қосим ибни Муҳаммад гуфтааст: Дар маҷлиси Ибни Аббос ҳаргиз ботиле надидам.
Товус мегӯяд: Қариб панҷсад нафар аз саҳобагони Паёмбар (с)-ро дарк намудам. Ҳар гоҳ миёни эшон дар масъалае ихтилоф мешуд ба гуфтаи Ибни Аббос руҷуъ мекарданд.
Саъид ибни Мусайиб гуфта: Ибни Аббос донотарин мардум аст.
Муҷоҳид мегӯяд: Ибни Аббосро ба хотири фаровонию ғазорати илмаш баҳр мегуфтанд.
Вафоти Абдуллоҳ ибни Аббос.
Чун синну соли ибни Аббос ба ҷое расид тасмим гирифт, то аз ихтилофоте, ки сар зада буд дӯрӣ ҷӯяд. Биноан шаҳри Тоифро, ки дар манотиқи баланд мавқеъ дорад ва дорои обу ҳавои тоза аст барои гузаронидани рӯзҳои охири ҳаёташ ихтиёр намуд. Ӯ дар Тоиф буд, аммо мардум ва толибилмон аз ҳамаи манотиқ назди ӯ мерафтанд. Ҳамин тавр зиндагии Ибни Аббос идома ёфт, то ин ки биноияш аз байн рафт ва синаш ба ҳафтоду як расид. Дар ҳамин ҳолат рӯҳи покаш аз баданаш ҷудо шуд ва мардум аз фироқи ӯ хеле андӯҳгин шуданд.
Маймун ибни Меҳрон мегӯянд: Дар ҷанозаи Абдуллоҳ ибни Аббос дар Тоиф ҳозир будам. Ҳангоме, ки барои гузаронидани намози ҷаноза ӯро гузоштанд паррандаи сафеде омад, ки қаблан чунон парандаеро надида будем. Дар кафанҳои ӯ ҷой гирифт ва каме истод ва дигар дида нашуд. Чун ӯро баробар гузоштем овозе шунидем, аммо соҳиби овозро надидем. Он савт мегуфт: Худованд мефармояд: “Эй рӯҳи оромишёфта (имрӯз ҳеҷ гуна ҳаросе надорӣ), хушнуду писандида ба сӯи (ризо ва биҳишти) Парвардигорат бозгард (ва аз он чӣ ба ту ато кардааст хушнӯд ва розӣ бош) ва дар зумраи бандагони (солеҳи) Ман дохил шав ва ба биҳишти Ман (яъне, қароргоҳи родмардони солеҳ) дарой.”
(Сураи Фаҷр, оёти 27-30)
Аз Аллоҳ умед дорам, то тавониста бошам ин шахсияти нотакрор саҳобии ҷалилулқадрро бароятон муаррифӣ намоям, агарчӣ хеле ҷанбаҳои ҳаёти ин саҳобии ҷалилуқадрро барои тӯлонӣ нашуданаш наовардам. Зеро аз тӯлонӣ будани мақолаҳо баъзе хонандагон шикоят мекунанд.