Қатрае аз баҳри маонӣ

Ислоҳ нет

 

Ту ҳам бар сафҳа зан нақши маонӣ,

Ки монад аз ту номи ҷовидонӣ.

Шиблӣ бар онон менигарист ва мегирист

 

Орифи маъруф Шиблӣ дар масҷиде рафт, ки ду ракаъат намоз гузорад. Дар он масҷид кӯдакон дарс мехонданд ва вақти нон хурдани кӯдакон буд. Ду кӯдак наздики Шиблӣ нишаста буданд. Яке писари сарватманде буд ва дигаре писари дарвеше. Писари сарватманд порае ҳалво ва писари дарвеш нони хушк дошт. Писари дарвеш аз ӯ ҳалво мехост. Он кудак мегуфт: агар хоҳӣ, ки порае ҳалво ба ту диҳам саги ман бош ва чун сагон бонг кун! Он бечора бонги саг мекард ва писари сарватманд бад-у порае ҳалво медод. Шиблӣ ба ин ҳолат менигарист ва мегирист. Касе аз ӯ пурсид : эй шайх туро чӣ шуда, ки гирён ҳастӣ ?

Шиблӣ гуфт: нигоҳ кунед, ки тамаъкорӣ ба мардум чӣ расонад. Агар он кӯдак ба он нон қаноат мекард ва тамаъ аз ҳалвои ӯ намедошт, саги ҳамсабақаш намебуд.

 

Барои он ки ситамкоронро хор кунад

 

Рӯзе магасе бар сурати Мансур халифа нишаст. Онро аз худ дур сохт, вале ду бора баргашт ва ба чеҳрааш фуруд омад ва он қадар ин кор такрор шуд, ки ӯ ба танг омад. Дар ҳамин мавқеъ Имом Ҷаъфари Содиқ (раҳ) бар ӯ ворид шуд. Мансур ба ӯ гуфт: Худои азза ва ҷалла ба чӣ манзур магасро халқ кард? Имом фармуд: Барои ин ки ситамкоронро хор кунад ва аз такаббурии онҳо кам кунад.

 

Хаёл кардам одаме он ҷо нишастааст

Рӯзе ҷаноби Мир Али шоҳ Навоӣ Мавлоно Бинои-ро талабид. Чун Мавлоно Биноӣ аз дур пайдо шуд мир ба навъе нигоҳ кардан гирифт, ки гуё ӯро намешинохт. Чун наздик расид мир гуфт: Биноӣ ту будӣ ? Чун аз дур пайдо шуди ман хаёл кардам, ки ҳиморе (харе) аст меояд.

Биноӣ гуфт: ман ҳам ки аз дур шуморо медидам хаёл кардам одаме он ҷо нишаста аст.

 

Посухи Рустам

Баъд аз оне, ки Абдуллохони узбак ба Хуросон тохт, рӯзе дар Сиистон убураш бар сари Қабри Рустам афтод ва ба таври шамотат ин шеърро хонд:

Сар аз хок бардору Эрон бубин,

Ба коми далерони Турон бубин.

Ва гуфт надонам агар Рустам қодир бар гуфтам буд, чӣ мегуфт. Яке аз вузарои ӯ, ки эронинажод буд гуфт: агар ҳар оина хашм нагирӣ хоҳам гуфт. Гуфт: бигў. Гуфт: агар қодир ба гуфтан буд, мегуфт:

Чу беша тиҳи монад аз наррашер,

Шағоле ба беша дарояд далер.

 

Тақво

 

Саҳл ибни Абдуллоҳ ба дуъо Яъқуб бини Лайсро, ки бемор буд мудово кард ва чун моли бисёр оварданд ва пеши вай биниҳоданд. Саҳл ибни Абдуллоҳ ба он мол нигоҳу майле накард ва гуфт: мо ин чизи дунё, ки ёфтем ба ногирифтан ёфтаем на ба ноёфтан. Агар сари моро ба дунё майл будӣ дуъои мо худ мустаҷоб намегашт.

 

Эътиқод

Марде буд, ки ба аҳли тақво ва каромоти авлиё бовар надощт. Он шахс боре аз касе сад динор талабгор буд ва дар ин хусус ҳуҷҷату санаде, ки аз ў гирифта буд пайдо нашуд. Тасмим гирифт, ки назди яке аз аҳлуллоҳ рафта ва илтимоси дуъо намояд. Шайх гуфт : ман пирам ва инсони пир шириниро бисёр дўст медорад. Бирав як миқдор ҳалво харида назди ман овар то ман дар бораи ту дуъо кунам. Он мард рафт, ки ҳалво харидорӣ кунад. ҳалвофурўш онро дар коғазе печид ва ба дасти ӯ дод.Чун ҳалворо хидмати шайх овард, шайх фармуд коғазро боз намо. Чун коғазро боз намуд, дид ҳамон ҳуҷҷат ва санади худи ӯст, ки гум шуда буд. Пас шайх фармуд : ҳуҷҷатро биситон ва ҳалворо низ ҳамроҳ бурда ба кўдакони худ бихўрон. Оре, дунё холӣ аз авлиёуллоҳ нест.

 

Латифасароии Саъдӣ

Боре Саъдӣ вориди Табрез шуд ва ношинос ба гармоба рафт. Иттифоқан Хоҷа Ҳумом вазири маъруф ва шоир дар гармоба буд. Дар он аҳд хазона оби гарм надошт ва ҳавзи кучаке ба шакли охур часпида ба хазона буд, ки аз он ҷо об бармедоштанд ва худро мешустанд. Ҳар касе мехост ба дигаре эҳтиром гузорад аз охур ба зарфе об бармедошт ва ба шонаи ӯ мерехт.

Саъдӣ дид, ки об хеле гарм аст як тос об бардошта ба шонаи Хоҷа Ҳумом рехт. Хоҷа, ки дар дил хашмгин шуда буд, пурсид; пирамард аз куҷо ҳастӣ? Саъдӣ гуфт: аз пушти падарам! Хоҷа бо ташдид пурсид: мегуям аз куҷо омадаӣ ? Саъдӣ посух дод: аз шиками модарам. Хоҷа бо тағйир гуф : охир зоишгоҳат куҷост: Саъдӣ посух дод: арсаи хок. Хоҷа бо заҳрханде пурсид: хоки куҷо ? Саъдӣ гуфт: хоки Шероз. Хоҷа Ҳумом абрувонашро дарҳам кашида, зери лаб гуфт: аҷаб аст, ки имсол дар Табрези мо шерозӣ аз саг бисёр шуда аст. Саъдӣ бо табассуме изҳор мекунад: Аммо дар Шерози мо маъкус аст, зеро дар он ҷо табрезӣ аз саг камтар аст. Хоҷа Ҳумом медид, ки бо ҳарифе қавипанҷа ру ба ру шудааст ва аз наздикии вуруди Саъдӣ ба Табрез хабар дошт, донист, ки албатта худи ӯст ва чун вайро шинохт дар оғуш кашида, ба пазироии шурӯъ намуд.

 

Ба қадри ду ангушт

 

Шоири бенаво ва жандапӯш пеши тавонгари мутакаббир рафт ва чандон наздик биншаст, ки миёни ӯ ва тавонгар ду ангушт беш масофат намонд. Тавонгар руй дар ҳам кашида аз шоир пурсид. Миёни ту ва хар чӣ қадар роҳ аст ? Гуфт: ба қадри ду ангушт.

 

Бузургдошти муаллим

 

Кpамбуҷия (писари Куруши Кабир 530-522 пеш аз мелод) соли 526 то мелод ба Миср лашкар кашид. Соле баъд Пасомтики саввум (фарзанди Амозис)-ро мағлуб кард ва вориди шаҳри Мемфис-пойтахти Миср шуд. Иддаи зиёд аз писарону духтарон, занону мардони мисрӣ ба асорати сипоҳи Эрон даромаданд. Духтарону писарони Пасомтик ва писару духтарони бисёре аз дарбориён низ аз ҷумлаи гирифторон буданд. Рўзе, ки асиронро аз баробари Камбуҷия мегузарониданд, Пасомтик ҳозир буд ва шоҳи Эрон медонист, ки писару духтари вай ҳам аз асиронанд.

Вақте асирон мегузаштанд, Пасомтик аз шуридаҳолии писару духтараш, ки ҷомаҳои жанда бар тан доштанд ва рую муяшон ошуфта буд, бар худ напечид ва нанолид. Аммо чун пирамарде бад-он ҳол гузашт гирён шуд ва аз зиёдии андуҳ бетоб ва нақши замин шуд. Ӯро ба ҳуш оварданд. Камбуҷия пурсид: ту ки бар тирарузии фарзандонат нагиристӣ ва ҳолат тағйир накард, ба дидани бадҳолии ин пирамард шикебоӣ аз даст додӣ ва беҳуш шудӣ?

Гуфт: ин пирамард муаллими ман буд доно, рушандил ва баландпеша. Ҳурмати ӯро пайваста чун хидматгоре содиқ медоштам ва ҳамвора омодаи хидматаш будам.

Ҳусни эътиқоди Пасомтик дар дили Камбуҷия чандон писанд афтод, ки писару духтар ва муаллимашро озод сохт ва бад –онҳо накӯиҳо кард. Асиронро низ ҷумла раҳо кард.

 

Саргузаште дигар

 

Вақте Абдуллоҳи Тоҳир (828-844) дар Нишопур қадам мегузошт духтареро дид ҳино баста ва осори наварўсӣ бар вай зоҳир ва асперо об медод. Пурсид, ки чӣ гуна аст, ки ту аспро об медиҳӣ? Гуфт, ҷиҳати он ки лашкаре дар хонаи мо фуруд омадааст. Яке шавҳарамро гуфт, ки аспи маро об деҳ. Шавҳарам эътимод накард, ки маро танҳо пеши бегона бигзорад, аз ин ру маро гуфт, то аспро ба об диҳам. Абдуллоҳи Тоҳирро риққате дар хотир омад ва дар ҳол аз Нишопур берун омад ва Шодёхро бунёд ниҳод ва нидо кард, ки баъд аз ин ҳеҷ лашкаре вориди шаҳр нашавад.

 

Максимум ва минимум.

 

Рӯзе Тимирязев Климент Аркадьевич донишманди шаҳири рус дар яке аз майдонҳои шаҳре қадам мезад. Шахсе аз дастёронаш, ки ҳамрощи ӯ буд мутаваҷҷеҳ шуд, ки дар ҳеҷ як аз бутаҳо гуле вуҷуд надорад ва барои изҳори фазл гуфт: Устод, чӣ фикр мекунед ? Чӣ унсуре дар хоки ин ҷо минимум аст? Тимирязев посух дод: дар бораи минимум чизе намедонам. Вале фикр мекунам дуздон дар ин ҷо максимум будаанд.

 

Посухи дандоншикан

 

Уинстон Черчилл сарвазири Британияи Кабир дар яке аз муборизаҳои интихоботии худ суханронӣ мекард ва барномаашро баён менамуд. Дар миёни касоне, ки ба суханронии ӯ гуш медоданд марди фузулӣ ва сергапе, ки иттифоқан сурату (руй) дастҳояш чирк ва равғанӣ буд чандин бор суханронии ӯро бо пурсишҳои бе маънӣ қатъ кард. Черчилл аз дасти ӯ ба танг омада буд. Аммо чун намехост ширкаткунандагон дар суханронияш фикр кунанд, ки ӯ наметавонад дар муқобили ҳаводис хунсардии худро ҳифз кунад, сухани тунде ба марди фузул ва сергап намегуфт.

Дар миёни суханронӣ ин мард як бори дигар ба миёни ҳарфи Черчилл давид ва гуфт: Лутфан бифармоед, ман ки бача надорам, чаро бояд молиёти махсуси омӯзишу парваришро бипардозам. Черчилл фурсатро ғанимат шумурда гуфт : Ба ҳамон далел, ки Шумо молиёти обро мепардозед, аммо ҳаргиз ба ҳамом намеравед ва дасту руйи худро намешуед.

 

Бадтарини мардумон

 

Бадтарини мардумон аз рӯйи ахлоқ оне бошад,ки ҳангомеки аз ту хашмгин шавад.Фазли туро инкор кунад,сирратро фош созад,муносибати хубатро фаромӯш кунад,аз ту суханоне гӯяд,ки он дар ту набошад.

 

Share This Article