Омилони қатли оми зиндони Хуҷанд бояд муҷозот шаванд

Ислоҳ нет

Рӯзи 6-уми ноябр дар кишвар иди сарқонуни кишварро ҷашн гирифтанд ва бегоҳи рӯзи 7-уми ноябр бошад, дар зиндони №3\3 шаҳри Хуҷанд беш аз панҷоҳ зиндониро куштанду болиғ бар 180 зиндонии дигарро захмӣ намуданд.

 

Сабаби ин қатли омро мақомоти кишвар бо як ним иборае “хомӯш намудани ошӯб” унвон намуданд. Дар куҷо дидаед ва ё шунидаед, ки ошӯберо бо қатли ом хомӯш намуда бошанд, он ҳам дар кишваре, ки  ”ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиву ягона” мебошад.

 

Мақомоти амниятияш гурӯҳи зудамали “Алфа”-ашро барои саркуби “ошуб ё исён”-и зиндониёни аз шиканҷа ҷон ба лаб омада мефиристад, то онҳо дар тули  30 дақиқа, бе пурсиш ҳамаро тирборон намуда хориҷ шуда раванд

 

Ин дар ҳолест, ки пеш аз ҳама аз ошӯбгарон сабаби норизоият ва ба шӯр омаданашон пурсида мешуд, роҳҳои ҳалли онро бо гунаи мусолиматомез барои пайдо кардан кӯшиш мекарданд.

 

Бандаро маълумоте, ки аз як шиносам расид, ки ба Вазорати Адлияи кишвар равуо дорад, бениҳоят нигарон кард.

 

Аввалин масалае, ки диққати ман дар ин сӯҳбат  ба он ҷалб шуд, ин таърихчаи раиси зиндони мазкур Файзулло Сафаров мебошад. Чуноне, ки аз собиқаи кории ин шахс тавассути расонаҳо огоҳӣ пайдо кардем, ҳодисаҳои нохуши дигаре дар аснои раёсати ӯ ҷой доранд.

 

Адади зиндониён бештар аз он ададест, ки бояд дар ин зиндон қарор бигиранд. Инчунин озор ва шиканҷаҳои гуногун ба шакли густурда, дар ин зиндон вуҷуд дошта,  порагирӣ аз хонаводаҳои зиндониён ва дигар қонуншиканиҳо мушоҳида шудаанд.

 

Ин ҳамаро мақомот нодида гирифта, нисбати ҷиноятҳои Сафаров кару гунг будаанд. Сабаби бақои номбурда дар вазифа ва карру фарри ӯро манбаъи мо аз Вазорати адлия чунин шарҳ дод:

 

“Файзулло Сафаров тамоми даромадҳояш аз ҳисоби зиндонро бо Иззатулло Шарифзода, раиси зиндонҳои Тоҷикистон, вазири Адлия, ҳамчунин як нафар аз афроди “оилаи пешво” бо ҳам мебинад. Инҳо як мафияи калоне ҳастанд, ки решаашон “оилаи пешво” аст. “Зорро” дар байни кормандони ВКД ва прокуратура ба худ шикорчиҳо дорад, ки ҷавонони нисбатан пайвандонашон сарватмандро бо ҳар баҳона, фурсатҷӯёна, шикор мекунанд. То ба дасти “Зорро” омадан онҳо хуни пайвандони айбдоршавандаро мемаканд ва тули чанд соли дигари дар маҳбас будан, “Зорро” мемакад. Ин як системаи сохташуда аст. Барои он ҳарчӣ прокурор гуфт, суд тасдиқ мекунаду ҳазорҳо бегуноҳон дари зиндон мегазанд, ки ҳарчи қадаре зиндонӣ зиёд шуд, он ҷо ба вазири адлия рехтани доля аз ҳисоби маҳбусин афзун шудан мегирад”.

 

Ин манбаъи мо тарзе масъалагузорӣ кард, ки мӯи сари инсон мехезад. Рехтани доля на фақат ба зиндонбонон ва ё худи “Зорро”, балки системаи ба сандуқи фасодии вазири адлия рехтани “доля” ба тарзе бо усули шоҳмот шохабандӣ карда шудааст, ки тасаввурнопазир аст.

 

“Иззатулло Шарифзодаро яксӯ монед, рекетери асосӣ Шоҳмурод Рустам аст. Барои як судшаванда, ҳам аз адвокат доля меояд ва ҳам аз суд, баъдтар бардавом баъди ҳабс шуданаш доляро аз зиндонӣ рӯёнида, тақсим кардан мегиранд. Бою камбағал, зиндонии ҳар моҳ доля намедодагӣ қариб, ки вуҷуд надорад. Дар ин ҳолат  кадом корманди суд мехоҳад бегуноҳии як нафарро собит кунад? Ин команда аст, ки решааш дар оилаи пешво мебошад, то дар оила тасмим гирифта нашавад, аз ин команда касе ҳам аз кор намеравад. Ин як воқеъият аст, ки ҳатто сиррӣ ҳам нест. Дилхоҳ зиндонӣ дар ин бора мегӯяду мешунавад”. – нақл мекунад манбаъ.

 

Шунидани ин маълумот фикр мекунам, касеро, ки озод асту нафаси озодагӣ мекашад, бетараф гузошта наметавонад.  Чун як рӯзи шуме мисли тақдири зиндониёни имрӯзи кишвар, ки беҷурму бегуноҳ пушти панҷараи зиндон шудаанд, ӯро низ таҳдид мекунад. Аз эҳтимоли гирифторӣ ба чунин ҳолати вахим касе дар Тоҷикистон, ҳатто косалесону дарбориён низ истисно нестанд. Бинобар бояд ин дафъа ҷиддӣ пофишорӣ кард, то гурӯҳи муташаккили ҷинояткорони курсинишин ба истеъфо раванд.

 

Дар ин қатли оми зиндониён гунаҳкорони асосӣ инҳоянд ва бояд муҷозот гарданд:

 

1.) Шоҳмурод Рустам, Вазири адлияи Тоҷикистон. Дар ин мақом ҳафтсол аст кор мекунад. Маҳз дар даврони вазирии Шоҳмуроди Рустам ҷиноятҳои махсусан вазнин сурат гирифтааст. Беш аз панҷ сол дар ҳар курсие нишастан ин худ ба решаи фасодкорӣ об рехтану онро сабзонидан аст. Дуру дароз дар як вазифа мондан ба шахс имконият медиҳад, ки тимсозӣ кунад ва барои бақои худаш таҳкурсиҳоро мустаҳкам намояд. Ин сабаб мешавад, ки ҳуқуқи мардум ва шаъну шарафи шаҳрвандон дар назди обрӯю эътибор ва сарваташ ҳеҷ шавад. Дигар ҷиноят содир намудани мақомдор як чизи оддӣ мешавад, чун воситаҳо бештар ва ҳалқа васеътар мегардад.

 

2.) Иззатулло Шарифзода, муовини вазири адлия, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ бо лақаби Зоро, ки тақрибан аз асри гузашта дар ин мақоми зулму шиканҷа кор мекунад.  

 

Соли 2012 волидайни 300 зиндонии шиканҷашудаҳо номае навишта ба президент буданд  ва нусхаи онро ба сафирони Амрико, Англия ва муассисаҳои ҳифзи ҳуқуқи башар иросол намуданд. Онҳо дар номаи худ ба хотири шиканҷа шудани наздиконашон ва ба ҳалокат расидани баъзе аз зиндониёни шиканҷашуда, истеъфояшро талаб намуда буданд, вале касе ба ин шкоятҳо аҳамият надода буд. Тоҷикистон хоссатан барои шиканҷаҳои сангин дар зиндонҳои кишвар аз тарафи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва муассисаҳои ҳомии ҳуқуқи башар хело мавриди интиқодҳои шадид қарор мегирад. Ҳар сол аз шиканҷаҳои гуногун дар зиндонҳои кишвар зиндониён ҳалок мегарданд, ба бемориҳои хатарноку сироятӣ гирифтор мешаванд. “Зорро” ҳамоно дар мақомаш мисли курсии меросӣ аз аҷдодаш нишастаасту гӯё ӯ худ ҳоким асту зиндониён раъияти ӯ ҳастанд. Қонунҳои кишвар, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ  ба ӯ ҳеҷ аҳамияте надорад. Аз ин ҷиноят як ҳафтаи пурра мегузарад вале ин мард ҳеҷ нишасти хабарие ташкил накарда ва сабабҳои ин ҷиноятро ба ВАО нагуфтааст. Агар худаш саводи баёния доданро надорад, як сухангӯйи ин ниҳод, дар ин қазия ба ВАО аз ин ҳодиса ва адади дақиқи қурбониёнро ҳадди ақал эълон менамуд вале ин ҳам нашуд. Аз рӯзи аввал то кунун чор хабари гуногун нашр шуд, вале мақомоти расмӣ мунтазири чӣ ҳастанд, намедонем. Ҳар коре хоҳад “Зорро” анҷом медиҳад, касеро гуш намекунад ва мисле, ки зури касе ба ӯ намерасида бошад.

 

Иззатулло Шарифзода, шоҳи зиндониён асту зиндониёни мазлум луқмаи ин золими бадгуҳар. Шахсияти ин золим матали қадимаи  Тоҷикии “Гургро чупон мондаанд”-ро мемонад. Бидуни ҳеҷ бознигариву андеша, ин золим бояд аз ин мақом барканор ва делои ҷиноятӣ нисбати ин фоҷеъа ва дигар қазияҳои маъруф дар тули ин солҳои раёсаташ дар зиндонҳои кишвар гузаштааст, ҳатман боз гардад. Инчунин дороии ин мард, ки хело зиёд аст, молу мулке, ки аз зиндониён ситондааст, ба нафъи миллат мусодира гардида, ҳатман муҷозот шавад.

 

3.) Файзулло Сафаров, раиси зиндони № 3\3 ш.Хуҷанд.  бидуни  ҳеҷ қайду шарте ин шахси корупсионер ва золиму қотилро бояд аз вазифа барканор ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашанд. Ашхосе, ки дар ҳимояти ӯ истода буданд, бояд якҷоя муҷозот шаванд.

 

4.) Раиси гурӯҳи Алфаи КДАМ  ва командире, ки дар ин амалиёт иштирок намудааст барои ин ҷинояти нобахшуданияш ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад. Ҳама рутбаҳои низомии ин қотилон гирифта ва тибқи қонуни ҷазо муҷозот шаванд, то ба дигаронаш дарс шаваду шаҳрвандонро накушанд.

 

 

Ҳамчунин барканории Саймуъмин Ятимов, раиси КДАМ, ки бо иқдомҳои саркубгароёнааш хело номи ҳукуматро дар назди кишварҳои олам сиёҳ намудааст.

 

Феълан ончӣ ман мебинам, ин ба салоҳи кори ҳукумат аст. Номбурдаҳо ҳаргиз наметавонанд барои 9 миллион шаҳрванди Тоҷикистон суд оранд, рафтани инҳо муфидтар аст аз бақояшон дар ин мақомҳояшон.

Муҳаммадиқболи Садриддин

Share This Article