Оғози моҳи мубораи Зилҳиҷҷа
Аввали моҳи мубораки Зиҳиҷҷа фардо чоршанбе 23 Август эълон шуд. Тибқи хабари торномаи Уммулқуро ва маҳкамаи олии мамлакати Саъудӣ.Дорулифтои давлати Миср рӯзи чоршанбе 23-уми Август аввали моҳи Зилҳиҷҷа аст. Бояд зикр намоям,ки моҳи Шаввол 29 рӯз буд ва моҳи Зилқаъда 30 рӯз буд. Рӯзи панҷшанбе 31 уми август рӯзи Арафа буда .Рӯзи ҷумъа 1 уми сентябр рӯзи иди Қурбон аст.
Сабаб аз таҳдид ё муайян намудани оғози моҳ ва рӯзи арафа ва идро медонед барои чӣ мебошад?.
Посухи ин суол дар охири ин мақола аст!.
Даҳ рӯзи оғози ин моҳ беҳтарин рӯзҳои соланд.Амали солеҳ дар ин даҳа дорои фазилати бешуморест.Рӯза доштан,қуръон хондан,зикр кардан,садақа кардан дорои аҷру подоши беандоза зиёд аст. Намехоҳам дар фазилати ин моҳ бештар нависам зеро аксар аз он огоҳед ва чанд ҳадисро ҳамчун тазкир бароятон менависам.
“ Аз Ибни Аббос (раз) ривоят аст,ки Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: Ҳеҷ рӯзҳое нест,ки амали солеҳ дар онҳо назди Аллоҳ маҳбубтар аз ин рӯзҳо(даҳаи аввали Зилҳиҷҷа) бошад. Гуфтанд: Эй Расули Худо ҳатто ҷиҳод дар роҳи Худо?.Фармуданд: На ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ,магар шахсеки бо ҷон ва моли худ хориҷ шавад (аз хонааш ба суйи ҷиҳод) ва ҳеҷ кадомашон барнагарданд( яъне молаш дар ин роҳ сарф ва худаш шаҳид шавад)”(Ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Имом Абудовуд №2438 саҳ 370)
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло фазл ва баракати худро дар ин даҳаи оғози моҳи Зилҳиҷҷа қарор додааст.Ин рӯзҳо аз беҳтарин рӯзҳои тамом сол мебошанд.
Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам ) фармудаанд: “Беҳтарин рӯзҳои дунё ин даҳаи Зулҳиҷҷаанд”(Ривояти Баззор,Ибни Ҳиббон ,дар Саҳеҳуҷҷомеъ № 1144 қарор дорад)
Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ (раҳ) дар Фатҳулборӣ мефармояд: Ончӣ дар фаҳилат ва бартарии рӯзҳои Зилҳиҷҷа намоён аст. Ин ҷамъ шудани тамоми ибодот дар ин муносибат аст.Яъне намоз,рӯза,ҳаҷ,садақа,қурбонӣ,ки дар ҳеҷ муносибот ва рӯзҳои дигари сол чунин дида намешавад.
Агар шахсоне тавони дошта бошанд ҳамаи ин нуҳ рӯзро рӯза бигиранд.Агар наметавонанд пас душанбе панҷшанбе рӯза бигиранд.Агар онҳам имкон надошта бошад рӯзҳои 7,8,9 рӯза бигиранд. Агар инҳам имкон дод барояшон пас рӯзаи рӯзи арафаро бигиранд,ки он рӯзи 31 уми моҳи август мутобиқ аст.
Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармудаанд: Савоби (рӯзаи рӯзи арафа) ро ин гӯна мепиндорам,ки каффораи(аз байн барандаи) гуноҳони соли қабл ва соли баъдаш бошад”(Ривояти Имом Муслим)
Дар охир таманно менамоям,то дар ин рӯзҳои муборак дар анҷоми амалҳои нек кушиш менамоем.Аз анҷоми амалҳои бад дӯри меҷӯем мисли зулм кардан,дурӯғ гуфтан,суханони носазо гуфтан ва амсоли ин ҳама аъмоли бад дӯри ва иҷтиноб менамоем.
Посухи саволи боло:
Худо кунад,ки Маркази исломии кишвар ин санаро ақалан тағйр намедиҳад ва бо тамоми мусалмонони олам ин идро дар кишвар якҷо ид мекунанд. Барои чӣ дар боло чунин савол гузоштам?. Мумкин аст барояшон амр шавад,ки 1 уми сентябр аст бигузоред дар ин рӯзи “дониш” ҷавонон ба дарс раванд рӯзи шанбе истироҳат аст ин идро қарор диҳед. Агар чунин чизе шуд ҳатман рӯзи 31 уми август рӯзи арафа аст рӯза гиред ва рӯзи 1 уми сентябр метавонед Қурбониҳои худро забҳ намоед.Агар хоҳед пас аз намоз забҳ намоед пас рӯзи 1 уми сентябр рӯза нагиред арафа гуфта ва худро гунаҳгор накунед.Умед дорам ин иштибоҳро намекунанд вале “Маркази исломи” аст дигар ҳама кор карданаш мумкин аст.