Барои барномаи “Остона” мавод ҷамъ мекардам. Соли 2012-ум буд. Он сол вайроншавии оилаҳои ҷавон беҳад бисёр шуда рафт. Ин ҳолат бештар дар маҳаллаҳое, ки ризқу рӯзии хонаводаро ҷавонмардони муҳоҷир ёфта меомаданд, ба чашм мерасид. Сабабҳоро дар азҳамдурии ҷавонон, барвақт оиладор кардан, бесаводиву камсабрии наварӯсон ва ғайра қайд карда, ба идораи САҲШ як сар халондам. Аммо натиҷаи аҷибе низ аз сӯҳбат бо корманди идораи мазкур пайдо шуд. Ҳафтод дар сади оилаҳои барвақт вайрон шударо ҳамон ҷавонон ташкил мекунанд, ки тариқи дустдорӣ, бо ишқу ошиқӣ ва аҳду паймони пешакӣ аз қайди никоҳ гузаштаанд. Ин ҳолат дар ҳақиқат аҷиб буд.
Барнома тайёр шуд ва хеле пурмӯҳтаво ҳам гузашт. Дар рафти барнома бо пиразани рӯзгордидае сабти сӯҳбатамонро гузоштем. Пиразан бо якчанд ҷумлаи пурмазмун маънои зиндагиро мухтасар кард.
– Ҳангоми муҳаббату паймон, ошиқшудаҳои дунёи ҳавас гумон мекунанд, ки беҳтаринанд. Камбудиашон ба якдигар наменамояд. Чашми ошиқ кӯр гуфтагӣ барин, баъд аз хонадоршавй келин мебинад, ки дӯстдоштааш ҳарфи қабеҳ ҳам доштааст, зиндагӣ фақат хандаву изҳори муҳаббат набудааст. Нози хушдоман бояд бардошт, асрори хонавода бояд нигаҳ дошт. Духтар дили шикастаро пеши модараш кушояд, мешунавад: “Худат дӯст доштӣ-ку ?!” Дардошнову таскиндиҳанда, ки наёфт, билохира халтаи ғамаш мекафаду роҳи раҳоӣ меҷӯяд сӯйи хонаи падар.
Пиразан суханашро идома дод: “Моро падару модар, бобову бибӣ, сад бор пурсуҷӯ карда, авлоду ақрабояшро фаҳмида, санҷида мувофиқа карда, баъд ба шавҳар медоданд. То бо шавҳар дуруст шинос шуда, унс мегирифтем, ки кӯдак ба дунё меомад. Шавҳараш ҳамин будааст-дия, гуфтему зиндагӣ карда рафтем. Мана сару ҳисоби набераву абераро гум карда, даври пирӣ ронда гаштем”
Мусоҳибаҳои дигар низ пурмазмун буданд. Хуллас, барнома ба охир расиду аз студия баромадам. Зери дарахти олуча, дар рӯйи ҳавлӣ ҷавондухтари нозанине нишаста, маълум, ки пурра гӯш кардааст, вале аз чӣ бошад қатораҳои калон-калони ашкро аз чашмонаш пок мекард
Наздаш рафта нишастам. Раҳмат апаҷон, ман хато кардаам, гуфт. Яъне мавзӯъи барномаи минбаъда тайёр гуфта хандидам. Майлатон, гӯед, ки Гуландом хато кардааст. Дигарон накунанд.
То гириста, сер шуда, таскин ёфтанаш, чизе нагуфтам. Баъд аз нисфирӯзӣ худаш ба студия омаду ба утоқи кориам даромада, зардоби дилашро кафонд
Дафтар гирифта, як дунё навиштан аз дастам намеояд. Миёни русзабонҳо калон шудам, дар мактаби русҳо хондам, дӯст доштану во хӯрдани наврасон он ҷо як одати маъмулӣ буд ва касе назари ҳайрату масхара ҳам надошт. Аз қафои ман хелеҳо дилкашол буданд. Ҳоло мактабро хатм накарда, хостгорон аз пуштам то хона меомаданд, аммо ман таҳсилро идома додан мехостам. Ба коллеҷи тиббӣ дохил шудаму роҳбари гурӯҳи духтарон таъин карданд. Муаллимоне, ки номамро намедонистанд, хушрӯяк гуфта ҷеғ мезаданд. Дере нагузашта, номи худам аз даҳон монд. Хушрӯяк гуфтанашон ба худам маъқул ҳам буд, зеро миёнакад ҳам будам байни дигарон. Ҷавоне чанд вақт аз пасам наззора кард, омӯхт, санҷид ва кам- кам роҳи шиносоиву сӯҳбат ҷуст. Назарам ҳар касро намегирифт, аҳамият ҳам намедодам, аммо бо мурури замон худам ҳам нафаҳмида мондам, ки ӯро фикр карда истодаам ва кам не, шаб то хобам бурдану субҳ аз чашм кушодан. Дигар дарсҳо кам ба сарам ҷо мешуданд, хаёлам парешон, зудранҷ, гирёнчак шуда мондам.
Аммо модарам хабардор шудан замон, муносибатамонро қатъиян манъ кард.
-Дуруст андеша кун духтарам. Дар маркази шаҳр калон шуда, рӯзи кам надидаӣ. Вай деҳотист. Гов меҷӯшӣ? Таппак мезанй?
-Бале, меҷӯшам, ҳар чӣ гӯяд, мекунам, дӯсташ медорам.
-Ишқ дигар аст, ҳаёт дигар. Як духтар калон карда, орзуҳоямро бурда ба қишлоқ партоям?…
Ин хел баҳсҳо байни ману модар бисёр мешуд. Дар охир модар қарор кард, ки дигар дар коллеҷ намехонам. Барои ман таҳсил дар он ҷо муҳим набуд, дидори ошиқ мехостам. Боре аз вохӯриҳои зиёди мо модар ба дод омад ва маро дар хона маҳкам кард. Мани девонаи аз ақл бегона дар истезаи модар худро аз ошёнаи сеюм ҳаво додам. Ҳамин қадарашро медонам, ки поям сахт дард хӯрд. Мурдан мехостам бе он ҷавон, аммо маълум мешавад, ки намурдаам. Дар тори ҷомашуйии ошёнаи дуюм кӯрпаҳои арӯсии ҳамсоя овезон будааст. Аввал ба он бархӯрда, баъд ба замин афтоданам сабаби зинда монданам шуд. Қисмат ҳанӯз мурдан набудааст. Як поям шикаст, як-ду сол каме лангидам, ҳоло боз чун пештара. Лекин сахт пушаймон шудам. Дар беморхона як моҳ хобидаму ошиқу шайдоям як бор наомад. Баъди ду моҳи дигар таътил сар шуду ӯ зан гирифт. Ман бошад, завқи зиндагӣ гум кардам
Модарамро баъди он воқеа аз вазифааш сабукдӯш карданд, вазъи зиндагиамон тағйир ёфт ва коллеҷро ба душвориҳо хатм карда, ба кор баромадам. Хостгор боз ҳам пайдо мешуд, албатта, ки ҷавони муҷаррад не. Ман марди зандида намехостам, муҷаррад пайдо шавад ҳам, ба модарам маъқул намешуд. Ин гуна кашмакашҳои ману модарам вақтро гузаронида солҳоро ташкил карданд. Акнун хостгор ҳам намеояд.
Гуландом суханашро ба охир расонд, ман ҳанӯзам аз тамошои андоми гулаш мафтун будам. Баъд гуфтам: “Гул баринӣ хоҳарҷон, ҳоло шавхари хубу фарзанд ҳам меебӣ. Муҳим зиндагиро дарк карда, ба дуруштиҳояш тобовар шудӣ. Туро муҷаррад ҳам ҷон гуфта ба занӣ мегирад.
-Эҳ, апаҷоне, дар назаратон моҳи чордаҳ намудам магар?
Бист зиёдтар баҳо медиҳам.
Сиву панҷ сол дорам апаҷон. Ҳарчанд инаш ин хел, ваяш вай хел гуфта баҳона мекунам, аммо рости гап дигар худам ҳам шавҳар кардан намехоҳам.
Агар ба ишқу эҳсоси ҷавонӣ дода нашуда, гапи модарро мегирифтам, ин вақт фарзандонам баробари қадам мешуданд. Ё шояд қисматам ҳамин будааст. Зиндагӣ романи нависандаҳо барин зебо набуда, ишқ дигару ҳаёт дигар будааст.
Нақли Гуландомро навиштам, дар барномаи минбаъда хондам, аммо то ҳанӯзам боварам намеояд, ки он паричехра Сиву панҷсола бошад.
Шифо