Лентабурии “пешво” ва фиребҳои раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода

Ислоҳ нет

 

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ки як фарди лагандбардори рақами як,  зидди дин ва арзишҳои миллии Тоҷикон аст, пеш аз сафари “пешво” Э. Раҳмон(ов) супориш додааст, ки аввалан дари  он масҷидҳое, ки  Раҳмон(ов) ба ҳар ноҳия ё шаҳр меравад, бубанданд ва ҳамчунин кӯшиш кардааст, ки ҳар чи бештар аз  биноҳои “нав” баҳрабардорӣ ва он биноҳо аз ҷониби раисҷумҳур  лентабурӣ шаванд. Раҷаббой Аҳмадзода, ончунон ба масҷид ва азон бадбин будааст, ки ҳатто аз садои азон сахт нороҳат мешудааст. Ҳодисае, ки чанд рӯз пеш дар мавриди шунидани садои азон ва аксуламали Аҳмадзода ба он расонаӣ шуду сару садоҳоеро ба бор овард ҳамагӣ огаҳем.

 

 Дирӯз дар маҳалли Ғозиёни ноҳияи Б. Ғафуров корхонаи истеҳсоли асфалтро  ба истифода додаанд , ки ин завод  аллакай се сол боз кор мекунад. Андозҳои ҳангуфт ҳам супоридааст  ва тамоми асфалти роҳҳои дохили Хуҷандро таъмин кардаст.

 

Тибқи маълумоти ба мо расида аз як корманди воломақоми ҳокимияти иҷроияи вилояти Суғд, бори  дуюм ин завдро лентабурӣ мекунанд.  Имруз “пешво” дар шаҳри  бостонии Хуҷанд бинои ТВ Суғдро бо тантана ба истифода додааст.  Лаганбардорҳо чунон таъриф карда гуфтанд, ки ин биноро Э. Рахмон (ов) ба мардуми Суғдзамин тӯҳфа кардаст, ҳол он, ки ин бино ба мо аз шуравӣ боқӣ  монда, танҳо баъди 27 соли истиқлолият бори аввал таъмирро дид ва дар паҳлӯяш як бинои майдаи иловагӣ сохтанд, ки онро бо гуфти ин шахси воломақоми ҳокимияти иҷроӣяи вилоят, дар ним  моҳ сохтаанд.

 

Ҳукумат ва буҷа дар сохти ин бино як дирам сарф накардааст. Тамоми масолеҳи сохтмониашро ба души соҳибкорон бор кардаанд. Семент аз Хуаксинсемент, хишташ аз заводи хишбарории Қотма ва Овчиқалъача, дигар масолеҳро низ ба сохибкорон вогузор кардаанд. Биное, ки дар ним  моҳ сохта, таъмир карда шуд, баъди як ҳафта мисли боғчаи президентӣ меафтаду хароб мегардад,  ки ин бино низ дар аҳди раиси Хуҷанд  будани Раҷаббой Аҳмадзода сохта шуда, баъди як моҳи лентабуррӣ як тарафи девори асосии боғчаи президентӣ афтида буд.

 

Дирӯз дар Хуҷанд гимназия кушода ва гӯё ба “истифода” дода шуд,  ки он қаблан ҳам гимназияи №1 буд, фақат таъмир карданд ва “пешво” дар баромадаш чунон маст буд, ки забонашро хойда хойда базур баромад кард ва калимаҳо ва суханонашро бурро талаффуз карда наметавонист. Метавонед он баромадро, ки аз ТВТ ба намоиш гузоштанд, худатон тамошо кунед.

Баромади ЭШ дар “ифтитоҳи” гимназияи №1 дар ҳоли сархушӣ

 

Ҳангоми ба истифода додани  Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ариана Металл Пласт» дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», ки дар он асосан истеҳсоли бозичаҳо, дучархаҳои бачагона ва таҷҳизоти маишӣ ба роҳ монда шудааст, “пешво” бо Аҳмадзода иштирок намуданд.

 

Корхонаи нави истеҳсолӣ, ки дар майдони 4 гектар доман густурдааст, бо саҳми соҳибкорони ватанӣ-Алишер ва Мирзо Умаровҳо бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Гӯё дар ин коргоҳ 120 нафар ба кор шурӯъ мекунанд. Аммо намедонем, ки пас аз ифтитоҳи он чанд моҳ ё дурустараш чанд ҳафта нагузашта, ҳангоми хуб шудани кор, кадом афроди оила онро соҳиб мегардад ва идора карда наметавонаду варшикаста мегардад. Метавон гуфт, ягона корхонае, ки “пешво” дар ин сафараш лентаи онро бо Аҳмадзода бурид ва тоза ба кор шурӯъ кард ҳамин буд.

 

Имрӯз дар назар аст, дар шаҳри Гулистон тугмача (кнопка)-и қубури обро, ки бо маблағи Евробонк сармоягузорӣ шудааст, Эмомалӣ пахш мекунад. Ин обро ду сол мешавад, ки аҳолӣ истифода бурда истодаанд. Дар маҷмуъ, ин дафъа тамоми ифтитоҳи иншоотҳо такрорӣ ва бешак  мартабаи дуввум аст, ки ин шайтонӣ ва худнишондиҳӣ ё ба сенарияи Аҳмадзода сурат гирифта истодааст.То худро дар назди “пешвояш” нишон диҳад. Дар ш. Бустон (Чкалови собиқ)  боғи Айнӣ кушода шуд,  ки тамоми боғро қолин партофтанд. Имрӯз дар назар аст ки ҶСК Қолинҳои Қайроққум 13 км роҳро қолин партояд. «Пешво»-и  бечора, ки дар оилаи камбағал ба воя расида, қолинро надидааст, акнун дар фермаи молпарварӣ ҳам барои таги пояш қолин меандозанд, то туфличаҳояш хоколуд нашаванд. Аммо дар баромадҳояш борҳо барои ду метр пояндози ҳоҷиён такрор ба такрор мегӯяд, ки ин исроф буда, бояд кормандони танзим ба танзим дароваранд ва ба ин роҳ надиҳанд.

Хонандаи Сомонаи Ислоҳ аз вилояти Суғд

Share This Article