“Амалиёти муштарак” –и

Ислоҳ нет

         

  “Амалиёти муштарак” –и КДАМ,ВКД ва ДОИШ  дар шасткилометрии Душанбе                     

 

    ДОИШ, баъд аз ду рӯзи ҳодисаи хунин дар дидбонгоҳи марзии “Ишқобод”-и ноҳияи Рӯдакии ҳамшафат бо пойтахти Тоҷикистон  бо эълон он ки ин ҳамла кори дасти ӯст, ҷомеаи ҷаҳониро бӯҳтзада ва дар ҳоли “шок” қарор дод.Зеро то ҳамин акнун ҳамчунин амалиёт ва ҳамчунин ҳамла,ки аз оғоз маълум  бошад,ки аъзои худро ба марги яқин бифиристад,дар таърихи ҷангномаҳои ДОИШ собиқа надоштааст. Ҳамзамон бо бори дӯши худ кардан, ДОИШ аз кушта шудани даҳ нафар аз низомиёни давлати Тоҷикистон дар ин ҳамла хабар дода,ки нодониста ва ё амдан аз ҳамкории махфии худ бо КДАМ ва ВКД-и Тоҷикистон ҳам дарак додааст. Шояд ҳам шумораи кушташудаҳои ходимони сарҳадбони Тоҷикистон дақиқан даҳ нафар ва ё камтар ва ё бештар аз ин шумора бошад. Аммо шакку тардид дар ин шумора ин аст ки ДОИШ  нагуфтааст,ки аз кадом манобеъ ин маълумотро дастрас кардааст.

 

Албатта,ки намегӯяд ва ба суроғи манбаи ДОИШ рафтан ва ҷустуҷӯ кардан ҳам кори беҳуда мебошад,аммо метавон ҳадс зад,ки шумори ҳамлаварон на он сифре аст ки эълом шудааст ва низ ин эҳтимол вуҷуд дорад,ки як ё чанд нафаре аз онҳо ҷон ба саломат бурда ва ҳатто муваффақ шуда ва ё шудаанд,ки аҷсоди қурбонишудаҳоро баршуморда бошанд. Вагарна чи тавр метавонад ДОИШ дар бораи шумораи кушташудаҳо сӯҳбат дар миён оварад ва муаллифии худ дар ин ҳамларо таҳти шубҳа ва гумон қарор дорад. Ва ё ин тавр ҳам буда метавонад,ки ДОИШ бо мақомоти марбутаи Тоҷикистон дар иртибот мебошад ва манобеъе муътамад дорад, ки барояш адади кушташудаҳои ҷониби ҳукуматро маълум ва дастрас кардааст.  Аммо баъид ба назар мерасад,ки дар як фурсати ниҳоят танг ва дар зери борони тиру гулӯла, бар фарзи мисол, зиндамондаҳои ДОИШ тавониста бошанд,ки шумораи дақиқи кушташудаҳои ҳукуматро баршуморанд. Ин ҳам дар ҳоле,ки ҳодиса ними шаб,соати 3:23 дақиқа рух дода ва имкони шуморидани аҷсод дар торикӣ барои ҳарду тараф, ҳам муҳоҷимин ва ҳам мудофеин ғайриимкон аст.

 

Афзун бар ин доишиҳо баъди ҳамагӣ чанд дақиқа,тибқи баёнияҳои ВКД ва КДАМи Тоҷикистон, таҳти таъқиб қарор гирифта ва марзбонон онҳоро то маҳву нобудӣ дунболагирӣ кардаанд. Пас, чи тавр метавонанд,ки ҳам дар ҳолати ҳазимат ва фирор бошанд ва ҳам дона-дона аҷсод бишмаранд? Шубҳаовар нест магар? Шумо бовар мекунед? Ман аслан на ба ин ки ин ҳамла кори ДОИШ аст ва на бар инки дар ин ҳодиса даҳ нафар кушта шудааст, бовар надорам. Метавон  бо зикри садҳо далел тасбит кард,ки ин “ҳамла” як амали аз қабл тарҳрезишудае аст ки беш аз пеш паҳлуҳои сохтагӣ ва дурӯғини он ошкору ошкортар мешавад. Барои исботи дурӯғин ва сохта будани ин ҳамла шарт нест,ки криминалист ва эксперти соҳа бошед. Ин дурӯғ дар матни баёния ва изҳороти ҳарду ниҳоди қудратӣ КДАМ ва ВКД-и Тоҷикистон комилан ва инак ДОИШ дида ва хонда мешавад.

 

    КДАМ ва ВКД мегӯянд,ки дар ҷараёни задухӯрд муҳоҷимин тавонистаанд 5 автомати марзбононро ғасб бикунанд. Аммо дар идома тазаккур медиҳанд,ки бидуни дарёфти кумаки иловагӣ ҳамлаваронро дунболагирӣ карда 15 тани онҳоро “безарар”, чаҳор нафарашонро,ки зан будаанд, дастгир карда вале аз як нафари боқимонда чизе нагуфтаанд.

 

   Агар онҳо 5 автоматро тасарруф карда бошанд,бармеояд,ки посгоҳро рахна карда даруни “оружейник” даромада ва ё аз дасти чанд сарбоз ё афсари дигар силоҳҳоро кашида гирифтаанд. Аз инҷо бармеояд,ки террористҳо тибқи табиат ва омӯзишҳои дидаи худ ҷангида соҳиби 5 автомат шудаанд. Аммо боиси ҳайрат ва шакку гумонҳо мешавад,ки онҳо чаро бо онки тавонистаанд силоҳҳоро ғасб бикунанд,ба қафо пас гаштаанд, ба раҳи омада гурехтаанд, то онҷо гурехтаанд,ки “родмардони далери ватан”  “дунболагирӣ”– ашон кардаанд. Воқиан ҳайаратовар аст. Бар фарзе агар ки марзбонҳоро хоб бурда, аммо “поставой” куҷо буд ва чаро нахезонд, бонги хатар назад? Чи тавр, агар ки марзбонон “дунболагирӣ” карда бошанд онҳо “успет” карда ба мошинҳо нишастаанд? Ва, он мошинҳо мавриди файри силоҳи сангин шудааст, то ҷое,ки танҳо  рамақи онҳо мондаасту бас. Ҳеҷ имкон надорад,ки дар ҷанги инчунонӣ талафоти террористҳо 15 нафар бошаду аз мақомоти тоҷик  хеле камтар аз он.

 

То ҳамин ҳоло расонаҳо тавонистанд,ки шумораи кушташудаҳои ҷониби ҳукуматро то ба шаш бирасонад, дар ҳоле ки мақомот талафоти худро ду нафар эълон карданд. Ҳамлавароне,ки ба ин роҳатӣ тавонистаанд рахна карда дохили дидбонгоҳ бишаванду 5 автоматро бигиранд, 15 кушта додаанду сарбозони марзбон,ки “облава” шудагиҳоянд ва дар солу моҳ ҳатто як маротиба “учебка” рафтаанд ё хайр, муваффақ шудаанд,ки 15 террористро бикушанд ва боз чор нафари онҳоро дастгир бикунанд.Бубинед, болои марзбонҳо террористҳо зӯр оварда 5 автоматашонро кашида гирифтанд. Аммо яке яку якбора онҳое,ки автоматҳоро бой дода буданд, зӯр шуда террористҳоро пешандоз карда,дунболагирӣ карда, 15 нафарашонро мекушанд. Ҳам автоматҳоро бой медиҳанд, ҳам боз 15 нафарро мекушанд. Ва, ҷолиб ҳам инҷост,ки ин ҳама қаҳрамониро родмардон бидуни қувваи иловагӣ анҷом додаанд. Хеле машкук  аст. Хеле. Инки инҷо намегӯям,ки чи тавр онҳо соҳиби мошин шудаанд ва чи тавр 20 нафар “торикии шаб”-ро истифода карда аз Қундуз аз Қалъаи Золи Афғонистон марзи Қубодиёнро рахна ва аз онҷо 200 километрро тай карда омаданд, то остонаи Душанбе, касе аз милисаву амнияту нафаҳмидаанд,чун худи ҳамин як дурӯғи дигари шохдор аст, ки касе ҳатто инсонҳои комилан дур аз иттифоқоту ҳаводиси ҷангӣ бовар намекунанд.Ва,аҷоибии дигар он аст ки ин террористҳо,ки ба посгоҳ шабона ҳамла кардаанд зери ниқоб будаанд.

 

Магар ниқоб чи чизеро метавонад бипӯшонад? Онҳо,ки ба дуздии манзиле нарафтаанд, онҳо, ки ҷанг мекунанд ва аз силоҳи оташфишон тир меандозанд ва ба самташон тир меояд, магар ниқоб ҷавшан аст,ки метавонад тирро боздорад? Боз шахсе дастонаш бастааст чигуна ниқобро бар сараш меандозад ва бе силоҳ ҳуҷум кунад? Ин ҳамлаи равонии “ДОИШ”-иҳо буд? Ниқоби бар рухи онҳо онҳоро то куҷо пинҳон мекард? Ё ДОИШ-ҳо фикр кардаанд,ки онҳо кабканд ва бо пушонидани сарашон фикр кардаанд онҳоро дар ин 200 километр касе намебинад? Ҳатто агар ки дидбонгоҳи “Ишқобод”-ро тахриб ва аз он задухӯрд фотеҳ берун меомаданд, ниқоби рӯйи онҳо то куҷо онҳоро аз чашмҳо ниҳон медошт? Онҳо ки як дидбонгоҳро хароб мекунанд, садои тиру шиллики автомат  ҳамаро бедор мекунад,  ку? Кӣ ба ин парту пало бовар мекунад? Хуб, террористҳои ноомӯхта ва бемаънӣ будаанд. Аммо агар инҳо бемаънӣ ва ноомӯхта буданд, чи тавр аз Афғонистон тавонистанд Тоҷикистон оянд ва ин ҳама роҳҳоро бо мошинҳо тай кунанд?

 

 Аз тарафи дигар чаро дар ин задухӯрд,ки гуфта мешавад беш аз як соат идома кардааст, на аз тарафи ҳамлаварон ва на аз тарафи “родмардони далер” ҳатто як нафар захмӣ нашудааст. Ин як шубҳа ва нобоварӣ бар воқеӣ будани ин ҳамла аст.Чаро хабаре аз захмиҳо нест? Дар тасовире дар сомонаи ВКД аз ҷараёни ин задухӯрд ,ки баъди чанд соат ғайб зад, дасти бо завлонаи пластмасӣ бастаи яке аз “террористҳо”  намудор буд. Магар террористи ҳамлавар бо дастони завлоназада ба ҳуҷум меояд? Террористе,ки дасти завлонабанд дорад, аз дасташ чи меояд? Росташро гуед,инҳоро аз куҷо боздошт карда бо дастони баста ба инҷо овардаед?

 

Мақомот бо пок кардани тасвирҳои гузоштаи худ таъйид карданд,ки ин як амали сохта ва дуруғӣ буд, ин як сенарияе буд,ки хоҳем-нахоҳем дурӯғаш бармало шуда истодааст. Як нуктаи бисёр ҷолиби дигар. Занҳои боздоштшударо аввал исфарагӣ ва сипас уротеппагӣ- Истаравшани имрӯза муаррифӣ карданд. Ва сухангӯи вазорати дохилӣ гуфтааст,ки ҳамаи муҳоҷимин тоҷиконанд,дар ҳоле, ки қаблан дар шумори онҳо афроди хориҷӣ ҳам зикр шуда буд.Чаро ва чи тавр занҳои исфарагӣ истаравшанӣ шуданд?

 

Аммо суоли аслӣ ва асосӣ он аст ки ин 15 нафари кушташуда дар асл киҳо астанд ва чи тавр шуда ки дар ин бозӣ нақш бибозанд. Онҳоро бар ивази чӣ ва кадом ваъда водор карданд,ки дар ин саҳна бозӣ кунанд? Онҳо дар воқеъ аз Афғонистон омадаанд, ё оварданашон? Ё маҳбусин ҳастанд?Мутмаинан касоне ҳастанд,ки гумон меравад на бо хоҳиши худ ба ин амал даст задаанд ва дар иҷрои ин нақша дақиқан,ки масъалаи кушта шуданро барояшон нагуфта буданд. Онҳо касонеанд,ки сахт фиреб хӯрдаанд. Агар онҳо дар воқеъ ҳадафи анҷоми диверсия ва ё амали интиҳорӣ доштанд, бояд, ки як коре шоёни худ анҷом медоданд.

 

  Аз тарафи дигар ин нукта ҳам ҳам шубҳабарангез аст ки чи тавр мешавад,ки ДОИШ дар Тоҷикистон бедод мекунад, хун мерезад,аммо Раҳмонов сафари худ ба Урупоро қатъ намекунад. Неруҳои қудратии Тоҷикистон дар ҳолати омодабош дароварда мешавад, роҳҳои вурудӣ ва хурҷӣ ба самти пойтахт ва Қурғонтеппа ва дигар шаҳрҳо таҳти назорати шадид, ҳатто мошинҳои зиреҳпуш ба ҳаракат дароварда мешаванд, дар пойтахт низомиёни мусаллаҳ дар ҳама ҷо ба гаштугузор дароварда мешаванд, Раҳмонов сафари худ ба Урупоро қатъ намекунад. Фикр мекунед чаро?“Фермаи ҷавоб” тавассути навиштаҳои аз пеш омодакардашуда родмардони далери ватан ва Пешвои муаззам ва сиёсатҳои ӯро дар қиболи террористҳо ва аз ҷумла ҲНИТлаҳза ба лаҳза ба нашр мерасонад. Рӯсурхаки Абдулло Роҳнамо ҳам мисли тангемкаҳо яке боз зоҳир шудаву аз “шабехун” (аммо кадом шабехун,ки террористҳо аз 3 ноябр то 6 ноябр дар қаламрави кишвар озодона ва роҳат сайругашт карда гаштаанд) гап мезанад, сӯбатҳо аз “траур”-и миллӣ  ба миён меоранд, фикр мекунед чаро?

 

Бале,ҳадафи асосии Раҳмонов  худро осебпазир нишон додан дар баробари таҳдидҳои террористӣ ва дарёфти пуштибонӣ аз сӯи давлат ва қувваҳои хориҷӣ дар намуди пул, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ва пуштибонии ҳокимияти ӯ, ҳокимияти дунявии ӯст. Бо ин гуна аъмоли ҷинояткорона мехоҳад ба мардуми кишвар ҳам ахтор диҳад,ки ин манам,ки саботу оромиш ҳифз мешавад ва аз тарафи дигар ҷо кардани тарсу ваҳшат ва ҳарос дар фикру мағзи мардум аст ва водор кардани мардум,ки бо ӯ бишаванд, мунтаҳо ва мудирият ва идораи осони мардум ба хотири идомаи ғасби қудрат ва ғорату яғмои мардум ин тавтиа ва иғво роҳандозӣ шудааст. Воқиан коршиносон дуруст қайд кардаанд,ки ин як спектакли бисёрсериягӣ аст ,ки дар омада омади интихоботҳо Эмомалии пири фартути сӣ сол дар сари ҳокимият буда барои бақои худ ташкил карда истодааст.Инҷо метавон дақиқан ҳамон сенаряҳои Адолф Гитлерро қабл аз оғози ҷанги ҷаҳонии дуввум дар Лаҳистон бо дасти гестапо ва либоси мулки куштани чанд олмониеки кормандони радио дар Полша буданд оғоз намуд.Дуввум ин сузонидани “Рехстак” буд,ки ҳарду ҳадафмандона барои вақоеъи бузурге гардид,ки ҳама шоҳидед.

 

 Ин ҳама нишонаҳои ҷонканӣ ва назъи равони Раҳмон ва режими хонаводагии ӯ мебошад. Раҳмон худ нахоста тасдиқ ва таъйид карда истодааст, ки идора ва мудирияти Тоҷикистон маҳз аз роҳи зӯр ва фишор аст ва мардуми тоҷик ва тоҷикистонӣ бояд пайваста аз хун ва бӯи хун тарсида истанд.Вале барои Русия чунин мудир ва идора, фикр мекунам,ки оянда нахоҳад дошт. Зеро идомаи ҳамчунин сиёсат барои вуруди неруҳои радикал ва даҳшатафкан  заминасоз хоҳад буд ва барои абарқудратҳои урупоӣ ва Амрико  ҷиҳати ноором кардани авзоъи Осиёи Миёна  ангеза медиҳад, чароғаки сабз нишон медиҳад. Аз ин рӯ фикр мекунам русҳо низ мисли мо бар ин андешаанд,ки ин ҳукумат бояд биравад ва дар равонидани он бояд тамоми мардуми Тоҷикистон бо ҳам иттиҳод бибанданд ва кишварҳои абарқудрате чун Русия таъсир бигузоранд. Инҷоро ба як маҳалли ҷангу хунрезӣ ва инҷоро ба Афғонистони оянда табдил  набояд дод.

 

  Чизе дигар,ки касро ба ваҳшат меорад ин аст ки бар фарзи мисол, онҳое,ки ин тарҳро  кашиданд ва иҷрояш карданд, боре меандешида бошанд,ки ба чи кор машғуланд ва ба хотири чӣ? Магар ин ҳама хунрезиҳо, мотамсаро, таъзияхона карданҳо, ташвишҳо, изтиробҳои мардум   то кай идома мекунад?  Ин гурӯҳ ва ин шайкае,ки ҳоло болои халқ ва миллати тоҷик ҳокимият меронад, дигар ба дарранда,ба ҳайвони ваҳшие бадал шудааст,ки танҳо ва танҳо зӯрӣ метавонад онҳоро сокит ва хунсо бисозад. Нафси бисёр ҳам бад ва бетаги Раҳмонов ва чанд нафаре аз ҳамақида ва ҳамроҳонаш кишварро дар як ҳолати бисёр ҳам шикананда ва ноустувор ва фалокатбор табдил дода истодааст. Ба назар мерасад,ки ҳоло на танҳо русҳо, дигарҳо ҳам фаҳмидаанд,ки Раҳмонов халқи тоҷикро   бидуни тарсу ваҳшат эҷод кардан идора карда наметавонад.Тоҷикистон ба як зиндони бузурги низомаш сахт табдил шудааст. Онҳо бояд даст ба иқдом бизананд, то инки минтақаи зери нуфузашон, марзҳои ҷанубии СНГ торумор ва муталошӣ нашавад. Дар ҳоле ДОИШ худро муаллифи ин ҳамла мешуморад,ки Вазорати мудофиаи Афғонистон хабари аз ин кишвар вориди қаламрави Тоҷикистон шудани 20 нафарро бепояву асос хонд.

 

Дар ҳар ҳолат ин ҳамла аз аввал то ба охир,бо шумули баёнияҳои мақомоти қудратии Тоҷикистон ва низ ДОИШ баёнгари он аст ки бозиҳое дар паси парда идома дорад.Вақте ДОИШ мегӯяд,ки ҳамла кори ман аст боз ҳам ҷойи ҳайрат ва нигаронӣ аст ки чи тавр сарбозони худро бо дастони завлонабаста ба “ҷиҳод” мефиристад ва аз ин ҳам ҳайратовар ин аст ки вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон  тасвирҳоеро,ки метавонист чеҳраи ДОИШро намоёнтар кунад, поку тоза мекунад. ВКД бояд ҳамин аксҳои дастони завлоназадаи “доишиҳо”-ро аз сайташ пок намекард, аммо чаро пок кард, магар байни мақомоти қудратии Тоҷикистон ва ДОИШ кадом қарордодҳои пинҳонии ҳамкорӣ баста шудааст?Ҳамин ки ДОИШ дар бораи шумораи кушташудаҳои ҷониби ҳукумат омори мушаххасеро ҳам зикр мекунад, воқиан ҷойи суол аст ва боз ҳам касро ба ин андеша мебарад,ки мақомоти қудратии Тоҷикистон ва ДОИШ як навъ ҳамкориҳо доранд.Шояд он афроди боздоштшударо мақомоти қудратӣ шароит дода бошанд,ки бо ДОИШ дар тамос шуда маълумоти кушташудаҳоро бигӯянд? Воқиан ҳам эъломи ДОИШ дар бораи онки муаллифи ин ҳамла ӯст сахт боварнакарданист,аммо ҷойи нигаронӣ ин аст ки ҳам ВКДву КДАМ ва ҳам ДОИШ баробар дурӯғ гуфта истодаанд…

 

Зимнан, агарки ба сару садоҳои ДОИШ бовар бикунем,ки бовариаш хеле сахту душвор аст,ин саввумин амалиёти ДОИШ дар қаламрави Тоҷикистон аст,ки аз нуфузи фазояндаи ӯ дар Тоҷикистон мегӯяд. ДОИШ куштори ҷаҳонгардони дучархасавори хориҷӣ дар Данғара дар соли гузаштаро бар ӯҳда гирифт. Куштори ваҳшиёнаи маҳбусон дар зиндони Ваҳдатро ҳам кори дасти худ хонд. Ва, инак ҳодисаи ахир дар ҳумаи шаҳри Душанбе-пойтахти Тоҷикистон. Аммо ҳамаи ин амалиётҳо, ки шурӯъ ношуда ба маҳв ва нокомӣ мувоҷеҳ буданд ва яқинан ҳаракат ва иқдом ба самти шикасту марг буд, бори дигар ҳамчунин андеша ва гумонҳоеро ба бор меоварад,ки инҷо на ҳама чиз “тоза”аст. Ва чизе аст,ки водор мекунад, пиндошт,ки амалиётҳо муштарак сурат гирифтан дорад ва шояд ҳарду ҷониб манофеи муайян доранд.Барои мисол мақомоти Тоҷикистон барои осебпазир ҷилва додани худ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ва давлатҳоро водор кардан барои тадовуми кӯмакҳо дар мубориза бо “терроризм” дар Тоҷикистон ва ҳамзамон тахлия кардани пушти ҳарифони сиёсии Раҳмон,ки асос ва мабдаи онро неруҳои исломӣ ташкил медиҳад, ба амалиётҳои муштарак бо ДОИШ даст задааст.

 

Ва,ДОИШ ҳам табъан,ки аз ин кӯмакҳои ҳангуфт бебаҳра нахоҳад монд ва барои худ низ ҳам “хол”и сиёсӣ ва ҳам “холҳо”-е ки битавонад барои аъзо ва хонаводаҳои худ шароити зисту зиндагонӣ ба вуҷуд оварад. Агарки мусоидати мақомоти Тоҷикистон набуд ва агар ки ин амалиёти муштарак набуд ба ҳеҷ сурат 20 нафар  марзро убур намкард. Баҳонаи онки “бо истифода аз торикии шаб” як гапи комилан хандаовар аст. Зеро “торикии шаб” танҳо дар рӯзи 3 ноябр набуд. Тамоми шаб шаб торик аст. Танҳо 3 ноябр шаб торик набуд. Дигар ин ҳам ин аст ки имкон надошт,ки онҳо мошинҳои бо рақамҳои пойтахти Тоҷикистонро ба даст оваранд. Воқеан ҳам аз рӯзи 3 ноябр то 6 ноябр ин “шимолиҳо”-и Тоҷикистон дар ҷануб куҷо хуфтанду куҷо хӯрданду ва чаро ин шумора аз афрод таваҷҷӯҳи аҳаде аз мақомотро ҷалб накард. Чунонеки дар навор ва мақоле ду моҳ пештар гуфта будем,Раҳмонов пеш аз интихобот ба чандин ҷиноят даст мезанад.Ин ҳам идомаи он ҷиноятҳои мақомоти қудратии Раҳмонов аст.Шаҳрвандони кишвар огоҳ бошед ва ба гуфти худи Раҳмонов “Зиракии сиёсиро аз даст надиҳед”!

 

 

Share This Article