Қабр ва манзалати он (бахши аввал)

Ислоҳ нет

Қабр ва манзалати он

(бахши аввал)

Тасмим гирифтам дар мавриди қабр ва ҳолатҳои он силсила мақолотеро тақдими шумо хонандагони гиромӣ намоям.Чандест аз ман дар ин маврид саволҳои зиёде шудааст.Барои онки дар ин маврид маълумоти муфассал гиред.Кушиш мекунам  аз китоби “Биступанҷ суол аз неъмат ва азоби қабр”,ки таълифи Сайид Ҷумайлӣ ва ин китобро соли 2007 тарҷума намудаам тақдиматон намоям.

«Асли номгузории қабр, ҳукм ва манзалати он байни дунё ва охират чист

«Қабр» муфради «қубур» (қабрҳо) аст. Дар забони арабӣ инро ҷамъи «касрат» (бисёр) мегўянд ва ҷамъи «қиллати» (кам)-и он «ақбур» аст.

Гуфта шудааст, ки аввалин касе ки қабр канд ва ба ин суннат асос гузошт, зоғе буд. Он ҳам ҳангоме, ки Қобил бародараш Ҳобилро мекушад ва ҳайрон мемонад, ки бо ҷасади ў чӣ кор кунад? Ин вақт Худованд (ҷ) зоғро фиристод, то чи гуна пўшонидани ҷасади бародарашро ба ў нишон диҳад. Ба забони ў Худованд мефармояд:

 

فَبَعَثَ اللّهُ غُرَابًا يَبْحَثُ فِي الأَرْضِ لِيُرِيَهُ كَيْفَ يُوَارِي سَوْءةَ أَخِيهِ قَالَ يَا وَيْلَتَا أَعَجَزْتُ أَنْ أَكُونَ مِثْلَ هَـذَا الْغُرَابِ فَأُوَارِيَ سَوْءةَ أَخِي فَأَصْبَحَ مِنَ النَّادِمِينَ

«Худо зоғеро фиристод, то заминро бикобад ва ба ў биёмўзад, ки чӣ гуна ҷасади бародари худ дафн созад. Гуфт: «Вой бар ман, натавонам монанди ин зоғ бошам ва пайкари бародарамро дафн кунам». Ва дар зумраи пушаймоншудагон даромад».[i]

 

Бинобар ин қабр барои пўшонидани мурда аз рўи икром ва иззати бар ў гардонида шудааст ва монанди дигар ҷондорҳо ҷасадаш бар рўи хок андохта намешавад, то хазандаву паррандаҳо онро бихўранд.

Каломи Худованд:

ثُمَّ أَمَاتَهُ فَأَقْبَرَهُ

«Он гоҳ бимирондаш ва дар гўр кардаш».[ii]

Аммо ҳукми қабр ин аст, ки аз рўи замин каме баланд ва мисли пушти моҳӣ бошад ва бо сангу лой ва хишт бино нашуда бошад, чун ин шаръан манъ шудааст.

Имом Муслим ва Имом Тирмизӣ ҳарду аз Ҷобир (р) ривоят намудаанд, ки Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи васаллам)аз гачкорӣ кардани қабр ва нишастан бар боли қабр ва иморат сохтан бар онро манъ кардааст. Ин ривояти Муслим аст.[iii]

 Аммо ривояти Тирмизӣ мегўяд: «Манъ намудааст Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи васаллам)аз гачкорӣ кардани  қабрҳо ва аз навиштан бар боли қабрҳо ва аз иморат сохтани бар онҳо ва аз ин ки зери пой карда шаванд».

Абуисо инро ҳадиси саҳеҳ гуфтааст.[iv]

Дар «Саҳеҳи Муслим» аз Абилҳаёҷи Асадӣ ривоят аст, ки мегўяд:

Алӣ ибни Абутолиб (р) ба ман гуфт: оё нафиристонам шуморо ба он чи ки маро Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи васаллам)фиристода буд? Ҳеҷ тимсоле (муҷасама, ҳайкал)-ро магузорӣ, магар ки онро аз байн бубарӣ ва ҳеҷ қабри баландеро магузорӣ, магар ки онро ба хок баробар бисозӣ».[v]

Дар «Сунан»-и Абудовуд аз Осим ибни Абусолеҳ омадааст: «Қабри Расули Худоро дидам, ки як ваҷаб ё монанди он буд, яъне дар баландиаш».[vi]

Аммо манзалати қабр, ба таҳқиқ он аввалин манзил аз манозили охират аст. Ин ҳам бо далели ҳадиси ривоятшуда аз Усмон ибни Аффон (р) аз Паёмбар (с), ки мефармояд: «Дар ҳақиқат қабр аввалин манзилҳои охират аст, пас агар шахсе аз он наҷот ёбад, манозили баъд аз он барояш осонтар аз он аст ва агар наҷот наёбад, манозили баъд аз он шадидтар ва сахттар аз он аст».[vii]

Инчунин Паёмбари акрам (с) мефармояд: «Ҳеҷ манзараеро надидам, магар ки қабр ҳавлноктар аз он аст».[viii]

Ибни Моҷа дар «Сунан»-и худ аз Ибни Барроҳ ривоят мекунад, ки гуфтааст:

«Ҳамроҳи Паёмбар (с) дар ҷанозае будем, пас дар лаби қабр нишаста гирён шуд ва мардумро гирён намуд, то ки хок намнок шуд, баъд аз он фармуд: «Эй бародарони ман, барои монанди ин омодагӣ гиред».[ix]

Идома дорад бо мо бошед….

Пайнавишт:


[i] Сураи Моида, ояи 31.

[ii] Сураи Абаса, ояи 21.

[iii] Муслим (2/667/970).

[iv] Тирмизӣ (1052).

[v] Муслим (2/666/968,969).

[vi] Сунани Абўдовуд.

[vii] Ибни Моҷа (4267).

[viii] Тирмизӣ (2308).

[ix] Ибни Моҷа (4190).

Share This Article