Қиссаеки ба ин рӯзгорон созгор аст
Дар Яман подшоҳе будааст ва дар саховату эҳсон номаш шўҳрати олам ва дар ганҷбахшӣ беназир будааст. Оре, бахшиши ў ба андозае будааст, ки арзиши инро, ки ба ў «Абри ҷавонмард» лақаб ниҳанд, доштааст. Чун дасти ў пулу тангаро мисли борон меафшондааст. Ҳар кас номи Ҳотами Тойро дар назди ў ба забон меовард, подшоҳ аз шуниданаш асабонӣ мешуд ва мегуфт, ки то ба кай аз хабарҳои он бефаросате, ки на мулк дораду на мансаб ва на мақом дораду на ганҷу хазина, ба гўши ман мехонед.
Шунидам, ки рўзе ин подшоҳ ҷашни шоҳона барпо кард ва дар ин базм мардуми зиёдеро даъват намуд ва мисли садои чанг, ки дилҳоро ҷазб мекунад, дили мардумро бо навозиш ба даст овард. Иттифоқан дар ин базм як нафар аз ширкаткунандагон номи Ҳотамро ба забон овард ва бо шунидани номи ў як нафари дигар дар ҳаққи ў мадҳу саноро оғоз кард. Шоҳ аз шунидани ин моҷаро ва мадҳу саное, ки нисбат ба Ҳотами Той мегуфтанд, ҳасаду рашкаш омад ва ҳисси кинатўзӣ дар дилаш шўълавар шуд ва яке аз навкаронашро барои рехтани хуни Ҳотам фиристод. Ў гуфт: – «То он замоне ки Ҳотам зинда аст, номи ман ҳеҷ гоҳ ба некӣ машҳур намешавад, бинобар ин, бояд вуҷуди ў аз рўйи замин бардошта шавад».
Он навкари балоҷў роҳи мулки Тайро, ки зодгоҳи Ҳотам аст пеш гирифт ва барои куштани он ҷавонмард камин кард. Вақте ба Тай расид, ҷавоне ба пешвозаш омад, ки бўйи хуши ошноӣ аз ў ба машом мерасид, хушрўй, доно, ширинзабон буд, мардро бо худ ба хонааш бурд ва тамоми шаб меҳмоннавозӣ кард. Он қадар эъзозу икром кард, ки дили он бадандешро бо хубиҳояш ба даст овард. Чун субҳ шуд, дасту пояшро бўсид ва илтимос кард, боз чанд рўзи дигар наздаш бимонад. Он мард гуфт: – «Ман як супориши муҳим ба ўҳда дорам, бинобар ин, наметавонам ин ҷо бимонам». Ҳотам гуфт: – «Агар онро ба ман бигўйӣ, мисли дўсти якдил барои анҷоми супориш ман ҳам саъй мекунам ва кўмакамро аз ту дареғ намедорам». Он мард гуфт: – «Пас агар мехоҳӣ ба ман кўмак кунӣ, гўш деҳ. Ман туро ҷавонмард ва пардапўш ва роздор шинохтам. Оё ту дар ин қаламрав касеро бо исми Ҳотам мешиносӣ? Мегўянд ў инсони некбахт ва некандеш ва хушахлоқ аст. Подшоҳи Яман сари ўро мехоҳад, вале намедонам, ки дар миёни инҳо чӣ душманӣ вуҷуд дорад? Аз ту интизори инро дорам, ки агар макони ўро ба ман нишон диҳӣ, хеле дар ҳаққи ман лутф кардаӣ».
Ҷавон бо шунидани ин сухан аз даҳони он мард беихтиёр хандид ва гуфт: – «Он Ҳотаме, ки ту дунболаш мегардӣ, манам ва ин сари банда дар ихтиёри туст, биё, аз танам ҷудо кун. Ту то сафед шудани субҳ ва равшан шудани рўз набояд, ки сабр кунӣ, чун шояд дигарон бохабар шаванд ва ба ту осеб расонанд ва аз анҷоми дастури шоҳ ноумед шавӣ». Ҳотам инро гуфт ва ҷавонмардона сарашро ба замин гузошт. Бо дидани ин саҳна оҳу фиғон аз дили он мард баромад ва мисли шер ғуррид ва ҳамон замон ба хок афтод ва Ҳотамро гоҳ чашмашро ва гоҳ дасту пояшро мебўсид ва шамшерашро дур андохт ва мисли бечорагон дастонашро ба рўйи сина гузошту гуфт: – «Агар ман бо барги гул туро озору азият кунам, дар назди мардон мард нестам, аз зан ҳам пасттарам». Инро гуфт ва Ҳотамро бағал кард ва чашмонашро бўсид ва худоҳофизӣ кард ва роҳи Яманро пеш гирифт.
Чун назди подшоҳи Яман омад, ў донист, ки ин мард кореро, ки ба ў супорида буд, анҷом надодааст, гуфт: – «Биё, бубинам, чӣ хабар овардӣ? Чаро сари Ҳотамро ҳамроҳат намебинам? Оё касе аз далерони номдор ба ту ҳамла кард, ки аз нотавонӣ натавонистӣ бо ў ҷанг кунӣ?»
Он мард заминро бўсид ва ба подшоҳ ҳамду сано гуфт ва эҳтиром ба ҷо оварда гуфт: – «Ман Ҳотамро марди номдор, обрўманд, ҳунарманд, хушманзар, хўшрўй, хушфикр, хирадманд ва дар мардонагӣ фавқулодда дидам, бо ин лутфу меҳрубонии вай камари маро хам кард ва ў маро бо шамшери фазлу эҳсон кушт». Сипас он мард ҳар чӣ бузургӣ аз Ҳотам дида буд, як-як ба шоҳ нақл кард. Шоҳ бо шунидани ин ҳикоят ба аҳли Тай сано ва офарин хонд ва ба он мард халтаи пур аз зар, ки ба даҳонаш мўҳр зада буд, бахшид ва гуфт: – «Карам ва бузургворӣ ба номи Ҳотам мўҳр шудааст ва танҳо ўро сазовор аст, ки гувоҳӣ диҳанд бар ин ки кирдораш бо овозааш ҳамроҳ ва якест».