Қозӣ, мурғ ва се ҷиноят

Ислоҳ нет

Қозӣ, мурғ ва се ҷиноят

(Қиссаи зебое,ки аз ҳоли воқеъии мо ҳикоят мекунад)

Як мард мурғеро мекушад ва ба назди дуконе,ки махсуси мурғ буд(қассобхонаи мурғ) меояд. Аз соҳиби он дӯкон талаб мекунад,ки ин мурғеки дар даст дорад онро пора ва тоза кунад.Чунин дӯконҳо ҳолоҳам дар бисёре аз кишварҳо дида мешавад.Аммо дар мо чунин дуконе вуҷуд надорад,зеро соҳаи мурғпарварӣ дар мо онқадар рушд накарда аст.Соҳиби он дӯконба ин мард мегӯяд мурғро гузоред ва пас аз як соат онро омада гиред.

Пас аз ин қозӣ аз назди ҳамон дӯкон мегузарад ва аз соҳиби он дӯкон як мурғ талаб мекунад,то бихарад.Соҳиби дӯкон мегӯяд ман ҳоло мурғ надорам ва танҳо пеши ман ин мурғ ҳаст,ки аз як марде мебошад.Худаш ин мурғро кушта овардааст, то барояш онро тоза кунам ва пора карда бидиҳам.Қозӣ вақте мебинад дар дӯкон мурғ барои фурӯш нест.Мегӯяд ҳамин мурғро ба ман бидеҳ ва агар он мард омад ва аз шумо талаб кард мурғамро бидеҳ. Барояш бигӯ мурғат парвоз карда рафт.Агар гуфт чигӯна парвоз кард,ки ман ӯро кушта будам ва сипас ба тӯ додам.Барояш бигӯ агар бовар намекуни,биё меравем пеши қозӣ, то ӯ ҳукм кунад.Қозӣ чунин соҳиби дӯкони мурғфурӯширо чунин омӯзониду рафт.

Мардеки мурғашро гузошта буд омад ва мурғашро талаб кард, то онро бигирад.Соҳиби дӯкон гуфт мурғи шумо парвоз карда рафт.

Мард хашмгин гашт ва гуфт ту девона ҳасти? Ман он мурғро худам куштам ва ба ту додам чӣ гӯна мурғи мурда парвоз мекунад?.

Мард аз соҳиби дӯкон талаб кард биё меравем пеши қозӣ то ӯ миёни мо ҳукм кунад ва ҳақиқат пирӯз гардад.

Ҳангомеки мерафтанд ба назди қозӣ дар роҳ як марди мусалмон бо яҳудие мушт занӣ доштанд.Соҳиби дӯкони мурғфурӯши миёни ин ду дохил мешавад,то онҳоро аз ҷанг манъ намояд.Ногаҳон ангушти соҳиби дукони мурғфурӯши ба чашми марди яҳудӣ мезанад ва чашмашро кур мекунад.
Дар ин ҳолат мардум ҳама ҷамъ мешаванд ва соҳиби дӯкони мурғфурӯширо меқапанд, то ба назди қозӣ бубаранд.Ҳангомеки наздики маҳкама мешаванд.Соҳиби дукони мурғфурӯшӣ аз дасти он ҳама мегурезад ва дохили масҷид мешавад.Вақте мардум ҳама ба сӯяш медаванд, то ӯро дубора дастгир намоянд аз тарс болои манораи масҷид мебарояд.Мардум аз пушташ мехоҳанд боло раванд, то дастгираш намоянд.Ӯ худро аз он боло ба замин мепартояд.Дар замин як марди пиронсоле қарор дорад ва дар болои ӯ меафтад ва он марди пиронсол дар ҷойи ҳодиса ҳалок мегардад.Писари он марди ҳалок гаштаҳам бо ҷамъи мардум мепайвандад дастгираш мекунад ва ӯро ба назди қозӣ мебаранд, то қозӣ ҳукмашро содир намояд. 
Ҳангомеки ба додгоҳ дохил мешаванд қозӣ соҳиби дӯкони мурғфурӯширо мебинад ва мурғи гирифтааш ба ёдаш меояд ва механдад.

Қозӣ намедонад,ки инҷо се қазия ё ҷинояте сурат гирифта аст.
Дуздии мурғ.
Кур кардани марди яҳудӣ.
Куштани марди пиронсол.

Ҳангомеки мефаҳмад инҷо ин се қазия ё ҷиноят аст ва ҳарсеро ҳамин як мард анҷом додааст.Комилан аз ханда боз меистад ва сарашро меқапад ва ба фикр фурӯ меравад,ки чикор кунад.
Қозӣ мегӯяд биёед якто якто қазияҳоро ҳал мекунам.

Аввал соҳиби мурғро ба назди ман даъват кунед.

Соҳиби мурғ мегӯяд: Ин мард мурғи маро дуздида аст.Ман ба ӯ мурғи кушта шударо додам, то онро пок намояд, ӯ бароям гуфт: як соат пас биё вақте омадам мегӯяд мурғат парвоз карда рафт.Ба фикри шумо ин имкон дорад ҳазрати қозӣ?
Қозӣ мегӯяд:Оё ту ба Аллоҳ имон дорӣ?
Мард мегуяд: Бале ҳатман.
Қозӣ мегӯяд: Аллоҳ мурдаро зинда мекунад,дар Қуръон ояте ҳаст:
“-Чӣ касе ин усухонҳои пусидаро зинда мекунад”(Сураи Ёсин,ояти 78)
Пас аз ҷоят бархез ва ба корат биштоб. Ин мард гунаҳкор нест ва бар гарданаш чизе надорӣ ту.

Даъват кунед даъвогари дуввумро.

Марди яҳудӣ дохил мегардад ва мегӯяд ин мард як чашми маро кур кардааст.
Қозӣ мегӯяд: Аслан дар шариъати исломӣ касе чашматро кур кард бояд чашмаро кур куни дандонатро шикаст бояд дандонашро бишкани. Вале дияии аҳли зимма (яҳуду насоро) нисф аст, бар хилофи мусалмонон,агар мусалмон мебуд ин ҳукм татбиқ мегашт.Бояд мо як чашми дигаратро кур кунем, то пас аз он як чашми ин мардро ту кур кунӣ.Яҳуди вақте ин ҳукмро мешунавад мегӯяд: Ман даъвое надорам аз ин мард ва намехоҳам аз як чашми дигарамҳам маҳрум гардам.

Даъват кунед даъвогари севвумиро.

Писари он пирамард дохил мешавад ва мегӯяд ин мард аз болои манораи масҷид бар болои падари пиронсолам худро партофт ва падарамро кушт.

Қозӣ мегӯяд: Биравед бо ин мард(соҳиби дукони мурғфурӯши) ба он масҷидеки ҳодиса сурат гирифтааст.Ту болои манораи масҷид болорав ва ин мардро дар ҳамон ҷоеки падарат истода буд бигузоред.Ту худатро аз он боло бар рӯйи ин мард биандоз, чунонеки падаратро кушта аст ончунон бояд кушта шавад.
Писари он мард гуфт: Ҳазрати қозӣ хуб ман мебароям болои манора ва худро аз он боло бар рӯяш мепартоям.Вале имкон дорад ин мард худро ба тарафи рост ва ё чап кунад ва ман ба замин меафтам мумкин аст худам ҳалок гардам.
Қозӣ мегӯяд: Гӯш кунед ин мушкили ман нест,чаро падарат ба тарафи рост ва ё чап наистод, то ин мард вақте худро андохт худаш ҳалок мегашт на падари ту.
Писари мард мегуяд:Ман даъвое надорам аз ин шахс ва аз даъвоям даст мекашам.

Бо ҳамин ҳама даъвогарон аз даъвоҳои худ даст мекашанд. Соҳиби дукони мурғфурӯши халос мегардад.Бубинед хонандаи гиромӣ барои як ҷинояти қозӣ,ки он гирифтани мурғи шахси дигар буд ду ҷинояти дигар сар зад.

Хулосса:

Ҳамеша инро бояд соҳибмансабони давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,додгустариҳо,додгоҳҳо бидонанд.Агар хоҳанд сатҳи ҷинояткори дар кишвар кам гардад бояд худашон аз даст задан ба ҷиноят худдорӣ намоянд.Чунонеки дар қиссаи боло дидем як ҷинояти судя ё қозӣ, сабаб гашт ду ҷинояти сангини дигар содир гардад.Боз бадбахтиаш дар инҷо аст,ки бо додани як мурғ ё пора, ҳама он ҷиноятҳо рӯпӯш ва бегуноҳии муҷрим сад дар сад таҳаққуқ меёбад.

Онҳоеки ҷабрдида ва мустаҳақанд аз ҳаққи ҳалолашон маҳрум мегарданд.Ин бузургтарин ҷиноятест,ки мақомоти додгоҳӣ ва қазоӣ содир менамоянд Бояд мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ончунон поку содиқ бошанд,ки дар анҷоми рисолаташон,то ҷинояткор қабл аз анҷоми ҷинояташ чанд маротиба фикр кунад.Вале вақте пора ва корупся вуҷуд дошта бошад, ҷинояткор аз анҷоми ҷинояте,ки дар назар дорад,сарфи назар ва ё дури наменамояд.Ҷинояткор медонад бо додани ришва гӯё ҳеҷ ҷинояте аном надодааст ва ҳукми бегуноҳиаш, аз тарафи суд содир мегардад

.Аз Аллоҳ таманно дорам, то судияҳо ва додгустариҳои мо ҳамеша барои кашфи ҷинояткорон ва ба кайфари аъмолашон расонидани онҳо содиқона ҳукм содир намоянд.Ҳаргиз бегуноҳонро зиндонӣ накунанду худро дар пешгоҳи виҷдон, Аллоҳ ва хонадонӣ он мазлумон шармсор нагардонанд.

Share This Article