Худову ростӣ кадом умеде аз сафари Раҳмон ба Исфара ва дидору мулоқоти ӯ бо раиси ҷумҳури Қирғизистон надоштам.Бархе аз дустонам мегуфтанд, имкон надорад,ки ду раиси ҷумҳурӣ бидуни кадом тавофуқоти қаблӣ ва дастоварде бо ҳам дидору мулоқот анҷом диҳанд.Ба эҳтимоли зиёд ҳадди ақал як қисмате аз беш аз 400 километр хатти марзи муайянношудаи миёни ин ду кишвар маҳз дар ҷараёни ин сафар таъйин ва аломатгузорӣ мешавад. Аммо чуноне дидем, ҳеҷ чизе ҳал нашуд. Ва, кори таъйин ва аломатгузории марз дар уҳдаи Комиссияи муштараки ду кишвар вогузор гардид.
Аммо…Раҳмон Исфара ва Ворухи сияҳпуш ва парчами зерипои қирғизҳошударо таслият нагуфт, аз замин набардошт, балки якшаба ба Қирғизистон ба Иссиқкул, куророт рафт, дамгирӣ….ба гуфти мардуми куҳистон “мурдаро монду тутхурӣ рафт”.
Бо чархбол омад ба Исфара. Зери пояш қолини хунранг густарданд. Аммо манзили муаллим Ҷалол Қараев,ки ҳоло мурдахона аст нарафт,таъзия ва таслият нагуфт, чун расми мардуми мо фотеҳа нахонд, даст ба рӯйи ношустаашҳам накашид. Аммо рафт барои боздиди макетҳои бинову иншооте, ки интизор дорад солҳои баъди қайчиашро гирифта лентаашро бурида ифтитоҳ кунад… Бинои фалон, иншооти фалон як ошёна барои чаҳорнафар, сесад хонандаву ғайра. Аммо як биное муҳташам ва сеошёнаи милиса дар ҷамоати деҳоти Ворух бунёд мешавад. Аҷаб?! Барои як “селсовет” бинои сеошёнаи милиса? Чаро? Зеро аз Воруху Чоркуҳ бим дорад. Бовар надорад ба ин мардум. Барои ҳамин бо чархбол омад, бо чархбол бирафт. Зеро ин мардум мутадаййинанд. Ва аз манотиқи ҷонибдорони….Вай ба баъзе аз навоҳӣ даҳҳо маротиба сафар кардааст, аммо Исфара, Истаравшан, Масчо дар нақшаи сафарҳояш бо хати қирмиз ишорат шудаанд. Бахусус Исфара.
Дар гумонаш ҳам нагузашта буд ва намегузарад ҳам,ки инҷо мардум ба ҷойи ниҳодҳои қудратии вай,ба ҷои марзбонону маъмурони амниятӣ худ дар хатти аввали ҷабҳа қарор доранд ва танҳо дар чанд моҳи имсол чаҳор кушта доданд. Тайи чанд соли ахир,ки хушунат ва мухосима миёни Бодканд ва Исфара сурат гирифт дар қаламрави Тоҷикистон хун рехт. Марзбонону амниятиҳо, ки мусллаҳанд, чизе карда натавонистанд. Изҳорот доданд, ки хадамоти махсуси қирғиз бо ба бар кардани либоси мулкӣ ҷониби тоҷикҳо оташ кушоданд. Ду тоҷик,ки якеашон як бизнесмени сахт пулдор буд,кушта шуд. Аммо худашон чи кор карданд, ҳарфе назаданд. Соли 2014 Ҳоҷӣ Ҳалим қирғизҳоро заду гурезон кард.Хуб ба ёд дорам бо ҳавопаймо вориди минтиқа мешуданд,бо нерӯҳои муҷоҳидини собиқ Қирғизҳо чораро ба ҷуз аз тоб додани “гайка”-и бизнеси Раҳмону домодаш наёфтанд. Роҳро бастанд. Тиҷорати ГСМ-и қочоқии Раҳмон,ки аз Русия ва Қазоқистон ба тоҷикистон интиқол ва ба самти шимоли Афғонистонҳам қочоқ мешавад.Инчунин молҳое аз Чин ба Тоҷикистон бидуни гумрук ворид ва ба Қирғизистон қочоқ ва аз ин кишвар ба тамоми кишварҳои “Таможенны союз “ ё ЕАЭС интишор мешавад, моҳона болиғ бар 240 миллион доллар ва солона наздик бар 3 миллиард долар даромад меоварадашон,ин маблағи ҳангуфтро ҳаргиз зери хатар намегузоранд.Ин маблағро на танҳо Ворух ва Исфара балке ҳама вилояти Суғд наметавонад бидиҳад.Аз ин хотир Раҳмон ба зону зад. Аз ин ҷо аст ки қирғизҳо ҳам мезананду ҳам мегиранду ҳам мутаҳамаш мекунанд. Дар ин миён шӯри пешонии ворухиву чоркуҳиву дар умум исфарагиҳо аст,ки ҷонашон ва хунашон барҳадар мерезад.
Ҷалол Қараев, муаллими 52 солаи ворухӣ дар ҷанг кушта нашуд.Барои насби байрақи Тоҷикистон, ба муносибати пешвози Раҳмон ба Исфара кушта гардид.Ӯ барои маъракаи пешвозгирии Раҳмон мурд. Аммо Раҳмон ҳадди ақал дар ҳақи ӯ дуое нафиристод. Сари гӯраш, ки нарафт, ақалан манзилаш мерафт, сари фарзандонашро сила мекард,ки накард! Ба хонаводааш ҳамдардӣ нахонд, ҷуброневу кумаке ҳам надод. Рафт Иссиқкул, то як шаб бошад ҳам дар ин осоишгоҳ ишрату майнӯшӣ кунад.
Шумо фарқи истиқболи Жээнбеков Сооронбой Шарипович ва Раҳмонов Эмомалӣ Шарипович ин ду ҳампадареки аввали аз дуввумӣ шашсол хурдтар аст, дар Оқсой ва Ворух мушоҳида кардед? Магар ворухиён,ки мотамзадаанд мефоридашон, ки қолии сурх бигустранд? Магар ин мотамзадаҳо намебоист аз азоби сахти роҳашон мегуфтанд?
Муқоиса кардед,ки ин ду раис бо мардуми худ чи тавр суҳбат кард?
Фарқи раиси вобастаи ирода ва интихоби мардум ва фарқи як раиси туф ба раъйи мардум кардаро дидед? Дидед, як нафареро,ки ба курсии раёсати ҷумҳурӣ бо касби овози халқ омадааст, бо халқ чи тавр мулоқот мекунад ва як нафареро,ки бо дуздии овози мардум ва бо найрангу фиреб курсии қудратро ғасб кардааст, чи тавр мехоҳад зудтар аз назди ин мардум дур бишавад? Хуб, виҷдонатонро гувоҳ гиреду аз худ бипурсед,ки боре ҳам дидаед, ки кадом вазири қирғиз раиси ҷумҳуриашро Шоҳ гуфта бошад? Аммо вазирони мо ба шумули Масъули амнияти 9 миллион нафар ва вазир Ниҳонӣ на танҳо дар долону даҳлези қасри раёсатиҷумҳурӣ, балки дар малаи омм ҳам ошкоро Раҳмонро на раиси ҷумҳурӣ, балки бо тамллуқу чоплусӣ Шоҳ мегуянд. Чунончи вазир Ниҳонӣ дар шеъри тозаэҷодаш менависад:
Шод бошед,эй азизон, Шоҳ меҳмон омада,
Назди мардум бо калом ин марди майдон омада.
Ин “марди майдон” танҳо ҳамин қадар ҳал кардааст,ки …. “ҷараёни таъйину аломатгузории марзи Қирғизистону Тоҷикистон суръат бахшида шавад ва ба мувофиқа расидааст”,ки “аз корҳои содда ба корҳои мушкил “ гузаранд ва Комиссияи муштарак ба кори делимитатсияву демаркатсия давом медиҳад ва роҳҳи ҳаллаш ин буда,ки “амалияи мунтазам баргузор намудани ….чорабиниҳои фарҳангии муштарак …”иштироки ҷонибҳо дар консертҳо ва фестивалҳо дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ…. таъмин карда шавад.
Эй,войи ин миллат ва ин мардум!
Агар танҳо барои аз “содда ба мушкил” гузаштан ин ҳама қурбонӣ ва захмӣ дода бишавад, пас ,барои ҳалли масъала бояд тамоми исфарагӣ кушта бишавад ва ё Воруху бақия нуқоти марзии тоҷикӣ ба қирғизҳо дода бишавад? Суол ин ҷост, ки ин Комиссияи чаро то ин замон наҷунбидааст? Ҳадди аққал пас аз соли 2014? Шумо,ки омадед,мушаххасан чи корро,чи мушкилро барои Исфара ҳал кардед?
Бори дигар суҳбати он дустонамро,ки мегуфтанд…. имкон надорад, чун раиси ҷумҳурӣ омад ҳатман нисфе аз мушкил ҳал мешавад, пеши назар меоварам вале як бори дигар мутмаин мешавам,ки кадом бовару умеде надоштанам, ба Раҳмон битавонад кореро ҳал кунад, дуруст будааст. Аз онки муаллифони “фермаи ҷавоб” шитобон ва хеле боқаҳру ҷаҳл ҷониби қирғизро таҳти маломат ва тозиёнаи танқид гирифтаанд, бармеояд,ки ин мулоқоту дидор ҳам дар қасри фарҳанги Исфара ва ҳам дар осоишгоҳи Иссиқкул кадом натиҷае,ки барои Раҳмон муфид бошадро ба бор наовардааст,балки ӯро бо дасти комилан холӣ гусел кардаанд.
Ҳоло аз гуруҳи “Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон”,ки матлаберо таҳти унвони “Хатои қирғизӣ” Гулсара Мамадбековаи машҳур бо имзои Ёралӣ Набиев чоп кардааст як иқтибос меоварам,ки бинеду хулоса кунед:
“Агар таҷовузи қирғизҳо як бору ду бор мебуд,он ҳам бидуни истифодаи яроқи оташфишон ё заррае талоши ҳукумати қирғизҳо барои пешгирии амалҳои моҷароҷуёнаи шаҳрвандонаш ҳис мегардид, метавонистем хулосаи фаротар аз ин намоем.Вале чуноне ки вазъ нишон медиҳад, қирғизҳо барои як муносибати мусолиҳатомез омода нестанд, моро ҳам мебояд дар баробари ин нафарон истодагарӣ намуда ба онҳо ҷавоби сазовордиҳем.
“ …мехоҳанд замини тоҷиконро соҳиб шаванд”… манқурт будан ва образи асосии мардуми кӯчии қирғиз будани онҳоро ҳатто нависандаи Қирғизистон Чингиз Айтматов бо иншои асараш таъкид кардааст. …..Қирғизҳо имруз ба роҳи хато рафтаанд ва бояд ислоҳ шаванд”.
Ин навишта бори дигар иддаои болоро,ки кадом мушкили марзиеро Раҳмон натавонист ҳал бикунад. Исбот мекунад. Аммо чизе ҷолиб ин аст ки “фабрикантҳои фермаи ҷавоб” боз ҳам моро гунаҳкор ва ҳатто дар ҳамдастӣ бо қирғизҳо муттаҳам карданианд. Аммо аз онки аз номи ҷавонони суғдӣ ва бадахшонӣ матолибро ба нашр расонидаву навиштаанд,ки ….”ҷавонони вилояти Суғд барои….бурдани корҳои тарғиботӣ ва баргузории чорабиниҳо дар паҳлуи аҳолии шаҳри Исфара,ҷамоати Воруханд” ва дар муроҷиатномаи ҷавонони бадахшӣ ба тарафи қирғизҳо дӯғу даъво кардаанд,ки…”халқи тоҷик ҳеҷ вақт дар назди истилогарон сар хам нахоҳад кард ва қирғизҳои омада аз чулу биёбон бояд дар пешониашон нақш бикашанд,ки ба ҳар амали носавобашон подоши созгор ва муносиби худи онҳо дода хоҳад шуд”
Аз ин навиштаҳо,бармеояд воқеан дар баробари Жээнбеков Раҳмон шикасти сангин хӯрдааст.
Албатта, ин чуноне гуфтем сабабҳои хоси худро дорад,ки на ба мардум ва на ба манфиати давлати Тоҷикистон,балки ба манфиатҳои шахси Раҳмон ва хонаводаи ӯ марбут аст. Ҳалли баҳси марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, мутмаин бошед,ки то интихоботи президентии моҳи ноябри соли 2020-и Тоҷикистон ҳамин тавр ҳалношуда ва овезон хоҳад монд.Ҳатто агар имкони ҳалли он вуҷуд дошта бошад ҳам Раҳмон амдан онро ба қафо хоҳад андохт. Зеро инҷо дар канори масоили манофеи давлатӣ манофеи хонавода, дурусттараш тиҷорати Раҳмон ҳам ҳаст,ки солона,чуноне пештар зикр шуд, муомилаи 3 миллиарддолларӣ дар васат аст. Баъди интихоботи раёсати ҷумҳури ин мушкил ҳал мешавад,аммо мутмаинам,ки бар манфиати Тоҷикистон нахоҳад буд. Бар ивази пул хоки Тоҷикистон аз ноҳияи Исфара ба қирғизҳо дода мешавад ва ё барои манофеъи оила ба ин ҳолат боқӣ мемонад. Онро “ҳусни ҳамсоядорӣ” ва “гоҳо гузашт”, ки аллакай дар худи Оқсой эълон кард, ба қалам медиҳанд ва мегуянд,ки тоҷикҳо халқи сулҳдӯстанд.Аммо долларҳо ба ҳисобҳои оффшорӣ мераванд. Ҳамчуноне як қисмат аз хоки Тоҷикистонро,ки наздики ду дарсад аз маҷмуи қаламрави кишвар аст ба Хитой фурӯхт. Ин бор ҳам мефурушад ва ё барои манофеъи оила шаҳрвандони кишварро ба куштан розиаст бидиҳаду қурбон кунад. Зеро доллар ҷамъовардани онро хеле зиёд нағз мебинад. Ва ин ҳама шаҳид доданҳо ва ин ҳама ҷанҷолу хунрезиҳо бенатиҷа хоҳанд шуд. Ӯро ҳеҷ гоҳ намешавад ба Иззатулло Ҳаёев,сарвазири замони шуравии Тоҷикистон,ки ба тарафи намояндаи Маскав баргашту гуфт: “барои курсӣ шуда хоки ватанамро намефурушам” муқоиса кард, чи расад ба Жээнбекови қирғиз,ки худаш шахсан омода аст,ки силоҳ бигирад ва барои марзу бумаш вориди масоф бишавад.
Баъд аз соли 1927 қирғизҳо майда-майда 143 ҳазор гектар замини Тоҷикистонро тасаллут ва ғасб карданд ва ҳоло боз барои 2уним ҳазори дигар даъво доранд.Ин шӯри пешонии тоҷик аст ва аз толеъи пасти ӯст,ки дар як даврае,ки бояд давлат сохта ва миллат мунсаҷим ва мардум соҳиби ихтиёр мегардид, гуруҳе сари қудрат омад,ки бадбахтона аз ҳамон оғоз манофеи давлат ва миллатро ба урусу узбак ва ҳоли ба хитоиву қирғиз мефурушаду ё барои манофеъи оилааш омодаи қурбон кардан аст. Бар иваз барои худ ва шайкаи худ зиндагӣ ва маишат таъмин мекунад. Вой ва ҳазорон бор войи ин миллат! То даме,ки ин “Абуҳасан ва чаҳорсад роҳзани ӯ” ( таъбири Додоҷони Атоулло-М.С) аз сари қудрат наравад тоҷик рӯзу рушноӣ намебинад.
Ҳам қирғиз ва ҳам хитоӣ ҳар гоҳе бихост, боз ҳам аз хоки ин кишвар бар қаламрави худ изофа мекунад.