Шабу рӯз ва офтобу моҳ нишонаҳое аз вуҷуди Аллоҳ

Ислоҳ нет

 

 Аллоҳ дар Қуръон  чунин фармудааст: «Ва аз нишонаҳои қудрати ӯ шабу рӯз ва офтобу моҳ аст. Ба офтобу моҳ саҷда макунед. Ба Худои барҳақ, ки онҳоро офаридааст, саҷда кунед, агар хос ӯро мепарастед!». (Сураи Фуссилат, ояти 37).

      Маълум аст, ки дар асари ҳаракати Замин ба даври худ шабу рӯз ва дарозию кӯтоҳии онҳо ба вуҷуд меояд ва ин ҳаракати муназзам далели равшане аст бар вуҷуди Парвардигори тавоно. Ҳар гоҳ инсон бо таваҷҷӯҳ нигарад ба хубӣ огаҳ мешавад, ки ин дастгоҳи азим, то чӣ андоза бо назму тартиб ҳаракат мекунад ба тавре, ки ҳатто як сония дар сол пасу пеш надорад дар ҳоле, ки мебинем як дастгоҳи соат, ки мадори он аз чанд сантиметр таҷовуз намекунад, вақте ба мадори як ҷисми чанд сантиметрӣ давр мезанад, ҳатман дар рӯз ё дар ҳафта чанд сонияе пасу пеш мекунад. Боз дар таърифи он мегӯем: воқеан соати дақиқе аст. Аммо кураи замин, ки қутраш миллионҳо таноб мебошад, рӯзона як сония ё як даҳум сония пасу пеш надорад. Аммо ин, ки дар рӯз чанд ҳазор сония хато мекунад, чун далели мушаххас дорад, ки хато маҳсуб намешавад.Замин дар гирди моҳ дар як сония 30 километр давр мезанад ва кучактарин зиёдати ва кам давр хурдан сабаби ба ҳам хурдани ҳаёт дар курраи замин ё манзумаи шамсӣ ба вуҷуд меояд.

Дар ин маврид мефармояд:

“Ба таҳқиқ, Худо осмонҳову заминро нигаҳ медорад, то аз ҷо беҷо нашаванд ва агар аз ҷо беҷо шаванд, ҳеҷ як аз шумо, ҷуз ӯ наметавонад онҳоро нигаҳ дорад. Албатта, Худо бурдбору омурзанда аст!”(Сураи Фотир,ояти 41)

Боз мефармояд:

“Осмонҳову заминро барҳақ биёфарид. Шабро ба рӯз дохил мекунад ва рӯзро бар шаб. Ва офтобу моҳро ром гардонид ва ҳар як то замоне муъайян дар ҳаракатанд. Огоҳ бош, ки ӯст пирӯзманду омурзанда!

(Сураи Зумар,ояти 5)

 

     Ҳаракати замин ба даври худ таъсири азиме бар зиндагӣ ва ҳаёти ҷондорон дорад, агар замин ба даври худ ҳаракат намекард, дарёҳо ва уқёнусҳо аз об холӣ мемонданд ва агар суръати ҳаракати замин бештар аз андозае буд, ки ҳоло дорад, тамоми сохтмонҳои рӯи замин барқарору устувор ва аз ҳам ҷудо мешуданд. Ва агар оҳистатар аз ҳаракате, ки дорад ҳаракат мекард, тамоми ҷондорони рӯйи замин аз шиддти сармову гармо нобуд мешуданд.

        Қуръони карим ба гардиши дақиқи кураи замин ишора мекунад ва таваҷҷӯҳи мардумро ба он ҷалб менамояд ва мефармояд: «Ва кӯҳҳоро бинӣ, пиндорӣ, ки беҷонанд, ҳол он, ки ба суръати абр мераванд. Кори Худованд аст, ки ҳар чизеро ба камол падид овардааст. Албатта, ӯ ба ҳар чӣ мекунед, огоҳ аст.». ( Сураи Намл, ояти 88).

Худованд дар ин оят ҳаракати заминро бо ҳаракати кӯҳҳо, ки бузургтарин аҷзои барҷастаи он мебошад, нишон додаст.

Маълум аст вақте кӯҳҳо ҳаракат намоянд, бояд замин низ ҳаракат кунад, чун кӯҳҳо ҷузъе аз замин мебошанд, то замин ҳаракат накунад чӣ гуна аҷзои он ҳаракат хоҳад кард? Офтоб ҳам нишонаи бисёр азим ва ошкорое аст, ки ба амри Худованди донову тавоно маъмуру мусаххар шуда , то мояи зиндагӣ ва  ҳаёти тамоми мавҷудоти зиндаи кураи замин бошад. Ин дастгоҳи азим нуру оташ, энергия ва сӯзишвории худро аз куҷо таъмин менамояд? Агар гӯем сӯхташ дар махзанҳое аст, ки дар дарӯнаш захира шудааст, бояд ин хазина батадриҷ кам шавад ва сол ба сол дараҷаи ҳарорати он камтар шавад ва ин бад-ин маъно аст, ки умри офтоб бисёр тӯлонӣ набошад, аммо агар бо таваҷҷӯҳ мулоҳиза кунем, мебинем аз гузаштаҳои бисёр дур то ба имрӯз аз мизони тобиши нур ва ҳарорати офтоб бар замин, ки барои идомаи ҳаёти инсону ҳайвон ва гиёҳ зарурат дорад, хурдтарин коҳиш ва ё афзоише пайдо накардааст, пас бояд маншаъ ва қудрате вуҷуд дошта бошад, ки ин ҳарорате, ки  ин ҳарорати кории нопазирро ба офтоб ато намуда бошад, ки то офтоб вуҷуд дошта бошад, ин ҳарорат низ яксон ва бидуни каму кост вуҷуд дошта бошад, то мавҷудоти зинда ва гиёҳо пажмурда нашаванд ва афзоиш ҳам пайдо накунад, то ба ҳоли эҳтироқ дарнаёянд. Моҳ ҳам  яке аз нишонаҳои қудрат ва азамати Парвардигор аст, ки Худованд онро василае барои ҳисобу донистани вақтҳо қарор додаст. Моҳ илова бар ин, ки шабҳо фазоро равшан месозад, дорои фавоиди бисёри дигаре аст, ки барои идомаи ҳаёти мавҷудоти зинда аҳмияти фаровон дорад. Оё инҳо ҳама нишонаи ин нестанд, ки ин ҷаҳони бузургу паҳновар бо шабу рӯз ва офтобу моҳаш аз ҷониби Худованди донову тавоно ва якто бар асоси ирода ва ҳикмат офрида шудааст.Банда дар таълифи ин мақола бо овардани чанд далел бар асоси эъҷози илмии қуръонӣ ва барои ба дарозо накашидани сухан бо чор мисра шуъри Аллома Иқбол иктифо мекунам.

Чун замин бар ҳастии худ маҳкам аст,

Моҳ побанди тавофи пайҳам аст.

Ҳастии меҳр аз замин маҳкамтар аст,

Пас замин масҳури чашми Ховар аст.

Муҳаммадиқболи Садриддин   

                                        

Share This Article