“Ҳавзаи №25 “ ҷойгузини қасри “Арбоб” мегардад

Ислоҳ нет

 

Тақаллуби бузург дар ҳавзаи № 25-и Душанбе оғоз шуд

Тарҷумаи ҳол

Рустами Эмомалӣ, 19-уми декабри соли 1987 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, “маълумоташ олӣ”. Соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон, соли 2011 Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ва соли 2014 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси хуқуқшинос хатм кардааст.Соли 2006-2009 сармутахассиси шуъбаи ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, соли 2009 сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, солҳои 2011 – 2012 сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2012 – 2013 муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2013 – 2015 сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2015 – 2017 масъулияти роҳбарии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошта, аз 12-уми январи соли 2017 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид. Забонҳои “русӣ, англисӣ ва олмони”-ро медонад. Оиладор. Ҳоло номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №25-и ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе.

 

Ситоди интихоботии Рустами Эмомалӣ,номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №25-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ситодҳои номзадҳои дигар фарқи куллӣ дорад. Нахуст инро меафзоям, ки чунонеки 28 сол аст “Иҷлосияи 16 уми сарнавиштсози Шурои Олӣ” мегӯянд ва гуши оламро кар кардаанд. Муҳим интихоби Раҳмонов ба мақоми раиси Шурои Олии кишвар дар он сурат гирифта буд. Дақиқан инҷоҳам чунон мешавад ва Рустам ва командаи ӯ бошад “ҳавзаи интихоботии №25 н.Исмоли Сомонӣ”,ки Рустам аз он ба раёсат расид, дар оянда ҷойи қасри “Арбоб”-ро “Ҳавзаи №25 “мегирад. Инро хуб дар хотир дошта бошед,ман гуфтам ва шумоҳам шунидед! Инҷо интихоботро аз ҳад ҳам зиёд сахт гирифтаанд. Чандин гурӯҳи корӣ ва бо вазифа ва масъулиятҳои мушаххас таъсис дода шудааст. Ду гузинаи аслӣ ва муҳим дар дастури кори ин Ситод ва зерсохторҳои он, яъне ҳамон гурӯҳҳои корӣ, қарор дода шудааст. Супориши қатъӣ ин аст ки барои иҷрои ин ҳарду вариант тамоми тадобир ва чораҳои мумкин ва ғайримумкин, эҳтимолӣ ва ногаҳонӣ, нақшаӣ ва ғайримунтазира бояд ҷузъбаҷузъ ба ҳисоб гирифта шавад.

 

Ин ду гузина ба ҳузур ва ширкати интихобкунанда марбут аст. Агар аксарияти кулли интихобкунанда ширкат варзад, чи бояд кард ва агар баракс, “явка” ниҳоят пойин бошад, ҷамъбаст ва натиҷагирӣ чи гуна хоҳад буд. Вале шарт ва нуктаи асосӣ ва сарнавиштсоз барои Ситод ва гурӯҳҳои кории он,ин аст ки ҷараёни он комилан табиӣ бояд ба назар бирасад, нуқтае барои шакку шубҳа ҷой надошта бошад. Хулоса тақаллуб ва дасткорӣ ба ҳадде анҷом дода шавад,ки касе аз пушти саҳна огоҳ нашавад ва ба назар бирасад,ки ҳама корҳо расмӣ ва дар доираи қонун иҷро шуда истодааст.

 

Рӯихати интихобкунандаҳо ҳанӯз аз хеле вақт пеш таҳия ва як ба як шиносоӣ шудаанд. Чанд нафар маъюбу маълул,чанд нафар солманду касал,ки имкони омадан ба пойи сандуқҳои райро надоранд, чи миқдор муҳоҷир ва дар берун аз ҳудуди ҳавза ва кишвар, шумораи донишҷӯҳо, кормандони мақомот, корхонаҳо ва ғайра дар дасти гурӯҳҳои корӣ қарор доранд. Хулоса, так-таки овоздиҳандаҳоро ном ба ном рӯихат карда, аммо барои эҳтиёт дубаробар аз шумори онҳо бюллетенҳоро омода кардаанд. Дастур ба ҳадде сахту сангин аст,ки бояд ҳама онҳое,ки имкони роҳравӣ доранд, оянд ё оварда шаванд, то ба Рустам овоз диҳанд. Ин интихобот барои Рустам сарнавиштсоз аст,тақдири ӯро рақам мезанад.Тибқи нақша рӯзи овоздиҳӣ кор тавре сурат бигирад, ки як заррае ҳам суолу пурсиш боқӣ намонад, ки овоздиҳандаҳои ҳавзаи 25 ҳамагӣ ба майлу хоҳиши худ райдиҳӣ омада ва маҳз Рустамро интихоб кардаанд. Барои ҳамин дар ин ҳавза корзор, бахусус,дар қисмати шаб сахт дар ҷӯшу хурӯш аст. Вазир ба ректор,ректор ба декан ва декан ба куратор дастур додаанд,ки ҳамаи донишҷӯёни ин ҳавза бо фосилаи муайян, аммо гурӯҳ, гурӯҳ ноаён карда, барои онки табиъӣ намояд, қитъаҳои овоздиҳӣ омада баргаҳои райро ба ҷонибдорӣ аз Рустам ба сандуқ резанд.

 

Мудири маориф ба директор, директор ба муаллимону фаррошшон, сардори шуъбаи милиса, шуъбаи амният, кумитаи занҳо, идораи андоз, хулоса ҳама дастур ва супориши хос гирифтаанд. Ҳама бояд дар даст шиноснома дошта бошанд. Барои ҳар кадоме аз донишҷӯҳо, маълум нест, ки аз кадом ҳисоб… Зимнан тамоми тоҷирон, шуъбаҳои андоз, умури дохила, амният, суд, прокуратура, шуъбаи ЗАГС, умури изтирорӣ, мағозаву тарабхона, доруфурӯшиҳо, миқдори муқарраркардаи маблағ барои Ситодро дастрас кардаанд. Ба домкомҳо, раисони маҳалла супориш шудааст, ки одамонро ба интихобот сафарбар намоянд. Ба масъулони участка дастури қатъӣ дода шудааст, ки гурӯҳҳои махсусро,ки чандтоӣ бюллетен гирифтаанд ва чандмаротибаӣ бояд ба сандуқ бирезанд, халал нарасонанд. Аломат, нишона ва сарулибосҳои онҳо ва ному насаби онҳоро барои аъзои участка пешакӣ маълум кардаанд. Дар дохили биноҳои овоздиҳии ҳавзаи 25 даровардани телефони мобилӣ ва аккосӣ қатъиян манъ мебошад. Кормандони амният бояд бо либосҳои мулкӣ ва шояд бо айнакҳои сиёҳшиша ноён ин участкаҳоро зери назорат мегиранд.

 

Ситоди интихоботӣ аз он бим дорад, ки мардум пойи сандуқҳои рай нахоҳанд рафт. Аз инҷост, ки онҳо рӯихатҳоро ба дасти аъзои участка додаанд,ки бар асоси он бюллетанҳоро ба тарафдорӣ аз Рустам ба ҷойи шахсони ба интихобот ҳозирнашуда бипартоянд. Дастури дигар ин аст ки дар ин рӯихатҳо, ки ҷудо аз рӯихати интихоботӣ мебошад, аъзои участка ва махсусан котиб ва раиси он вазифадор шудаанд, ки масъулинеро, ки ба ҷалб ва сафарбарии овоздиҳандаҳо маъмур шуда вале аз иҷрои он набаромадаанд, аз вазифаҳо барканор карда мешаванд. Масалан куратори курси сеи фалон факултет агарки шумораи дар руихат бударо натавонист ба интихобот оварад, тарки кор хоҳад кард. Ин дастур аз тарафи Ситод иттихоз шудааст. Хуб,ситод ситоди Рустам аст.Барои ҳама кор қодир мебошад.

 

Аъзои гурӯҳи кории Ситоди интихоботии Рустам ҳар шаб ҷамъ мешаванд. Ва ҳисоботу гузориш медиҳанд,ки чи корҳоро ба иҷро расонидаанд. Қуттии сайёре,ки барои маъюбону барҷомондаҳо ва беморон бурда мешавад, низ чанд навбат “тест”-и санҷишӣ доир кардааст. Раис ва аъзои Ситод чанд бор дил кардаанд, ки ба Рустам бирасонанд, вале ҷуръат накардаанд. Дар ҳақиқат ҳам Рустам шояд танҳо номзаде бошад, дар ягон ҷаласаи бахшида ба интихобот иштирок накардааст. Аз рӯзи 22 январ,ки созмонҳои ибтидоии ҲХДТ номзадии Рустами Эмомалиро барои вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод кардаанд, то ҳамин имрӯз 28 феврал дар ҳеҷ яке аз вохӯрӣ ва мулоқот бо интихобкунандаҳо Рустами Эмомалӣ ҳузур ва ширкат надоштааст. Интихобкунандаҳо ҳатто як бор ҳам суол напурсидаанд, ки чаро номзади онҳо ба наздашон намеояд ва бо онҳо сӯҳбат намекунад. Дар ҳоле,ки худи Раҳмонов ҳам ӯро чанд бор ташвиқ карда буд,ки “ба халқ такя кун”, “ба назди халқ рав”, “ба хонаи камбағалҳо рав”. Ҳатто гуфта буд,ки ба халқ наздик шавӣ рӯ рӯи даст мебардорад. Аммо аҷаб ин аст ки Рустам на насиҳати падарро гирифту на маслиҳаташро. Ягон бор барои худ эб ва муносиб надид,ки бо интихобкунандаҳояш вохурад. Дар як хабаре,ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд аз як мулоқоти интихобкунандаҳо дар Донишгоҳи омӯзгории Душанбе бо номзадҳо аз ҳавзаи рақами 25 сухан меравад. Дар ин хабар чунин омадааст:

 

“Тибқи ҷадвали баргузории вохуриҳои номзадҳо дар ДДОТ ба номи С. Айнӣ вохӯрии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҳавзаи интихоботии №25-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар вохурӣ Холиқов Абдулло-Раиси Комиссияи ҳавзаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Шарифзода Наргис Достӣ- Раиси ҳавзаи интихоботии №25-и шаҳрӣ, ҷонибдорони ҳизб, сокинони маҳаллаи Шафтолузор ва донишҷӯёни ДДОТ ба номи С. Айнӣ иштирок намуданд.

 

Интихобкунандагон зимни муаррифии барномаи пешазинтихоботии номзадҳо ба мақсаду ҳадафҳои номзадҳо шинос гардида доир ба камбудиҳои маҳалла пешниҳоду дархостҳои худро пешкаш намуданд.”

 

Дар ягонҷои ин хабар гуфта нашудааст,ки Рустами Эмомалӣ ҳам омад, иштирок кард ва ба пурсишҳо посух дод ва накази номзадӣ ҳам гирифт.

 

Овоздиҳандаҳо хеле ҳам руҳафтодаанд, ки чаро Рустам метавонад, ки дар расми лентабурии як таҳкурсӣ ва ё гулшинонӣ дар хиёбонҳо иштирок кунад, аммо дар як ҷаласаи бисёр ҳам муҳим ва махсусан барои худи ӯ иштирок намуданро ҷоиз надонист. Аҳолии ин ҳавза ҳайронанд, ки чи тавр ба ӯ раъй диҳанд, зеро ҳатто рӯбарӯ ҳам нашудаанд.

 

Аммо ин ҳавза ва бюллетенҳои вориди сандуқи раймешуда сарнавишти Рустамро рақам мезанад. Маҳз раъйи ҳамин овоздиҳандаҳои ҳавзаи интихоботии ноҳияи Исмоили Сомонӣ сабаб мешавад, ки ӯро раиси Маҷлиси вакилони халқи Душанбе ва аз он маҷлис ба унвони узви Маҷлиси миллӣ интихоб кунанд. Ва, дар ниҳоят аз курсии раиси Маҷлиси миллӣ ба курсии падараш роҳро ҳамвор бикунад. Аммо вай, мисли онки ҳам намакнашнос ва ҳам қадрнашнос аст. Зеро дар ин сину соле, ки ӯ ба ин мақомҳо даст меёбад, ҳанӯз падараш котиби директори совхози Ленини Данғара буд ва ҳатто профком ҳам таъйин нашуда буд ва дипломи ғоибонаи донишгоҳро ҳам тоза дарёфт карда буд. Модараш ҳам мисли имрӯза “первая леди”-и Тоҷикистон набуд, дар ҳамон оғилхонаи падраш аз субҳ то шом андармон буд. Ҳоло вай тоза 33 сола мешавад. Аммо дигар дар арши сиёсат. Вале аз рафтан ба назди интихобкунанда парҳез мекунад. Ё шояд дар воқеъ чизе ҳам гуфта наметавонад ва ё аз он ҳам сахттар виҷдонаш азоб медиҳад, ки пеши мардум рафта мисли падараш дурӯғи бисёре бигӯяд.

 

Мегӯянд, ки Холиқов Абдулло-Раиси Комиссияи ҳавзаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ва Шарифзода Наргис Достӣ- Раиси ҳавзаи интихоботии №25 24 соат дар шабонарӯз фақат дар пайи иҷрои дастури Ситоди интихоботии Рустами Эмомалианд.Тамоми кору бори онҳо, тавре барояшон нақша ва план кашида шудааст, аз он иборат аст ки раванди интихобот дар ин ҳавза аз оғоз то анҷом зоҳиран бар тибқи қонун сурат бигирад. Яъне таври вонамуд бишавад, ки ягон журналист, ягон мушоҳидачӣ, бахусус аз ОБСЕ нафаҳмианд, ки дар асл тақаллуби бузург ва аз ҳама калон маҳз дар ҳамин ҳавза ҷараён гирифт.

 

На аз он огоҳ шаванд, ки донишҷӯҳо ва аҳолиро ба иҷбор пойи сандуқҳои рай овардаанд,на аз он огоҳ шаванд, ки шумораи бюллетенҳо ду баробар аз шумораи интихобкунандаҳо чоп шудааст (барои эҳтиёт), махсусан аз ҷамъовари пул дар Ситод, хулоса бояд ҳама чиз табиӣ намояд ва ҳамагон ба ин хулоса оянд,ки Рустамро мардум интихоб кардааст, на инки аз роҳи тақаллуб ва сохтакорӣ ӯро мехоҳанд “политик” карда ба курсии қудрат нишонанд.Инҷо қасри “Арбоб”и Хуҷандро “ҳавзаи №25” шаҳри Душанбе иваз мекунад.Ҳолу аҳвол ва мусибати миллат мисли пеш идома меёбад. Тақаллуби бузург мутақаллиби наверо рӯи саҳна меоварад,ки барои баъдҳои баъд ҳам тақаллубро идома медиҳад.

 

Share This Article