Ҳулули моҳи шаъбони соли 1439 ҳ.қ

Ислоҳ нет
 
 
Имрӯз 16-уми апрели соли 2018 мутобиқ  ба 30-юми моҳи раҷаб, фардо 17-уми апрел аввали моҳи шаъбон аст. Аксари давлатҳои арабӣ ва исломӣ ба ин мувофиқанд.Имсол моҳи шаъбонро мутахассисон тибқи ҳисоботи худ 29 рӯз  унвон кардаанд ва аз рӯи ин ҳисоб  моҳи рамазони имсол ба 16 –уми май рост меояд ва иди фитр 15-уми моҳи июн ва мусодиф аст ба рӯзи ҷумъа. Аммо тибқи маъмул моҳи ҷадидро бегоҳи 29 –уми шаъбон қабл аз ғуруби офтоб эълон мекунанд.Соли гузашта моҳи рамазон 27- уми май буд, вале имсол 11 рӯз фарқ мекунад на 10 рӯз ва моҳи рамазони имсолро 30 рӯзи комил мегӯянд..Расадхонаи давлати Мисри араб моҳи рамазонро 17-уми май медонанд.То охири моҳ боз тибқи руъяти ҳилоли моҳи рамазон дар рӯзи 29 –уми шаъбон қабл аз ғуруб эълон мегардад, ки шаъбон 29 рӯз аст ё 30 рӯз.
Агарчӣ дар асри мо мувофиқи ҳисоб ва расадхонаҳои давлатҳои исломӣ    моҳҳоро хело дақиқ ҳисоб мекунанд, аммо боз ҳам тибқи ҳадис онро бо чашм дар рӯзи охири моҳ мебинанд ва моҳи ҷадидро эълон мекунанд.Тибқи сомонаи http://www.time.ir/ дар Эрон имрӯз 29 –уми моҳи раҷаб аст ва фардо 30-юми моҳ, 18 –уми апрел аввали моҳи шаъбон аст, аммо дар Тоҷикистон бошад сомонаи Шӯрои Уламо http://shuroiulamo.tj/tj  маркази исломӣ имрӯз 16 –уми апрелро  1 –уми моҳи шаъбон нишон медиҳанд.Оқибат ба хайр бошад, моҳи шаъбонро чанд рӯз ҳисоб мекунанду моҳи рамазонро кадом рӯз эълон, инаш  марбути ин ниҳоди моҳи рамазону идҳои рамазону қурбон эълонмедоштагиҳо аст. Ҳади ақал ҳамин як вазифаро дуруст анҷом намедиҳанд.
Умед дорам дар аввалин фурсат фазилати ин моҳи бузргро дар шумораҳои баъдӣ тақдими шумо азизон мегардонам.
Муҳаммадиқболи Садриддин
Share This Article