Модар, духтар ва бародари Шабнам Худойдодова субҳи дирӯз 11-августи соли 2018 аз Тоҷикистон хориҷ шуданд ва айни ҳол дар Алма-атои Қазоқистон барои давоми сафарашон то Лаҳистон омодагӣ мебинанд.
Шабнам Худойдодова, фаоли сиёсӣ, дар мусоҳиба бо сомонаи таҳлилии Ислоҳ нақл кард, ки соли 2015 баъди 11-моҳи ҳабс дар Брести Белорус, ки бо дархости истирдод ҳукумати Тоҷикистон аз кишвари Белорус боздошти ӯро талаб карда буд, бо миёнҷигии СММ ва якчанд созмонҳои дифоъи ҳуқуқи башар озод мегардад ва ба кишвари Лаҳистон паноҳанда мешавад.
Баъди он, ки ҳукумати Белорус Шабнамро ба Тоҷикистон истирдод намекунад, ҳукумати Тоҷикистон шурӯъ мекунад ба фишор овардан ба пайвандонаш, ки дар дохили кишвари Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд.
Дар ин миён бо роҳнамои мақомоти амниятии Тоҷикистон чандин маротиба, духтараш Фотима дар мактаб латукуб мешавад. Илова бар ин хонаи модарашро чандин маротиба сангборон мекунанд.
Ба хотири фаолияти сиёсӣ ва интиқоди Шабнам Худойдова аз ҳукумати Тоҷикистон, модар, духтар ва дигар пайвандонашро дар дохили кишвар мақомоти амниятии Тоҷикистон зери фишору шиканҷа нигоҳ медоранд. Бар замми ин иҷоза намедоданд, ки модару духтараш аз Тоҷикистон берун раванд.
Рӯзҳое, ки Шабнам Худойдодова дар Конфронси ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо, моҳи сентябри соли 2016 ширкат меварзид, пайвандонашро дар Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ фишор меоранд, духтарашро латукуб намуда, хонаи модарашро сангборон мекунанд. Ҳамон замон, дар ин Конфронс Шабнам бо намояндагони якчанд созмонҳои дифои ҳуқуқи башар ва дипломатҳо ҷиҳати машварат ва маслиҳатҳои ҳуқуқӣ барои берун овардани модару духтараш аз Тоҷикистон вохӯриву гуфтугӯ мекунад.
Моҳи декабри соли 2016 ба Шабнам Худойдодова муяссар мешавад, ки барои модар ва духтараш раводиди Олмон дуруст кунад. Мебоист модар ва духтари Шабнам то соли нави 2017 аз кишвар хориҷ ва озими Олмон мегардиданд.
Шабнам дар сӯҳбат бо Ислоҳ гуфт, ки мақомоти амниятии шаҳри Кулоб ҳамон замон ҳуҷҷатҳои онҳоро мусодира мекунад ва модару духтараш наметавонанд ба Олмон сафар кунанд. Мақомот пайвандони Шабнамро ҳамчун гаравгон намегузоранд аз кишвар берун шаванд.
Баъди кӯшиши сафар аз Тоҷикистон дар айёми соли нави 2017 фишори мақомот ба аҳли хонаводааш сангин мегардад. Шабнам маҷбур мешавад, ки як муддат ба хотири наҷоти модару фарзандаш аз шиканҷаи равониву ҷисмонӣ, фаолияти сиёсиро тарк гӯяд ва аз интиқоди ҳукумати Тоҷикистон даст кашад.
Наздик ба ду сол ин фаоли сиёсӣ аз шабакаҳои иҷтимоъӣ нопадид мешавад, ин муддат ба фаолияти кумак ба муҳоҷирон ва дифоъи ҳуқуқи инсон мепардозад.
Қобили зикр аст, ки танҳо пайвандони Шабнам гаравгони сиёсӣ набуданд. Садҳо пиронсолону кӯдакони пайвандони фаолони сиёсие, ки алайҳи сиёсати золимона ва саркубгароёнаи ҳукумати Тоҷикистон мубориза мебаранд, гаравгони мақомоти ин кишвар буданд ва ҳамчун асир нигоҳ дошта мешуданд.
Яке аз ин асирон Иброҳим (Ҳамза) Тиллозода буд, ки тули се сол бо вуҷуди доштани беморие, ки табобаташ дар Тоҷикистон имконнопазир аст, мақомот иҷоза намедод, барои табобат ӯро ба хориҷ баранд.
Дар ин замон Ҳамзаи бечораро, ки саратони ҷанини дараҷаи 4-ум дошт, таҳти фишори мақомоти амниятӣ духтурони ғайри ҳирфаӣ ҷарроҳӣ мекунанд. Баъди ин, ҳолати Ҳамза вахим мегардад ва аксҳои ҳолати бемории ӯ дар расонаҳо пайдо мешаванд.
Ҳолати ваҳшатангези Ҳамза, касеро намегузошт, ки бетараф бошад. Дар арзиа ба номи раисҷумҳури Тоҷикистон, ҷиҳати иҷозаи сафар ба хориҷ барои таботат, зиёда аз 145 ҳазор нафар ба таври петитсия имзо карданд.
Як гурӯҳ фаолони сиёсӣ новобаста аз андешаҳои мухталиф махсус ситоде бо номи “Наҷоти Ҳамза” созмон доданд. Бо ҳамоҳангии ин ситод дар саросари ҷаҳон, дар зиёда аз 30 кишвар флешмобу пикет ва тазоҳуротҳо баргузор шуданд. Ҳатто намояндагони миллатҳои гуногун дар флешмобу пикетҳо иштирок карданд. Чандин созмонҳои дифоъи ҳуқуқи башар изҳорот пахш намуданд. Тули як моҳ сару садои мардуми олам барои наҷоти Ҳамза гӯё ба фалак печид.
Дар натиҷа, мақомоти Тоҷикистон Ҳамзаро аз асорат ва гаравгонии сиёсӣ “озод” кард, субҳи чаҳоршанбеи санаи 2-уми август Ҳамза ҳамроҳи модараш озими Шаҳри Станбули Туркия мешаванд. Айни ҳол Ҳамза дар Стамбул табобат мегирад.
Баъди наҷоти Ҳамза, Шабнам Худойдодова бо умеди инки духтари ӯро низ аз асорат озод мекунанд, ба модараш, духтараш Фотима ва як бародараш билети ҳавопаймо мехарад, то онҳо ба Алма-атои Қазоқистон ва аз он ҷо ба Лаҳистон сафар кунанд.
Пайвандони Шабнамро мақомоти амниятии Тоҷикистон ҳангоми сафар дар фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе, баъди гузаштан аз қайди ҳуҷҷатҳо, аз дохили ҳавопаймо бо баҳонаи дуруст набудани ҳуҷҷатҳояшон гирифта мефароранд ва аз сафар бозмедоранд.
Баъди аз сафар боздоштани пайвандони Шабнам аз ҷониби мақомот, фаолони сиёсии тоҷик дар хориҷ, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонони сиёсӣ таъсис дода, боз дар саросари дунё садо баланд карданд.
Ин дафъа, Кумита кори худро ҷиддӣ гирифт. Ба ин кумита ҳукуқшиносони дараҷаи байналмилалӣ, сиёсатдонҳо, сиёсатмадорон, созмонҳои дифоъи ҳуқууқи башар, вакилони мудофеъ ва даҳҳо фаолони сиёсӣ сарҷамъ шуданд. Кумита эълон кард, ки то наҷоти охирин гаравгони сиёсӣ дар Тоҷикистон кори худро густариш ва идома хоҳад дод.
Дар натиҷаи садобаландкуниҳо, флешмобу пикетҳои саросарӣ, фишори созмонҳои дифои ҳуқуқи башар мақомоти Тоҷикистон ба танг меояд ва ниҳоят пайвандони Шабнам низ озод ва дирӯз 11- августи соли 2018 ба қасди Алма-ато Тоҷикистонро тарк мегӯянд.
Худи Шабнам Худойдодова дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки наҷоти пайвандонаш аз қабзаи асорати мақомоти Тоҷикистон натиҷаи кору фаолияти пурсамари Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонони сиёсӣ буд.
“Ман ба тамоми бародарону хоҳарон, хусусан ба раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, Темур Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Алим Шерзамонов, Вайсиддин Одинаев ва ҳамаи онҳое, ки дар ҳамонҳангӣ бо Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонони сиёсӣ барои наҷоти духтарам мубориза бурданд, изҳори миннатдорӣ мекунам” – мегӯяд Шабнам.
Аммо Ӯ мегӯяд ин охири кор нест ва то пайвандонаш ба наздаш наоянд ва онҳоро ба оғуш нагирад ором буда наметавонад.
Мусоҳибаи пурраи мо бо Шабнам Худойдодова ва нақли худи ӯ дар бораи қазияи гаравгонии духтараш тули ин чанд солро дар навори зер тамошо кунед.