Имрӯз дар масъале дохил мешавем,ки аз вируси одамкуши “корона” бештар мубталоёнашро мекушад вале худ огоҳ нестанд. Мубталоёни ин вирус, онҳоро кайҳо дар ин олам нобуд кардааст вале бореҳам ба он наандешидаанд.Каме аз сиёсат ва ахбору ғами ин дунё канор оем ва матлабро лутфан, то охир бихонед!
Илм бидуни хоксорӣ ва тавозуъ ё фурутанӣ ба даст намеояд. Барои касби илми илоҳӣ қалби солим ва пок аз кибру фахр лозим аст. Касе чи қадар ба Аллоҳ сар фарорад ва хоксориро пеша кунад, Аллоҳ ӯро ба мартабаҳо мерасонад, дар акси ин, касе кибр карду мағрур шуд ва сарашро аз ҳад бештар бардошт, Аллоҳ паст мекунад ӯро ва ба зер мефарорад. Барои ҳамин Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯянд: ” касе ба Аллоҳ тавозуъ кунад, Аллох дараҷаи ӯро баланд мебардорад”
Аз Муслим ривоят аст ки Инсон чи қадар Аллоҳро шиносад ҳамон қадар хоксортар мешавад, чун азамати Аллоҳ ва илмаш ӯро эътироф мекунонад ва чун худи унсури одамизод ин хок аст ки ба унсураш ин хулқ муносиб аст. Барои ҳамин бар акс, касе кибр кунад, ӯро Аллоҳ залил мегардонад чихеле ки шайтон кибр кард, Аллоҳ ӯро аз боло ба поён яъне ба пастӣ ронд.
Ибни Аббос дар остонаи дари Муъоз (раз) интизор шуда шабро рӯз мекард, то ин ки касби илм кунад. Вақте Муъоз мебаромаданду ин ҳолро медиданд, мегуфтанд: эй амакбачаи расулуллоҳ! Агар мегуфтӣ ман ба наздат мерафтам. Ибни Аббос мегуфтанд: “мо бо олимҳоямон ҳамин тавр рафтор мекунем.. “
Ин буд хоксории онҳо,ки дар роҳи илм ва барои илм сарфароварда буданд, Аллоҳ онҳоро иртиқо ва баландӣ дод. Ба инсон ҳар қадр,ки шарафу илм дода шавад ҳам, лозим аст, ки тавозӯъро касб кунад.Аз ин ҷост,ки Муҷоҳид раҳматуллоҳи алайҳ мегӯянд: “шахси мутакаббиру шармдоранда аз илм маҳрум мешаванд”.
Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам хоксор буданд, ҳатто касе эшонро ба кадом тараф кашола кунад, ҳамон тараф мерафтанд, дасташонро аз дасти саломкунанда аввал шуда намегирифтанд. Хеле раҳмдил буданд, мулоим буданд. Барои ҳамин
Аллоҳ таъоло мегӯяд: “Ба сабаби раҳмати Худост, ки ту бо онҳо инчунин хушхӯю меҳрубон ҳастӣ. Агар тундхӯву сахтдил мебудӣ, аз гирди ту пароканда мешуданд…”
(Сураи Оли Имрон,ояти 159)
Рӯзе ба назди Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам як мард медарояд ва дар он мард аломати ҳаросу тарс ҳувайдо буд. Расулуллоҳ ба ӯ мегуянд: ” Худатро ором бигир зеро ман фаришта нестам. Ман танҳо писари як зане, ки гӯшти суякдор мехӯрд.” (Ривояти Ибн Моча )
Пайгамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯянд: ” дохили ҷаннат намешавад, шахсе, ки дар қалбаш заррае кибр дорад.”
Зеро кибр ин яке аз сифатҳои хосси Аллох аст. Ба инсон қатъиян но ҷоиз аст ки ин сифатро ба худаш касб кунад. Агар дар табиъаташ ин сифат бошад барои шикастани он кӯшиш кунад. Зеро инсон ҳарчанд закию фаросатманд бошад ҳам, дар назди Аллоҳ ӯро беҳоҷат намегардонад..
Яке аз сабабҳои такаббур дар офият ва сиҳатмандӣ қарор доштани инсон ва наомадани балою мусибат ва нумув ва сабзидани инсоният ва ғарқ заданаш бо молу мулк, ки боис мешавад инсон дар худ як навъе беҳоҷатиро бубинад.Чунин ҳолат боиси дар қалби инсон пайдо шудани кибр мешавад ва ин ҳолат ба зоҳир ва амалаш ҷорӣ мешавад. Чи хеле ки Аллоҳ таъоло мегӯяд:
“Ҳаққо, ки одами аз ҳад мегузарад, ҳар гоҳ ки хештанро тавонгар бинад .Албатта бозгашт ба сӯи Парвардигори туст”.
(Сураи Алақ,оятҳои 6-8)
Барои ҳамин Ҳасани Басрӣ (раҳ) мегӯяд: “агар дар ҳаёти инсон се чиз намебуд, инсон сарашро умуман намефаровард”.
1. марг
2. беморӣ.
3. камбағалӣ..
Бинобар ҳамин бояд дар ҳама ҳолат фақириамонро ҳамеша дар назди Аллоҳ эҳсос кунем. Чихеле ки Мӯсо алайҳи салом ба Аллоҳ таъоло фақириашро эътироф карда мегӯяд:
“Эй Парвардигори ман, ман ба он неъмате, ки бароям мефиристӣ, мӯҳтоҷам”.
(Сураи Қасас,ояти 24)
Яке аз аломати ихлос дар илм ин барои Аллоҳ хоксорӣ кардан ва ба аҳли муъминин қаноти хоксориро фаровардан аст. Зеро инсон чи қадар илмаш зиёд шавад, ҳамон қадар боз ба Аллоҳ хоксортар мешавад.
Ибн Муборак мегӯянд: “касе бо олимон сабукӣ кунад, ӯ охираташро равонанда аст. Касе бо амирон сабукӣ кунад, дунёаш рафта аст. Ва касе бо дӯстони мусалмонаш сабукӣ кунад, мурувати мардиашро равонда аст”.
Ҳайҳот ҳеҷ гоҳ ба кибр наздикӣ накунед. Зеро аввалин гуноҳе, ки ба ҷониби Илоҳӣ аз тарафи оламиён гуноҳ содир шуд ин бо сабаби кибр буд. Шайтон лаънатуллоҳ алайҳ аз саҷда кардан ба одам аз амри Парвардигор саркашӣ карда кибр мекунад. Кибрро душманони Аллоҳ ба худ касб карда буданд:
Аввал иблис кибр кард ва яке аз душманони машҳур ин фиръавн буд, ки он низ кибр кард, пас ҳалок шуд. Инчунин кибр феъли Қорун буд, ки ҳамин кибр ва фахраш ӯро ҳалок кард.
Инсон ҳарчанд илми нофеъ гирад дар ҳақиқат чаҳлаш боз ҳам кашф мешавад. Шахси мутакаббирро Аллоҳ аз оятҳояш маҳрум мекунад. Чихеле ки мегӯяд:
“Зуд аст, ки маҳрум мекунем аз оятҳоямон онҳоеро, ки дар рӯи замин мутакаббирӣ мекунанд”.
Мутарриф ибн Шиххийр як мардеро мебинанд,ки фахркунон бо либоси зебояш роҳ мегашт. Сипас гуфтанд: “ин роҳгардии ғазабшудагон аст”. Ӯ гуфт оё маро намешиносӣ? Мутарриф гуфтанд: “бале мешиносам:- аввали ту нутфаи ҳазар карда, охири ту ҷасади пӯсидаи ҳазар карда шуда ва ту байни ин ду дар шикамат бардорандаи чизҳои бӯноки ҳазар шуда ҳастӣ”. Сипас он мард роҳгардии мутакаббир онаашро тарк кард.
Ҳасани Басрӣ (раҳ) мегуянд: “ба Фарзанди одам таъаҷҷуб мекунам. Кибр мекунад ва ҳоло он ки ӯ аз маҷрогоҳи пешоб думаротиба баромада аст:- якум аз они падараш сониян аз маҷрогоҳи модараш, сипас чун ба воя расид кибр мекунад ва нафсашро аз ҳама боло мебинад. Кош агар як ба аслаш ва ҳақиқаташ бо назари андешамандӣ нигоҳ мекард аз кибр худро дур нигоҳ медошт”.
Ойишаи Сиддиқа разияллоҳу анҳа мегӯянд: “шумоён фаромуш кардед яке аз беҳтарин ибодатро, ки он ҳам бошад хоксорӣ аст”.
Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯянд: ” Аллоҳ ба ман ваҳй фиристод, ки байни якдигар хоксориро пеша гирем, ҳатто касе ба касе фахр накунад ё ҷавр накунад.
(Ривояти Муслим)
Гузаштагон байни калону хурд ин хулқи олиро риоя мекарданд ва ба ин тариқа, ки калонсолон ба хурдон хоксорӣ мекарданд, ки онро гумон карда, ки мо бисёр гуноҳ кардаем. Ин хурдсолон ҳоло нисбати мо гуноҳро кам кардаанд. Аммо хурдсолон бошанд дар навбати худ дар баробари онҳо хоксорӣ мекарданд. Гумон мекарданд, ки калонсолон нисбатан аз мо ба Аллоҳ бисёр ибодат кардаанд, мо ҳоло мисли онҳо ба ибодат умрамонро сарф накардаем.. бале хонандаи гиромӣ ин буд хислати гузаштагони солеҳу накукори мо.Ҳоло мо дар кадом ҳолат қарор дорем,ба он худатон огоҳед.
Ҳасани басрӣ(раҳ) мегӯянд: “хоксорӣ ин аст ки агар аз хонаат бароӣ ва бо кадом мусалмоне вохурӣ, бар болои худат дар ӯ фазле мебини”.
Расулуллоҳ алайҳис салоту ва саллам мегӯянд: “як мард дар роҳ гаштанаш фахру кибр мекард, ногаҳон Аллоҳ ба замин ӯро дар кашид ва ӯ то рӯзи қиёмат ба зери замин ғӯта мезанад.
Расули акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯянд: ” дӯзаху ҷаннат кашокашӣ карданд: дӯзах мегӯяд: дар ман ҷабборону мутакаббирон, ҷаннат мегӯяд: дар ман заъифон ва хоксорон.”
Луқмон алайҳис салом фарзандашонро насиҳат карда мегӯянд: “Ба такаббур аз мардум рӯй магардон ва ба худписандӣ бар замин роҳ марав, зеро Худо ҳеҷ такаббури фахрфурӯшеро дӯст надорад”.
(Сураи Луқмон, ояти 18)
Барои кабулияти илми суннат бояд калби сохибаш солиму мулоиму кушода бошад аз кибр холи бошад. Зеро аз илми суннат шахси мутакаббир маҳрум мешавад зеро ӯ нолоиқ аст.
Салама ибн Акваъ мегуянд: рузе як мард бо дасти чаппаш мехурд. Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ӯро дида гуфтанд: бо дасти ростат бихур! Ӯ гуфт наметавонам.
Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) мегуянд: натавон! Салама мегуянд: пас он мардро дидам ки дар хол дасти росташро дигар бардошта натавонист. Ӯро аз қабули сухани Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) кибр манъ карда буд..
Ривояти муслим
Барои ҳамин касе илмро барои охират талаб мекунад, ӯро илмаш хоксор мегардонад, қалбаш хушуъкунанда мешавад, нафсаш ором мешавад ва ҳамеша нафсашро муҳосиба мекунад. Илми ухравиро бандаи хоҳанда ҳеҷ гоҳ улуввияту бологиро дар ин дунё намехоҳад. Чуноне, ки Аллоҳ таъоло мегӯяд: « Ин ҷаҳони охиратро аз они касоне сохтаем, ки дар ин ҷаҳон на хоҳони такаббурӣ ҳастанд ва на хоҳони фасод. Ва саранҷоми нек аз они парҳезгорон аст»
( Сураи Қасас, ояти 83)
Аллоҳ таъоло мегӯяд: “Онон, ки бе ҳеҷ ҳуҷҷате, ки аз осмон омада бошад, дар бораи оёти Худо муҷодала мекунанд, дар дилашон ғайри ҳаваси бузургӣ нест, вале ба он нахоҳанд расид. Пас ба Худо паноҳ бибар, ки Ӯ шунавову биност!”
(Сураи Ғофир, ояти 56)
Хонандаи гиромӣ кибрро аз иззат ва талош барои зиндагонии шарафмандона фарқ кунед.Талаби ҳаққи ҳалол аз мутакаббирон ва золимон ин волотарин мақоми инсони бо шараф ва муъмин аст!
Аллоҳ ҳар яки моро аз кибру мағурурияти ин дунё наҷот диҳад ва холису хоксор гардонад омин.