Моҳи Муҳаррам ва рӯзаи рӯзҳои тосуъо ва ошуро.
Моҳи муҳаррам дорои фазоили зёде мебошад.Имсолро мисли солҳои дигар намебинам.Зеро дар солҳои гузашта чандин мақолаҳо дар ин моҳ менавиштанд ва гумон кардам менависанд.То бародарону хоҳарон аз он огоҳи ёбанд. Вақте нигоҳ кардам аслан мақолае дар ин маврид надидам. Саросема ин мақоларо навиштам то тавонам лоақал дерҳам шуда бошад огоҳ намоям.
Фазилати моҳи Муҳаррам, ба шакли умум хело зиёд аст.Инчунин фазилати рўза доштани Ошуро, хусусан дар ин маврид ривоёти зиёд аз Паёмбар (с) вуҷуд дорад.
Паёмбар (с) дар ҳадиси саҳеҳ мефармоянд: “ Беҳтарин рӯза пас аз моҳи Рамазон рўза доштан дар моҳи Муҳаррам аст.” (Ривояти Муслим).
Ин ҳадис далолат мекунад, ки рўза доштан дар ин моҳ савоби зиёд дорад. Бинобар ин мусалмон бояд рўзҳои ин моҳро ғанимат шуморад ва кўшиш кунад чанд рўзе аз ин моҳро рўза дорад. Яке аз рўзҳои ин моҳ рўзи Ошуро аст, ки ба даҳуми ин моҳ рост меояд. Имсол мутобиқи моҳи мелодӣ рӯи 11 уми октябр яъне сешанбе мебошад Рўза доштани ин рўз низ дар аҳодиси зиёде тарғиб шудааст.
Ибни Аббос ривоят мекунад, ки Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам) ба Мадина омаданд ва яҳудиёнро диданд, ки рўзи Ошуроро рўза медоштанд. Паёмбар (с) аз онҳо пурсиданд, ки ин чӣ рўз аст? Яҳудиён гуфтанд: Ин рўзи хубест, рўзест, ки Аллоҳ Мусо ва қавмашро аз Фиръавн наҷот дод ва Фиръавнро бо лашкараш дар нил ғарқ кард, пас Мусо ин рўзро барои шукри ин неъмат рўза дошт. Пас Паёмбар (с) гуфтанд: “ Ман аз шумо дида, ба Мусо сазовортарам.”
Ибни Аббос мегўяд: Пас Паёмбар (с) ин рўзро рўза доштанд ва мусалмононро амри ба рўза доштан карданд.
(Ривояти Бухорӣ ва Муслим).
Дар ҳадиси дигар Паёмбар (с) дар фазилати рўза доштани ин рўз мегўянд: “ Ман умед дорам, ки Худованд ба сабаби рўза доштани рўзи Ошуро гуноҳони як сола пешинаро мағфират кунад.” (Ривояти Муслим).
Уламои ислом аз ин аҳодис пайравӣ намуда, ҳама ба истиҳбоби рўза доштани ин рўз иттифоқи назар доранд ва аҳли суннат дар сар то сари дунё рўзаи ин рўзро суннати Паёмбари Акрам (с) ҳисобида, рўза медоранд.
Рӯзаи рӯзи Ошуро фарз аст ё суннат?
Дар ибтидо рўзаи рўзи Ошуро фарз буд қабл аз ин,ки моҳи рамазон фарз шавад, пас аз фарзияти рамазон чунин шуд,ки рӯзаи ин рӯзро касе хоҳад рўза гирад, касе нахоҳад нагирад.
Аз Абўқаттода (р.а.) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: Бо рўза доштани рўзаи Ошуро Худо гуноҳони соли пешинаро меомўрзад.(мебахшад)
(Саҳеҳи Муслим,1162).
Мустаҳаб аст рўза гирифтани рўзи 9-10-умтавре ки Паёмбар (саллалоҳу алайҳи васаллам) мефармоянд:
«Агар то соли оянда дар қайди ҳаёт бошам, рўзи 9-умро низ рўза мегирам.
(Ривояти имом Муслим).
Ба маълумоти шумо хонандагони гиромӣ хотир расон менамоям,ки рӯзи душанбе 10 уми октябр, 9-уми моҳи Муҳаррам аст ва рӯзи сешанбе 10 умӣ октябр, рӯзи 10-уми Муҳаррам аст, яъне рӯзи Ошуро. Агар солим бошед ин ду рӯзро рӯза доред, рӯзи нўҳум орзӯйи Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) аст онро агар амалӣ намоем рӯза дорем ва рӯзи даҳум рӯзи маҳв намудани гуноҳони соли гузашта аст.Агар билфарзе дертар огоҳ гаштед аз рӯза доштани фардо яъне рӯзи нуҳумаш душанбе. Метавонем рӯзи 10 ум ва 11 уми онро рӯза дорем.Чун мухолифат ба яҳуд бошад.Рузи сешанбе ва чоршанбе. Вале агар натавонистед рӯзи сешанбе 11 октябрро,ки ошуро мебошад ҳатман барои маҳви гуноҳон рӯза доред!
Ҳангоми ифтор дар ҳаққи уммати исломӣ ва неку аҳволии миллат ва кишвари азизамон дуъоҳои хайратонро дареғ надоред.