Аллоҳи Раҳмон, барои уммат раҳмататро ато кун

Ислоҳ нет

 

Эй Аллоҳи Раҳмон ва эй Аллоҳи Раҳим, ба сӯят бо иштиёқи комил омадаем, Ийёка наъбуду ва Ийёка настаъин. Ҷуз Ту ҳеҷ фарёдрасе моро нест,ҳеҷ маъвое,ки дар он сукунат ва оромиши хотиру бол бошад моро нест.Ту моро аз падар ва модарҳоеки моро аз худашон бештар дӯст медоранду тарбиятамон намуданд бештар дӯстамон медори.Раҳмати ту бе карон ва бар ғазабат сабқат намуда аст, ин моро орому осуда мегардонад.Он ибодатҳое мо мекунем мамлӯъ аз иштибоҳ ва аҷалаву нуқсонанд,ба он ибодотамон иттико наменамоем.Дилҳои моро поку бе олоиш аз лағжишҳои шайтонҳои инсӣ ва ҷиннӣ бигардон.Қуръонро нӯр ва роҳнамо дар дунё  ва шафоъат кунанда дар охират ва рӯзи ҷазо қарор бидеҳ.

Уммати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) имрӯзҳо дар сахттарин имтиҳону озмоиш,ибтилову,қаҳти,ва қатлу,зулму,таҳқир қарор гирифтааст.Имрӯз барои баъзе аз ин уммат, мусалмон будан ин гирифторгаштан ба мусибат,зиндонӣ гаштанро мефаҳмонад.Аммо мо ҳама ин мушкилотро мутаҳаммил мегардем ва сахттарин роҳеки бузургони гузаштаи ин уммат мутаҳаммил гардида буданд дубора омодаи таҳаммули он ҳастем.Бароямон зиндагонӣ дар ин дин ва мурдан дар ин роҳи пуршараф, ифтихору иззат аст.Муҳим аз раҳмати бекаронат моро дур накуну аз бандагони мухлису бовафоят ба аҳди додаамон содиқ ва по барҷо боқӣ хоҳем монд.

Эй Аллоҳ ҳама олами пур шақовату мутаҷовиз, шабу рӯз тарҳҳои ҷадиду нав ба наве бар алайҳи ин уммат омода намуда ва мехоҳанд татбиқашон кунанд.Эй Аллоҳ ин ҳама тарҳҳои кашидаашонро бар алайҳи худашон баргардону хору залилу шармсорашон намо. Ба роҳбарони ин уммат шуҷоъат,мардонагӣ,ҳуввият, худшиносӣ, номус,адлро тавъам ва насибу рӯзӣ бигардон.То имрӯз дар умум  роҳбарони ин уммат,аз ин хислатҳо орӣ ва дуранд. Зиндониҳои мазлуми моро,ки дар сахттарин ҳолати тоқатфарсо қарор доранд аз зиндони ин золимон озодашон кун.Аксари зиндониёни ин уммат, барои ақида ва фикрҳояшон зиндонӣ гаштаанду ранҷ мебаранд. Дуздону ғоратгарони сармояҳои кишварҳоямонро,динситезони мардумозорамонро, мубтало ба балоҳое бигардон,ки роҳи наҷоташонро,танҳо дар баргардонидани ончӣ аз мо дуздидаанд бубинанд.Агар саркашӣ ва истикбор варзанд Ту худ қодиру тавоноӣ,барояшон азоби дарднокеро дар қабру охират муҳё бигардон.Ба модарону падарони дар интизори фарзанд буда қуввати сабру таҳаммулро насиб бигардон.Ба хонумҳои дар интизори шавҳарҳои дур буда, пойдорӣ,субот ва амин буданро ато бинмо. Ҳеҷ зани мусалмонро бозичаи дасти шаҳватронҳои ҳайвонсифати инсӣ нагардон.Бар ҷавонони ин уммат чӣ писар ё духтар иффат,покдоманӣ,тинату равони пок,иззат,маҷд ва каромат арзонӣ бинмо.Аз ҳама кишварҳои олам зулмро ба кулли дӯр ва адлу адолат парвариро интишор бигардон.Бар олимони уммати ислом гуфтани сухани ҳақро дар забон ва дилу рафторашон танинандоз бигардон. Кишварҳои ҷангзадаву валангори ин уммати парешонро, дубора барқарор, амну суботу дӯстиро ҳамешагӣ бигардон. Ҳар мутаҷовизу истеъморгарро дар хуни худ мубтало ва макрашонро бар худашон баргардон.Оворагони ин умматро,ки дар ҳама гӯша ва канори мулку сарзамини паҳноварат муҳоҷир гаштаанд бар ватанҳои доимии худ баргардон.Ҳаргиз ин умматро дар назди душманонат сархаму бе иззату шараф нагардон.Мо ҳеҷ додрасе ҷуз Ту ва раҳмати Ту эй Аллоҳ надорем.Дидори ҷамоли бе ҳамтоят ва нӯшидани оби ҳавзи Кавсарро аз дастони Ҳабибат Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ҳамаи ин умматро насибу рӯзӣ бигардон.Дуъои мустаҷобе барои мо агар муқаддар намуда бошӣ дар ин рӯзи сайиди ҷумъа,ин дуъоҳоро иҷобат фармо.Аллоҳумма Салли ва Саллим ва борик алайҳӣ,камо туҳибу ан юсаллӣ алайҳӣ,ва камо янбағӣ ан ясаллӣ алайҳӣ,ва камо амарта ан юсаллӣ алайҳӣ. Аллоҳумма Салли ва саллим ва борик алайҳӣ  Салотан тунаҷйино мин ҷамиъил аҳволи вал офоти,ва тақзӣ лано биҳо ҷамиъал ҳоҷоти.Ва тутаҳҳирно биҳо мин ҷамиъис сайиот,ва тарфаъуно биҳо ило аъло дараҷоти.Ва туҳаллу биҳо алуқад,ва туфарриҷу биҳал карб,ва туқзи биҳо алҳавоиҷ,ва тунолу биҳо алрағоиб ва ҳуснал хавотим.

Аллоҳумма Салли ва Саллим ва Борик алайҳӣ фи кулли вақтин ва ҳин,ва фи кулли миллатин ва дин,ва фил оламина ило явмиддин омин.

Муҳаммадиқболи Садриддин

Share This Article