КДАМ аз муассисаҳои илмии кишвар барои ҳимояти худ кумак хост
Пас аз мақолаи дирӯза зери унвони “Кормандони КДАМ пас аз гусели Мирзиёев ба сомонаи Ислоҳ ҳуҷум намуданд.” Ва кашфи панҷ нафареки аз номи 73 нафар комент навиштанд.Хостанд субҳи рӯзи 13-03-2018 шевои кори худро дигар кунанд,то ба ман бигӯянд марҳамат бубин ашхосе вориди Сомонаи Ислоҳ мегарданд,ки ҳамаашон бо эмайлҳои худ ва номҳои аслии худ мебошанд.Соат тақрибан 11 субҳ буд бароям яке аз мухлисон чунин паёме навиштанд.
Матни паёми ирсол шуда ин аст:
Устод хаста набошед амниятро ба по хезонидед ,мақолаи шаб навиштаатон барояшон мушкил тамом шуд. Мақомоти амнияти дар яке аз муассисаҳои давлати омада аз устодон хоҳиш намуданд ба Сомонаи Ислоҳ ворид гардед ва бар зидди ин хоин комент нависед.Ман хуб мефаҳмидам ин сомонаи шумо аст.Яке аз ҳозирин гуфт зери кадом мақолааш? Гуфт шумо вориди ин Сомонаи хоин мешавед ва медонед ӯ чанд мақола дорад? Не охир мақолаҳои он кас хело зиёданд ва ҳама медонад он шахсро. Гуфт суханро зиёд накунед мақолаи дирӯзааш бар зиди КДАМ,даб далаи бачаҳора бровардаи.Ин як шармандаги аст раёсат моро зери фишор қарор додааст,ки ҳатман бо номҳои асли нависанд ва ҷавоби дандон шикан барояш диҳед. Мо мехоҳем устодон ва онҳоеки метавонанд навишта ворид шавед ва хуб бар зидаш нависед,то лаънати хомӯш шавад.Чӣ нависем метавонем огоҳӣ дошта бошем? Гуфт зиёд савол додестаи ворид шав ҳақорат мекуни чикоре мекунӣ аз ин шармандагӣ халосмон кун.Ман мақолаи шуморо субҳ хонда будам аз фейсбук.Яке аз ҳозирин гуфт дар фейсбук нависем мешавад? Даромадан намешавад ба Сомонаи Ислоҳ? Гуфт метоне дромада дроен шогирдорам устодорам бген дроян нависанд.Дар Фейсбук мо шахсони худро дорем ниёз ба навиштанатон надорем онҷо,дар оянда ҳатман нависед хомӯш набошед ин вазифаи шумоҳам ҳаст.Оромӣ намехоҳед,тенҷӣ осӯдагӣ зарартон кардааст?” Ин буд матни номаеки бароям ирсол шуда буд,албатта дар он ман тағйироти лафзӣ ва номи муассисаи таълимиро ҳазф намудам,то зараре ба он шахс нарасонанд.
Хело мехостам дар ҳол гузорам онро дар Сомона вале хостам нахуст ба ҳама онҳоеки навиштаанд зери коментҳояшон посух нависам ва сипас онро гузорам.
Пас аз инки посухҳоро дар сомона навиштам метавонед ворид гардед ва навиштаҳои онҳо ва посухҳое барояшон навиштам хонед.Намехоҳам дар мавриди коментҳо шарҳе нависам,марҳамат ворид шуда онҳоро хонед ва худ қазоват кунед!
Қариб бегоҳи буд як нафар бароям чунин навишт.
Ассалому алайкум ҳазрат дуъои бадмон накунӣ ба Худо маҷбурмон кадан нависен номи ма дар коменто …… ҳамин буд. Гуфтанмон агар нанависен шумоҳам хоинен ва ….. нест.Илтимос моро фаҳмед ҳазрат мо медонем инҳоро вале охир чикор кунем?
Алҳамдулиллоҳ Худованд инҳоро ончунон нотавону заъиф кардааст,ки дигар тавони баҳси илмӣ ва солимро надоранд.Корашон айнан мисли авбошон аст ва ҳеҷ шармҳам намедоранд. Метавонед дар поёни мақолаи дирӯза коментҳои фармоишии воқеъиро хонед. Ин коментҳо воқеӣ ҳастанд,аз ин сабаб онҳоро ҳазф накардам ва гузоштам,то ҳама хонанд онҳоро ва зери ҳар як кадоме онҳо посухи худро навиштам.Агар хато накунам панҷ коментро ҳазф намудам, яке гӯё аз номи як Афғони бадахшонӣ навишта шуда буд ва комилан тавҳин буд, онро бо шумули чор коменти дигар. Мунтазири аксуламали дигари онҳо мемонем,боз чӣ коре мекунанд.