Ҳоли имрӯзаи миллати точик хело маро нигарон карда аст. Мардум дигар аз хондан таҳқиқ ва ташхису пажуҳиш хело дӯр шудаанд. Як фитнае, ки хадамоти махсуси Англис, яҳуд ё дигар хадамоти зидди исломӣ бароҳ андохтаанд,то асрхо ин бад бини миёни мусалмонон идома ёбад. Мо бошем онро амали намуда истода ва пилони шумашонро амали дорем. Агар сухани файласуфони Юнони, Англис, Хинди , Чинӣ ва ё кабл аз қуруни вустоии бе дин нақли кавл шавад. Касе хеч интикоде надорад ба ҷуз таъйиди ақволи онҳо.Албатта ҳикмат гум кардаи муъмин аст бояд онро ҳар куҷо,ки ёфт бигирад.Дар ҳоле хуб медонем ҳаргиз дар суханони ашхоси бе дин ҳикмат нест инроҳам фаромӯш набояд кард!
Аммо агар сухани уламои исломи мисли Шайхул ислом Ибни Таймия , Ибни Қайим, Албони, Ибни Усаймин, (рах) гуфта шавад. Мутаъассибон ахамият намедиханд чи гуфтаанд. Дар ҳол туро хукм ба Салафи, Ваххоби ва дигар тамғаҳои мутадовили маъруфи имрӯза иттихом менамоянд.
Агар накли кавл аз Хасанулбано, Сайидкутб (рах) намоиҳам дар ҳол туро иттихом ба Ихвони будан менамоянд. Аслан чунин ашхоси бемор ва гирифтори таъассуб гашта ҳеҷ таваччухе намекунанд,бе тааммул туро хукм менамоянд..
Аввалан бародарону хоҳарони гиромӣ ба ин тавтиъаҳои душманони ислом дода нашавед. Ман аз ин иттиҳомоти мутадовили имрӯза ҳаргиз наметарсам , хуб медонам мазҳабам кадом аст ва чӣ дидгоҳу назар ва ақидае дорам.То имрӯз ончи дар тавони мани нолоиқ буд онро аз миллату ҳам меҳанонам дареғ надоштам,Аллоҳ онро аз мо пазируфта бошад. Ҷанобони мутаъассиб каме андеша кунед қабл аз ҳар иттихоме ба як бародари мусалмонатон мекунед?