49 сар гов ва як аспи гумшудаи Абдумӯъмин Ятимов, раиси Идораи хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор, ки ҳоло ба “хабари доғ”-и расонаҳои байналмилалӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ бадал шудааст, водор кард, ки дар бораи ин “лесник” як канду кове бикунем. Дуруст аст, ки худи факти ин ки ин шумора чорпо бидуни назорат ва бе подабон ва он ҳам дар ҷангали шафати Афғонистон ба чаро сар дода шудааст, ҳокӣ аз он аст ки воқеан ҳам Абдулмӯъмин хеле ҳам “состоятелний” одам аст. Андак-мандак ҷоҳу сарват надорад. Вагарна ҳоло ҳатто хоҷагиҳои деҳқонии мутааддиде ҳастанд, ки ҳатто даҳ сар гов надоранд. Чи расад ба онки як “лесник” –и бо 1400 сомонӣ маош дар як гум кардан 49 сар говро аз даст медиҳад?
Абдулмӯъмин ва говҳои ба эҳтимоли қавӣ аз тарафи қарзхоҳони афғониаш рабуда шудаи ӯ барои ҳар расона ҷалби таваҷҷӯҳ мекарданд, вале ангезаи аз андоза бештари мароқ ба Абдулмӯъмин аз он ҷост ки вай бародари генерал Саймӯъмин Ятимов, раиси КГБ-и Тоҷикистон аст. Барои ҳамин хелеҳо бар ин боваранд, ки шояд паси ин моҷаро бархе аз гурӯҳ ва доираҳое дар атрофи наздики Раҳмонов меистанд, ки бо ин васила раванди дар ҳоли ғуруби карйераи ин генералро суръат бахшиданианд. Ва, бо ин васила қасос ва ниқор ҳам мекашанд, чун дар гузашта генерал Ятимов бо амалиётҳои вижа хеле аз баландпояҳо аз мақомоти дигарро ҳадафи шикори худ қарор дода буд. Гузашта аз ин, қаблан низ сару садоҳо дар бобати ҳамкории бародарони Ятимов бо бондҳои мофиёии қочоқчиёни ҳеройини Афғонистон то ба расонаҳо дарз хӯрда, худи Раҳмонов ҳам аз он воқиф шуда буд.
Ба ҳар ҳисоб ин огоҳон мегӯянд, ки пеш-пеш андохтани 49 сар гови калони шохдор ва як асп ва симхорҳои сарҳадро шикофидан ва ҳамвор кардани роҳ як кори роҳату осон нест. Чун дар ҳарду самти сарҳад марзбонон аз ду кишвар меистанд ва имкон надорад, ки як пода говро гузаронанду хабаре нашавад. Аз ин рӯст, ки говҳои гумшудаи Абдулмӯъмин Ятимов кори дасти шарикони тиҷоратӣ- қочоқбарони маводи мухаддири Афғонистон аст,айнуляқин аст ва барои шубҳа ҷойе боқӣ нагузоштааст. Қочоқбароне,ки ба марзбонии ҳарду тараф ошноанд. Ва билотардид, он касоне, ки аз тарафи Тоҷикистон барои иҷрои ин нақша мусоидат карданд ба Раҳмонов бо факту рақам нишон доданд,ки Ятимов ончи тасаввур ва тасвираш кардаанд нест. Ӯ ҳам “қӯш “аст. На танҳо бародари Мансур Умаров буд, ки бо ҳеройин “заниматса” мекард, бародари раис ҳам ,ки Қоруни Фархор номида мешавад, бизнеси худро бар асоси фурӯши “марги кофар” бунёд кардааст.
Бо ин ҳол бар пояи маълумоти дарёфтшуда Абдулмӯъмин факултаи таърихро хатм карда ва то солҳои 92-93 омӯзгори ҳамин фанн дар мактаб будааст. Абдулмӯъмин дар ноҳияи Фархор, ҷамоати Фархори деҳоти Туғул- Хуррамзамини имрӯза, дар хонаводаи муаллим ба дунё омадааст. Падари ӯ як умр муаллимӣ кардааст. Писар ҳам дар пайроҳаи падар меравад. Аммо ҷанги шаҳрвандӣ ва ғалабаи Фронти халқӣ авзоъро бахусус дар Фархор дигар кард. Абдулмӯъмин ҳам муаллимиро раҳо кард ва дар солҳои 1992-94 ба тиҷорат пардохт. Ба пахтабизнес машғул шуд. Пахта зиёд аммо харидор проблема. Миёнаравӣ кард байни хоҷагиҳо ва бизнесменҳо. Дид, ки кори даромаднок аст корро аз реша гирифт:- соҳиби хоҷагӣ ва замин шуд. Фаъолиятро дар ҳамин соҳа идома дод. Хоҷагии деҳқонӣ ташкил кард. Ба пахтакорӣ диққати калон дод. Он вақт як мақол дар байни “бачаҳако” пайдо шуда буд: ”биги кипа,буте Ҷипа”,ки инро раиси навкори арсаи пахтакорӣ хуб балад буд. Солтосол масоҳати майдонҳои кишти пахтаашро васеъ кард. Бизнесменҳои дохиливу хориҷӣ бо ӯ мустақим ҳамкорӣ мекарданд.
Садҳо ҳектор мазореи пахтаи ӯ дар Фархор барояш дигар манбаи даромади ҳангуфт шуданд. Мукофотпулӣ ҳам дарёфт карду граммотаҳо ҳам. Хоҷагии деҳқониаш ҳамоно васеътар мешуд. Дигар хоҷагии якказироатӣ надошт: пахтакорӣ, ғаллакорӣ чорводорӣ, зотпарварӣ, моҳипарварӣ, боғу токпарварӣ, гармхонаҳои обчакорӣ, полезӣ, ему хошокғундорӣ ва болотар аз ин парвариши пистаи кӯҳӣ дар заминҳои обиву лалмӣ ба ҳадде пешрафт карданд, ки минбаъд ӯ ба як “бойбобоҳо” табдил шуда буд. Абдулмӯъмин дигар он омӯзгори рӯзаш ба болои маош монда набуд. Фермаи гов алоҳида, моли майда чандин рама, галаи асп ҳам алоҳида. Мегӯянд, ки дар Фархор як бемористони хусусӣ ҳам дорад. Сарвату давлаташ дигар боиси рашки дигарҳо шуда буд. Бахусус забту хусусӣ кардани заминҳои кишти пахта ва ҷангалҳои ноҳия ӯро ҳамзамон дар чашми мардум ба як шахси баднафс монанд карда буд. Бархе аз сокинони Фархор дар бораи ӯ чунин мегуфтанд:
“оё рӯзи ногузар дошта бошад?” “ин қадар ҷон меканад, оё ҳамроҳаш ба он дунё мебурда бошанд?” Ё инки “молу сарваташ аз Қорун ҳам гузашт, ин кай истироҳат мекарда бошад?”. Аммо ин Қоруни фархорӣ дигар дар маҳдудаи як хоҷагии деҳқонии бо ҳазорон ҳектор замину фермаву боғу рамаву чарогоҳҳову ҷангалҳову…. хулоса ҳама чиз намеғунҷид. Қоруни фархорӣ дигар ба чашм наздик шуда буд, барои ҳамин гоҳ-гоҳе ба хайру садақот ҳам даст зад,эҳсону карам мекард, барои сағираҳову ятимон, бевазанону беморон хайр мекард, дар ободии роҳу пайраҳадории деҳот, мактабу маориф пул медод. Афроди муҳтоҷ аз ӯ кӯмак мегиранд. Дар сояи амният ва ҳимояти бародари бузург, дигар ба як фермеру тоҷири сарватманд табдил шуд.
Аз ин ҷо буд, ки аз раёсати хоҷагӣ ба раёсати ҷамоати деҳот гузашт. Дигар амалдори давлатӣ. Ва аз онҷо, албатта, боз ҳам бо пуштибонӣ ва “связҳо”-и бародари бузург дар соли гузашта,раиси хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор таъйин шуд. Қарор буд дар интихоботи соли ҷорӣ вакили маҷлиси вилоятӣ бишавад ва дар нақша гирифта буданд, ки имсол курсии раисии ноҳияро ишғол хоҳад кард. Шахси аз ҳар ҷиҳат мувофиқ ва мутобиқ бо замона. Муҳимтар аз ҳама метавонист, ки якбора маблағи курсиро бисупорад, мисли баъзеҳо, аз ҷумла Ғулом Бояков кашол намедоду 300 ҳазор долларашро барои ин курсӣ дар дасти Таҳмина Раҳмонова намесӯзонд. Ба якбор, мустақим дар ҷойи даркорӣ, бо дастони бародараш бурда мерасонд. Ҳамзамон бо болотар рафтан дар мақом реклама ва таблиғи Абдулмӯъминро ҳам фаромуш накардаанд. Албатта,ин бисёр ҳам масъалаи муҳим аст ки ӯро муаррифӣ кунанд, то ки аз хадамоти шоёни ӯ марказҳои қабули қарор аз манобеи дигар ҳам маълумот ба даст оваранд. Ин ҳам дар ҳоле аст,ки васоити ахбори омма дигар зери назорат аст ва бидуни кадом мушкил, балки бо таъзим ва хушомаду хушнудии зиёд чоп хоҳанд кард. Соли гузашта яке аз дӯстон як баста аз нашрияҳои чопи Душанберо ба армуғон оварда буд,ки дар миёни онҳо як шумораи “Фараж”-ро барои онки як мақола дар бораи Абдулмӯъмин дошт, ҳифз карда будам.
Сафархон Вализода,сардори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети № 6-и Академияи ВКД ҶТ дар нашрияи “Фараж” аз 23 январи соли 2019 №4(636) зери унвони “Меҳнат рушди камолоти инсонист” як тавсифномаеро дар бораи Абдулмӯъмин Ятимов навишта ӯро “фарзанди фарзонаи ноҳияи Фархор” бишиносондааст: “Дар симои чунин шахсиятҳо мисол наовардан нишони беэҳтиромӣ мебошад ва муаллифи ин сатрҳо тасмим гирифт ки чунин шахсиятро дар симои фарзанди фарзонаи ноҳияи фархори бостонӣ абдулмӯъмин ятимов ба хонанда муаррифӣ намояд”.
Дар идомаи мақолааш ин муаллими милисаҳо аз қаҳрамони худ чунин ситоиш ба амал овардааст: “Фақат мо бояд гӯем, ки оё ҳаст ягон навъи фаъолияти хоҷагидорие, ки дар муҳит ва иқлими ноҳияи Фархор мусоидаткунанда асту аммо А.Ятимов аз он огоҳ набошад ва ё инки ба он кор нарасида бошад?Албатта,не! Бешак, чунин фаъолияти хоҷагидорие нест,ки А.Ятимов онро нодида гирифта бошад.”
Шояд,муаллифи ин навишта аз шиносон ва ё кӯмакхӯрдагони Абдулмӯъмин бошад, вале яқин, ки зикри ҷойи кор дар имзои муаллиф:- “сардори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети № 6-и Академияи ВКД ҶТ” ба он маъно аст ки бародари калонӣ-Ятимови калонӣ бихонанду “ба назар” гиранд.
Ба назар гиранд,ки дар хидмат ҳастем,амру дастурҳоро милиса ва ҳатто муаллимони милисаҳо беягон таъхир ба ҷо меоваранд. Аз ин ҷост ки ба навиштаи расонаҳои байналмилалӣ ҳоло чандин шабонарӯз аст, ки бар изофаи сарҳадбонони Кумитаи амният, шумори зиёди ходимони милисаи ноҳияи Фархор “ба ҷустуҷӯи чорвои гумшудаи Абдулмӯмин Ятимов,раиси Идораи ҷангали ноҳия ва бародари Саидмӯъмин Ятимов,раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон сафарбар шудаанд”. Абдулмуъмин Ятитмов тибқи хабарҳои расида ба мо аз заминҳои хоҷагии деҳқонияш даҳ сол аст,ки як дирам андоз намесупорад ва касеҳам ба сӯяш намеравад.Агар боварнакунед равед санҷед ва худатон боваркунед.
Дар мавриди инки бародараш Саймумин мардумро бо ҷурми дузанагӣ ва бисёрзани ба зиндон мекашад.Бародари Ятимов се ҳамсар дорад ва исми ҳамсари хурдияш Латофат мебошад чаро касе ба ӯ коре надорад?
Ҷамшед Ятимов по фаротар гузоштааст ва духоҳарро дар никоҳи худ дароварда дар як подезд зиндагонӣ мекунанд ва номҳои ҳарду зан пеши мо мавҷуд аст. Инки Ҷамшед як наркобарони ҳирфавӣ мебошад ва дар ин замина фаолият мекунад дасти мо далоили равшанеҳам мавуд аст. Дар мавриди каналҳои наркотарфики ин оила таҳлили махсӯсе менамоем ин муомилаҳоро дар он хоҳем гуфт.
Танҳо дар ҳамин як ҳафтаи ахир бо шумули “моҷарои говҳои Абдулмӯъмин” барои бори саввум аст ки номи Саймумин Ятимов дар сархати расонаҳои байналмилалӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ зикр мешавад, ки дар ҳар се маврид ҳам,ин зикр зикри хайр нест. Боздошт ва ба маҳкамаи тафтишотӣ кашонида шудани садҳо нафар аз афроди касбу кори гуногун,ки дар шумори онҳо ҳам номзаду доктори илм ҳасту ҳам, шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва ҳам корманди давлатӣ-роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Исфара ва низ устодони донишгоҳҳои кишвар, ки ҳамагӣ ба узвият дар “Ихвон-ул-муслимин” муттаҳам мешаванд, номи КДАМ ва раиси онро ҳамчун “исломситез” бори дигар дар титри хабарҳо қарор дод. Ҳоло, инҷо бархе аз мисли ман паноҳандаҳо мегӯянд, ки гум шудани говҳои бародари раиси КДАМ, ки боиси ошкоршавии мушорикати онҳо дар қочоқи маводи мухаддир, як навъ итоби Аллоҳи меҳрубон ба рафтору кирдори С.Ятимов аст. Зеро хеле аз бегуноҳон ба иттиҳоми муллоиву диндориву наҳзатӣ ва монанд ба ин айбҳо кушта, зиндонӣ ва овораи ватан шуданд. Ва,Тоҷикистон барои мардуми мутадаййин ба як зиндони бузурге табдил шудааст.
Ва, мавриди дигар ва саввум бармегардад боз ҳам ба ҲНИТ. Дар “Ховар”-хабаргузории давлати Тоҷикистон аз 15 январ аз сафари кории Раиси Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон Аҳмад Зиё Сироҷ ба Тоҷикистон ва дидору мулоқоти ӯ бо раиси КДАМТ матлабе мунташир шуд,ки бо зикри исми ҲНИТ дар шумори дигар созмонҳо аз ӯ ба ҳайси таҳдид ёдоварӣ мешавад: “дар алоқамандӣ бо вазъияти бавуҷудомада, таҳдиди мустақими созмонҳои террористи байналхалқӣ,аз ҷумла “Ал- Қоида”, “Давлати Исломӣ”, “Ҳизби наҳзати ислом”, “Ансоруллоҳ”, ”Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ”,”Ҳаракати исломии Туркистон” таъкид гардид”.
Аммо чуноне огаҳони умур исбот ва ошкор карданд, ки дар ин мулоқот аз ҲНИТ ном бурда нашудааст, ҳадди ақал масъули амнияти Афғонистон чунин мавқеъ надорад. Зеро дар ҳеҷ яке аз расонаҳои иттилоотии Давлати исломии Афғонистон, ки сафари Раиси Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон Аҳмад Зиё Сироҷ ба Тоҷикистонро таҳти пӯшиш қарор додаанд, аз ҲНИТ ҳатто ишорае накардаанд. Ин бад-ин маъност, ки инҷо ҳам С.Ятимов хостааст, ки ҷомеаи кишварро дар мавриди ҲНИТ ба чапғалат бибарад. Аммо ин мавриди дурӯғгӯии мақомот бори аввал нест. Дар соли гузашта дар матни Ёддошти ҳусни тафоҳум бо Эрон низ ҲНИТро шомил карданд вале дертар маълум шуд,ки дурӯғи маҳз будааст ва аз матн гирифтанд. Хуб, ки ин ҳарфҳо дар рафти гап буд. Ҳол бубинем,ки бо говҳои гумшуда чи шуд?
Тибқи маълумоти мувассақ, ки ба дастамон расид, ҳамаи 49 сар гов зоти шведӣ буда, ҳар кадоме аз 3,5 то 4500 доллар ва ҳатто бештар аз он арзиш доштаанд ва аз 30 то 40 литр шир дар рӯз медодаанд. Гуфта мешавад, ки ин пода шаби 16 январ аз як чарогоҳи наздик ба марзи Афғонистон, воқеъ дар ҷамоати Ғалабаи ноҳияи Фархор гум шудааст. Симхори байни марз дар ду ҷой дар худи ҳамон шаб шикоф карда шудааст. Маълум нест, ки говҳоро дубора пас гирифтаанд ва ё хайр ва оё кадом музокироте бо ҷониби қочоқбарони афғон сурат гирифтааст ва ё хайр ва ин музокирот, агарки ҷараён дорад, кӣ онро пеш бурда истодааст ва аз муҳтавои он Сарфармондеҳи олии мамлакатро огоҳ карда бошанд ё хайр, аммо дақиқ аст ки говҳоро ба он тарафи марз бурдаанд.
Ва оё Раҳмонов огоҳ шуда бошад, ки сарҳад то куҷо маҳкам ва мустаҳам аст ки ба ин роҳатӣ як подаро пешандоз карда бурдаанд, мисли як шаҳри бедарвоза. Аммо яке аз онҳое, ки чанд рӯз аст говковӣ мекунад, гуфтааст,ки “рости гап Абдулмӯъмин ҳар рӯз зиёфатҳои хуб карда истодааст,аммо ризқи мову бачаҳоямон дар мошину ронандаҳо-дар роҳ аст,ки чанд рӯз шуд инҷо говковидаем. Намедонем ҳоли оилаҳо чи шуд?” (маълум шуд,ки корманди БДА будааст)
Ҳамин манбаъ гуфт,ки тамоми кормандон, бахусус шуъбаи зиддииктишоф дастур гирифтанд,ки ҳар кадоме барои ин қазия “алиби” омода созанд. Дақиқан мисли ҳамон як оҳуеки аз Нуриддин Раҳмонов гум шуд ва чанд қисми ҳарбӣ ӯро сешабонарӯз ҷустуҷӯ карданд,гурусна ва ташна охир мурдаашро пайдо карда буданд.Тавре, ки Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ ва доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент, шоир, драмматург ва Саймумин Ятимов, номзади фалсафа ва доктори сиёсатшиносӣ, аъзо- корреспонденти АИҶТ онро ба расонаҳо ироа бидиҳанд ва муҳимтар аз ҳама ба Пешвои миллат бубаранд ва мутақоидаш созанд ва чеҳраи касиф ва махдушшудаи Абдулмӯъминро сафед созанд,то битавонад ба курсии раиси ноҳияи Фархор бинишинад. Бигзор,ки боз 49гови дигар аз даст равад, аммо курсӣ ба ҳар қимате дар даст бошад….
Аммо баъид аст ки ин нақша-орзуяшон иҷро ва бароварда шавад. Зеро пештар низ Ятимовҳо бо иттиҳоми мушорикати фаъол дар қочоқи маводи мухаддир ном бароварда буданд. Дар моҳи августи соли 2018 низ аз ширкати Ҷамшед ва Абдулмӯъмин Ятимовҳо бо қочоқи маводи мухаддир ва инки дар як ҳодисаи марбут ба тиҷорати онҳо ду кас кушта ва як маҷрӯҳ шуда буд,хабарҳо то расонаҳо расида буданд.Ҳарчанд он замон тавассути “Озодӣ” куштори ду фархорӣ ва захмӣ шудани як ҳисориро иғвои Толибон хонданд, аммо маълуми ҳамагон шуда буд, ки “разборкаи хунини пули ҳеройин” аст.
Ҷамшед дар вақти ваъдагӣ пули ҳеройинро дода наметавонад. Аз Абдулмӯъмин хоҳиш мекунад, ки барои “переговор” бо афғонҳо ба ҷои ӯ равад. Ӯ то марз пеш меравад аммо аз тарси қатл ва ё гаравгонафтӣ дар застава меистад. Се тан аз кормандонашро бо “Нива” мефиристад. Вақте афғонҳо мебинад,ки дар мошин шарики тиҷоратиашон-Ҷамшед ва бародари ӯ –Абдулмӯъмин нестанд аз сари қаҳр ба мошин оташ кушода онҳоро ба ҳалокат мерасонанд. Овоза байни марзбонҳо ва сарбозон паҳн мешавад.Ятимовро филфавр огоҳ мекунанд.Ва қазия бори Толибон мешавад.Вале ин хабар ба Раҳмонов мерасад. Аз инҷо буд, ки он сол дар мулоқотш бо мардум дар Бадахшон аз иштирок ва даст доштани мақомоти баландпояи КДАМва ВКД дар қочоқи маводи мухаддир интиқоди шадид мекунад.
Аммо ҳоло чи вокуниш хоҳад кард, бояд мунтазир бишавем. Қочоқчиҳо дигар бора мансаби давлатӣ мегиранд ва ё канор зада мешаванд…..