Дар муқобили фитна ва ошуб

Ислоҳ нет

Усмон ибни Аффон (р) дар муқобили фитна ва ошуб чӣ равише дошт?

(бахши нуҳум)

Дар мақолаи қабли оғози фитнаро мутолеъа намудед.Дар ин бахш мехоҳам равиши Усмон ибни Аффон (раз) ро дар баробари ин фитнаҳо баён дорам. Сабаб он аст,ки он ашхоси муғриз ва кинатуз хуб аз ин равиши Усмон (раз) огоҳӣ дошта бошанд. Дар ин мақола шеваи бархурд,номаҳо,ҷамъовари амирон ва волиҳо,посухҳои ӯ (раз) ро мехонед. Хело бахши муҳим аст ва метавон гуфт ҳама бахшҳои гузаштаро дар ин мақола метавон ба шакли хулоса мутолеъа намоед. Қабл аз инки ҳар касе чизе мегӯяд нахуст  таърихро аз масодири мувассақ бихонад сипас нависад ва сухан гӯяд.

Аз мутолеъаи аснод ва мадракаҳои таърихӣ метавон дарёфт, ки Усмон ибни Аффон  (р) барои рў ба рў шудан ба ин фитна ва ошуб, чандин равишро дар пеш гирифт, ки иборатанд аз:

 Аввал: Усмон ибни Аффон (р)  бо пешниҳоди Саҳоба (р) ҳайатҳои таҳқиқу баррасиро ба минтақаҳои мухталиф мефиристод

 Бо паҳн  шудани овозаҳо ва дурўғҳое, ки Сабаъиҳо дар гушаву канори шаҳрҳои Исломӣ  пароканда буданд, Муҳаммад ибни Муслима ва Талҳа ибни Убайдуллоҳ назди Усмон ибни Аффон (р)  омаданд ва аз ў суол карданд, ки оё он  овозаҳоро шунидааст? Усмон ибни Аффон (р) низ, ки то  он замон он овозаҳо ба  гушаш нарасида буд аз онҳо хост, то онҳоро  барои ў бозгў намоянд. Чун Усмон ибни Аффон (р) аз он масоил бохабар шуд,  бо Саҳоба (р) машварат намуд то роҳи ҳаллеро барои муқобила бо онҳо биёбад. Саҳоба (р) ба ў пешниҳод карданд, то ў  ҳайҳатҳоеро барои  таҳқиқу баррасӣ  ва муайян намудани  дурустӣ ва ҳақиқати ин ахбор ва овозаҳо ба минтақаҳои  мухталиф бифиристад. Усмон ибни Аффон (р)  низ чунин кард ва Саҳобаеро, ки  комилан мавриди эътимод ва боварӣ ў буданд ба он сарзаминҳо фиристод. Ў Муҳаммад ибни Муслимаро, ки дар аҳди Умар (р) масъули муҳосиба ва  бозхост аз волиҳо ва амирон буд, ба Куфа фиристод. Усома ибни Зайд ибни Ҳорисаро, ки  Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ӯ ва падарашро бисёр дўст медошт ва ба ӯ эътимоди комил дошт то онҷо, ки пеш аз вафот, ўро амири лашкаре намуд, ки қасд дошт ба ҷониби Рум бифиристад ва дар ҳангоми  вафот низ ба Саҳоба (р) супориш фармуд, ки ҳатман лашкари Усомаро бифиристанд, ба Басра фиристод.  Аммори Ёсарро, ки аз собиқин дар Ислом буд ва ҷузви муҷоҳидон дар роҳи Худо ба ҳисоб меомад, ба Миср гусел кард ва Абдуллоҳ ибни Умарро, ки марди солеҳ ва бо тақво буд, ба Шом фиристод. Тамомии ин Саҳобаҳо, кори муҳим ва тоқатфарсои худро бо муваффақият анҷом доданд ва ҳамзамон ба ҳам ба Мадина бозгаштанд ва танҳо Аммор (р) буд, ки пас аз таъхири кутоҳе баъд аз онҳо назди Усмон ибни Аффон (р) баргашт. Онҳо пас аз пурсуҷў аз сокинони он сарзаминҳо ва таҳқиқу баррасӣ аз амалкарди волиҳо ва амирон, ба таври иҷмоъ ба як натиҷаи ягона расида буданд.[i]

 Онҳо хитоб  ба мардуми Мадина чунин гуфтанд: “ Эй мардум! бидонед, ки  мо дар он сарзаминҳо ҳеҷ масъалае наёфтем, ки  хилофи дин ва масолеҳи уммат бошад. Амирон ва волиҳо адолатро дар ҳаққи мардум риоят карда ва ба таври тамому камол ҳақ ва ҳуқуқашонро пардохт менамоянд ва ба таври шоиста умури онҳоро идора  мекунанд.  Ҳарчанд дар ин миён ривоятҳое вуҷуд доранд, ки иддаъо мекунанд, ки Аммори Ёсар (р) бар зидди Усмон ибни Аффон (р) бархост. Аммо бояд донист, ки санад ва матни ин ривоятҳо заиф аст ва аз  хатоҳои бисёре бархурдор мебошанд.[ii] Ҳатман пас аз ба итмом расидани ин таҳқиқ ба масалаи Аммор ибни Ёсар(раз) мепардозам,то ин масалароҳам мунсифона ба қалам кашам в аз онҳам огоҳ гардед.

  Чун муфаттишон назди Усмон ибни Аффон (р) бозгаштанд ба ў хабар доданд, ки  ҳеҷ мавриди хоссеро дар иртибот бо волиҳо мушоҳида накарданд то халифа онҳоро барканор намояд. Онҳо эълон карданд, ки мардум дар амният ва рифоҳ ва оромишу адолат ба сар мебаранд ва тухми ин овозаҳо ва ошубҳоро танҳо  кинатузон ва душманони Ислом ва муслимин дар пинҳонӣ дар миёни мардум меафшонанд  то натавон онҳоро шинохт ва бо онҳо  бархурд кард. Аммо Усмон ибни Аффон (р)  ба фиристодани ин муфаттишон басанда  накард ва номаҳоеро ба сарзаминҳои мухталиф фиристод.[iii]

 Дуввум: Фиристодани нома ба сарзаминҳои мухталиф

Усмон ибни Аффон (р) дар ин номаҳояш ки ба унвони эъломияе хитоб ба умуми мусалмон буд, чунин навишт:

“ Эй мардум! бидонед, ки ҳар вақт  кормандони ман ба ҳаҷ меоянд, ононро  мавриди бозхост қарор медиҳам ва ҳаргиз аз амалкарди онҳо бехабар набудаам. Ман аз замоне, ки халифаи уммат шудаам, бар асоси амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар ҳукумат кардаам ва чун фарде аз ман ва ё коркунони ҳукуматам  дархосте намудааст ва ҳатман ба  хостаи худ даст ёфтааст. Ман ҳақ ва ҳуқуқи мардумро бар ҳуқуқи худ ва хонаводаам бартарӣ додаам ва  ҳаргиз дар хусуси ҳуқуқи онҳо зулме накардаам. Аммо ҳоло мебинам, ки афроде ба ман туҳматҳои нораво мезананд ва овозаҳоеро дар мавриди ман бар забон меронанд. Аз ҳамин ҷо эълон мекунам, ки  ҳар кас аз ман шикояте дорад ва гумон мекунад, ки ҳаққи ўро поймол кардаам ба ҳаҷҷи имсол биёяд ва онро аз ман ва ё кормандони давлатам бигирад ва агар ҳам хост онро бар ман бубахшад, ки Худованд некўкоронро подоши нек ато фармояд”.

 Нақл аст, ки чун мардум аз муҳтавои ин номаҳо бохабар шуданд, бисёр гиристанд ва барои  Усмон ибни Аффон (р) дуъои нек намуданд.[iv]

 Ҳоло бояд нигарист, ки оё дунё чунин гузашт, сабр, огоҳӣ ва шуҷоатеро ба худ дидааст, ки ин пирамарди ҳаштоду ду сола аз худ ба намоиш гузошт?! Оё метавон  ҳокимеро ёфт, ки чунин талош дорад то решаи зулм ва ситамро бихушконад?! Оё мардум то ба ҳол чунин адолати волоеро ба чашми худ дидаанд?! Ин адолат то ба он  ҳад бузург буд, ки халифа эълон  мекунад, ки дар роҳи риояти ҳуқуқи мардум аз  ҳақ  ва ҳуқуқи худ ва хонаводааш низ мегузарад ва танҳо ҳад ва марзи ин адолатро ҳудуди  шариъати поки Исломи медонад, ки набояд поро фаротар аз он гузашт. Усмон ибни Аффон (р)  ба ин масъала иктифо накард, ки муфаттишҳои амин ва қобили эътимодро ба миёни мардум эълон мекунад, ки ҳар касро бар зидди ў ва коркунонаш  шикояте ҳаст ба ҳаҷҷи  он сол биёяд ва онро дар назди чашми оммаи ҳаҷ кунандагони азҳама акнофи олам ҳузурдошта матраҳ кунад. Низ дастур дод то ҳамаи волиҳо ва амирон дар қаламрави худ ҳамин равияро дар пеш гиранд ва ба шикояти мардум гуш фаро  дода ва онгоҳ онҳоро ба худи халифа хабар диҳанд ва дидгоҳҳои роҳкушои худ дар ин масоилро бар халифа пешкаш намоянд.[v]

 Саввум: Машварати Усмон ибни Аффон (р)  бо волиҳо ва амирони худ

 Ҳамчунин Усмон ибни Аффон (р) дар ростои иқдомоти пешгирифтаи худ волиҳои Басра, Шом ва Мисрро, ки иборат буданд аз Абдуллоҳ ибни Омир, Муовия ибни Абусуфён (р) ва Абдуллоҳ ибни Саъд ибни Абисарҳ ва низ Саъид ибни Ос ва  Амр ибни Ос волиҳои пешинаро фаро хонд ва дар робита ба масоили  муҳимми  ҷомеаи мусалмонон ва хатарҳое, ки ваҳдати ононро таҳдид мекунад ба онҳо машварат намуд то битавонанд роҳи ҳалли асосӣ барои  ҳалли он буҳрон биёбанд.[vi]  Усмон ибни Аффон (р) аввал хитоб  ба волиҳо эълон намуд, ки нигарони он аст, ки ин ахбор ва овозаҳо дуруст бошад ва волиҳои ӯ дар  ҳаққи мардум зулм ва ситаме карда бошанд. Волиҳо низ бо истинод ва гузориши муфаттишҳо, баён карданд, ки бе шак ин овозаҳо дурӯғи маҳз аст ва комилан бепояву асос мебошанд ва набояд ба онҳо таваҷҷуҳе намуд. Пас аз ин  гуфтугӯ Усмон ибни Аффон (р) назар  ба пешниҳоди ҳар як аз онҳоро хост. Саъид ибни Ос ба ӯ чунин гуфт, ки ин  овозаҳо дар ниҳонӣ ва пинҳони сохта шуда ва дар миёни мардум пароканда мешаванд ва онгоҳ онҳо, ки аз ҳама ҷо бехабар ҳастанд онҳоро дар маконҳо ва маҷлисҳои мухталиф нақл мекунанд. Ў гуфт, ки ба эътиқоди ў танҳо роҳи ҳалли ин мушкил ин аст, ки ҳар кас ин овозаҳоро месозад, дастгир ва кушта шавад,то дигар мардум даст аз чунин гапҳо ва суханони дурӯғин бардоранд.

Абдуллоҳ ибни Саъд ибни Абисарҳ Ал-Омирӣ(раз) низ баён намуд, ки бояд дар баробари ҳуқуқе, ки ба мардум дода мешавад ва аз онҳо хост то ба вазифаҳои худ нисбат ба ҳукумат амал кунанд ва набояд ононро ба  ҳоли худ раҳо намуд.

 Муъовия (р) ҳам ба сухан баромада гуфт, ки  мардуми Шом мутиъ ва фармонбардор ҳастанд ва Усмон ибни Аффон (р)  танҳо ахбори нек аз онҳо дарёфт мекард ва сабаби онро рафтори хуб амалкарди писандидаи ҳукумат дар баробари онҳо медонад.

 Амр ибни Ос (раз) чун  ба сухан омад  аз амалкарди  Усмон ибни Аффон (р) интиқод кард ва ба ў гуфт, ки  ӯ нисбат ба мардум бисёр  меҳрубонона ва бо раҳми  аз андоза зиёд бархурд мекунад ва бояд ба ҳамон равиши ҳукумати Умар ибни Хаттоб (р) боз гардад, ки дар ҳангоми лузум ҷиддият ва шиддат аз худ нишон медод ва чун шароит иқтизо мекард ба нармӣ ва мулоимиӣ рафтор мекард. Бояд бо афроди ҷинояткор ва бадзот бо хушунат ва шиддат бархурд намуд муқобили мардумоне, ки хайр ва салоҳи умматро мехоҳанд бо меҳрубонӣ ва мулоимӣ бархурд шаванд. Аммо ту нисбат ба ҳама  бо як сурат рафтор намудаӣ ва ҳеҷ  фарқе  миёни онҳо нагузоштаӣ.

 Дар ин ҳангом  Усмон ибни Аффон (р) оғоз ба сухан гуфтан намуд ва пас аз ҳамду санои Парвардигор, хитоб ба ҳозирин чунин гуфт:

 “ Тамоми пешниҳодоти  шуморо шунидам. Аммо бидонед, ки ҳар масъалаеро роҳи ҳалле аст ва роҳи ҳалли ин мушкиле, ки гиребонгири уммат шудааст, мулоимӣ, ва мудоро бо онҳо мебошад, аммо набояд ин мудоро ва нармӣ аз чорчубаи ҳудуди Худованди бузург фаротар раванд ва он марзҳоро  зери по гузоранд, зеро, ки  ҳеҷ касро чун ҳаққе нест, ки  дар иҷрои ҳудуди Парвардигор халале эҷод намояд. Бидонед агар масъала дари саодати умматро баста аст, муҳаббат ва  мудоро ва нармӣ бо халқи Худо ин дарро ба рўйи онҳо мекушояд. Яқин дорам, ки ҳеҷ касро бар ман  ҳаққе нест, онро ҳуҷҷат ва далели шуриши худ гардонад, чунки Худованд худ шоҳид аст, ки дар роҳи хайр ва салоҳи худ ва уммати Ислом аз ҳеҷ кушише фуругузор набудам. Аммо бидонед агар  чархҳои осиёби фитна ва ошуб ба ҳаракат дарояд, ҳеҷ касро тавони он нест, ки онро аз ҳаракат боз дорад. Ман аз Худованд хоҳони он ҳастам, ки пеш  аз ин, ки оташи ин фитна сар то сари ҷаҳони Исломро фаро гирад, ҷони маро биситонад, то Усмон ҳаргиз ба ин бало гирифтор  ё мубтало нашавад, ки ҳукуматаш шоҳи  ин оташи вайронгар бошад. Шумо низ бо мулоимӣ ва муҳаббат талош кунед, ки мардум аз ин фитна дур бимонанд, ҳақ ва ҳуқуқи онҳоро тамом ва камол ба онҳо бипардозед, аз хатоиҳои онҳо  бигузаред. Аммо ҳушёр бошед, ки дар мавриди ҳудуди шариати Худованд бо ҳеҷ кас  мусолиҳа нанамоед.[vii] 

 Ҳаргиз Усмон ибни Аффон (р) пешниҳоди Амр ибни Осро қабул накард, аммо дар воқеъ ў ҳамон равиши Абубакр (р) ва Умар (р)-ро дар пеш гирифт, чунки дар ҳангоми 

пайдоиши фитна ва ошуб миёни уммат мебояд аз дари муҳаббат ва мудоро ва афву гузашт ба муқобила бо он пардохт ва набояд ба амалҳои зурӣ ва шиддати амал бар шиддати ин фитна афзуд. Усмон ибни Аффон (р) орзу дошт, ки бимирад, аммо омили  шиддат ёфтани он фитна миёни  уммат набошад. Аммо дар айни ҳол таъкид кард, ки  набояд аз чорчуби дастуроти Худованд ё шариъати исломӣ баромад ва онҳоро зери по гузошт. Ў муътақид буд, ки мулоимӣ ва мудоро беҳтарин равиши муқобила бо фитна ва афв ва гузашт беҳтарин посух ба он аст ва дар  тўли буҳронҳо набояд мардумро аз ҳақ ва ҳуқуқи худ маҳрум сохт ва онҳоро зери фишор қарор дод.[viii]

Барои баъзеҳо мехоҳам инроҳам зикр намоям,то дурӯғ будани ин масъаларо барои баъзе кинатузон инҷо хуб диққат диҳанд. Дар ин миён боз дастони кинтузон ва дурӯғгўён ба кор афтод ва бо сохтани ривоятҳои заифе, ки  ровиёни онҳо ё ғайри муътабар ҳастанд ва ё  гумном ва ё номаълуму маҷҳул, талош кардаанд, то равобити миёни Усмон ибни Аффон (р) ва Амр ибни Ос (р)-ро  бад ҷилва    диҳанд то онҷо, ки гӯё Амр ибни Ос (раз) қасд дошта,ки  Усмон ибни Аффон (р)-ро  бикушад, ва бо террори Усмон ибни Аффон (р) ў фурсатро ғанимат шумурда ва дар  роҳи расидан ба ҳадафҳо ва орзуҳои ҷоҳталабонаи худ, иддаъои хунхоҳии халифаи кушташударо мекунад.[ix]  Ин ривоятро муаррихон ва муҳаддисон рад карда ва онро нодуруст медонанд.[x]

 Ҳамчунин дар ривояти дигареҳам,  ки ровиёни он афроди ғайри муътабар ва ё гумном ҳастанд, омадааст, ки Амр ибни Ос  ба Усмон ибни Аффон (р) гуфт:

“ Ту  аз тариқи хонадони Бани Умая бар мардум ҳукумат рондаӣ ва дар тўли ин солҳо ҳаркоре, ки ту анҷом додӣ аз ту пайравӣ кардаанд ва ба ҳар бероҳа, ки қадам ниҳодаӣ қадам гузоштаанд. Ҳоло ва дар ин шароит ё равиши ҳукумати  худро ислоҳ кун ва ё аз ин мақом канор рав ва дар ғайри ин сурат як тасмими ҷидди бигир ва онро иҷро кун.[xi]   Дар ҳамин ривоят низ омадааст, ки  Абдуллоҳ ибни Омир  ба Усмон ибни Аффон (р) пешниҳод кард, то  мардумро ба майдонҳои набард бифиристад то ба  масоили  дигар машғул шаванд ва аз ин гапу суханҳое, ки оид ба ҳукумати ту мегўянд, даст бардоранд.[xii] (онҳонеки таърихи табарӣ гуфта истинод мекунанд хуб диққаи диҳанд ба ин ривоятҳи дурӯғ ва бе асосу ровиёни маҷҳул ва ё дурӯғгӯ.)

 Аммо Усмон ибни Аффон (р) бар хилофи тамоми  ин дурўғҳо волиҳо ва амирони худро фармон дод то бо мулоимӣ ва мудоро бо мардум рафтор кунанд ва аз боздошт ва ё қатли ошубталабон бипарҳезанд.[xiii]  Дар воқеъ дар он шароити ҳассос ҳар фарди бо басират ва хирадманде медонист, ки дер ё зуд оташи фитнаи бузурге шуълавар хоҳад шуд ва сар то сари ҷаҳони Исломро дар бар мегирад.[xiv]

1-  Усмон ибни Аффон (р)  пешниҳоди Муъовияро қабул намекунад.

  Муъовия (р) пеш аз ин ки монанди дигар волиҳо ба қаламрави худ бозгардад ба Усмон ибни Аффон (р) пешниҳод кард то ўро ҳамроҳи худ ба Шом бибарад, аммо Усмон ибни Аффон (р) ин пешниҳодро рад намуд, ва ба ў гуфт: “ ман ҳаргиз сарзамини Расули Худо (с)-ро тарк нахоҳам кард, агарчӣ ин кор ба  қимати  ҷонам тамом шавад.” Чун Муъовия (р) чунин посухро аз Усмон ибни Аффон (р) шунид, аз ў хост то ба ў иҷоза диҳад, ки лашкареро барои дифоъ аз халифа ва дигар сокинони Мадина ба он диёр бифиристад. Аммо Усмон ибни Аффон (р) бори дигар ин дархостро қабул накард ва ба Муъовия (р) чунин фармуд:

“ Ман ҳаргиз хурока ва лавозимоти мардумонеро, ки дар  сарзамини  Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)ҷойгузин шудаанд, кам нахоҳам кард ва ҳаргиз дар пардохти ҳуқуқ ва саҳми  байтулмол бар муҳоҷирин ва ансори Расулуллоҳ (с) сахт намегирам”.

 Муъовия (р), ки медид талошҳояш барои қенеъ кардани халифа ба ҷое намерасад, ба Усмон ибни Аффон (р)  гуфт: “ Эй Амирулмўъминин! Медонам бо ин авзоъ ва аҳвол ин фитнаангезон саранҷом ё шуморо мекушанд ва ё ба шумо эълони ҷанг хоҳанд кард. Усмон ибни Аффон (р)  ин бор низ бо ҷиддият ва қотеият чунин посух дод:

“ Худованд маро дар  баробари онҳо бас аст, ки ў беҳтарин корсози мушкилкушо аст”.[xv]

 Дар воқеъ низ Муъовия (р) мисли дигар бузургони  Саҳоба  боварӣ дошт, ки дар пушти тамоми ин овозаҳо ва дурӯғҳо дастони палиде нуҳуфта аст, ки қасд доранд ваҳдати уммати Ислом ва  бунёди ба ҳаққи хилофатро аз миён бардоранд. Аммо Усмон ибни Аффон (р) ин халифаи роҳёфта, фикри дигаре дар сар дошт. Ў мехост то охири роҳ бо он ошубталабон ва фитнаангезон ба мудоро ва нармӣ бипардозад, то дигар онҳоро бар ў ҳеҷ ҳуҷҷат ва баҳс набошад ва ба ин тартиб ин  бадтинатони гумроҳро дар дунё ва охират ва назди Худованд ва мардум хор ва расво менамуд ва ин тасмиме буд шуҷоъона, ки танҳо чунин марди одил ва бузургворе бармеомад.[xvi]

2- Усмон ибни Аффон (р) нақшаи фитнаангезонро бармало месозад.

   Усмон ибни Аффон (р) медонист, ки  фитнаангезон дар Мадина ҳузур доранд ва дар ҳоли таҳрики мардум бар зидди ў мебошанд.  Бо ҳамин далил барои ин, ки  битавонад аз ҷузъиёти нақшаҳоии онҳо  хабар ёбад, як марди Махзумӣ ва як марди Заҳриро ба миёни мунофиқони фитнагар фиристод, то дар байни онҳо нуфуз кунанд.  Ин ду мард бар асари тарбияти хоссе, ки назди Усмон ибни Аффон (р) ёфта буданд, ҳеҷ кина ва нафрате  аз халифа ба дил надоштанд ва комилан мавриди боварии Усмон ибни Аффон (р) буданд.  Дар воқеъ Усмон ибни Аффон (р) он дуро солҳо пеш ба хотири иртикоби гуноҳ, муҷозот ва муҳокима намуда буд ва медонист ҳамин собиқа (-ин чандон хуб) метавонад дар  ҷалби боварии мунофиқон шумораи онҳо ва ҷузъиёти нақшаи онҳоро бо Усмон ибни Аффон (р) хабар диҳанд.

Мунофиқон бо он ду гуфта буданд, ки қасд доранд назди Усмон ибни Аффон (р) бираванд ва овозаҳоеро, ки бар  сари забонҳо аст ба ў бирасонанд, онгоҳ  ба назди мардум бозгарданд ва ба онҳо бигўянд, ки онҳо ҳақиқатҳоро ба Усмон ибни Аффон (р) расонанд, аммо Усмон ибни Аффон (р)  қасд надорад аз иқдомоти пешинаи худ даст кашад ва хатоҳояшро ҷуброн намояд. Пас аз ин, ки тавонистем зеҳни мардумро таҳти таъсири худ қарор диҳем, марҳилаи дуввуми нақшаро оғоз мекунем. Дар ин  марҳила дар ҳайати ҳоҷиҳо худро ба Усмон ибни Аффон (р)  мерасонем ва ўро хоҳем кушт. Ҳамчунин онон назди он ду мард эътироф карданд, ки онҳо дар ҳоли ҳозир се нафар ҳастанд.

 Чун Усмон ибни Аффон (р) аз ин нақша бохабар шуд, лабханде зад ва онгоҳ даст ба дуъо бардошт ва аз Худованд дархост намуд то  мунофиқонро ҳидоят кунад ва аз бадбахтии дунё ва охират бираҳонад. Сипас ба масҷид рафт ва Куфиҳо ва Басриёнро фаро хонд. Саҳоба низ гирдо гирди он ҷамоат  ҷамъ шуданд то ба суханони Усмон ибни Аффон (р)  гуш фаро диҳанд Чун Усмон ибни Аффон (р) ҳақиқати он  моҷароро бо он мардум гуфт, ҳама  фарёдзанон аз ў хостанд то он чанд нафарро бикушанд. Аммо Усмон ибни Аффон (р) бо ин дархост мухолифат намуд ва ба онҳо посух дод, ки: “Он мунофиқон ба зоҳир мусалмон ҳастанд ва намехоҳам, ки дигар дар мавриди ин

иқдоми ман бигўянд, ки Усмон ибни Аффон (р) чанд мусалмонро ба хотири мухолифат бо ў кушт.  Мо онҳоро намекушем, балки аз ин иқдоми онҳо чашмпушӣ мекунем ва онҳоро  мебахшем ва талош хоҳем кард, то онҳоро ба роҳи рост оварем ва чашмонашонро ба ҳақиқати ноб равшан созем. Ҳеҷ кас ҳақ надорад мусалмонеро бикушад, ҷуз он ки муртакиби қатл шавад ва ё иртидод ва куфри худро ошкор намояд.[xvii]

  Чаҳорум: Овардани ҳуҷҷат ва бурҳон бар зидди фитнаангезон:

 Онгоҳ Усмон ибни Аффон (р) ва Сабаъиҳоро даъват намуд то дар масҷид ва пеши чашмони ҳамаи Саҳоба ва дигар мусалмонон, иддаъоҳои худро исбот кунанд ва гуноҳон ва хатоҳову зулм ва фасоди ў ва дастгоҳи хилофаташро ба ҳамагон нишон диҳанд. Чун он  мунофиқон чунин намуданд, Усмон ибни Аффон (р)  низ бо пешкаши далилҳо ва баёноти равшангарна посухи онҳо ва туҳматҳои ононро дод. Ў як –як туҳматҳои  Сабаъиҳо бар зидди ўро баён ва ҷавобҳои муҳкамро ба онҳо дод ва тамомии Саҳоба  бузургони Исломро гувоҳ ва шоҳиди он далилҳо ва баёноти худ гирифт, ки ҳеҷ кадом аз онҳо дурўғ намебошанд.[xviii]

 Усмон чунин ҷавобҳоро ба онон дод:

Усмон ибни Аффон (раз) ба ҳашт саволи фитнагарон ё ошубгарон посух дод,ки хело муҳиманд. Ба ин ҳашт посух диққати ҷидди диҳед ҳамаи масаларо мефаҳмед.Дигар ҳеҷ фитнагаре ва кинатузе наметавонад ӯро дар наздатон сухани баде гӯяд.

1 –Усмон ибни Аффон (раз)  гуфт: “ Аз  ман интиқод мекунанд ки ман  намоз дар сафарро бар хилофи суннати Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва Абубакр (р) ва Умар (р)  комил хондаам. Бояд бигўям, ки ман намозро ҳангоми сафар ба Макка  комил хондам ва ҳаминтавр, ки  ҳама медонанд, қавмҳо ва хешони ман  дар онҷо истиқомат мекунанд ва дар  воқеъ ман  дар миёни қавмҳо ва наздикони худ иқмат доштам ва мусофир маҳсуб намешудам”. Саҳоба низ суханони ўро таъйид карданд.

2 –  Усмон ибни Аффон (раз)  гуфт “ Ӯро айбдор мекунанд, ки чарогоҳҳои васеъеро ба шутурони ҳукумат ихтисос дода ва дигар мардумро дар  тангҳо қарор додааст. Бояд гуфт, ки чарогоҳи  шутурон дар аҳди Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва Абубакр (р) ва Умар (р) низ вуҷуд доштанд ва ман фақат онҳоро васеъ кардам, чунки шутурони закот ва ҷиҳод ба андозаи бисёр зиёде афзоиш ёфта буданд. Аз  тарафи дигар ман ҳаргиз фақирон ва мискинонро манъ намкардаам, ки  набояд аз он чарогоҳҳо истифода кунанд. Худи ман ҳаргиз ҳайвонотамро ба чаро нафиристодаам ва ҳамонтавр, ки медонед пеш аз ба хилофат расидан бештар аз ҳамаи  мусалмонон шутур ва гўсфанд доштам, аммо ҳоло фақат ду шутур бароям монда, ки онҳоро низ барои рафтан ба Макка  ва адои ҳаҷ нигаҳ доштаам”. Пас  аз гуфтани ин суханон, Саҳоба  каломро тасдиқ намуданд.(ин матлабро дар мақолаҳои қаблӣ баён доштаам)

3  – Усмон ибни Аффон (раз)  гуфт : “Маро  айбдор  мекунанд, ки ҳамаи нусхаҳои Қуръонро сўзондам ва фақат як нусха аз онро  боқи гузоштаам. Магар интавр нест, ки Қуръон  каломи Худо ва аз ҷониби Ў бар Пайёмбари Худо (с) нозил шуд?! Ин китоб якто аст ва чанд чиз намебошад. Танҳо коре, ки ман кардаам ин буд, ки  ҳамаи мусалмононро бар як  нусха гирд овардам ва монеъи тафриқа ва ихтилофи онҳо шудам. Пеш аз ман низ Абубакр (р) ҳамин корро кард ва  ҳамаи Қуръонро дар як мусҳаф ҷамъ намуд”

4  – Усмон ибни Аффон (раз)  гуфт: “ Гӯянд, ки ман Ҳакам ибни Абилъосро, ки Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)аз Макка ба Тоиф табъид карда буданд ба Мадина овардам. Магар ин тавр нест, ки Ҳакам  аҳли Макка аст ва аз мардуми Мадина нест?!  Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)ўро аз Макка ба Тоиф тибъид намуд, аммо баъд, ки ўро бахшид, уро ба Макка бозгардонид”. Саҳоба низ ин суханони ўро тасдиқ карданд.

5  – Усмон ибни Аффон (раз)  гуфт: “ Айб мегиранд, ки  ман афроди ҷавон ва кам синну солро дар мақомҳо ва мансабҳои мухталиф ба кор гузоштаам. Ман танҳо афроди хирадманд, сабур, устувор ва  мавриди эътимодро ба ин масъулиятҳо гузоштаам ва метавонед лаёқати онҳоро аз афроде, ки зери дасти онҳо будаанд, суол кунед. Аз тарафи дигар худи Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)ва Абубакр (р) ва Умар (р)  низ афроди ҷавонро дар масъулиятҳои мухталифе ба кор гирифтанд. Масалан худи Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)  Усома ибни Зайдро, ки аз  ҳамаи ҷавононе, ки ман  ба кор  гирифтаам кам синну солтар буд, амири лашкар намуд ва интиқодҳое ба маротиб шадидтар аз  аз ин иқтидодҳое, ки аз ман мекунанд дар ҳаққи Ў (саллаллоҳу алайҳи васаллам)  намудаанд”.  Саҳоба низ бо таъйиди  суханони Усмон ибни Аффон (р) гуфтанд, ки ин мардум ба боди интиқод мегиранд.

6 – Усмон ибни Аффон (раз)  гуфт :“ Гӯянд, ки ман хумси ғаниматҳои фатҳи Африқоро ба Абдуллоҳ ибни Саъд ибни Абисарҳ бахшидам. Аммо ман фақат як панҷуми хумсро, ки яксад ҳазор дирҳам мешуд ба ў  додам ва ин маблағро ба унвони подоши  талоши ў  дар фатҳи Африқо ба ў бахшидам. Пеш аз ман низ Абубакр (р) ва Умар (р) чунин подошҳоеро таъйин мекарданд. Ҳарчанд ҳангоме, ки сарбоз аз ин  подош бохабар шуданд ба ин иқдоми ман эътироз карданд ва ҳол он, ки онҳоро чунин ҳаққе набуд, ман низ ба хотири гила ва эътирозҳои онҳо, он подошро дар миёнашон тақсим кардам ва ба Ибни Саъд чизе аз он нарасид”.

7 – Усмон ибни Аффон (раз)  гуфт: “ Аз ман айб мегиранд, ки ман хонаводаамро дӯст медорам ва ба онҳо пул пардохт мекунам. Бидонед, ки ин муҳаббат ба хонаводаам ҳаргиз сабаб нашудааст, ки ҳаққи дигаронро зоеъ кунам ва ба онҳо ситам намоям ва онро ба хонаводаам бидиҳам, балки баракс гоҳ ҳақ ва ҳуқуқи хонаводаамро ба дигар мусалмонон додаам. Пулеро низ, ки  ба хонаводаам медиҳам аз сарвати  худ таъмин мекунам ва ҳаргиз аз байтулмол чизе ба хонаводаи худ надодаам, зеро, ки амволи байтулмол на танҳо бар ман ҳаром аст, балки бар  дигар мусалмонон низ ҳаром мебошад. Ман  дар даврони Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва Абубакр (р) ва Умар (р) нафақаҳои бисёре мекардам ва имрӯз нисбат ба он даврон бисёр хасис шудаам. Имрўз, ки пир шудаам ва қасд дорам амволамро миёни хонавода ва наздиконам тақсим кунам,  ин мардумон аз ман айб мегиранд, ки чаро амволатро ба хонаводаат додаӣ?! Савганд ба Худо ҷуз хумси ғаниматҳо ҳамаи амволеро, ки аз дигар сарзаминҳо ба Мадина меомад ба ҳамонҷо боз мегардондам, то дар  ҳамон диёр сарф шавад ва хумси ғаниматҳоро низ худи мусалмонон тақсим мекарданд ва ба  мустаҳаққони он  пардохт менамуданд. Бидонед, ки ман як фасл  (пуле, ки дар Ироқ роиҷ буд, ё пули сиёҳ ё тин ба истилоҳи имрӯза гӯем) беарзиш низ аз он хумсҳо дарёфт накардаам. Ман  ва хонаводаам танҳо ва танҳо аз сарвати худ истифода кардаем ва  ҳеҷгоҳ пуле аз байтулмол нагирифтаем”.

8  – Усмон ибни Аффон (раз)  гуфт :“ Мегўянд, ки ман  заминҳоро  ба афроди махсус бахшидаам ва дигар муҳоҷирин ва ансор ва мусалмононеро, ки дар фатҳи он сарзаминҳо ширкат доштаанд, маҳрум намудаам. Ман  онгоҳ, ки он заминҳоро тақсим кардам, ҳамаи фотеҳонро аз онҳо баҳраманд сохтам. Аммо дар ин миён гурўҳе аз онҳо дар ҳамонҷо монданд ва гурўҳи дигар ба шаҳрҳои худ бозгаштанд. Ҳамчунин аз миёни ин гурўҳ ҳам ҳастанд афроде, ки он заминҳоро фурўхтанд”.[xix]

 Ин масъалаҳо муҳимтарин интиқодҳое буд, ки бар зидди Усмон ибни Аффон (р)  матраҳ мешавад ва Усмон ибни Аффон (р) бо далилҳои муҳкам ва баёноти равшан ба  ҳамаи онҳо посух гуфт ва ҳамаи суханҳои беҳуда ва дурӯғҳои Сабаъиҳоро бармало сохт. Аммо чӣ суд, ки Сабаъиҳо инсонҳои ҳақталабе набуданд, ки бо дидани далилҳо ва шавоҳиди равшан онро бипазиранд ва ба роҳи рост оянд.  Онҳо танҳо қасд доштанд, ки  Усмон ибни Аффон (р) – ро аз миён  бибаранд ва дар  ростои  ин ҳадаф тамоми  талоши худро сарф мекарданд, то  мардум аз Ӯ рӯйгардон шаванд.[xx] Ҳаққо,  ки ҳар касро Худованд  ба роҳи гумроҳи  барад, касе натавонад ўро   ба роҳи   рост  ҳидоят кунад.

 Ҳамаи  мардум чӣ аз Сабаъият суханони Усмон ибни Аффон (р) – ро шуниданд ва ҳама низ сидқи гуфтори  ўро таъйид карданд. Суханони  Усмон ибни Аффон (р) чунон  муҳкам  ва таъсирбахш буд, ки  ҳамаи  ҳозирини дар масҷид бударо  таҳти  таъсири  худ қарор дод. Аммо раисони нифоқ ва Сабаъият, ки  ҳаргиз аз пайи ҳақиқатҳо набуданд ва танҳо қасд доштанд миёни  уммат тафриқа эҷод кунанд ва онҳоро ба доми  ҳалокаткунандаи  ихтилоф ва тафриқа пеш баранд, бо ин суханон низ аз шарорат ва бадии худ даст  набардоштанд. Пас  аз фош шудани  дурӯғҳо  ва тухматҳои  онон,   мусалмонҳо аз Усмон ибни Аффон (р) хоҳони он шуданд, ки  ў раисони  фитнаагези Сабаъитро  бикушад,то  уммати Ислом аз шарри онон дар амон бимонад ва сарзамини мусалмонон бори дигар ранги  оромиш ва амният ба худ бубинад. Аммо Усмон ибни Аффон (р) бо дархости онҳо  мухолифат менамуд. Ў бовар дошт, ки  дар сурати  куштани он афроди  мунофиқ ва фитнаагез, фитнаи  онҳо дар сар  то сари  ҷаҳони исломро  дарбар мегирад ва  онҳо  ба аҳдофи  худ даст  хоҳанд ёфт. Ў ба онҳо иҷоза дод то ба сарзаминҳои  худ бозгарданд, ҳол он, ки медонист  ки онҳо нақшаҳои  худ дар ростои зарба  задан ба баданаи  ваҳдати уммати ислом дунбол хоҳанд кард.[xxi]

Панҷум: Қабули шуморе аз дархостҳои  эътирозкунандагон

 Усмон ибни Аффон (р) ба шуморе аз дархостҳои эътирозгарон мисли  дархости  барканории волиҳо  ва  таъйини  афроди дигаре  ба ҷои онон посухи  мусбат  дод. Дар воқеъ ин иқдом метавонист дар роҳи пойдории адл  ва баробарӣ  ва риояти  ҳуқуқи мардум  муфид воқеъ шавад, аммо мутаассифона дар пушти  ин дархостҳо ҳадафҳои палиде вуҷуд дошт, ки  танҳо  эҷоди тафриқа миёни сафхои  мусалмонон ва шўълавар кардани оташи фитна ва ҷанг миёни онҳоро мадди  назар дошт ва ин ҳамон фитнае  буд, ки Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)солҳо пеш хабари рух додани он ва шаҳид шудани ҳазрати Усмон ибни Аффон (р) дар ҷараёни он дода буданд.[xxii]

 Шашум: Усуле, ки Усмон ибни Аффон (р) бар асоси  онҳо бо фитна бархурд мекард

Дар ин бахш дарсҳоеки аз ин амалкардҳои Усмон (раз) дар қиболи фитнагарон метавон гирифт.

 Бо диққат  намудан дар амал карди  Усмон ибни Аффон (р) дар ҷараёни  рух додани фитна метавон усулеро, ки ў  дар тарзи бархурд бо он фитна,  бар асоси онҳо амал мекард, истинбот намуд. Ин усул  иборатанд аз:

1- Собит шудани  овозаҳо ва туҳматҳо

 Усмон ибни Аффон (р) ҳайатҳои  таҳқиқ ва  баррасии зиёдеро ба  сарзаминҳои  гуногун фиристод  то дар мавриди  саҳиҳӣ ва  дурустии ин овозаҳо таҳқиқ намоянд. Ҳамчунин шахсан бо мардуми он сарзаминҳо ба гуфтугу пардохт ва тавонист ба шакли зираконае пай ба нақшаҳои шуми  Сабаъиҳо бибарад ва ҳақиқати вуҷудии ононро бишносад. Аммо ҳаргиз дар содир кардани ҳукм бар зидди  онҳо  шитоб накард ва  мунтазири амалкарди онҳо монд.

2 – Адл ва инсоф бояд  риоят  шавад

Ў  дар номаҳои  худ хитоб ба мардуми сарзаминҳои  мухталиф эълон намуд, ки ҳар кас иддаъо мекунад, ки Усмон ибни Аффон (р) ва ё волиҳои ў дар ҳаққи ў зулме раво доштанд ба ҳаҷҷи он сол биёяд ва он ҳақро  аз ў ва ё  волиҳои ў бигирад.[xxiii]

3 – Сабр ва гузашт ва оромиш

 Ин аслро метавон ба равшанӣ дар номаи ӯ хитоб ба мардуми Куфа, ки  хостори барканории Саъид ибни Ос  ва таъйини Абу Мусои  Ашъарӣ ба ҷои ў буданд, мушоҳида намуд. Ў дар он нома чунин мегўяд: “ Ман обруямро ба хатар меандозам ва дар баробари шумо сабр пеша мекунам, шояд битавонам шуморо ислоҳ намоям. Ман ончиро,  ки шумо дӯст доред то он замон, ки  хилофи дастуроти  Худованд набошад, ба шумо хоҳам дод ва  ончиро, ки шумо намеписандед то он ҳангом, ки гуноҳе дар он набошад аз шумо дур хоҳам намуд”.[xxiv]

4 – Талош барои ҳифзи  ваҳдат  ва парҳез аз омилҳои  ихтилофбарангез

 Усмон ибни Аффон (р) ба хотири  ҳифзи  ваҳдати  уммати Ислом буд,  ки дастур дод як мусҳафи  ягона аз Қуръон гирдоварӣ ва  дар ихтиёни мусалмонон қарор бигирад ва бақияи нусхаҳои  Қуръон аз миён бираванд. Ҳамчунин  дар ҷараёни фитна хитоб ба мардум чунин: “ Бидонед, ки ман ҳеҷ коре, ки  қатли маро раво дорад, анҷом надодаам. Агар маро  ба қатл расонед ваҳдат  миёнатон   аз байн меравад, ҳамдигарро дӯст нахоҳед дошт ва наметавонед  дар як сафи ягона  бар зидди душманонатон биҷангед.[xxv]

5 –  Сукут ва иҷтиноб аз дароз кардани калом дар ин навъ масъалаҳо

 Усмон ибни Аффон (р) ҷуз ҳангоми радди туҳматҳо дар масъалаҳое, ки сабаби маърифат ва  ҳидояти мардум шавад, одат дошт, ки сукут ихтиёр кунад ва сухан гуфтани бисёр бипарҳезад.

6 – Машварат бо уламои солеҳ ва  парҳезкор

 Усмон ибни Аффон (р) дар масъалаҳои мухталиф бо уламои солеҳ ва парҳезкоре мисли Алӣ ибни Абутолиб, Зубайр ибни Аввом, Талҳа ибни Убайдуллоҳ, Муҳаммад ибни  Муслима, Абдуллоҳ ибни Салом ( разияллоҳу анҳум аҷмаъин)  машварат кунад ва назари онҳоро бипурсад. Дар воқеъ уламо ба ин далил, ки аз илм  ва  маърифат ва  басират ва  шинохти бештаре нисбат ба умур ва масоил  бархурдор ҳастанд метавонанд ҳаркиро, ки бо онҳо машварат намояд ба фаҳм ва  дарки бештар ва дурусттаре аз он масоил раҳнамоӣ кунанд.[xxvi]

Идома дорад…

Мақолаи баъди “Шуришчиён Мадинаро ишғол мекунанд” мебошад,бо мо бошед ва аз онҳама огоҳӣ пайдо намоед.

 

Сарчашмаҳои истифода шуда:


[i]. Таърихи Табарӣ (5/348).

[ii]. Фитнату мақтали Усмона (1/117).

[iii]. Таърихи Табарӣ  (5/349).

[iv]. Таърихи Табарӣ (5/ 349).

[v]. Усмон ибни Аффон ашшокирус – собир, 212.

[vi] . Муъовия ибни Абусуфён, 126.

[vii] . Таърихи Табарӣ (5/351).

[viii] . Амр ибни Ос ал амирул – муҷоҳид, Алғазбон, саҳ 447.

[ix]. Амр ибни Ос  ал – амирул – муҷоҳид саҳ 447.

[x]. Амр ибни Ос  ал – амирул – муҷоҳид саҳ 447.

[xi] . Таърихи Табарӣ (5/ 340).

[xii] . Таърихи Табарӣ (5/ 340).

[xiii] . Хилофату Усмона, Муҳаммад Суламӣ саҳ 77.

[xiv] . Алхулафоур – рошидун, саҳ 151.

[xv] . Таърихи Табарӣ (5/353).

[xvi]. Усмон ибни Аффон алхалифатус собируш – шокир саҳ. 214.

[xvii] . ТаърихиТабарӣ (5/355- 354).

[xviii] . Алхулафоуррошидунсаҳ. 154 – 155.

[xix]. Алъавосими минал – қавосими, саҳ 61 – 111. Таърихи Табарӣ (5/355). Алхулафоур – рошидун саҳ. 158. Алфитна, Аҳмад Армуш саҳ 10 -14.

[xx] . Торихул – ҷадал, Муҳаммад Абузаҳра саҳ 98 -99.

[xxi] . Алхулафоур – рошидун саҳ 158 -159.

[xxii] . Хилофату Усмона, Муҳаммад Ассуламӣ саҳ 78.

[xxiii] . Таърихи Табарӣ (5/349).

[xxiv] . Таърихи Табарӣ (5/343).

[xxv] . Албидоя ванниҳоя (7/184).

[xxvi] . Аҳдос ва аҳодисул фитнатил – ҳараҷ сах. 728.

Share This Article