Асоси оромишу сарфарозии ҳар миллат ва ҷомеа аз низом ва қонунмандии он вобаста аст. Агар дар ҷомеа ин низом поймол шуд ва қонунмандӣ бар асоси мавқеъ ва ҷойгоҳи инсонҳо ва шахсиятҳо дар ҷомеа муайян карда шуд, пас ин оғози бенизомӣ дар он ҷомеа мебошад. Дар ин росто танҳо афроди рушанфикр: шоирон, нависандагон, рӯзноманигорон, омӯзгорон, сиёсатмадорон, қишри огоҳ ва фаъоли ҷомеа метавонанд сари роҳи ҳамчунин беназмиро бигиранд. Дар дунё чунин намунаҳо зиёданд, вақте ки ҷомеа боис мегардад, то ҳукуматдорон бар асоси манофеъи миллии кишвари худ кор кунанд.Аммо дар Тоҷикистон чӣ? Оё дар сарзамини тоҷикон чунин ҳаракате дида мешавад?
Чаро ҳукуматдорони мо танқидро фитна, мунаққидро “хоини миллат”, сиёҳро сафед ва ростро дурӯғ ҷилва медиҳанд ва кӯшиш ҳам мекунанд, то мардумро бовар кунонанд, ки он чи мо мегӯем ҳақиқат ҳамон аст? Бастани роҳ барои фаъолияти рӯзномаҳои мустақил танҳо бо ин мақсад анҷом мешавад, ки мардумро аз иттилооти воқеӣ ва бетараф маҳрум созанд. Оё ин роҳи ҳал аст? Чаро қишри фаъоли ҷомеа дар кишвар кулух бар лаб молида, хомӯширо авло мадонад? Магар рисолати як нависанда тасвири ҳоли воқеии миллат нест? Чаро адабиётро танҳо дар дарбор маҳдуд кардаем? Оё реализми адабӣ имрӯз дар адабиёти мо вуҷуд дорад? Чаро ҳар шоир ва нависанда ё рӯзноманигоре, ки аз хатти кашидаи ҳукуматдорон барояд, бояд ҳатман “хоин” бошад? Оё ҳукуматдори фосид хоин аст, ё рӯзноманигори ҳақиқатҷӯ? Ончӣ дар ин авохир дар кишвар ҷараён дорад, барои низом ва қонунмандии минбаъдаи ҷомеа бисёр хавфнок аст. Ин ҷараён аз замоне шуруъ шуд, ки ба Конститутсияи кишвар тағйирот ворид намуданд ва мӯҳлати президентиро аз 5 ба 7 тағйир дода, барои Президенти феълӣ заминаи иштирок дар давраҳои баъдиро фароҳам намуданд. Чун ин тағйирот бо назардошти манфатҳои шахсӣ ва зери по задани манофеи миллӣ буд, аввалин зарбаи муҳликро бар пайкараи низоми давлатдории тоҷик зад. Зеро Қонуне, ки ба хотири шахсият ва манфиатҳои гурӯҳи махсус иншо мешавад, метавонад сарчашмаи аслии худбохтагии он гурӯҳ шавад ва ба ин тартиб низоми адолатро дар ҷомеа ба куллӣ аз байн барад.
Аз тарафи дигар маҳз ҳамин тоифаи худбохта, ки худро дар майдони қудрат танҳо мебинад, даст ба вайрон кардани қонуну қоидаҳои умумӣ зада, дар сурати ошкор гардидани ҷиноятҳояш бо истифода аз абзорҳои қудратӣ, ки дар ихтиёр дорад, худро аз ҷавобгарӣ озод мекунад. Ин ҷост, ки назм ва субот вайрон мешавад ва барои фасодкориҳои минбаъдааш замина пайдо мешавад. Ин ҳолат албатта ҷасоратро дар ашхоси наздик ба шахси фосид ё элитаи фасодкор бештар мекунад ва боис мегардад, то фасод густардатар шавад. Маҳз чунин ҳолатро мо дар Тоҷикистон аз солҳои дуҳазорум ва баъд мушоҳида мекунем. Дар муқобили чунин ҷараёни муҳлик барои як миллат танҳо қишри огоҳ метавонад дастаҷамъона биистанд, ки мутаассифона дар мо нест. Зеро иттиҳод дар ин миён набуд ва нест.
Мо шоҳид будем, ки чигуна дар пеши чашми мо афроди огоҳ ва дигарандеши миллат “хоин” эълон шуданд. Яке ба ҳабси абад, дигаре барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуд. Дӯстони дирӯз душманони имрӯз эълон шуданд. Мо бар даҳон об гирифтем. Чун фикр мекардем, ки яке кӯлобӣ, дигаре ғармӣ, саввумӣ бадахшонист ва андешаҳои чаҳорумӣ ба андешаи мо созгор нест. Зеро ӯ аз Хуҷанд аст, шимолист ва бояд зиндонӣ бошад? Дигареро бисёр хуб карданд, ки куштанд ӯ бояд кушта мешуд. Зеро эътиқоди мо бо ӯ мухолиф буд. Ҳамин андешаҳои ғалат моро ба ин рӯз расониданд. Дигар мо мисли шери хаставу маҷруҳем. Тавони ҳаракат кардан надорем. Дигар элита ҳар ғалате хоҳад мекунад. То замоне, ки дар муқобили ғалатҳои худ ҷомеаро набинад.
Махсус барои Пойгоҳи“Ислоҳ” С. Ш.