Хитоб ба “Пешво”: Раиси КДАМ бояд ба истеъфо равад

Ислоҳ нет

То “Ятимов “сухан нагуфта буд,

Айбу ҳунараш нуҳуфта буд!

 

Барномаи муфассал аз ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ ва фаолони ВМКБ-ро тамошо кардам. Махсусан ба суханронии “Академик” Саймумин Ятимов бештар таваҷҷуҳ намудам. Ин марди золим, қотил, исломбадбин ва тоҷиккуш буданаш бароям маълум буд. Аммо, аз навиштаҳояш фикр мекардам донишманд аст, вале афсӯс, ки аз ин баромади ӯ шахсияташ бароям комилан ошкор гашт,  ки ӯ кӣ будааст. Бо сароҳат мегӯям, ӯ ҳатто бо забони тоҷикӣ суҳбат карда наметавонад.

 

Намехоҳам ба ҷузъиёти шевои гуфтораш ворид шавам, ҳама он вожаҳои зебои забони ноби тоҷикии ширини моро ончунон талафуз мекунад, ки ҳатто фикр мекунед, Ятимов на зодаи ин кишвар аст ва на аз миллати тоҷик. Суханронии ин “Академик”-ро ҳар фарди ин миллат гуш кунад, бидуни таваққуфе як оҳи сарде мекашаду вой бар ин миллат мегӯяд. Войи ин миллати азияткашидаи тоҷик, ки як бегонаасле солиёни дароз ӯро мекушад, зиндонӣ мекунаду туҳмат мекунад, то сар набардорад.

 

Борҳо бо худ мегуфтам, охир Сайидамир Зуҳуров тоҷик буд, ингуна миллатро накушту қир накард. Он кас дар сангинтарин рӯзҳои ин миллат КДАМ-ро роҳбарӣ мекард, то имрӯз ҳама миллат аз ӯ ба некӣ ёд мекунанду дар беморияш дуъои хайр кардем.

 

Пас аз ӯ Хайриддин буд, ӯ ҳам чунин золиму тоҷиккуш набуд. Ин ду рафтанду ба ҷояшон Ятимов омад, вале солиёни дароз аст дар курсии ин мансаб нишастааст. Ҳама қатлҳои ашхоси бонуфӯзи ин миллат, амалиётҳои низомии пур сару садо, муттаҳамсозии ашхоси бообурӯйи ин миллатро ба ҷиноятҳое, ки онҳо анҷом надодаанд, зиндонӣ кардани шахсони донишманду зиёӣ, гирифтани тиҷоратҳои бузург аз дасти тоҷирони ин миллат, бархеро зиндонӣ ва бархи дигарро фирорӣ намудан, ҳама кори дасти ҳамин аҷнабӣ аст.

 

Рақобати шадид бар алайҳи диндорон ва баргардонидани толибилмони улуми динӣ ба воситаи шиканҷаи наздикони онҳо низ, кори дасти ҳамин фашистхӯ буд. Ҳатто он толибилмони баргашта бо хости худро ҳам беҷурм зиндонӣ кард. Ҳарчанд Ятимов дар зоҳир шакли башарӣ дорад, фикр мекунам ӯ як деви дад аст. Вуҷуди ӯ дар ин мақом таҳдиди хатарҳои вахиме ба миллат аст. Агар имрӯз ӯ барканор нашавад, ҳеҷ таҳаввуле дар ҳаёти кишварро интизор набошед!

 

Хитоб ба Эмомалӣ Абдурраҳмон

Дигар бас аст!!!  Шахсе, ки  ба ин миллат буғзу кина дорад, ин миллатро ба қатл мерасонаду ба хоку хун мекашад, магар мешавад, ки амнияти ин миллатро дар дасти ӯ супурд?

Бо кадом пиндору хирад, агар ба шарте онро дошта бошед, як нафареро, ки бо ин миллат ошкоро душманӣ меварзад, шумо вазифадор кардаед, ки амнияти миллатро маҳз ҳамин фашистхӯ идора кунад?

 

Агар ин аҷнабиро аз ин вазифа барканор накунед, дигар ба тоҷик будани шахсияти шумо ҳам шак пайдо мешавад. Ман фикр мекунам,  атрофатонро, ки чингизсифатон печонидаанд, бояд асли насаб ва аҷдоди воқеъии шумо низ мавриди омӯзиш қарор гирад. То ба миллат бирасонем ва огоҳ намоем, ки Пешвои миллат аз миллати мо нест. Роҳбари амнияти миллӣ аз ин миллат нест.  Вақте як фашистхӯ бемалол, бидуни ҳеҷ мулоҳизае тоҷиккушӣ мекунаду ҳамвора дар парокандаву сарсон кардани миллати тоҷику мусалмон аст ва он ҳам дар командаи Пешвои миллат, саволе ба миён меояд, ки оё инҳо барои миллатанд ё душмани миллат?

 

Бо ҳазорон баҳона, шумо тули ин 27 сол кишварро дар ҳолати ҳарбӣ нигоҳ дошта, тоҷиккушӣ мекунед. Инсоф доред? Якбор биандешед, ки кай, дар кадом суханронӣ аз ҷангу қатлу куштор гап назадед? Ҳатто дар рӯзҳои иду ҷашнҳои миллӣ!

Дар тули 27 солаи роҳбариятон як мисол биёваред, ки аз ҷангу қатлу куштор нагуфтаед! Вақте шумову командаатон фақат аз ҷангу қатлу куштор ёдовар мешавед, магар суботи кишвар зери суол намеравад? Магар ин маънои онро надорад, ки шумо ташнаи хуни тоҷик ҳастеду ҳаргоҳ, ки хумори хунхориатон авҷ мегирад, баҳона эҷод мекунед? Якеро терорист гуфта мекушед, дигареро эктремист, исломгаро ва ҳоказои дигар. Аз он рӯзе, ки ин Ятимови чингизиро ба вазифа шинонидаед, ба бечораи тоҷик кадом номҳои манфии даҳшатафкану таҳқирӣ барчасп нашуда монд? Терорист, экстремист, гастербайтер, Рувшану Ҷамшуд,… ва ҳоказои дигар.

 

Агар чунин нест, инҷо чӣ сирест, ки дар миёни ин миллат як фарде аз ин миллат пайдо накарда бошед, то амнияти онро бар души ӯ супоред?

 

Инҷо чӣ сару савдоест, ки шумо онро медонед ва мо миллату раъият ё шаҳрвандони ин кишвар онро намедонему аз он ҳеҷ огоҳӣ надорем?

 

Оё медонед, ки  амалкардҳои ин чингизӣ чӣ балову мусибатҳоеро  бар сари шумо ва миллат овардааст?

 

Оё медонед, ки Ятимов бо зулму ситамаш Тоҷикистон ва ҳукумати шуморо дар назди ҳама оламиён, чун як кишвари ноозоду диктатурӣ муаррифӣ намудааст?

 

Оё медонед, ки Ятимов чеҳраи шуморо дар дохили кишвар, дар назди шаҳрвандон чӣ гӯна як шахси манфур ва хашин муаррифӣ кардааст?

 

Оё медонед, ки он пешвозгириҳое, ки дар навоҳӣ ва вилоятҳо аз шумо мекунанд, ҳамаашон сохтаи Ятимов мебошад?

Дар асл мардум аз ташрифи шумо ҳатто нороҳат мегарданд, чун то омадани шумо ончунон фишор меорад ба он минтақае шумо сафар мекунед, ки Гестапо, СС ва НКВД чунон намекарданд.

 

Оё медонед, ин фашистхӯи чингизӣ ҳар ҷинояте кардааст,  онҳое, ки бо дархости паноҳандагӣ дар дар Аврупо қарор доранд, чанд ҳазор делое вуҷуд дорад ва дар ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, бидуни истисно чеҳраи шумо ва ҳукумататонро дар назди кишварҳои аврупоӣ чӣ гӯна муаррифӣ намудаанд?

 

Оё медонед, ҳар тоҷике дар Аврупо, Амрико номи шуморо дар назди мақомоти он кишвар бигиранд, мақомоти ин кишварҳо  туфайли ҷиноятҳояеро, ки бар шаҳрвандони кишвар раво дидааст, Ятимовро аз шумо бештар мешиносанд?

 

Оё медонистед, ки Ятимов номи шуморо дар арсаи байналмилалӣ бо амалкардҳояш дар ин кумита ончунон сиёҳ намудааст, ки номи шуморо вақте мешунаванд, мегӯянд Диктатор Эмомалӣ ва муаррифии дигаре барои тоҷики дар хориҷбуда лозим нест?

 

Оё медонед, ки агар ин фашистхӯи чингизӣ боз ҳам дар ин мақоми амниятии кишвар қарор бигирад, ҳукумати шумо ҳатто то охири давраи раисҷумҳуриятон идома намекунаду ба Рустамҷону Озодабонӯ аслан ҷойи фикр кардан нест?

 

Оё медонед, ки агар ин Ятимови саркаши беҳайсият зулмашро идома диҳад, зери пӯшиши шумо ва дар вазифае, ки ӯро гузоштаед иқтисоди кишварро таҳдид мекунад?

 

Бояд шумо дар масъалаи истеъфои ин чингизӣ иқдоме карда бошед, вагарна дар ВАО як муроҷиати умумимиллӣ ба роҳ мемонем, то ба худатон маълум шавад, ки дар ин мақом будани ӯро чанд фоизи ин миллат ҷонибдорӣ мекунад.

 

Ба як нуқтаи дигар бояд ишора кунам. Кадом сармоягузор ё инвестор ба кишваре, ки дар ҳолати ҳарбӣ ҳамеша худро қарор медиҳад ва ҳамвора аз ҷангу қатлу куштор гап мезанад, бо дили пур сармоягузорӣ мекунад?

 

Вақте аз роҳбарияти кишвар сар карда то раиси ҷамоат аз таҳдиди экстремизму терроризм шабу рӯз ҳарф мезанед, кадом тоҷир дилу гурда мекунад, ки дар як кишваре, ки ба он таҳдиди экстремизм ва тероризм вуҷуд дорад, тиҷорат ба роҳ монад?

 

Магар ин Шумо нестед, ки бо ин аъмолатон қувваҳои қобили кору тиҷорат ва захираҳои зеҳнии кишварро ҳарос дода, маҷбур ба сарбагурезӣ карда истодаед?

Ва садҳои дигар ингуна суолҳо мавҷуданд, ки аз ин миллат будани шумо ва командаатонро зери суол мебарад. Ҳол онки шумо худро пешвои муъаззами миллат унвон кардаед, дар ҳоле, ки миллат аз зулму ситаму шиканҷа ва тоҷиккушии шумо ва командаатон ба дод омада сарбагурез аст. ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ! Ҳатто паямбарро бо ингуна унвон ном намебаранд.  Магар вақте косалесонатон шуморо бо ин ном садо мекунанд, шарматон намеояд? Тентакӣ ҳам ҳад доштагист!

 

Дар охир як чизро таъкид мекунам, ки Тоҷикистон кишвари ҳуқуқбунёд аст. Дар он ҳама миллатҳо, ҳатто карлуку ҷугиву аҷнабиҳои дигар ҳам метавонанд соҳиби касбу кор ва вазифаву мақом шаванд. Озодона зиндагӣ кунанд.  Дар ин боке нест. Аз назари шариати ислом ҳам талабот ҳамин аст. Ҳама мусалмонон аз як миллатем ва миллати мо ислом аст. Ба ҳамма намояндаҳои адёни дигар эҳтиром қоил ҳастему каромати инсонии онҳоро ба ҷо меоварем. Аз ин лиҳоз, барои ман як нафаре, ки тоҷик нест, аммо ба миллати ману дини ман арҷ мегузорад ва каромати инсониро рӯи хотир мекунад, беҳтар аз як “тоҷике” аст, ки то ба дараҷаи “академикӣ” мерасад, аммо тоҷикӣ гап зада наметавонад. Тоҷик мекушаду ташнаи  хуни тоҷик аст.

 

Инро ҳам бояд бигӯям, ки бале, ман мусалмонам, бо дини худ мефахрам ва онро бо тамоми вуҷуду ҳастии худ муҳофизат мекунам. Омодаам, ки дар ин роҳ қурбон шавам. Вале, эълом медорам, ки фахри тоҷик буданам ва тоҷикистонӣ буданам, камтар аз мусалмон буданам нест. Ҳаркӣ бо чашми душманӣ ба ин миллату сарзамин назар кард, бо тамоми вуҷуду ҳастиям дар муқобилаш ҳастам.

 

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

Share This Article