Дар мақоли халқӣ мегӯянд, ки аҷали саг пеша кунад, ба девори масҷид шоша мекунад. Ҳамин тавр Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дониставу надониста худро ба таҳлука меандозанд.
Баъди он ки дар Пойгоҳи таҳлилии Ислоҳ санаи 25.03.2019 мақолае бо номи “Таҷовуз ба номуси ноболиғ аз тарафи муовини ШКД н. Лахш” нашр шуд, вокунишҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Ин мақоларо танҳо дар худи пойгоҳи Ислоҳ зиёда аз 996 ҳазор хонанда мутолеа кардаанд.
Дар мавриди ин ки чӣ қадр дар дигар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гаштааст, ба ҳамагон маълум аст. Ин матлаб бо хоҳиши пайвастаи худи шаҳрванд Шарипов Нусратулло Наимовч нашр гашта буд. Он рӯзҳо маросими ташеъи ҷанозаи падарам буд. Илтиҷо дошт, ки ба ҳама дарҳои идора, кумитаву дастгоҳ пайваста шикоят навиштааст, вале касе ба додаш нарасидааст. Бинобар, мо новобаста аз шароити танги худ, бо хоҳишу талаби ин шаҳрванди маъюс матлабро нашр намудем.
Бегоҳии рӯзи 26 уми март, соати 17:10 дақиққа алакаӣ дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зери унвони “Раддия ба тӯҳмату буҳтон нисбати кормандони милитсия” дар сафҳаи расмии вазорат мақолаеро нашр намуд, ки бидуни шакку шубҳа зери фишор аз сокини ноҳияи Лахш, Шарипов Нусратулло Наимович гирифта шудааст. Яъне, тақрибан дар ду рӯз тавонистанд, кормандони ВКД ин ҷиноятро ошкор кунанд. Бегуноҳии корманди милисаро собит кунанд, ҳолати духтарро ташхис намоянд ва ба хулоса оянд, ки Пойгоҳи Ислоҳ нисбати корманди милиса туҳмат кардааст.
Бар замми ин, бо шакли зуроварӣ ва рекетирӣ бар ҷабрдида, аз ӯ ариза гирифтанд, вале ҷинояткори таҷовузгар дар озодӣ ва дар мақомаш ифои вазифа менамояд. Мо дар ин ки ин аризае, ки бо дастхати худи ӯ тавассути фишор ва таъзиб навишта шудааст, ҳеҷ шакку шубҳае надорем. Дар аризае, ки навишта шудааст, чанд нуқта аз ин ҷинояти таҷовуз шаҳодати баръало медиҳад. Дар ариза омадааст: “Ончӣ нисбати сардори Раёсати таҳқиқи ВКД генерал-майори милитсия Шафизода Рустам Исмоил дарҷ ёфта шудааст, туҳмат мебошанд”. Аслан тибқи риштаи равоншиносӣ вақте шумо шахсро нашиносед, чӣ гӯна дар мавриди ӯ сухан мегӯед? Агар бароятон нагуянд чунин гӯед? Мо аслан ин ҷаноби генерал Шафизодаро намешинохтем ва аз он чӣ тавр Маҳмадуллозодаро ба ноҳияи Лахш бурдану аввал дар ноҳияи Рашт кор кардани Генерал Шафизода худатон огоҳ намудед.
Баъдан дар ариза омадааст “ончӣ нисбати генерал Шафизода дарҷ ёфтааст туҳмат мебошанд” Дар ҳоле дар сомона омадааст ман онро намешиносам? Дар ариза чизи дигар яъне “Туҳмат” дар сомонаи ВКД “ман ӯро намешиносам” Мо кадоминро бовар ва тасдиқ кунем? Аризаи шуморо ва ё навиштаи сомонаи ВКД ро ва ё навиштаҳои қаблии ҷонкоҳатонро?
Дар ҳамин ариза як нуктаи хело аҷиби дигар дар мавриди ин ки гуё “баъзе ашхос аз ҳолати бемории ӯ истифода бурда, ӯро фиреб дода, барои шикоят кардан ба мақомотҳои дахлдор талқин менамуданд”
Инсофатонро хок хурад, наход, ки падар бардурӯғ духтари худашро бадном карда, ба расона шикоят кунад, ки духтарашро таҷовуз кардаанд?
Бар замми ин тасанно ба ин падари бемор, ки дар замоне, ки академикҳои мо ҷумладуздӣ крда мегарданд, ӯ ба дод омада, ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Прокуратураи ноҳияи Лахш аризаҳо навиштааст. Магар бо бемор хондани ӯ бемории худатонро собит накардед?
Боз аҷибаш инҷост, ки ончӣ дар шикояти аввал ҷой дошт, ин санади “бакорат” буд, ки дар сомонаи ВКД омадааст: “Пеш аз супоридани ноболиғ Назарова С.Н. ба волидайнаш номбурда, аз муоинаи тиббии беморхонаи марказии ноҳияи Лахш гузаронида шуда, дар хусуси осеб надидани пардаи бакораташ маълумотнома ба волидайнаш пешниҳод карда шудааст.”
Бо кадом далел тибқи гуфтаи худи Вазорат дар раддияаш, духтаре, ки ҳафтаҳо гум мешудааст ва ӯро ВКД ҳар дафъа ёфта бурда ба падараш “месупоридаанд”, зарурати “аз муоинаи тиббӣ гузаронидан” пеш меомадаст ва он ҳам “дар хусуси осеб надидани пардаи бакорат”?
Ин ҳам дар ҳолест, ки падари духтар, сокини ноҳияи Лахш, Шарипов Нусратулло Наимовч дар ин маврид ба Ислоҳ навишта буд: “Боз барои рӯпӯш намудани ин ҷинояти содиркардаи худаш духтарамро ба духтури ноҳиявӣ бурда, санад додаанд, ки гӯё ӯ бокира аст.
Агар падари духтар ба мо шикоят накарда бошад ва ҷузъиёти ин қазияро ба мо нагуфта бошад, магар мо дар хоб дидем, ки корманди ВКД духтари як шаҳрвандро “пеш аз супоридани ноболиғ” ба дасти волидайнаш бидуни ҳеҷ огоҳӣ ва иҷозаи падараш “дар хусуси осеб надидани пардаи бакорат”-и духтараш муоинаи тиббӣ гузаронидааст?
Бубинед, падари духтари ноболиғи таҷовузшуда, ба Ислоҳ баён дошта буд, ки “тавассути Маҳмадуллозода Акбар маҷбурӣ аз ҳамсояҳои бе пуштупаноҳи ман баёнот гирифтаанд, ки гӯё ман гирифтори бемории руҳӣ ва равонӣ бошам.”
Диққат кунед соати 09:00 субҳи 24.03.2019 Садоқат дар хона қарор дошт ва аз шарм ба берун намебаромад. Ҳатто соати 21:22 дақиқаи вақти Олмон, ки соати 01:22 мебошад, дар хона буд. Садоқат пас аз ин ки матлаб нашр гашт ва ин кормандони милиса огоҳ гаштанд, Садоқатро барои надодани баёнот ва назди дурбин қарор нагирифтанаш худашон бедарак намуданд, то ҷинояти анҷомдодаи Маҳмадуллозода Акбар ошкор нагардад. Зеро инҷо имиджи Ҷаноби сардори Раёсати таҳқиқи ВКД генерал-майори милитсия Шафизода Рустам Исмоил зери хатар қарор мегирад.
Ҷабрдида сокини мазлуми ноҳияи Лахш Шарипов Нусратулло Наимович зери фишор ончӣ барояш мегӯянд ногузир ӯ низ онро мегӯяд:
“Мавриди қайд аст, ки Назарова Садоқат айни замон низ аз хона фирор карда, бедарак мебошад ва шаҳрванд Шарипов Н. Н. бинобар сабаби аз ӯҳдаи тарбияи духтари худ набаромадан аз мақомоти корҳои дохилӣ хоҳиш намуд, ки ӯро пайдо намуда, ба роҳи рост ҳидоят намоянд”
Дар охир боз ҳам аз Шарипов Нусратулло Наимовч зери мили силоҳ ва бо таҳдид чунин дастхатеро мегиранд: “нисбати муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Лахш Маҳмадуллозода Акбар низ ягон даъво надорад”
Ба Шарипов Нусратулло гуфтаниям, ки моҳолати шуморо хуб мефаҳмем ва Аллоҳ шумо ва ҳама шаҳрвандонро аз чанголи ин золимон ва Ҷингизсифатони режими хуношом наҷот диҳад. Шумо маъюби дарачҷаи ду ҳастед.
Ҳамин Шарофиддин Гадоев шоҳиди зиндаест, ки барои як барномаи 13 дақиқагӣ якунимсоат аз ӯ навор сабт карданд ва онро монтаж карданд, вале боз ҳам дурӯғашон бармало гашт ва шармандаи олам гаштанд. Ҳоло қазияашон ба трибунали Гаага рафтаасту дар ҳолати таҳаққуқ аст.
Акнун пас аз ин сомонаи Спутник.тҷ бо нашри матлабе ончӣ дар сомонаи ВКД омадааст, онро шарҳи кутоҳ намудааст. Танҳо як наворе дар ин сомона дида мешавад, ки аз корбаре бо номи Суҳроб Муслим дар фейсбук навори Шарипов Нусратулло Наимовчро ки 1дақиқаву 37 сония аст гузошта шудааст. Агар тамошо кунед, барало мебинед, ки зери чӣ ҳолате сухан мегӯяд. Инчунин навори дигари 1 дақиқагӣ ҳам вуҷуд дорад, ки бар ало дида мешавад, ки аввал бародар…мегӯяд, ишора мекунанд Муҳаммадиқболро бародар нагӯ дар ҳол мегӯяд, аризаи шикоятии худро нисбати таҷовузгари ШКД Н. Лахш гирифтам ва ягон даъво надорам. Яъне, ӯро ба ин маҷбур карданд,к и чунин гӯяд ва ҳатто мегӯяд, ки ман танҳо ҳастам, касе маро маҷбур накардааст. Қазоват ба шумо хонандаи гиромӣ!
Дар поён сомонаи ВКД ба мо як насиҳат ҳам кардааст, ки хело ҷолиб ҳам ҳаст:Дар хотима ба дастандаркорони сомонаи isloh.net гуфтанием, ки ҳеч корманди мақомоти корҳои дохилӣ аз таҳдиду бӯҳтони шумо наметарсад ва мардуми шарифи Тоҷикистон ба дурӯғу сафсата ва ҳарзаҳои бемаънии шумо бовар ҳам намекунад!
Ҷанобони кормандони ВКД, мо даҳшатафкан нестем, то аз мо тарсед ва то имрӯз ҳеҷ амали даҳшатафканӣ ҳам накардаем, то аз мо ҳаросед. Ин шумоед, ки мардумро дар ҳолати хавф, тарс, фишорҳои пайваста, туҳматҳо, газандҳои рӯзмара қарор медиҳед ва мардум аз шумо даррандагони инсонсурати пагондор дар ҳаросанду аз кишвар рӯ ба фироранд. Охир шумо фарзандони ин сарзамин бояд ҳомиёни шаҳрвандони кишвар бошед, на даҳшатафканон дар либоси “3500 долара”. Гоҳо сухани Исмонов ба хотир мерасад, вақте гуфта буд: “Ба ин мақомоти қудартии мо як форма ва як саги немисӣ намрасад, вагарна дақиқан ҳамон СС -ҳои Гитлери фашистиро мемонанд” Охир ин мардум ғулом нестанд, ки онҳоро ин қадар фишор ореду ба онҳо зулму шиканҷаро дар кишвар раво доред. Даст аз зулм бардоред, то номҳоятон дар қатори мардумозорон дар таърихи ин миллат сабт нагарданд.
Мо ин мардумем ва забони гӯёи мардуми мазлуми кишварем, ки онҳо наметавонанд озодона сухан кунанд ва аз зулму ситами шумо шикоят кунанд. Аммо мо озодем ва ҳама шикоят ва дархосте миллати мазлуми дохил мекунанд ва бароямон бовар карда мефиристанд, онро озодона мегӯем ва расонаӣ мекунем. Ҳамчунин ба созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мефиристем ва оламро аз он огоҳ мекунем.
Дар мавриди ШКД н Лахш мо маълумотҳои дақиқ дорем ва пешниҳоди мо инаст, ки ба хубӣ чора бубинед, ҳоло ҳам дер нашудааст. Мо маълумотеро, ки ба нашр расонидем, бидонед, ки ҳаматарафа месанҷем. Дар бораи як маълумот, далелҳо ҷамъоварӣ мекунем. Инаст, ки дар баробари ҷинояти таҷовуз ба ноболиғ ба дасти мо чанд досияи сиёҳи ин таҷовузгар, корманди милиса, муовини САРДОРИ ШКД Махмадулозода Акбар расидааст. Дар ҳолати ба ҷавобгарӣ кашида нашуданаш ва аз падари мазлуми сархамшуда, узр напурсиданаш, ба ҷуз худаш сари чанд “криша”-ашро ҳам мехурад. Мо таҳдид намекунем. Танҳо огоҳӣ аст. Хоҳед сари худатонро аз ғурбат ва ғазаби мардум наҷот диҳед. Он боломақомҳоятон ҳеҷгоҳ ба хотири шумо, обрӯи набудаи худашро қурбони Шумо таҷовузгарон намекунад. Мо гуфтем, Шумо шунидед. Нагӯед, ки нагуфтем!
Бо зуру фишор барои мо мақолаву аризаҳои бо фишор гирифтаатонро нашр накунед, миллат аз онҳо огоҳ аст. Ончӣ менависед, касе бовар намекунад ва аз номи миллат ҳаргиз гап назанед!
Муҳаммадиқболи Садриддин