Фарҳанги номгузорӣ дар Ислом
Ба номи Худованди ҷонофарин
Ҳакими сухан дар забон офарин
Ба номи он ки ҳастии ҳама махлуқоти олам аз Ўст ва Ў таоло дорои номҳои зебост ва бар бандагонаш хостори накўист ва мехоҳад, ки онҳо низ номҳои зеборо дошта бошанд, то бо номҳои худ нексиришт ва фармонбардори Ў таоло бошанд.
Агар мо ба мафҳуми луғавии калимаи ном назар кунем, мебинем ки он барои муаян кардани шахсе ё чизе ба кор бурда мешавад. Бинобар ин, ман тасмим гирифтам, то дар мавриди фарҳанги номгузорӣдар таърихи қадиму ҷадиди миллатамон ва аҳаммияту таъсири номгузорӣдар руҳияи шахс ба таври мухтасар ибрози ақида намоям.
Ба ростӣ, дар ҷомеаи кунунии мо алалхусус дар Тоҷикистони азиз, падару модарон имрўз тоза ба ин чиз аҳаммияти хосса дода истодаанд. Метавон гуфт, ки мардуми мо аз қадим ба фарзандони худ номҳои хуб ва шевоеро, аз қабили Ҷамшеду Нуширавону Бузургмеҳр, Рустаму Суҳроб, Баҳрому Кайқубод, Судобаю Гурдофариду Таҳмина ва дигарҳо, ки хушсадову хотирмон будаву ба таърихи қадимаи тоҷику форс иртибот дошт ихтиёр мекарданд. Пас аз зуҳури дини мубини Ислом ва пайрави он гардидани мардуми форсу тоҷик ҳам, он номҳои қадимае, ки нисбат ба эътиқодашон тазод надошт ва халал эҷод намекард бо номҳои исломӣомезиш ёфт ва ё сирф ба ҳамон шакли қадимаашон боқӣмонд. Масалан то солҳои истилои ҳукуматдорони рус марзу буми моро, номгузории фарзандони мусалмонон бо усули аҷдодию маҳаллӣва ё сирф тибқи одатҳои маъмулии он замонҳо сурат мегирифт ва калимаҳои Мирзову Саид, Махдуму Хоҷа, Мавлавию Қозӣ, Қорию Ҳофиз, Устою Дуредгар, Наққошу Оҳангар, Хоҷаю Мунаҷҷим ва ғайраҳо ба эътибори унвону шўҳрату касбу мансаб ба ном изофа мешуд ва ё баръакс, ном ба он калимаҳо изофа мегардид. Албатта, ин мерос то замонҳои наздик, ҳатто то солҳои 65- уми қарни гузашта идома дошт. Пас аз кам шудани насли боқимондаи қабл аз истило, насли нави дур аз фарҳангу ҳастии миллию динӣ, ки тамоман дар муҳити нав ва ҷомеаю мактаби дигар зиндагӣва тарбият ёфта буд, ба вуҷуд омадан гирифт. Ин насли ҷадид ва дар чунин муҳити нав ба вуҷуд омадаю тарбиятгирифта номҳои фарзандонашонро ба шеваи муносиби замонашон номгузорӣ мекарданд.
Дар он солҳо ин наслро чун сатҳи маърифати диниашон ба маротиб кам гардида буд, танҳо ҷанбаи худшиносии миллиро дар забон ҷўё гашта ва ин шеваро барои худ қабул карданд ва воқеан ҳам танҳо ҳамин ҷанба метавонист онҳоро ба худ ҷалб кунад, зеро ноогоҳии аз дин ва худошиносӣчунин натиҷаҳоро ба бор меорад. Насли нави дар он солҳо тарбиятдида, ки ба табақаи бомаърифат ва зиёии кишвар шинохта мешуд шеваи номгузории форсии қабл аз Исломро ба худ қабул карда номҳои Сиёвушу Рустам, Манучеҳру Дороб, Дорою Фирузу Афросиёб ва ба инҳо монандро бештар ихтиёр мекардагӣшуданд. Метавон гуфт, ки ин равиш дар байни касоне, ки масоили эътиқодиашон нисбат ба масоили миллиашон камтар аҳаммият дорад, бештар ба чашм мехурад. Дастаи дигаре, ки насли ҳозираи моро дарбар мегирад, метавон он номгузории форсии роиҷгаштаи пас аз солҳои 65 мелодиро ба онҳо нисбат дод. Инҳо наслеанд, ки дар партави тарбиятҳои исломӣ нашъу намо гирифта ва ё лоақал ба дини Ислом эътиқоди қавӣдоранд ва аз уламои вақт, ки ҳамроҳашон ҳузур доранд тақлид ва пайравӣменамоянд ва тибқи нишондоду фармудаҳои онҳо, фарзандон ва навзодони худро ба номҳои муаянардаи онҳо номгузорӣменамоянд. Масалан ин даста номи навзодҳои худро ё ба номҳои ба нисбати Худо банда буданро нишондиҳанда, мисли Абдуллоҳу Абдурраҳмон, Абдулкариму Абдулмаҷид, Абдулхолиқу Абдуррозиқ ва монанди инҳо номгузорӣмекунанд. Баъзеи дигар бошад номҳои паёмбарони илоҳӣ, чун Иброҳиму Исмоил, Яъқубу Исҳоқ, Айюбу Закарийё, Юсуфу Мусо, Исову Муҳаммад ва дигаронро, ки бандагони баргузида ва интихобнамудаи Худованд барои роҳнамоии башарият мебошанд, салому дуруди Худои пок бар равони ҷумлагиашон бодо, ихтиёр мекунанд. Инчунин баъзеҳо барои тифлони навзоди духтар ба дунё омадаашон номҳои модарони паёмбарони илоҳӣ Оминаву Марям, Сорову Ҳоҷар ва дигарҳоро ва инчунин номҳои модарони мўъминон азвоҷи мутаҳҳарот, мисли Хадичаю Оиша, Ҳафсаю Зайнаб ва фарзандони он ҳазратро аз қабили Фотимаю Умми Гулсуму Руқия ва номи занҳои аввал исломовардаву барои нашру густариши дини Ислом хидматкарда, аз қабили Сумаяву Асмо, Зинираву Наҳдия ва дигарҳоро, ки раҳмату ризои Ҳақ шомили ҳолашон бошад, номгузорӣ мекунанд. Ва инчунин қисмате аз мардуми мусалмон фарзандонашонро ба номҳои асҳоби Расули акрам ва ёрони бовафояш, аз қабили Абубакру Умар, Усмону Алӣ, Ҳамзаву Аббос, Ҳасану Ҳусен, Талҳаю Зубайр, Холиду Саъд,Ҳузайфа,Анас,Усома,Қутайбаву Мусъаб ва ба инҳо монанд дигар қаҳрамонону хидматкардагони дини Худо, дуруди Худо бар равони поки ўву ёронаш, номгузорӣ менамоянд.
Албатта, бояд зикр гардад, ки ин табақабандии зикршуда қишри бомаърифат ва фаҳмидаву бофарҳанги ҷомеаро дарбар мегирад. Мутаассифона аз қадим ва ҳатто имрўзҳо ҳам бо номҳое рўбарў мегардем ва онҳоро бо хиҷолатмандӣ ба забон меорем, ки аз шуниданашон инсон дар ҳайрат ва шигифт мемонад, мисли Ҷорўбу Хошок, Пулоду Санг, Тешаю Табар, Зардаку Сурхак, Бузмаку Норас, Ҷангию Тупаланг, Ғулому Зурибек ва ғайра, ки дар асоси тахаюлот ва ақоиди ғалати мардумӣ гузошта шудаанд ва гуё, ки агар фарзанд ба ин ном номгузорӣ шавад он аз балову офатҳо наҷот ёфта ва дар хурдсолӣ намемирад ва наузубиллоҳ гуё, ки чунин номи дурушту дағал он тифлакро аз мурдан нигоҳ медорад. Дар асл бошад ин ҷуз як эътиқоди ҷоҳилона чизи дигаре нест. Барои он ки хонандаи гиромӣва бо андешаву нуктасанҷ нигоҳи дини мубини Ислом ва фармудаҳои Расули акрамро дар ин маврид бидонад вориди мавзўъ гашта ва дастуроту фармоишҳо ва раҳнамуду нишондодҳои Худову паёмбараш ҳазрати Муҳаммад, дуруди Худои тавоно бар равони поки ў, мавриди пайгирӣ ва баррасӣқарор мегирад.
Номгузории фарзанд дар Ислом
Яке аз корҳои писандидаи иҷтимои он аст, ки пас аз таваллуди фарзанд падару модар барои ў номеро интихоб мекунанд то бо он ном шинохта ва садо карда шавад ва барои бегона ва ошно қобили шиносои бошад. Чун шариъати исломӣ комил шуда ва ҳеҷ чизеро фаромўш накарда ва нотамом боқӣ нагузоштааст, албатта, ба ин нукта, яъне номгузорӣ низ таваҷҷўҳи хоса зоҳир намуда ва инчунин аҳком ва нишондодҳоеро дар баробари ин аз худ ба ҷой гузоштааст, ки нишонгари таваҷҷўҳаш ба он аст. Ва ин ҳам ба он хотир аст, ки уммати исломӣ тамоми масъалаҳои марбут ба навзодро, ки боиси иззат ва пурракунандаи шахсияташ мегардад бишиносад ва бакор гирад.
Кай ва ё дар кадом вақт навзод бояд номгузорӣ шавад?
Асҳоби Сунан аз Самура (р) ривоят мекунанд, ки Расули Худо (с) ба ин мазмун фармудааст:
«Ҳар навзоде дар гарави Ақиқааш аст, ки рўзи ҳафтум (ҳайвонеро) сар бурида мешавад ва дар он рўз номгузорӣшуда ва сар-(и навзодро) метарошанд».
Бинобар хабари ин ҳадис, номгузории навзод бояд рўзи ҳафтуми пас аз таваллудаш бошад ва аз тарафи дигар аҳодисе низ дорем, ки далолат дорад бар он, ки номгузории навзод дар ҳамон рўзи таваллуд аст. Албатта, дигар аҳодисе низ омада, ки агар Ақиқа дар рўзи ҳафтум сурат нагирифт мешавад дар рўзи 14-уми пас аз таваллуд ва ё ниҳояташ рўзи 21-уми он сурат бигирад, на пас аз он, зеро он Ақиқа не, балки садақаи одӣҳисоб мегардад. Бояд зикр намоям, ки дар қисмате аз мардуми мо одат аст, ки оилаҳои тифли нахустин дар хонадонашон ба дунё омада, модару тифли навзодро пас аз 40 рўзагӣчун ба хонаи падараш меоранд гаҳворабандон менамоянд. Ин як одати мардумии мо аст ва он аз иршодот ва раҳнамудаҳои дини Ислом набуда, балки гаҳворабандон ва ҷашни маъмулии мардуми мо ба ҳисоб меравад ва он Ақиқае, ки амалкард ва пайравӣ кардани он суннат буда ва ба умеди дарёфти савоби суннат амалӣмегардад, ба шумор намеравад ва як садақаи маъмулие беш нест. Аз ин сабаб, ба хонаводаҳои мўҳтараме, ки мунтазири тифли нахустини худ ҳастанд тавсия менамоям, ки навзодро дар рўзҳои фармудаи Расули акрам (с), рўзҳои 7-ум, 14-ум ва ё 21-уми таваллудаш, корҳои марбут ба ақиқаи навзодро амалӣ намуда итоати савоби суннат ва пайравии Расули акрамро соҳиб гарданд. Дар сурати қодир будан ба Ақиқа ва дидаю дониста сарпечӣ кардан аз он ва ё беаҳаммиятӣ карда суннат наҳисобидани он, хатари мавриди сарзаниш қарор гирифтан вуҷуд дорад, ки аз Расули Акрам саллалоҳу алайҳи ва салам ҳадисеро ба ин мазмун ривоят мекунанд, ки гуфтааст: «Шахсе ки (дидаю дониста ва аз рўи камтаваҷҷўҳӣ ва беаҳаммиятӣ) аз суннати ман сарпечӣмекунад, аз (уммат ва пайравони) ман нест.
Рўзи беҳтарин ва марҳалаи аввалин барои Ақиқаи навзод рўзи 7-уми таваллуди тифл ба ҳисоб меравад ва баъдан марҳалаи дуввум, ки рўзи 14 – рўзагии тифл мебошад ва марҳалаи охирон, ки аз Ақиқаи тифли навзод ба шумор меравад рўзи 21 – рўзагии навзод мебошад ва пас аз он ин маросим бо ҳамин ном ва ё ҳар маросиме, ки ба хотири тифли навзод анҷом мегирад садақаи нофилаи маъмулӣба шумор меравад. Барои он ки ин фармудаҳои пурҳикмат ва гуҳарбори Расули акрамро аз ёд набарем ва аз аҷру савоби он маҳрум нагардем ва фарзанди навзоди худро аз гарав озод намоем, мехоҳам як чизи дигарро низ баён намоям, ки дар мардуми мо одат аст, вақте тифл 4 ё 5 сола ва ё бештар аз он мегардад барои писарони худ туйи суннатӣ(хатнатуй) менамоянд. Ин амал низ ба чунин шакл аз фармудаҳои Ислом нест, зеро барои писарони навзод, тибқи фармудаи Расули акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам хатна намуданаш дар рўзи ақиқааш бо ҳамроҳи тарошидани мўи сари навзод суннат аст ва барои шахси доро лозим аст, ки мўи сари навзодро дар тарозу вазн кунад ва ба миқдори вазни он тилло ва ё нуқра ба камбағалон садақа намояд.
Имом Бухорӣ ва Имом Муслим раҳимаҳумаллоҳ аз Саҳл ибни Соъид (р) ба ин мазмун ривоят мекунанд, ки:
Вақте Мунзир Ибни Абўусайд ба дунё омад ўро ба назди Расули Акрам оварданд. Паёмбар (с) дар ҳоле ки нишаста буд, Абўусайд навзодро бар рўи зонуи он ҳазрат ниҳод. Чун Абўусайд нишасту Паёмбари Акрам(с) ба чизе, ки дар паҳлўяш буд машғул гаштанд Абўусайд амр кард, ки баччаро аз рўи пои он ҳазрат (с) бардоранд.
Паёмбари Худо (с) фармуданд: Навзод куҷост? Абўусайд гуфт: Эй Расули Худо бачаро баргардонидам (то Шуморо азият накунад).
Паёмбар (с) фармуданд: Исмаш чӣбуд? Гуфт исмаш фалон буд.
Фармуданд: На, исмаш Мунзир аст.
Ҳамчунин дар китоби Саҳеҳи Муслим дар ҳадиси Сулаймон ибни Муғийра аз Собит аз Анас (р) омадааст,ки гуфт:
Паёмбари Акрам (с) ба ин мазмун фармуданд: «Имшаб писарам ба дунё омад ва ўро ба номи падарам Иброҳим алайҳи салом номгузорӣнамудам.»
Аз аҳодиси гуҳарбори ҳазрати Расули акрам (с) метавон чунин хулоса баровард, ки дар номгузории навзод аз ҷиҳати фурсати замонӣ вусъат ва фарохие вуҷуд дорад. Навзодро аз ҳамон рўзи аввали таваллуд ҳам мешавад номгузорӣ намуд ва метавон онро то ба се рўз ба таъхир андохт ва ё дар аввалин рўзи Ақиқааш, ки рўзи ҳафтуми таваллуди тифл аст номгузорӣ кард. Албатта, қабл ва пас аз Ақиқа ҳам номгузорӣ кардан ҷоиз аст.
Барои ҳар падару модар лозим аст, ки беҳтарин ва зеботарин номҳоро барои фарзанд интихоб намояд. Паёмбари гиромии Ислом, ки дуруду саломи Худо бар ў бод, дар ҳадисе, ки муҳаддисин онро ҳасан шуморидаанд, бо ривояти Абўдовуд, дар ин маврид мардуми мусалмони пайравашро ташвиқ намуда ва тибқи ин фармудааш амал намуданро амр кардаанд:
انكم تدعون يوم القيامة باسمائكم و بأسماء ابائكم,فأحسنوا أسماءكم
«Рўзи қиёмат шуморо бо номҳои худатон ва номҳои падаронатон садо мекунанд, пас номҳои некро ихтиёр намоед».
Ҳамчунин аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) омада аст, ки Расули Худо (с) фармуданд:
إن أحب أسمائكم إلي الله عزوجل عبدالله و عبدالرحمن
«Маҳбубтарин номҳоятон назди Парвардигори якто Абдуллоҳ ва Абдурраҳмон аст».
Исломи азиз усул ва қавонинеро барои номгузории навзод муқаррар кардааст, ки ба шакли зерин мебошад:
а) Ном бояд накӯ бошад:
Бояд номи интихобшуда зебову хушсадо ва дорои маонии ба хайру баракат ва ё сифатҳои нек далолаткунанда бошад ва гўшхарош набудаву дар назари мардум қабеҳ ва зишт нанамояд, мисли Сангу Табар,Тешаву Зардак ва инчунин ба номҳои ҳайвоноти ваҳшию дарранда шабеҳ набошад, зеро кўдак пас аз ба ҳадди булуғ расидан, аз номгузоришуданаш ба чунин номҳо нохуш мешавад ва эҳсоси хиҷолат мекунад.
Албатта, чунин номҳои гўшхарошу номақбул дар баъзе номҳои фардӣва хонаводагӣ(фамилия), ки феълан дар ҷомеаи кунунии мо ба гўш мерасад, аз бетаваҷҷуҳию камаҳаммиятӣ ва ё ноогоҳии мардуми мо нисбат ба усулу қавонини номгузорӣ ва моҳияти он хабар медиҳад.
Тибқи таълимоти Ислом ном бояд баёнгари садоқату поктинатӣ, ҷасорату мардонагӣ ва нишондиҳандаву далолаткунанда бар бандагии инсон дар баробари холиқи ҳастӣ бошад. Исломи азиз мардуми мусалмонро аз номгузори кардан ба номҳое, ки далолат ба бандагии ғайри офаридгори ягона менамоянд ва инчунин нафратангез будаву шахсияти бокаромати инсонро, ки Худои бузургу меҳрубон ўро ашрафи махлуқот номидааст, мавриди беэҳтиромӣ қарор медиҳанд, барҳазар медорад. Паёмбари гиромии Ислом номҳои зишту бемаъноро ҳамеша ба номҳои пурмаънову накў иваз мекард. Падару модар ва умуман ҳеҷ касеро ҷоиз нест, ки фарзандон ва ё касони дигареро бо лақабҳо ва номҳое, ки назар ба нуқсони модарзодии онҳо иртиботдошта, ба мисли кару кўр, лангу шал, калтаю дароз, сурху сиёҳ ва ғайраву ҳоказои фалонӣ, ки ба хилқат ва офариниши худовандӣ иртибот дорад садо бизанад ва ё ном бибарад, зеро чунин ашхосро Худованди мутаол дар каломи покаш дар ояти 11 сураи Ҳуҷурот сарзаниш намуда ва ба онҳо чунин хитоб фармудааст: «Эй касоне, ки имон овардаед, мабод, ки гурўҳе аз мардон гурўҳи дигарро масхара кунад, шояд он масхарашудагон беҳтар аз онҳо бошанд. Ва мабод, ки гурўҳе аз занон гурўҳи дигарро масхара кунад, шояд он масхарашудагон беҳтар аз онҳо бошанд. Ва аз ҳам айбҷўӣмакунед ва якдигарро бо лақабҳои зишт махонед. Бад аст унвони фисқ пас аз имон овардан. Ва касоне ки тавба намекунанд, худ ситамкоронанд».
Соҳиби тафсири «Фӣзилоли-л-Қуръон» дар тафсири ин оят чунин овардааст: «Аз ҷумлаи ин тамасхуру айбҷўиҳо мардумонро мулаққаб кардан ба лақабҳои зишт ва қабеҳ аст. Лақабҳое, ки аз онҳо инсонҳоро нафраташон меояд ва ё эҳсос менамоянд, ки эшонро мавриди истеҳзо ва ё тамасхур қарор медиҳанд. Аз ҷумла, дар мавриди лақабҳое, ки шахсро бо он қимоб кардан мехоҳанд ва ё ҳайсият ва шахсияти бародар ва ё хоҳари мусалмонро таън мерасонад, каме андеша бояд кард. Одоб ва ахлоқи мўъмин ҳам тақозою талаб менамояд, ки бародар ва хоҳари худро набояд бо чунин лақабҳои ношоиста озору азият намуд.»
Паёмбари Худо (с) бисёре аз ному лақабҳоеро, ки дар даврони ҷоҳилият гузошта шуда буданд тағйир дод. Он ҳазрат (с) бо эҳсоси тезбинона ва ҳуши саршор ва дили бузургворашон дарк карданд, ки чунин ному лақабҳои дағал ва дур аз макорим ва шарофати инсонӣдорандагони ин номҳоро дар оянда нангин намуда, руҳан азият медиҳанд ва кароматашонро назди дигарон паст мебаранд, бинобар ин чунин номҳоро дар ҳаёти мубораки худ тағйир доданд. Дар ояти фавқуззикр Худованд мўъминонро аз мулаққаб намудани дигарон барҳазар намуд ва онро хеле бад ва нохушоянд барои мўъминон қаламдод кард ва барои ҳамин ҳам моро аз чунин амалкард дурӣмебояд, чунки ин аз хислат ва шоистагии шахси мўъмин нест. Қобили зикр ва ёдоварӣаст, ки ҳар амале, ки зулм башумор равад, дар таъбири дигараш ширк ҳисобида шудааст ва бинобар далолати оятҳои мутааддиди Худованд дар каломи покаш, ҳар касе, ки ба Ў таоло ширк меоварад Худованд ўро нахоҳад бахшид. Пас моро лозиму шоиста аст, ки худ ва хонаводаамонро аз гирифторӣба чунин гуноҳҳо дур нигоҳ дорем.
Хонандаи гиромӣ, каме тааммул намову бубин, ки дини Ислом чӣ қадар дини раҳмату адл ва саршор аз муҳаббату шафқат аст ва пайравонашро барои бунёди ҷомеаи дорои эътиқодоти саҳеҳ ва дур аз каҷравию инҳирофот равона менамояд, то ҳамеша дар ҷомеъа як фазои орому солим ҳукмфармо бошад ва мардум барои якдигар эҳиром қоил буда, нармгуфтору хушсухан бошанд.
Имом Тирмизӣ ва Ибни Моҷа аз Ибни Умар (р) ривоят мекунанд, ки ҳазрати Умари Форуқ (р) ба номи «Осия-عاصية-» – ба маънои саркаш (барои касе гуфта мешавад, ки фармон намепазирад), духтаре дошт. Расули Худо (с) номи ўро ба «Ҷамила – جميلة » – яъне зебо ва писандида тағйир доданд.
Абўдовуд ривоят мекунад: Паёмбари Худо (с) номҳои
«Осӣ- عاصي»(Нофармон), «Ъутул – عتل» (сахт, дурушт), «Шайтон – شيطان» (Иблис, дурўя), «Ғуроб – غراب (зоғ), «Ҳубоб -حباب (навъе аз мор)» ва дигар номҳои ба инҳо монандро ба номҳои зебою муносиб тағйир медоданд.
Ҳамчунин аз Абўдовуд ривоят мекунанд, ки Расули акрам (с) номҳои зеринро тағйир доданд: Масалан номи «Ҳарб – حرب »- ро, ки ба маънои ҷанг аст ба номи «Силм – سلم», ки мафҳуми сулҳро медиҳад тағйир доданд. Инчунин номи « Музтаҷиъ – مضطجع » – ро, ки маънои хобидаро медиҳад ба номи «Мунбаъис – منبعث», ки ба маънои бархоста мебошад тағйир дод. Ҳатто номи қабилаеро, ки «Бани-з-зания – بني الزّنية» номида мешуд ва маънояш қабилаи фарзандони аз зиноро медод ба «Бани Рушд – بني الرشدة » яъне ба қабилаи фарзандони соҳиби рушд ва омодагӣ ё нумӯ тағйир дод.
б) Ном баёнгари такаббуру бузургманишӣ ва худбинӣ набошад:
Дар ҳадиси саҳеҳе аз Расули акрам (с) ривоят шудааст, ки Паёмбари гиромӣ(с) ба ин мазмун фармудаанд:
«Рўзи қиёмат зишттарини номҳо назди Худованди мутаол номи марде аст, ки худро шоҳи шоҳон яъне Шоҳаншоҳ ном ниҳода бошад. Дар сурате, ки танҳо Худованди мутаол молик ва соҳиби ин ҷаҳон аст».
(Ҳадис ба ривояти Имом Бухорӣ, Имом Муслим ва Абудовуд омадааст).
Инчунин барои худ ва ё фарзандону каси дигаре гузоштани Асмоуллоҳи-л-ҳусно (Номҳои зебо ва нозанини Худованд), монанди: Аллоҳ, Ар-Рабб, Ар-Раҳмон, Ар-Раҳим ва дигарҳо, ки махсуси Худованди бузургу тавоно мебошанд ва ё бакор бурдани онҳо дар номи хонаводагӣмонанди: Илоҳи Сонӣ, Қозиюл-Қузот, Ҳокимул – Ҳукком, Маликул-Мулук ва дигарҳо ноҷоиз аст. Тибқи ҳадиси фавқуззикр аз чунин номгузорӣ бояд сарфи назар шавад, то ки дар рўзи қиёмат сабаби хашми Худованд қарор нагирем.
Ба ҳамин тартиб номгузори ба номҳое, ки махсуси Худованди мутаол набуда байни Худо ва бандагонаш муштарак мебошанд, аз қабили Самиъ, Басир ва дигарҳо, аммо дар забони арабӣ аломати маърифа доранд, яъне дар оғози он ном алиф ва лом (ال) қарор дорад, монанди: (العزيز،الحكيم،العلي،العليم، – Ал-Азиз, Ал-Ҳаким, Ал-Алӣ, Ал-Алим) ва амсоли он ҷоиз нест, вале тавсиф ва номгузории ашхос ба он асомӣ ва номҳое, ки махсуси Худованд нестанд ба сурати накира, яъне бе овардани алиф ва лом «ال» ҳеҷ мушкиле надорад ва ҳамон тавре, ки шоҳид ҳастед номҳое чун : Алӣ ва Ҳаким номҳои асҳоби Паёмбар (с) буданд. Инчунин номҳои дигаре монанди – «عزيز،حليم،رئوف،كريم،رشيد،هادي،نافع» Азиз, Ҳалим, Рауф, Карим, Рашид, Ҳодӣ, Нофеъ ва амсоли инҳо иншоаллоҳ ҳеҷ мушкиле надорад ва ҷоиз аст.
Инчунин суннат аст, ки номгузории навзод бо яке аз номҳои паёмбарон ва солеҳон бошад, то аз яктараф ёду хотирае аз он бузургон монад ва аз тарафи дигар сабаби ташвиқу тарғиб ва пайравӣ аз онҳо шавад.
в) Ном баёнгари парастиши ғайри Худо набошад:
Дар баъзе мавридҳо бо нафароне дучор меоем, ки мазмуни номашон аз рўи камтаваҷҷўҳӣ ва ноогоҳӣ ба бандагӣ ва парастиши ғайри Худои мутаол далолат мекунад, монанди: Абдулкаъба, Абдуннабӣ, Абдурризо, Абдуррасул, Абдулҳусайн, Абдулмуҳаммад ва ё номҳои ғайриарабие, ки дар мардуми аҷами ғайри араб машҳуранд, монанди: Ғуломаҳмад, Ғуломалӣ, Ғуломгелонӣ,Ғуломрасул ва дигар номҳое, ки ба ин шаклу сурат ва чунин маъниҳо бошанд.Як пасвандеҳам изофа дорем «Қул» онҳам маънои ғуломро мекунад мисли Аҳмадқул,Маҳмудқул,Имомқул Чунин номҳо дар шариати Ислом аз номҳои ҳаром ва ширкиёт ҳастанд ва бояд аз чунин номгузорӣ ҷилавгирӣ шавад.
Ибни Ҳазм ривоят мекунад, ки уммати Ислом бар таҳрими ҳар гуна номе, ки баёнгари парастиши ғайри Худо бошад, ҷуз номи «Абдулмутталиб» иттифоқи назар доранд .
Ва ин ҷо шояд саволе дар зеҳни хонандаи нуктксанҷ пайдо шавад, ки чаро ин номҳо ба ҷуз номи «Абдулмутталиб» ҳаром ҳастанд?
Дар ҷавоб метавон чунин далел овард, ки дар сирати Расули акрам мехонем, ки: Дар ғазваи Ҳунайн дар гармогарми набард Расули Худо бар баландие баромада худро чунин шиносонида фарёд заданд, ки –
إمام أحمد 18495، بخاري 2930، مسلم4507،«أنا النّبي لا كذِب أنا إبنَ عبد المطّلِب»
– «Манам Паёмбари барҳақ, дурўғ нест, манам фарзанди Абдулмутталиб».
(Ин ҳадисро Имом Бухорӣ таҳти рақами 2930, Имом Муслим таҳти рақами 4507, Имом Аҳмад таҳти рақами 18495 зикр кардаанд.)
Ва чун Расули Худо содиқул масдуқ ҳастанд ва ба ин дин аз ҳар касе огоҳу донотар, мо низ гуфтани ин номро ба чунин шакл ҷоиз медонем на ба сурате, ки мо худ касеро чунин номгузорӣ кунем, зеро дуруст аст, ки Паёмбар (с) калимаи Абдулмутталибро бар забон ҷорӣ карданд, вале ин ном бурдани он ҳазрат (с) аз боби иншо ва ё ибтидо набуд, яъне ин номро эшон эҷод накардаанд ва қабл аз ҷорӣ сохтани он бар забонашон ин номро қаблан бар бобои он ҳазрат (с) гузошта буданд ва он кас дар миёни қавмашон бо ҳамин ном машҳур буданд ва мардум ҳам бобои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва салламро бо ҳамин ном мешинохтанд.
Ибни Қайим мегўяд: «Расули акрам (с) дар ин ҷо исмеро баён карда ва ё хабар аз номе додаанд, ки номи бобои эшон буда ва қаблан ба ин ном шинохта шудааст».
Далели дигар дар ин мавзўъ ин аст, ки асҳоби Расули акрам (с) дар назди он ҳазрат (с) номҳои қабилаҳояшонро, ки иборат аз Бани Абдуманоф, Бани Абдушшамс, Бани Абдуддор ва дигарҳо буданд мегирифтанд ва он ҳазрат (с) асҳоби бузургворашро аз чунин номгириҳо боз намедошт ва наҳе наменамуд, зеро ҳар кадоми инҳо як номе аст, ки қаблан барои шинохти он қабилаҳо гузошта шуда ва шахс ё гурўҳе бо он номи хос шинохта мешавад ва худи асҳоб ва ёрони Расули Худо эҷодкунанда ва ё номгузорандаи ин номҳо нестанд. Мехоҳам ба ин баҳс ин нуктаро биафзоям, ки дар мавриди номҳое, ки маънояшон убудияти ғайри Худоро ифода менамоянд, дар умум агар мехоҳем аз он номҳо хабар бидиҳем ва ё аз онҳо сухан гўем ҳеҷ мушкиле барои гўяндаи он ном нест. Вале агар мо худ ин гуна номро дар ҳоли ҳозир ба касе номгузорӣ бикунем, ин амал қатъан ҳаром ва ноҷоиз аст. Умед аст ҳадаф ва мақсади мавзўъро хуб дарк карда ва дуруст фаҳмида бошед.
Як чизи дигарро низ мехоҳам ин ҷо ба падару модарони гиромӣ, ки Худованд ба онҳо фарзанде ато намудааст хотиррасон намоям, ки аз исму номҳое, ки бар гудохташудану дар азоб сўхтан ва ё ишқи сўзон ва саргаштагиҳо далолат менамояд бипарҳезанд, мисли номгузорӣкардан ба номи Шайдою Шайло (ошуфтаву девона шудан), Ниҳоду Ҳайфо (духтари норпистону камар борик), Миёда (зани бо ишва ва нозу карашма), Аҳлом (ҷамъи хоб ва ё бурдборӣ ва ё ҷаҳолат) ва низ як қатор номҳои бачагонаеро, ки ба мафҳумҳои сахиф (нодон, камхирад, аблаҳ) далолат мекунанд номгузорӣ накунанд ва инчунин аз номҳое, ки дар лафз латиф буда, вале маъно ва мафҳуми хубе надоранд сарфи назар намоянд ва номи навзоди худро ба номҳои зебое, ки ба ояндаи тифл асаргузор бошад, номгузорӣкунанд, то шояд он ном дар оянда фахри волидайни гиромӣ ва кишвари азизамон гардад. Беҳтару хубтар мебуд агар падару модари тифл барои номгузории навзод ва нури чашмашон аз номҳои паёмбарони илоҳӣ ва асҳобу ёрони Расули Худо Муҳаммад (с), занҳои покдоману афифа ва хушсалиқаи он ҳазрат, ки Худованди бузургу тавоно дар каломи ҷовидонааш Қуръони карим ба исми «Модарони мўъминон» аз онҳо ном бурдааст ва низ ҳар номе, ки ба убудият ва бандагии Холиқи якто пайвастагиву иртибот дошта бошад истифода намоянд, то шояд ба мисли он бузургворону солиҳин номбардору шуҳратёр гарданд.
Дар ҷомеъаи мо як падидаи дигаре низ вуҷуд дорад ва он ҳам бошад дар як хонавода пай дар ҳам омадани якчанд фарзанди духтар аст, ки падари навзодро нанги ҷоҳилият водор ба он месозад, то худро бе ворис пиндорад ва чун ў дар интизори таваллуд шудани писар аст, номи он духтари навзодашро Басона ва ё Басгулу Басвӣмемонад ва ё як қатор номҳои туркии ифодакунандаи ин маъноро ба он тифлак номгузорӣ мекунад. Барои он ки мавзўъро ба дарозо набарем, ба суроғи китоби осмонӣ Қуръони карим, ки сарчашма ва дастуруламали фиристодашуда аз ҷониби Офаридгор барои раҳнамои ва истифодаи башарият мебошад меравем, то бубинем дар ин маврид чӣ мефармояд.
Дар Қуръони карим чунин омадааст:
Ва чун ба якеашон муждаи духтар диҳанд, сияҳрўй шавад ва хашмгин гардад. Аз шарми ин мужда аз мардум пинҳон мешавад. Оё бо хорӣ(хориро пазируфта) нигоҳаш дорад ё дар хок ниҳонаш кунад? Огоҳ бошед, ки бад доварӣмекунанд.
(Сураи Наҳл, 58 – 59)
Ҳоло агар касе бозҳам хабари таваллуди духтарро пас аз шунидани ин ояти Қуръони карим нохуб ва ё нохуш бидонад, ин шахс ҳатман мушкиле дар ақида ва имонаш дорад ва ё имонаш хеле заъиф асту ақидааш дар ин маврид мутазалзил мебошад, чаро ки ба тақдири илоҳӣ розӣ нест. Агар ин шахс дурустар биандешад дармеёбад, ки агар волидайни ин тифл ва тамоми аҳли замин ҳам даст ба дасти якдигар бидиҳанд қодир ба тағйири қонуни илоҳӣ шуда наметавонанд. Пас чаро беҳуда худро ғарқи гуноҳ мекунанд ва бо он атои Худо нохушнудӣдоранд. Яқини комил дошта бошанд, ки гоҳо духтарҳо корҳоеро анҷом медиҳанд, ки агар тамоми писарони олам ҷамъ шаванд ҳам аз анҷоми он бар намеоянд. Инро аз ёд набояд бурд, ки тамоми насли тайиба ва поки Расули акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз насли духтари афифааш бонуи ҳарду ҷаҳон Фотимаи заҳро разияллоҳу анҳо аст, пас хушнуд бошу ифтихор намо, ки Худои қодиру тавоно туро духтар ато намудааст. Дар ҳадисҳои гуҳарбори Набии акрам (с) ба ин мазмун ривояте аст, ки агар марде се духтарро тарбия намуда ба воя бирасонаду ба шавҳар бидиҳад барояш Ҷаннат муаян аст. Аз ин хотир устувор бош ва дар тарбияи гулдухтаронат саҳлангорӣнакун то Ҷаннатро сазовор гардӣ.
Дар миёни мардуми мо одатҳое низ ҳаст, ки чун якчанд фарзанди он хонадон дар хурди бифавтад шавҳар нороҳат мегардаду занро дар ин кор муқассиру гунаҳгор меҳисобад ва омилҳову сабабҳои ин бемориро ҷустуҷў накарда ва аз пайи табобат ҳам намешавад ва аз рўи ноогоҳӣ вуқўи ин маргу мирро ба сабаби он зан ҳисобида, мўҳлати зиндагонию маргро аз тақдироти илоҳӣнамедонад ва он занро бепайи қадам гуфта нақшаи ҷудошавӣва талоқашро тарҳрезӣ мекунад. Алҳамдулиллоҳ дар ҷомеа шахсиятҳои фаҳмида ва мўъминони воқеӣ низ вуҷуд доранд, ки дар ҳолатҳои вуқўи ин гуна ҳодисаҳо сабру шикебоиро пеша мекунанд ва ба муқаддароти Илоҳӣпойбанд мемонанд. Мисоли зиндаи ин гуфтаҳо воқеияти дар хонаводаи нависандаи ин сатрҳо ба вуқўъ омада мебошад, ки чунин хотира дорад. Мувофиқи хотироти нақлкардаи падару модарам 4 фарзанди хонаводаи мо, 2 писар ва 2 духтар, ки хоҳарону додарони ман будаанд, ҳар кадомашон то як солагӣ ва каму беш зиста ба ҳукми тақдир дори фониро падруд гуфтаанд. Вуқўи ин ҳодисот ҳашт соли ҳаёти якҷоя сипаринамудаи падару модари бузургворамро дар бар мегирифт, вале фарзанди дўстрўяке, ки ҳаётро ширинӣ бахшаду ба зиндагӣ одамро дилгарм кунад дастрасашон набуд. Бо вуҷуди ин ҳама шукри Худо падари бузургворам вуқўи ин ҳодисотро аз тақдир дониста тоқат намуданд ва ба тақдири хеш шукр гуфта маъюсу ноумед нашуданд ва аз Худованди бахшанда фарзанди солеҳ хостанд. Чун хост ва тақдири Илоҳӣ будаасту ман ба дунё омадам, тибқи одатҳои маъмулии байни мардуми авом, барои бақои ҳаёти ман баъзеҳо аз падарам хостанд, ки бароям аз ҳамон номҳои ба фикри ботилу ғалаташон алаёзу би-л-Лоҳ «аҷалфиребанда», аз қабили Сангу Кулуху Ҷорубу Хошок ва амсоли инҳо якеро бароям интихоб кунад, то ман зинда монам, вале падари бузургворам алҳамдулиллоҳ бароям номеро интихоб карданд, ки дар Тоҷикистони он рўза собиқа надошт ва ман барои ин номгузорӣ ва таълиму тарбияи соҳибгаштаам худро мадюни падари бузургворам медонам. Инчунин тибқи одатҳои маъмулии байни мардум маро ба назди ягон кўҳнақабре ҳам набурданд ва аз ҳеҷ мазору шаҳиде истиъонат ва кўмак талаб накарданд. Падари бузургворам мегўяд, ки кўмаку дастгириро фақат аз Худованди бузургу тавоно хоҳиш мекардам ва аз Ў таоло фарзанди солеҳ ва бақои умри онҳоро мехостам. Шукри ҳамешагӣ барои Худованди миннатпазир, ки боқимондаҳо дар хонаводаи мо 12 фарзанд, 7 писар ва 5 духтар ҳастем.
Дар ҷомеъаи имрўзаи мо чун хонаводаҳо дучори чунин ҳолатҳо мешаванд, қисмате аз онҳо мераванд ва қабрҳои шуҳадо ва шахсони маъруфро ба қавли худашон васила қарор дода ва аз онҳо талаби кўмак менамоянд ва мехоҳанд то навзоди ононро аз офоту бало ва мусибати марг наҷот диҳад ва ё дар ҳолати бефарзандӣ ба онҳо фарзанд ато намояд, ки ин амалҳо мухолифи фармудаҳои дини Ислом ва нишондодҳои шаръи ҳакимонаи исломи азиз аст. Ҳама мехостагиҳоро танҳо бояд аз Худо бихоҳем ва Ў таоло аст, ки фарзанд медиҳад ва ўро зиндаю солим нигоҳ медорад ва ё умри кўтоҳ медиҳаду мемиронад. Ҳеҷ касе ғайри Ў таоло қобилият ва салоҳияту сазовории ин корро надорад ва Ў таоло аст, ки агар бихоҳад ба шумо чизеро бидиҳад ва тамоми мардуми дунё бо ҳама имкониёти доштаашон монеа эҷод кунанд ва нахоҳанд, ки он чиз ба шумо бирасад, боз ҳам коре аз дасташон намеояд ва он чиз ба шумо хоҳад расид ва низ дар муқобил, агар тамоми махлуқоти Худованд аам аз инсу ҷину вуҳушу туюр бихоҳанд нафъ ва ё зарареро бар ту бирасонанд ва Худованди қодиру тавоно инро нахоҳад боз ҳам коре аз дасташон барнамеояд, чун Ў таоло аст, ки ҳар чӣбихоҳад мешавад ва ҳар чизеро, ки нахоҳад намешавад.
Баъзе аз мардумон фарзандонашонро назри мазоре ва ё шахси маъруфе мекунанд. Бояд донист, ки ин гуна амалҳо аз фармудаҳои дини Ислом набуда амалҳоеанд, ки дар ақида ва пиндори шахс халал ворид месозанд. Назр бояд махсуси Худо бошад ва аз назри ғайри Худо бояд дурӣҷуст.
Мехоҳам ин ҷо чанд нуктаи дигарро низ хотирнишон карда бигўям, ки бо номгузориҳои Сангу Тешаву Табар ва ба назди фолбину мазор рафтанҳову назри ғайри Худо карданҳо тифл аз офату бало намераҳад ва умри кўтоҳ тақдиркардааш дароз намегардаду аз хатари марг наҷот намеёбад. Бояд, ки дидаи басират кушода ва ақлҳоямонро кор бифармоем ва дарк намоем, ки ҳаёти тифл ва ҳаёти ҳамаи мо ва ҳаёти тамоми махлуқот ва ҷаҳони ҳастӣтанҳо дар қабзаи қудрати молик ва холиқи ҳақиқӣ, Худованди таборак ва таъоло аст ва инро аз Ў таоло касе гирифта наметавонад ва Ў таоло аст, ки баракатро мефиристад ва онро собиту устувор нигоҳ медорад ва касеро дар он ҳаққи тасарруф ва тағйир нест. Худои бузургу тавоно атову бахшидани фарзанди духтар ва писарро ба Худ хос гардонида ва дар ин замина дар китоби ҷовидонаи худ Қуръони карим чунин мефармояд:
Аз они Худост фармонравоии осмонҳову замин. Ҳар чӣ бихоҳад, меофаринад. Ба ҳар кӣ бихоҳад духтар мебахшад ва ба ҳар ки бихоҳад писар мебахшад. Ва ё ҳам писар медиҳад ва ҳам духтар. Ва ҳар касро бихоҳад, ақим (нозо) мегардонад, албатта, Ў донову тавоност!
(Сураи Шўро, 49 – 50)
Ҳамаи ин ҳолоти дар оятҳо зикр гардида танҳо тобеъи хоҳиш ва иродаи худи Худованд аст. Ҳеҷ кас, ҷуз Худои қодиру тавоно дар он дахолат надорад ва инро бояд бидонем, ки миёни банда ва Офаридгораш танҳо худи банда метавонад ба Ў таоло мутавассил шавад ва танҳо аз Ў таоло бихоҳад, то барояш онеро, ки дилаш ҳоҳишу орзу дорад бидиҳад. Миёни худ ва Холиқат касеро қарор надеҳ ва инро бидон, ки танҳо дуоҳои холисона ва амалҳои некат аст, ки туро ба Холиқ ва Офаридгорат наздик мегардонад ва бидуни шак Ў таоло аст, ки ба ҳама кор қодиру тавоност, пас биштоб ва танҳо аз Ў таоло бихоҳ. Дарвозаҳои қабули дуъо, то он гоҳ, ки офтоб аз тарафи ғарб тулўъ нанамуда ва ҷонат ба ҳалқумат нарасидааст боз аст.
Бояд яқини комил дошта бошем, ки ин Худованд аст, ки ба Марями покдомани шавҳарнодида фарзанд ато намуд ва ба Иброҳим (а) ва ҳамсари пиру нозо ва аз баҳри фарзанд мондааш фарзанд бахшид ва тифли бепадар тавллудкардаи Марям Исо алайҳи саломро дар гаҳвора гўё намуд ва ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салам, ки ҳабиби Аллоҳ ва хотами анбиё аст, писар ато намуду онҳоро дар туфулият ва дар замони ҳаёт будани ҳабибаш бо сабабҳои болиғаи назди Худаш маълум ситонид ва он ҳазрат (с) ба ғайр аз Худованди бахшанда ва офаридгораш ба каси дигаре шиква набурд. Инчунин ба маҳбубтарин ҳамсари Расули акрам Оишаи сиддиқа разияллоҳу анҳо, ки ягона зани духтар хонадоршудаи Паёмбари Худост фарзанде ато нанамуд, вале он бонуи афифа ҳамеша аз Худояш розӣ буду танҳо Ў таолоро шукру ниёиш мекард ва ҳар чизе, ки мехост фақат аз Ў таоло хоҳишу талаб мекард. Дар таърих аз ин гуна мисолу воқеъаҳо зиёд омадааст ва мо ба зикри андаки онҳо иктифо менамоем, чаро ки барои шахси оқилу пандпазир ҳамин миқдор ҳам кифоя аст.
Хонандаи гиромӣ, хоҳишу таманниёти банда зиёд аст, вале онро танҳо ва танҳо бояд аз Худованд бихоҳем, чаро ки Ў таоло қодир ба бароварда кардани хоҳишоту таманниёти бандааш аст.
Мехоҳам ин мақоларо бо як савол хотима бахшам ва он ин аст, ки:
Оё номгузорӣ ба номҳои ғайриарабӣ дар Ислом ҷоиз аст?
Бале хонандаи гиромӣ, ҳукми Ислом чунин нест, ки барои фарзандон танҳо номҳои арабӣ гузошта шавад. Ин масъаларо шореъи ҳаким, яъне Худованди соҳиби ҳукму ҳикмат ба худи хонавода вогузор намудааст. Шариъати исломӣаз мо фақат инро мехоҳад, ки ба фарзандонамон номҳои некў ва писандидаро интихоб намоем, то дар оянда ҳам соҳиби ном ва ҳам фарзандонаш, ки бо номи падарашон садо карда мешаванд, аз ба забон овардану шунидани ин ном нашарманд ва мутанафир гаштаву мавриди тамасхури хосу ом нагарданд. Ҳеҷ фақеҳу донишманде номи ғайриарабии шахсро, чун он ном дар забони худи он миллат некмаъно ва накў бошад, ба номҳои арабӣ иваз нанамудааст ва ба он ниёзе ҳам нест.
Бисёре аз мусалмонон пас аз он, ки дини Исломро пазируфтанд, бо вуҷуди оне ки дар муҳити арабӣ зиндагӣ мекарданд, бо номҳои ғайриарабии худ боқӣ монданд.
Дар ин маврид метавонем Морияи Қибтия модари Иброҳимро, ки модари писари Расули акрам саллаллоҳу алайҳи ва салам аст мисол биоварем, ки дар миёни мусалмонон бо ҳамон номи Морияи Қибтияи Мисрӣ машҳур ва маъруф аст.
Мехоҳам суханамро ба поён расонида мақсад ва ҳадафи навиштани ин мақоларо чунин хулоса намоям, ки навзодони миллати шарифи Тоҷикро, ки пас аз чанд сол парчамбардорони ин марзу бум мегарданд ва миллати азизамонро ба ҷаҳониён мешиносонанд, месазад, ки соҳиби номҳои ширину зебое бошанд, ки фахри миллат гарданд, чуноне ки мо бо номҳои хушу зебои аҷдодонамон мефахрем ва худро аз насли онҳо медонем. Барои дурусттар фаҳмидан ва дарки ин масъала метавонем чунин тасаввуреро пеши назар оварда мисол бизанем, ки масалан агар ба ҷои номи Абдурраҳмони Ҷомӣ(Табари Ҷомӣ) мебуд ва ё ба ҷои номи Исмоили Сомонӣ(Хошок ва ё Хоркаши Сомонӣ) мешуд, чӣ асари манфӣ ва номақбулеро дар руҳияи мардуми бофарҳанги мо мегузошт ва ҳол он ки онҳо шахсиятҳои хидматнишондодае ҳастанд, ки миллати моро ба ҷаҳониён шиносонидаанд. Вале шахси бегона аз шунидани чунин номҳои бемаънову гўшхарош миллати моро ба тамасхур мекашид ва шояд моро таъна карда мегуфт, ки ин миллатро бубинед, ки номи бузургон ва нобиғаҳояшон чӣхел нохушу номақбул аст.
Албатта, мо ҳамагӣ умеду орзуи онро дорем, ки иншоаллоҳ аз миллати бофарҳанг ва соҳибмаърифати тоҷики мо абармардон ва нобиғаҳое чун гузаштагони некномашон пешкаши ҷаҳониён гарданд, ки бо номҳои ширину зебо фахри ин марзу бум бошанд, на нобиғаҳои бо номи хашин ва гўшхарош. Дар охир ба ҳама хонандагони гиромӣ фарзандони солиму дўстрўяк ва соҳиби номҳои зеборо таманно дорам.