Чӣ гӯна қотили Муҳаммад(с.а.в) имон овард?

Ислоҳ нет

 

 Хитоб ба ҳар қотиле!

Дар ҳар асру замоне бар алайҳи ҳар бузургоне суиқасдҳоеро роҳандозӣ менамуданд,чунонеки ҳолоҳам ин раванд идома дорад.Аммо на ҳама нақшаҳо амалӣ мегашт ва аз онҳо натиҷаи дилхоҳе ҳосил мегашт.Агар шахсеки мехоҳанд ӯро бикушанд ё терор кунанд,дар ҳама ҳолат аз ҳикмат кор бигирад ва тавонад қотилашро мутақоид созад,имкони наҷотёфтанаш вуҷуд дорад.Агарчӣ қотилони имрӯзӣ ноҷавонмарданд ва намехоҳанд суҳбат кунанд,то донанд барои чӣ ин маъмурият ё задания барояшон дода шудааст.Ин қисса хело ҷолиб аст ва ба ҳар қотиле,ки барояш вазифаи қатли шахсеро медиҳанд,аввал кушиш кунед қотилони “гиромӣ” бо шахси мавриди ҳадаф суҳбат кунед ва ё ӯро омӯзед,то худро абадӣ вориди ҷаҳаннам накунед!

Талош барои суиқасд ба ҷони паёмбари акрам (с.а.в) ва ислом овардани Умайр ибни Ваҳб

Урва ибни Зубайр(раз) мегӯяд: Умайр ибни Ваҳби Ҷумҳӣ ва Сафвон ибни Умайя баъд аз ғазваи Бадр дар канори Каъба бо ҳам ба  машварат пардохтанд. Умайр яке аз тоғутҳои Қурайш буд, ки ҳамеша Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва ёронашро озор медод ва мусалмонон дар Макка аз ҷониби ӯ мавриди шиканҷа ва озор қарор мегирифтанд. Писараш Ваҳб ибни Умайр аз ҷумлаи сарони Бадр буд.Умайр аз кушташудагони Бадр сухан ба миён овард.

Сафвон гуфт: Ба Худо савганд!

Зиндагони пас аз онҳо ҳеҷ маъное надорад.

Умайр гуфт: Рост гуфтӣ!

Ба Худо савганд, агар тавони пардохти қарзамро медоштам ва аз тарафи фарзандонам оид бар талаф нашудани онҳо пас аз суиқасдам,ки намедонам чӣ мешавад ҳолашон пас аз ман,  аз ин ҷиҳат осудахотир мебудам, ҳатман худро ба Муҳаммад мерасондам ва ӯро мекуштам ва баҳона ва далели ман низ бар ин амр асир будани фарзандам,ки дар дасти ӯ аст.

Сафвон аз фурсат истифода намуд ва гуфт: Қарзи туро пардохт менамоям ва фарзандони ту бо фарзандони ман ҳеҷ фарқе аз назари нафақа ва зиндагонӣ нахоҳанд дошт.

Умайр гуфт: Пас ин роз ё сирро пеши худ нигаҳ дор!

Онгоҳ Умайр шамшерашро барои қатли Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) заҳролуд кард ва ба сӯи Мадина раҳсипор гардид.

Умар ибни Хаттоб (раз) дар ҷамъи мусалмонон  дар Мадина аз рӯзи Бадр сухан мегуфт ва лутф ва эҳсони Худованд дар ҳақи мусалмонон ва он пирӯзии бузургро ёдоварӣ менамуд, ки ногаҳон чашмаш ба Умайр ибни Ваҳб афтод, ки пеши масҷид дар ҳоли хобонидани шутураш буд ва шамшери худро  низ ба гардан овехта буд. Умар(раз) гуфт: Ин саг ва душмани Худо Умайр ибни Ваҳб аст ва ҷиҳати фитна ва барпо намудани бадӣ ё қасде омадааст. Умар назди Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) рафт ва гуфт: Умайр ибни Ваҳб душмани Худо мусаллаҳ ба Мадина омадааст. Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: «Бигузоред назди ман биёяд». Умар ибни Хаттоб (раз) омад ва камарбандеки дар он шамшер буд гирифт ва хитоб ба Ансор гуфт: Назди Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи васаллам)ҳозир шавед, зеро ки ин фарди хабис  шахси боварӣ нест.

Сипас ӯро назди Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) оварданд ва чун Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ӯро дид, ки Умар камарбандеки шамшераш дар он овезон буд гирифта ва мекашад, фармуданд: «Умар!

 Ӯро раҳо кун!

 Умайр! Биё ин ҷо».

Умайр пеш омад ва гуфт: «Субҳ ба хайр» ва ин тарзи саломи замони ҷоҳилият ва ройҷ дар Макка буд. Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуд: «Аллоҳ салом гуфтани беҳтаре аз инро, ки он ҳам саломи биҳиштиён аст ба мо иноят намуда ва он «Ассалому алайкум» аст».

Умайр гуфт: Албатта, чӣ зуд аз тарзи аҳволпурсии қавмат фосила гирифтаӣ.

Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуд: «Барои чӣ коре омадаӣ?»,

Умайр гуфт: Ба хотири асире омадаам, ки дар дасти шумо аст.

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам)фармуд: «Чаро шамшерро бо худ гирифтаӣ?».

Умайр гуфт: Худованд ин шамшерҳоро ноком гардонад, магар тавонистанд барои мо коре анҷом диҳанд?!

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам)фармуданд: «Ҳадафи аслии ту аз омаданат чист?». Умайр гуфт: Барои кори дигаре, аз ончӣ баён намудам ба ин ҷо наомадаам. Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: «Барои кори дигаре омадаӣ. Чунки ту ва Сафвон канори хонаи Каъба нишаста будед ва аз кушташудагони Бадр сухан мегуфтед ва ту  гуфтӣ: Агар қарздор намебудам ва фарзандони хурдсол ва нотавоне намедоштам, ҳатман худамро ба Муҳаммад мерасондам ва ӯро мекуштам. Он гоҳ Сафвон гуфт: Ман сарпарастии фарзандони туро ӯҳдадор мегардам ва қарзи туро низ пардохт менамоям ва акнун Аллоҳ миёни ман ва анҷоми маъмурияте, ки ту дорӣ ҳоил (ҳиҷоб, нигаҳбон) аст».

Умайр гуфт: Ман гувоҳӣ медиҳам, ки ту Расули Аллоҳ ҳастӣ, ҳаққо, ки ту аз осмон хабар меовардаӣ, аммо мо туро такзиб менамудем. Аз ин мавзӯъе, ки фармудед, ҷуз ман ва Сафвон каси дигаре хабар надошт ва яқин дорам, ки ҳатман Худованд ба ту ин  хабарро додааст. Сипос Аллоҳеро, ки маро ба сӯи Ислом ҳидоят намуд ва маро ба роҳи дуруст фаро хонд. Он гоҳ калимаи шаҳодатро бар забон овард ва мусалмон шуд.

Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуд: «Ба бародаратон масъалаҳои динӣ ва Қуръон биёмӯзед ва асирашро низ озод гардонед!». Умайр гуфт: Эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам)»! Ман дар ростои пешгирӣ аз фармонҳову дастуроти Худованд талошҳои зиёде намудам ва бо мусалмонон бо хушунат рафтор намудам, бинобар ин дӯст дорам агар иҷоза бидиҳӣ ба Макка биравам ва онҳоро ба сӯйи  Худо ва Расул ва Ислом фаро хонам, шояд Худованд онҳоро ба василаи ман ҳидоят намояд ва дар ғайри ин сурат ба озору шиканҷаи онҳо хоҳам пардохт, чунон ки дар гузашта ёрони туро озору шиканҷа медодам. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам)ба ӯ иҷозат дод ва ӯ ба Макка баргашт.

Аз тарафи дигар Сафвон ибни Умайя баъд аз рафтани Умайр ба мардум мегуфт: Ба ҳамин зудӣ хабари гарму муҳимме аз воқеаи бисёр бузурге ба шумо хоҳад расид, ки Бадрро ҳама фаромӯш хоҳед намуд. Ба ҳамин далел ҳар корвоне, ки меомад аз он суол менамуд, то ин ки саворае хабари Ислом овардани Умайрро ба ӯ расонд. Сафвон савганд ёд намуд, ки ҳаргиз бо Умайр сухан нагӯяд ва аслан ба вай фоидаву нафъе нарасонад

Ибни Исҳоқ мегӯяд: Ҳангомеки Умайр ибни Ваҳб ба Макка баргашт,бар хилофи ончӣ мекард шурӯъ намуд ва мардумро ба ислом даъват мекард ва ҳатто онҳоеки ба ислом бадбинӣ доштанд онҳоро озор медод.Аз дасти ӯ мардумони зиёде дар Макка исломоварданду мусалмон шуданд ва ӯ ба аҳдаш вафо кард.Умайр ибни Ваҳб(раз) дар хилофати Умар ибни Хаттоб (раз) аз олам даргузашт,Аллоҳ аз ӯ розӣ ва хушнуд бод.

 

Аз ин ҳодисаи суиқасд чӣ бардоште метавон намуд?

  1. Тамоюли шадиди мушрикон ба интиқом гирифтан аз мусалмонон: Чунки Сафвон ибни Умайя ва Умайр ибни Ваҳб барои куштани Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бо ҳам тавофуқ намуданд ва ин масала барои мусалмонон дарбардорандаи ин нукта аст, ки душманони Ислом танҳо ба қабул накардани даъват ва ташвиш додану боздоштани мардум аз даъват ба Ислом иктифо намекунанд, балки ба суйқасд ба ҷони даъватгарон ва кашидани тарҳу фитнаҳои вайронгар низ рӯ меоваранд ва чӣ басо дар ин росто ва ҷиҳати расидан ба аҳдофи худ, баъзе аз ҷинояткоронро низ вазифадор менамоянд, чунон ки дар ин қисса Сафвон аз фақр ва тангдастии Умайр истифода намуду ӯро ба маъмурияти мавриди назари худаш фиристод.
  2. Дараҷаи ҳушёрӣ ва тадбирҳои амниятии асҳоби киром хело олӣ буд. Чунонеки Умар (р) дарҳол Умайрро шинохт ва эҳтиётоти лозимро ба амал овард ва эълон намуд, ки ӯ як шайтоне аст, ки барои барпо намудани бадие ба Мадина омадааст, зеро собиқаи ӯ назди Умар (р) равшан буд. Ӯ касе буд, ки мусалмононро дар Макка озор медод ва дар ҷанги Бадр мушриконро таҳрик карда буд. Ба ҳамин сабаб Умар (р) тадбирҳои лозимаи  амниятиро ба хотири ҳифозати Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) андешид ва даст аз камарбанди шамшераш дур накард ва ба вай имкон надод, то амалиёти худро иҷро намояд ва ба шуморе аз нафарҳо дастур дод, ки ба нигаҳбонии Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бипардозанд ё ҳушёр бошанд.
  3. Ифтихор ба фармонҳои дин ва ишораҳои исломӣ. Чунонки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам)дар он шароит аз ин ки ба саломи ҷоҳилӣ бо вай рӯ ба рӯ шавад худдорӣ варзид ва ба вай хотирнишон намуд, ки Худованди мутаъол хушомади аҳли биҳиштро ба онҳо иноят намудааст.
  4. Бархӯрд ва рафтори неки Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам). Бо ин ки Умайр барои куштани Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) омада буд, он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аз ҷазодиҳии ӯ худдорӣ намуд ва ӯро бахшид ва фарзандашро низ баъд аз Ислом оварданаш озод намуд ва ба ёронаш фармуд: «Ба бародаратон масоили динӣ биёмӯзед ва Қуръонро ба ӯ таълим диҳед ва фарзандашро озод намоед».
  5. Қуввати имони Умайр низ шоёни таҳсин аст,зеро ӯ тасмим гирифт, ки  бо Ислом дар баробари тамоми мардуми Макка биистад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) низ барояш  иҷозат дод ва ӯ дар Макка тасмимашро амалӣ намуд ва сипас ба Мадина бозгашт ва шумори зиёде тавассути ӯ мусалмон шуданд. Ӯ яке аз касоне буд, ки баъдҳо Умар ибни Хаттоб (р) онҳоро баробар бо ҳазор нафар дар шуҷоъат ва диловарӣ дар майдонҳои набард медонист. 

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

 

 

Share This Article