ОЁ ЗАН АЗ ТИЛОВОРИЯШ ЗАКОТ МЕДИҲАД?
Ассалому алекум ва раҳматуллоҳ устод аз шумо изҳори сипос мекунам,ки ба масалаҳои фиқҳи посух мегӯед.Хело масоили бароямон норушану печидаро аз мақолаҳои шумо фаҳмидем.Нисбати закоти зан маълумот медодед.Ман аз як зан шунидам,ки аз зеваролот тиловори бояд закот диҳанд занҳо ҳар сол.Оё ин дуруст аст? Зеро мо зеваролот дорем агарчи ҳоло сармоядор нестем вале зиндагонии хубе дорем.Хоҳиш менамоям ба ин саволҳам вақтатон шуд посух бигуед Гуландом Сайдова аз Прага.
Ва алекум асалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу хоҳар ба саволи шумо ба таври хело мухтасар чунин посух мегӯям.
Дар тамоми ҳукмҳои закот, фарқе байни зану мард нест ва ман дар ин ҷо ҳамон масъалаҳоеро баррасӣ менамоям, ки ба таври умум мутаъаллиқ ба занҳо мебошад ва онҳо иборатанд аз:
1. Зан ҳар зевареро ғайр аз тилло ва нуқра, масалан, аз фирўза, лоҷувард, ёқут, алмос.рубин,лаъл ва ғайра дошта бошад, бар вай аз ин зеварот бо шартҳое, ки зикр хоҳем кард, закоте нест;
2. Бар зевароте, ки зан аз ғайри тилло ва нуқра дорад, ба ду шарт закот лозим намегардад:
Аввал он, ки ин зеварот барои пўшидан ва ё истифодаи зан бошад, на барои тиҷорат ва хариду фурўш ва агар барои хариду фурўш бошад, баъд аз ин ки ба нисоб бирасад, монанди ҳар моли тиҷорати дигаре бар онҳо закот лозим мегардад;
Дуввум, он ки миқдори он зеварот дар ҳадди маъмул бошад. Бинобар ин, агар зеваротеро, ки зан аз ғайри тилло ва нуқра дорад, аз ҳадди маъмул зиёдтар буд, агарчи барои пўшидан ва истеъмол бошад, бояд аз онҳо закот бидиҳад.
Албатта, ҳадди маъмул аз ҳар минтақа нисбат ба минтақаи дигар фарқ мекунад. Масалан, метавон гуфт, ки ҳадди маъмул дар давлатҳои сарватманд он аст, ки арзиши зевароти ғайри тилло ва нуқраи зан баробари ҳудуди 200 то 250 грамм тилло бошад. Вале ин миқдорро дар давлатҳои камбағал метавон ба баробари арзиши 100 то 150 грамм тилло муқаррар намуд, ки агар арзиши зевароти ғайри тилло ва нуқраи зан аз ин ҳад таҷовуз намуд, бояд аз онҳо закот бидиҳад. Аммо сатҳи зиндагонии давлате қарор доред ба фикрам мутаносибан кмбғал нест онро ҳамон 250 муқаррар менамоем.
3. Ба зевари зан агарчи аз тилло ва нуқра бошад, то вақте ки ба нисоб нарасида бошад, закоте воҷиб намегардад;
4. Нисоби тилло 20 динор, ки ба вазни ҳозира баробари 85 грамм, ба нисоби нуқра 200 дирҳам, ки ба вазни ҳозира баробари қариб 595 грамм аст.
5. Мўътабар дар воҷиб шудани закот ва дар зевари зан дар назди баъзе аз уламо арзиши он аст ва на вазни он. Масалан, агар зан гарданбанде дошта бошад, ки вазни он 50 (панҷоҳ) грамм бошад, вале арзиши он баробари 85 (ҳаштоду панҷ) грамм тиллои холис ва ё бештар аз он бошад, бояд аз арзиши он гарданбанд закот бидиҳад. Гурўҳи дигаре аз олимон мегўянд, ки мўътабар дар воҷиб будани закоти зевари зан вазни он аст, на арзиши он, яъне агар зевари тиллоии зан камтар аз 85 грамм вазн дошта бошад, агарчи қиматаш муодили садҳо грамм тилло бошад, ба он зевар закоте воҷиб намегардад. Вале фикр мекунам, ки эҳтиёт дар ин масъала, амал намудан ба қавли аввал бошад, яъне бар ин қавл, ки воҷиб будани закот ба зевари зан ба асоси арзиши он бошад, на ба асоси вазни он.
Зеро амал кардан ба ин назар, аз як тараф ба эҳтиёт наздиктар аст ва аз тарафи дигар ҷониби камбағалон дар он бештар риоя мегардад ва ин амрест, ки шариъати Ислом ба он таваҷҷўҳи комил дорад. Олими машҳури ҷаҳони имрўзаи Ислом, доктор Юсуфи Қарзовӣ дар китоби машҳури худ «Фиқҳу-з-закот» ҳамин назарро бартарӣ дода, таъйид намудааст;
6. Мўътабар дар воҷиб шудани закот бар зевароти зан, молик будани амалии онҳост, на тариқи ба даст овардани онҳо. Бинобар ин, фарқ надорад, ки он зеваротро худи зан барои худ харида бошад ва ё падар ва ё модараш ва ё шавҳараш барояш тўҳфа карда бошад. Муҳим зан соҳиби комилҳуқуқи он зеваролот бошад.
7. Миқдори воҷиб будани закот рубъи ушр, яъне аз ҳар чиҳил ҳисса як ҳисса аст. Масалан, агар зан зевароте дорад, ки нархи онҳо чаҳор ҳазор сомонӣ аст, бояд аз он зеварот сад сомонӣ закот бидиҳад ва ё агар як саду бист грамм вазн дорад, бояд се грамм ва ё баробари арзиши онро тавреки дар боло зикр намудем закот бидиҳад.
8. Воҷиби закот бар худи зан аст ва шавҳараш масъулияти шаръӣ аз додани закоти зевароти вай надорад. Вале бо он ҳам, агар аз рўи эҳсон ва некӣ, закоти зевароти зани худро адо кунад, закот аз зиммаи занаш соқит мегардад;
9. Зан агар сарватманд бошад ва бар вай закот лозим гардида бошад, набояд закоти худро ба шавҳар бидиҳад, агарчи шавҳараш камбағал бошад ва агар закотро ба шавҳари худаш дод аз зиммааш соқит намегардад. Бояд он закотро дубора ба шахсоне ки додани закот ба онҳо равост, закот бидиҳад (Баъзе аз донишмандон дар мазҳабҳои дигар мегўянд, ки закот додани зан бар шавҳараш раво аст).
10. Садақаи фитре, ки бар зан лозим мегардад, бояд худи зан онро адо намояд ва шавҳараш масъули адои он нест. Вале агар шавҳар ба ҷои зан садақаи фитрашро дод, аз зиммаи зан соқит мегардад;
11. Агар зан масъулияти фарзандонашро худаш ба ўҳда дорад ва аз назари молӣ дар ҳолате аст, ки бар вай садақаи фитр лозим мегардад, бояд садақаи фитри фарзандони зери сарпарастии худро низ адо намояд;
12. Агар чунин зане ҳомила аст, аз тифли шикамаш садақаи фитр лозим намегардад, магар он ки тифлаш пеш аз тулўъи субҳи рўзи иди Фитр таваллуд шавад.