Ба нишонии электронии мо аз номи як сокини ноҳияи Лахш, собиқ Ҷиргатол номае расид, ки дар он танҳо навишта шуда буд “Маро аз сархамӣ наҷот диҳед, ман сокини ноҳияи Лахш” Хостем иллати чунин навишторро фаҳмем. Навиштем ягон ҳодисае рух додааст бародар нависед, то ончӣ дар тавон дорем ба дарди шумо расидагӣ кунем.
Ин дафъа чунин шикоятномаи талхе аз ин сокини ноҳияи Лахш расид, ки хело бароямон нохушоянд ва аламовар буд.
Ассалому алекум бародар ман сокини ноҳии Лахш Шарипов Нусратулло Наимовч соли таваллудам 1971 аст.Аз моҳи октябри соли 2018 ҳодисае ба хонаводаи ман рух додааст,ки аз гуфтанаш шарм мекунам.Аммо ногузирам онро ба шумо Пойгоҳи Ислоҳ расонам, чунки “Ислоҳ” пас аз он ошкорбаёние дар мавриди Лоиқзода Қаноатшо раиси собиқи Рашт кардед дар ин манотиқи мо хело овозадор гаштааст ва ҳама аз шумо мегӯянд,ки тавонистанд як раиси ноҳияро бо навиштан ва ошкор кардани ҷиноятҳояш ӯро барканор кунанд.Ман ба корҳои сиёсӣ коре надорам ва як сокини оддии ноҳияи Лахш мебошам.Фақад мехоҳам маро аз сархами дар ноҳия ва деҳаамон наҷот диҳед.
Духтарчаи ноболиғи ман Назарова Садоқат Нусратуллоевна,ки соли таваллудаш 2002,ки ман ин духтарчаамро бе модар калон кардам бо сад азобу мушаққат ӯро ба 16 солагӣ расонидам вале сад афсӯс,ки аз тарафи муовини сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Лахш Маҳмадулозода Акбар дар моҳи октябри соли 2018 ба номусаш таҷовуз карда ва ӯ аз ин таҷовуз ҳомиладорҳам шудабуд.Пас аз ин ҷинояти таҷовуз ба номус Садоқат Назароваи ноболиғро ба Душанбе мебарад ва ситқи ҷанин(аборт) мекунанд,то ҷинояташро рӯпуш намояд.
Isloh.net: Хело мутаассифам, ҷинояти сангине анҷом додааст ин корманди ВКД Маҳмадулозода Акбар каме агар имкон бошад дар мавриди ин ҷинояти таҷовуз ба номус маълумот медодед, то қазия бароямон маълум гардад?
Нусратулло.Ш: Духтарам Садоқат ба ман ҳодисаро чунин шарҳ дод, ки Маҳмадулоев Акбар, муъовини ШКД н.Лахш ӯро бо мошинаш омада аз назди мактаби№1 и ноҳия гирифта ба ҷойҳое мебарад,ки барои духтари ман комилан он ҷойҳо номаълум ва ноошно будаанд.Пас аз он бо ӯ чунин мекунад.Ин амалашро як маротиба не балке ҳар рӯз ин корро бо духтарчаам мекардааст,то ҳомила шуданаш.Ҳоло духтарам дар хона қарор дорад ва аз шарм аз хона берун намебарояд,ки ӯро ҳама бо чашми бад нигоҳ мекунанд.
Isloh.net: Дар мавриди шахсияти Маҳмадулозода Акбар чӣ маълумот доред.Ӯ ягон криша ё ашхосеки ӯро ҳимоят мекунанд дорад?
Нусратулло.Ш: Маҳмадуллозода Акбар дар ноҳияи Лахш тақрибан панҷ сол аст кор мекунад. Ӯ дар ин ноҳия бо дастгирии Шарифзода Рустами Исмоил,ки пеш сардори РВКД дар минтақаи Рашт буд.Ана ҳамон кас ин Маҳмадулозода Акбарро ба ноҳияи мо Лахш оварда дар вазифаҳои гуногӯн дар ШКД ноҳияи Лахш ба кор таъин ё тавсия дод муҳим дар бахшҳои гуногӯни ШКД ноҳия ин ҷинояткор кор кард.Тақрибан як сол мешавад муовини ин ШКД аст.Ин ҷиноятро пас аз таъин шуданаш ба ин вазифаи баланд содир намудааст.
Isloh.net: Метавонед исми раиси ШКД ноҳияи Лахш ва раиси КДАМи ноҳияро гӯед?
Нусратулло.Ш: Сардори ШКД ноҳияи Лахш Зубайдзода Хайрулло мебошад вале раиси КДАМи ноҳияро намедонам кӣ аст.
Isloh.net: Оё шумо ба ягон мақомоти ҳукуматӣ ва ё қудратии ноҳия ва ё ҷумҳурӣ шикоят кардед аз ин ҷинояти таҷовуз ба номус?
Нусратулло.Ш: Маҳмадуллозода Акбар пас аз таҷовузи давомдораш вақте духтарам ҳомила мешавад бо зури ва фишор ба душанбе ӯро мебарад ва ситқи ҷанин (оборт) мекунонад,ки ман аз ин кор баъдан огоҳ шудам. Пас аз фаҳмидан аз ин ҷинояти таҷовуз ба номус ман оиди ин масала қарибки ба ҳамаҷо муроҷиат кардам.Аммо Маҳмадуллозода Акбар дар дар худи ВКД ҳамон хешаш,ки ӯро ба ин ноҳия фиристодааст кор мекунад номаш Генерал майёр Шафизода Рустами Исмоил аст.Ин генерал Шарифзода Рустам ҳама он аризаҳоеки ман навиштаам онҳоро намегузорад ба назди Вазири дохила Рамазон Раҳимзода дароранд.Инчунин тавассути Маҳмадуллозода Акбар маҷбурӣ аз ҳамсояҳои бе пуштупаноҳи ман баёнот гирифтаанд,ки гӯё ман гирифтори бемории руҳӣ ва равонӣ бошам.Боз барои рӯпӯш намудани ин ҷинояти содир кардаи худаш духтарамро ба духутри ноҳиявӣ бурда санад додаанд,ки гӯё ӯ бокира аст.Бисёр духтараки бемодари маро мавриди озори ҷинсӣ ё шаҳвонӣ қарор додаанд ин нобакорон.Ман дигар ба ҳеҷ кадом мақомоти Тоҷикистон бовар надорам.То имрӯз ба дастгоҳ, прокуратура, ВКД,КДАМ чӣ аризае навиштам натиҷаашро надидам.
Isloh.net: Пас аз ин ҳама ҳолататон дар ноҳия чӣ гӯна аст ва муносибати мардум бо шумо чӣ гӯна аст?
Нусратулло.Ш: Дарде дорам хело сангин ва ин иртибот дорад ба шаъну шараф ва номусам,ки худро хело дар ҳолати бад ҳис мекунам ва гоҳо ба чанд фикрҳои нохуш мехоҳам дастзанам.Муносибати ҳамсояҳо дар қишлоқро худатон медонед пас аз ин ҳодиса чӣ гӯна мебошанд ва бо чӣ нигоҳе ба инсон нигоҳ мекунанд.Бало ба паси инаш боз ҳамон ҷинояткор ва таҷовузгари дар пагон Маҳмадулозода Акбар дар кучаҳои ноҳияи Лахш маро бинад бо писханд ва мазоқ тарафам нигоҳ карда мегӯяд: “Ҳа чулоқ аз дастат ҳичи наомадку” Ана ин аст ҳолати мо сокинони бесоҳиби ноҳияҳои дурдасти кишвар додарҷон.Ман чикор кунам дигар охирон дарвозаи умеди мо ин шумоед,ки ин дарди дили мани бесоҳиби камбағалро мерасонед,то мақомот як чоре дар ин қазияи таҷовуз ба номус бубинанд.Ба Худо пас аз ин ман гирифтори бемории дил ва қандҳам шудам ва ман девона нестам ва рост мегӯям.Кадом падар духтари худро чунин туҳмат мекунад? Бар акс ман мехоҳам аз ҳуқуқи шаҳрвандии духтарам ҳимоят кунаму ҷинояткорро мақомот ҷазои мувофиқ ба ҷинояташ,ки таҷовуз ба номус аст диҳанд.Росташ охирон умеди мо ин дар дасти шумост.
Ҳой мақомоти қудратӣ як ҳафта муҳлат !
Шумо чӣ кора ҳастед,ки як мақомдоратон боз муовини ШКД ноҳия даст ба чунин ҷиноят занад вале шумо аз он огоҳӣ надошта бошед? Хуб бигузор ин Маҳмадуллозода Акбар криша доштааст дар худи ВКД ва ӯ боз генерал будааст ва вазифаааш сардори раёсати таҳқиқи ВКД ҷаноби Шафизода Рустами Исмоил.Агар сардори раёсати таҳқиқ ба чунин ҷиноят даст занад,ки монеи дохил шудани аризаҳои шаҳрвандон ба назди вазир гардад ва ё ба онҳо содиқона расидагӣ карда натавонад,вой ба ҳоли ин вазорат ва сад офарин ба ин миллат,ки шумо онҳоро гӯё ҳимоят мекунед.
Охир мақомоти прокуратура ва КДАМ дар ноҳия ба куҷо нигоҳ мекунед? Ин чӣ ҷабр,зулм ва ситам аст ба ин мардуми оддӣ ва осоиштаву бегуноҳи фақири кишвар? Шумо барои чӣ дар ин ноҳия вуҷуд доред ва аз будиҷаи кишвар маош мегиред? Агар ин қазия то охири ҳафта ҳалли худро пайдо накунад,ин марди мазлумро ба додаш нарасед ва ин ҷинояткори соҳибрутба дар курсии ҷиноятӣ нанишинад ва ё боздошти ӯ расонаи нашавад.Ин мақоларо бо чанд забон тарҷума карда дар ихтиёри муассисаҳои ҳимоят аз ҳуқуқи инсон мегузорем,то донанд,ки дар мақомотҳои ВКД соҳибрутбагони ин мақомоти қудратии мо чӣ ҷиноятҳое бар алайҳи мардуми осоишта содир менамоянд.Бароятон танҳо як ҳафта муҳлат аст пас аз он,хуб медонед,ки мо ҳарчӣ гӯем мекунем.
Ҷаноби генерал Шафизода Рустами Исмоил! Раёсати таҳқиқи ВКД ҷинояткоре дар он ноҳия таъин намудаатонро лутфан боздошт ва нисбаташ делои ҷинояти кушоед ва як дақиқа пас аз хондани ин мақола сабр накунед,даст ба кор шавед, таҳқиқро тезтар шурӯъ кунед ва агар ҳатто бо як калима ё лаҳни фишор ва зуроварӣ аз тарафи шумо ва кормандонатон ба ҷабрдидаро шунавем,ки ҳоло чанд нафар аз ноҳияи Лахш бо мо дар тамосанд он вақт шурӯъ мекунем ба досияи сиёҳи шумо,ки он дорои хело ҷиноятҳои аҷибу ғарибе мебошанд хоссатан он ҷиноятҳоеки ҳангоми сардори РВКД дар минтақаи Рашт содир намудаед.Дар дасти мо аз Рашт хело маълумотҳои зиёде вуҷуд доранд,ки агар онҳо расонаӣ шаванд, ба шахсият ва болоравии шумо дар ин ниҳод зиёни ҷидди мерасонад.Мунтазири натиҷаҳои хуб ҳастем,то бубинем шумо содиқона кор мекунед ва ё на!
Муҳаммадиқболи Садриддин