Чаро арабҳо дар умум форсу тоҷикро маҷусӣ мегӯянд?
Дар охири асри бистум ва оғози асри бистуякум, хоссатан оғози даҳҳаи дуввуми ин аср, шоҳиди баъзе ҳаводиси аҷибу ғарибе шудаем.Мумкин аст дар асрҳои пешин чунин таноқузотҳам вуҷуд доштанд,чун мо шоҳиди бевоситаи он набудем бароямон пинҳон аст. Манзурам аз ин ҳаводис бе эҳтиромии миллати форс аз тарафи арабҳост.Чунин зиддият ва бадбини қабл ба ин андоза вуҷуд надошт,ки ҳоло вуҷуд дорад.
Форсу тоҷикро аз ислом намешавад ҷудо кард.Ин миллат ончунон бо ислом ба масобаи гушту нохунанд,ки ҷудо карданашон маҳол аст.Ин миллат ба ислом онқадар уламо ва адибон, муҳаддисон, муфассирон, муаррихон,фақеҳони оламшумуле тақдим намудааст,ки араб бо он эҳтироме,ки ба онҳо дорам бо таъассуфи шадид тақдим накардааст.
Намехоҳам ба ҷузъиёт ва номбар намудани онҳама бузургон инҷо бипардозам зеро дар он лузуме намебинам. Бо ихтисор мегӯям ин миллат бисту ду ҳазор олим ба олами ислом тақдим намудааст.Хомӯш шудан ва заволи уламои ин миллат дар сарзамини Эрон бошад аз ба қудрат расидани Шоҳ Исмоили Сафавӣ оғоз гашт.Дар манотиқи осиёи миёна бошад,то суқути Бухоро ва Самарқанд аз тарафи Русҳои болшевики.Дар ҳавзаи Афғонистону Ҳиндустон бошад,то истилои Инглис ба он сарзаминҳо метавон хулоса намуд.
Меравам ба асли матлабе,ки мехоҳам бигӯям.Ин мусибатҳоеки бар сари миллати мо омад яке Шоҳ Исмоили Сафавӣ,ки ба зури шамшер ин миллатро шиъа кард беш аз ду миллион аз ин миллатро,ки намехостанд шиа шаванд бадарға кард. Онҳоеки муқовимат карданд нахостанд шиа шаванд аз дами шамшер гузаронд.Хело шахси золим ва қотиле буд,таърихнигорон менависанд вориди масҷид мешуд намозгузоронро аз болои манораи масҷид ба зер меандохт. Боқи монда барои бақои ҳаёт ин мазҳабро пазируфтанд.
Дар манотиқи мо бошад Русҳои болшевики бе Худо ҳуҷум карда ҳама ҳуввияти миллии моро мисли фарҳанг, расмулхат, забон,ва диниамонро анқариб аз байн мебурд.Худоро сипос гузорам уламои ин миллат тавонистанд,то ҷойи тавон дину мазҳаби моро нигоҳ дошта ҳифз намуда,аз нобуди раҳониданд.
Дар ҳавзаи Афғонистону Ҳиндустон Англисҳо кори худро анҷом доданд.Агарчи ҳаммиллатони ғаюри мо дар Афғонистон ҳама ҳуввияти дини ва миллиамонро ҳифз намуданд.Мутаҷовизи Англисро сипас Русро шармандавор берун намуданд.Боз як мутаҷовизи дигараш онҷо меҳмони нохонда гаштааст мунтазири шармандавор берун гаштанаст.Аммо муҳим миллати мазлуми ин сарзамин сарсон саргардон,то ба ҳол ором нест.Хулоса ин миллатро ором нагузоштанд,то инкишоф кунад ва мисли асрҳои қабли ба олам уламо ва донишмандон тақдим кунад.
Ин ҳамаро арабҳо хуб медонанд албатта манзурам онҳоеки ҳама форсу тоҷикро дар минбарҳои баланд “Маҷусӣ” меноманд ва туҳмати нораво мекунанд.Боз тоҷикҳое ҳастанд дар гирду атрофашон, ба ҷои инки ин интиқоди нораво ва комилан ғалату бе асоси онҳоро рад кунанд сар меҷунбонанду бале мегӯянд.
Охир агар шумо душмани бо ҳукумати имрӯзии Эрони Сафавӣ доред,душмани бо низому ҳукумати валии фақеҳ доред танҳо суханонатонро хитоб ба онҳо намоед,на ба миллати форсу тоҷик.Қасди Алиро аз Вали набояд гирифт,миллат аз ин иттиҳом бари аст.
Мо мефаҳмем шуморо,ки чӣ мусибаҳое маҷусиҳои асли ва қасам хурдаи набарди Қодисия ва Наҳравони шикастхурди дирӯз. Имрӯзҳо қасди дирӯзро мегиранд ва бар сари Аҳли Суннат дар олам чӣ балоҳоеро овардаанд.Аммо бо таъассуфи хело шадид мо феълан заъифтарини заъифонем, аз ҷиҳати қувва ва бозӯ.Аммо аз ҷиҳати имон ва садоқат ба ин дин ва мазҳабамон қоим ва чун куҳ устуворем.
Эрон танҳо ва ягона маҳди ин миллат нест! Ин миллат дорои чандин сарзаминҳои паҳновар буд ва,то баҳол бақоёи он миллати шукуҳманд дар он сарзаминҳо боқист.Чун Бухоро, Самарқанд, Хоразм, Хева, Қуқанд, Ҳисор, Хуҷанд, Ҳирот, Балх,Ғазнӣ,манотиқи азими шибҳ қораи Ҳинд.Ҳатто Эрон гоҳо ба ин пойтахтҳо мутеъ ва зам буд.
Бояд ин фаҳми ғалатеки Арабҳо доранд ва ҳамаи миллати моро “Маҷусӣ ва оташпарасту зардуштӣ” меноманд ислоҳ гардад.Агар онҳо ислоҳ нагаштанд ҳадди ақал шумо бародарони тоҷикеки суханҳои онҳоро сар чунбонида дуруст медонед ислоҳ шавед. Гоҳо шайхҳоеро мебинам мошоаллоҳ ҳофизи Қуръон ва Аҳодис аст.Донандаи хуби улуми дигари исломӣ аст.Аммо форс дар назараш танҳо маҷусӣ ва оташпараст аст.Аз таърих ва ақвому миллал бӯе намебарад ва иттилоъе надорад.
Худи ман бо як шайхи хело номдор,ки мавриди эҳтироми хело аз мардуми ҷазиратул араб ва дигар кишварҳост.Пас аз хуфтан,то соати 3 шаб суҳбат кардам, фаҳмонидам,ки форсҳо ҳамаашон маҷусӣ нестанд.Ончунон баҳс намудем,ки қариб ҳукмам мекарду мароҳам маҷусӣ мегуфт.Устод Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуди шаҳидро бе тавақуф ва истиҳола рофизи маҷусӣ мегуфт.Охир ӯро фаҳмонидам,ки фаҳми шумо ғалат аст,шукр тавонистам ба кулли ақидаашро нисбати ин миллат иваз кунам.
Дар як конфронси дигар дар Боку иштирок доштам,ҳангоми муаррифи намудани бузургони миллати форсу тоҷик ва хадамоти онҳо ба ислом.Яке аз иштирок кунандагони конфронс,ки аз давлати Мағриб буд суханамро қатъ намуда бидуни ҳеҷ риояте чунин гуфт: Имом Бухорӣ,Имом Тирмизӣ ҳарду турканд ва Имом Муслим бошад аз Нишопур аст аҷдодаш араб аст.Дар умум форсҳо мавриди эҳтиром нестанду маҷусӣ ва рофизӣ ҳастанд.
Акнун тасаввур кунед,чӣ ҳолате маро онҷо фаро гирифт .Дар конфронс як нафар тоҷик иштирок мекард,ки ман будам.Қариб ду соат фаҳмонидам ва иштирок кунандагони осиёи миёна турку узбекҳо буданд.Дар ҳоле медонанд ин ғалат аст вале хомӯш будан ба сӯди онҳо буд.
Савганд ба Аллоҳ аслан маълумот надоранд баъзе аз он ашхосе аз минбарҳои баланд чунин шиъор медиҳанд ва ин миллатро истеҳзо менамоянд.Онҳоеки ҳаммосаи милли доранд араби балад нестанд,онҳоеки араби баладанд намехоҳанд ин масаларо фаҳмонанд.Гоҳо онҳоеки араби баладнду ҳисси милли доранд худашон муттаҳам ба маҷусиятанд.
Ин миллати ранҷур ва захми дар миёни чор дарё тахтабанд мондааст. Ман миллатчӣ нестам ва дар асл миллати ман исломи азиз аст.Вале арабҳо миёни худ як вожаи “Уруба” доранд.Мо агар ин вожароҳам надошта бошем ақалан ҳифз намудани шаъну шарафи ин қавму аҷдодамонро дошта бошем.
Фарқе нест миёни араб ва аҷам, магар дар тақво ва парзезкорӣ.
Умеддорам дарди маро фаҳмидед,аз шумо хоҳиш менамоям он машваратҳоеки дар ин замина муфиданд изҳори назар намоед.Мехоҳам малака ва заковату тезҳушии шумо миллати ҷафо кашидаамро фаҳмам.