Аз шаҳри душанбе қабл аз намози ҷумъа хабари даргузашти Сарвинисо Атовуллоева хоҳари Додоҷон Атовуллоев роҳбари ҳаракати Ватандор расид. Сарвинисо Атовуллоева 61 сол дошта ва аз бемории саратон ранҷ мебурдааст ва дар ин рӯзи ҷумъа дуюуми моҳи Рабеъуссонӣ 1441 ҳ.қ мутобиқ ба 29 уми ноябри 2019 аз олам даргузаштанд ва марҳума панҷ фарзанд доштаанд. Манбаъи дигари мо аз Айни бароямон чанд дақиқа пеш иттилоъ доданд,ки ҷасади марҳума аз ноҳияи Айни гузашта ва ба тарафи Панҷакент дар роҳ буд.
Манобеъи дигари мо меафзоянд,ки марҳума дар шаҳри душанбе зиндагони мекардааст вале тибқи амали роиҷ ва маъмул миёни ин мардуми қадима ва куҳанбунёди диёр мехоҳанд марҳумаро дар зодгоҳаш Панҷакент ба хок супоранд.
Бо ағалаби гумонҳо фардо ҷанозаи марҳума дар зодгоҳашон баргузор мегардад ва ба хонаи охират гуселашон менамоянд.
Пойгоҳи Ислоҳ ҳамдардии амиқи худро ба ҳама пайвандон, наздикон ва бозмондагони марҳума изҳор менамоем. Барои бародарамон Додоҷон Атовуллоев,ки дар ҳиҷрат қарор доранд ва наметавонанд дар ҷанозаи хоҳарашон иштирок кунанд,сабри ҷамил ва суботро аз Аллоҳ барояшон таманно дорем. Мо аз Аллоҳем ва ба сӯйи Ӯ боз хоҳем гашт.Таъзияи моро бипазиред ва мо дар ин ғам ва андӯҳ бо шумо шарик ҳастем ва ончи дар тавон дорем дареғ нахоҳем дошт.
Аллоҳ марҳумаро шоистаи ҷаннат гардонад ва аз ҳама саҳву хатояшон даргузарад омин.