ЭЪЛОНИ ҶАНОЗАИ ҒОЙБ ҲАМЗАМОН БО ҲОЗИР

Ислоҳ нет

 

Имрӯз сешанбе 26 уми март соати 14:00 ба вақти маҳаллӣ ва 16:00 москов,18:00 душанбе шурӯъи маросими ташеъ ҷанозаи падарам Ҳоҷи Қаландари Садриддин дар Варшаваи Лаҳистон баргузор мегардад.Дар ҷаноза шахсиятҳои муқими аврупо аъзои раёсати олии ҳизб ва муфтии давлати Лаҳистон ва имомони масоҷиди маҳалли мисли Шайх Наҷиб имоми масҷиди марказии Заходнии Варшава ҳузур пайдо мекунанд. Дар ҷаноза ҳамзамон бо иштироккунандагони ин ҷаноза, ҷанозаи ғойб мехонем ва ин ин ҷанозаро онҳоеки дар маросим бо сабабе аз сабабҳо натавонистанд иштирок намоянд ва дар ҳар гушаву канори олам қарор доранд метавонанд гузоранд. Нашри маросими ташеъ ҷаноза тариқи сабти мустақим дар фейсбук ва ютуби “Паёми мардум” пахш мегардад. Онҳоеки мехоҳанд дар ҷаноза иштироки ғоибона кунанд метавонанд ҷанозаи ғоибро хонанд.Қабл аз оғози маросими ҷаноза ва ба хоксупори суҳбатҳо сурат мегирад ва пас аз поёни суханрониҳо ҷаноза гузорида мешавад. Дар ҷанозаи ғойб иштирок кунед ва суннати Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ро зинда намоед.Чунонеки пас аз огоҳ шудан аз вафоти Наҷошӣ барояш бо ҷамъи асҳоби киром (раз) ҷанозаи ғойиб бар Наҷошӣ гузориданд. Дар Варшава борон меборад Аллоҳ бо нузули ин борон раҳмате бар марҳум нозил гардонад ва қабри эшонро пур нӯр гардонад омин.

Share This Article