Маълумоти кӯтоҳ:
Муҳаммад Муҳаммад Мурсӣ Исо Алайёт 24 уми июни соли 2012 дар интихоботи озоди ин кишвар бо касби орои 51,73% панҷумин президенти ин кишвар дар умум ва аввалин президенти маданӣ яъне ғайри низомӣ буд. Ӯ дақиққан як сол президенти миср буд ,чун дар 30 уми июни 2012 расман ба кор шурӯъ намуда буд.Бо як инқилоби аскариеки онро хоин Абдулфаттоҳ Сисӣ вазири дифоъи ин кишвар,ки бо маболиғи кишварҳои халиҷӣ анҷомдод ва ӯро дар 30 уми июни соли 2013 сарнагун ва зиндонаш намуд.Пас аз 12 рӯз шаш соли комил мешуд дар зиндон қарор дошт. Дар 21 уми апрели соли 2015 ӯро ба 20 сол зиндон маҳкум намуда буд.Инчунин пас аз як сол дар 18 уми июни 2016 ӯро боз ба 15 сол зиндон ҳукм намуда буданд.Агар 54 рӯзи дигар умр медид дар 8 уми август ба сини 68 солагӣ мерасид.Ӯ 366 рӯз раисҷумҳури мунтахаби миср буд ва 2184 рӯз дар зиндони Сисӣ қарор дошт.Агарчӣ қабланҳам зиндонӣ шуда буд вале танҳо пас аз раисҷумҳур шуданашро шумурдам.
Муҳаммад Мурсӣ панҷ фарзанд доштанд чор писар ва як духтар. Аҳмад,Шаймо,Усома,Умар,Абдуллоҳ. Исми ҳамсарашон Наҷлоъ Маҳмуд буда ва соли 1978 бо ӯ издивоҷ намудааст.
Вафоти Мурсӣ мисли соъиқаро мемонд
Рӯзи душанбе 17-уми июн аввалин президенти интихобшудаи миср Муҳаммад Мурсӣ дар дохили толори маҳкама бе ҳуш шуд ва ба шифохона норасида вафот намуданд.Чунонеки ҳама олам дар оғози хиёнати Сисӣ ба ӯ ва инқилобеки бар алайҳаш намуда буданд ба по бархоста буданд.Дақиқан пас аз 12 рӯз кам шаш сол ва оғози соли ҳафтум,ки дар зиндон буду устувору хастанопазирҳам буд.Чунонеки дар мавриди ҳолати Муҳаммад Мурсӣ писараш Аҳмад гуфтааст,ҳолаташ воқеан хело вахим буд ва ду моҳ пеш аз рамазон қандаш боло ва поён мешудааст вале барояш кумаки тибби расонида намешудааст.Ҳатто барояш қуръонроҳам иҷозат надодаанд,ки дохил кунанд.
Бо ханда гуфтааст: “ман танҳо мехостам танҳоиямро бо китоби Аллоҳ гузаронам вагарна ман ним аср пеш ин китоби муқаддасро дар синаам ҳифз кардабудам.
Муҳим ҳоло дигар ончӣ бар ин марди бузурги торихи муъосири уммати ислом кардаанд ин ҷинояткорон онҳоро намегуем.Зеро ҳама режимҳои мустабид дар олам аз якдигар фарқе намекунанду ҳадафашон дар воқеъ як аст.
Пас аз шаҳодати Мурсӣ чӣ мегузарад?
Ман пас аз шунидани ин ҳодиса онро дунбол намудам ва шабакаеки ба шакли барномаҳои пахши мустақим онро пушиш медод он Алҷазира буд.Аз соати 20:00,и рӯзи 17 уми июн,то соати 08:15 дақиқаи субҳи рӯзи 18 уми июн бидуни вақфа қазияро дунбол намудам.Беш аз 123 шахсиятҳои бузурги олами ислом дар мавриди Мурсӣ суҳбат намуданд ва ҷуз се нафар дигар ҳамаи ин суҳбаткунандагон изҳори тасаллият ва аз ин ҳодиса сахт андуҳгин буданд.Ҳатто онҳоеки бо ӯ мухоифати сиёсӣ доштанд дар ҳукуматаш ӯро марди ҷасур ва одиле унвон намуданд,ки бо ӯ дар қасри раёсатҷумҳурӣ баҳс намудаанд ва ӯ комилан як инсони оддие буду дар хидмати мардуми миср камари ҳиммат баста буд.
Раиси собиқи Тунис доктор Мунсиф Алмарзуқӣ фуқдони Мурсиро як фоҷеъа хонд ва дар суҳбати чанд дақиқагияш ба Алҷазира баён дошт,ки Муҳаммад Мурсиро як рӯз як ҳафта ё як моҳ озор надодаанд ӯро шаш сол озору азият намудаанд. Мурсии шаҳидро дар зиндони инфиродӣ нигоҳ доштанд,ки ин худаш волотарин шакли азобу озор аст ва аслан ин шакл зиндонкардан вахимтарин ҳолати шиканҷа маҳсуб меёбад ва ончӣ бар ӯ манъ намуданд чизе намегуям ва гиря гулугираш намуда буд, то охир натавонист суҳбат намояд.
Раҷаб Тайиб Эрдугон ин ҳодисаро аввалан маҳкум намуданд ва дар ин қазия дахолати давлатҳои бе тарафро даъват намуданд,то онро таҳқиқ намоянд.Сисиро хоин ва инсони бе виҷдон номид.Инчунин идораи динии ин давлат имрӯз сешанбе 18 уми июн дар ҳама масҷидҳои туркия намози ҷанозаи ғоибро эълон намуданд.
Дар давлатҳои Алҷазоир,Либия,Судон ки ҳолатҳои инқилобӣ идома дорад Муҳаммад Мурсиро устоди муборизон ва инқилобчиёни воқеъӣ унвон намудаанд ва ба низоми Сисии хоин нафрин хонданд.
Дар Мавритания мардуми пойтахти ин кишвар Навокшут дар назди сафорати Миср тазоҳурот намдунад ва ба Сисӣ нафрин хонданду ӯро ба қатли Муҳаммад Мурсӣ гунаҳгор ҳисобиданд.
Раиси давлатҳои Малайзия,Лубнон,Қатар расман таъзия баён намудаанд.
Амири Қатар Тамим бин Ҳамад навиштааст: “хабари даргузашти нобаҳангоми раиси собиқи миср Муҳаммад Мурсӣ моро ғамгин намуд.Ба оилаи ӯ ва ҳама мардуми дӯсту бародари миср таъзияи худро баён медорам,Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун”
Инчунин марокизи исломӣ ва аҳзоби аксари давлатҳои олами ислом таъзияи худро баён намуданд.Дар Лубнон имрӯз дар назди сафорати миср митинг эълон намудаанд ва ин чунин намози ҷанозаи ғоибро мехонанд.
Режими мустабиди миср ба фарзандони Муҳаммад Мурсӣ иҷозат намедиҳанд,ки ӯро дар қабристонеки онҷо дигар гузаштагони ӯ мадфун ҳастанд дафн намоянд.Ба наздиконаш гуфтанд пас аз дидани табиби шаръӣ ё қонуни бояд дар як соат ӯро дафн намоянд.Инчунин тибқи қарори амнияти миср Мурсиро наздиконаш дар як муҳавватаи хурди намозгузор дар мадинатун наср ба хок супориданд.Танҳо ду нафар аз хонаводаи ӯро иҷозат додаанд,ки дар ҷаноза ширкат намоянд.Ба ҳамсар ва духтару наберагон ва ҳеҷ касе аз наздиконашро нагузоштанд,ки дар ҷаноза иштирок намоянд.Ин режимҳо воқеан метарсанд аз мардони миллатҳояшон,ки зиндаҳояшон ҷойи худашон, аз ҷасадҳои беҷони ин мардони бузург дар ҳаросанд.
Муҳаммад Мурсии шаҳидро ин субҳ 18 уми июн дар шарқи Қоҳира дар муҳавватаи мақомоти амниятии мисрӣ гурониданд.
Писараш Аҳмад навиштааст: “падарам Муҳаммад Мурсиро назди Аллоҳ шаҳид мепиндорам ва шикоятамонро дар назди Аллоҳ бо онеки ба мо зулм кард хоҳем намуд”
Аҳмад навиштааст: “ҷасади падарамро дар беморхонаи зиндони “Лимон тара” шустем ва намози ҷанозаашро дар масҷиди зиндон адо намудем,касе ҷуз афроди оилаи худамон бар ӯ намози ҷаноза нагузоштанд”
Дар идома навиштааст: “дар қабристони муршиди ҷамоъати Ихвонул муслимин дар шаҳраки Наср ба хок супоридем. Амнияти миср нагузоштанд,ки падарамро дар муҳофазаи Шарқӣ дар қабристони оилавиямон ба хок супорем”
Муассисаҳои зиёди ҷаҳонӣ даргузашти Мурсиро барои низоми Сисӣ хело як амали хашин ва ғайри оддӣ қаламдод намуданд.Инчунин беш аз 37 муассисаҳои маъруфи ҷаҳонӣ фиқдони ӯро дар зиндон ва шакли нигоҳ дории ӯро маҳкум намуданд.
Созмони Дидбони ҳуқуқи башар – Ҳумайн Райтс Вотч хонум Сора Лио Витсун раиси бахши ховари миёнаи ин созмон гуфтааст: “Муҳаммад Мурсӣ аввалин президенти мунтахаби мадании миср буд ва номаш дар таърихи ин кишвар сабт аст.Ҳукумати миср гунаҳгор шуморида мешавад барои онки ӯро аз мудово маҳрум намуда буд.Ин ҳуқуқи инсонии ӯ буд ва мо ҳукумати мисриро масули вафоти Муҳаммад Мурсӣ мешуморем.Ин масаларо мо аз наздикони ӯ фаҳмида будем ва борҳо ба ҳукумати мисрӣ онро огоҳ намуда будем.”
Созмони Amnesty AR чунин гуфтааст: “вафоти нобаҳангоми раиси собиқи давлати миср барои мо як садамае буд.Аз мақомоти мисрӣ даъват менамоем дар қазияи ин вафот диққати ҷиддӣ диҳанд.Чунонеки мо огоҳӣ дорем ва ин масаларо ба ҳукумати мисри қабланҳам расонида будем.Ӯро дар як утоқи танҳо зиндонӣ намуда буданд ва ӯро аз ҳама олами беруни манъ намуда буданд. Барояш кумаки тиббӣ намерасониданд ва бо ӯ муомилаи зиндонбонҳо хело бад будааст.Ӯро барои муддати тулонӣ дар ҳолати хело баде нигоҳдорӣ намудаанд,ки лоиқ барои як инсон нест.Талаб менамоем аз ҳукумати мисрӣ,ки онҳое аз зиндонбонон бо ӯ муомилаи бад намуда буданд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аз мақомоти мисрӣ дар ин маврид баёноти комилу шомилеро талаб менамоем.”
Аллоҳ Муҳаммад Мурсии шаҳидро дар раҳмати худ бигирад ва мо шоҳидони Аллоҳ дар заминем.Эй Аллоҳ мо шаҳодат медиҳем,ки ӯ як марди одил ва мусалмоне буд ва ӯро золиму хоине бо номи Сисӣ бо хиёнат ва зулм зиндонӣ намуда ба шаҳодат расонид.Аллоҳ ӯро аз зиндони Сисӣ наҷот доди ва акнун ба ҷанноти фирдавс маъво бидеҳу аз ӯ розӣ ва хушнуд бош омин.
Имрӯз касе хоҳиш дошта бошад, намози ҷанозаи ғоиб пас аз адои намози зуҳр, бар ин марди бузург бигузорад