Истирдоди М.Кабирӣ ба Душанбе ҳақиқат ё ҳамоқат?
Эмомалӣ Раҳмонов то ҳамин имрӯз даст аз таъқиб ва ҷустуҷӯи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллии Тоҷикистон барнадоштаанд ва оянда ҳам ин ҳадафи худро мураттаб пайгирӣ хоҳанд кард. Ин як ҳақиқати бебаҳс аст, аксиома аст.
Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон дар охирин ҷаласаи Маҷлиси милли даъвати панҷум,ки аз фаъолияти панҷсолааш дар ин мақом гузориш мекард гуфтааст,ки гуфтушунид барои боздошт ва таслими Кабириро бо мақомоти Иттиҳоди Аврупо қатъ накардаанд:
“Мо бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо барои боздошт ва ба Душанбе баргардонидани раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон террористӣ шинохташудаи Наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ музокираи доимӣ мебарем”.
Юсуф Раҳмону дигару дигарҳо ирода ва хостаҳои Эмомалӣ Раҳмоновро иҷро мекунанд.Ва мо хуб ҳам медонем,ки Эмомалӣ Раҳмонов тобу тоқат ва таҳаммули Кабириро ҳанӯз дар ҳамон солҳое,ки Кабирӣ тоза вориди арсаи сиёсат шуд ва бахусус баъд аз интихоботи парлумонии соли 2010,ки маҳбубияти фарогирӣ мардуми касб кард, надошт. Зеро Раҳмонов дар баробари Кабирӣ худро ниҳоят оҷиз дид.Вай ба онки Кабирӣ беш аз пеш лидери мардумӣ мешуд васвос ва ҷунун мешуд. Ҳатто барои Анҷуманҳои пешазинтихоботиаш толор намедод.Чи расад ба имрӯзҳо,ки Кабирӣ дар кишварҳои аврупоӣ беш аз пеш аз қабоҳат ва касофатҳои Раҳмонов ба оламиён мегӯяд. Аммо,бо зикри онки бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо барои Кабирӣ музокира идома дорад гуфтани Юсуф Раҳмон чи маъно дорад ва ҳадафаш аз ин ҳарфҳо чи бошад ва бо ин гузориш чи гуфтан мехоҳад, номаълум аст.
Чун имкон надорад, ки Додситони кулл бошӣ ва надонӣ,ки ин сӯҳбатҳо на танҳо кадом поя ва асосе дошта наметавонад ва демагогияе беш нест, балки нишони гӯёи ҳамоқат ва аблаҳии Юристи №1 Тоҷикистон аст. Чаро чунин иддао дорем? Каме поинтар дар ин бора тафсил баён хоҳем дод. Аммо як нуктаро ёдовар мешавем,ки дар анҷоми тобистони соли гузашта Юсуф Раҳмон дар раъси ҳайати ҳукуматӣ дар нишасти Комиссиюни ҳуқуқи башари СММ дар Женева ширкат кард. Онҷо вай дар курсии бозрасу муфаттиш ва додситон қарор надошт. Гузориши ҳукумати Тоҷикистонро бурда буд ва мебоист аз нукоти он ҳимоят мекард. Вақте бозрасони СММ аз ӯ суол мепурсиданд, посухҳое медод, ки аслан ба пурсиш рабт надошт. Худаш ҳам нафаҳмид, ки чиҳо гуфта истодааст. Аз посухи мустақим мегурехт. Бурдуовард мекард. Мисли донишҷӯи духон, талош мекард,ки сокит набошад. Гоҳ аз чӯл мегуфт,гоҳ аз биёбон.Мурғони ҳаво ба ҳолаш гиристанд.Бо фиристодани Юсуф Раҳмон ба ин нишаст ҳукумати муттаҳами муҷрим бадтар шармсор шуд. Ба хусус,ки ин нишаст бо ҳузури мухолифин ва аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ доир шуда буд. Дар оқибати кор чунин шуд, ки посухҳои ӯро қабул накарданд ва ӯро водор намуданд, ки ба таври хаттӣ ҷавоб диҳад. Ин масаларо муфассал навишта будему барномаеҳам тақдим намудабудем.
Юсуф Раҳмон ,ҳоло дар ҳузури аъзои Маҷлиси Миллӣ шояд ба Кабирӣ таҳдид мекунад ва бо ҳамин ниқори ҳамон нишасти Комитети ҳуқуқи башари СММ-ро гирифтан мехоҳад. Манобеи огоҳ мегӯянд, ки ҳудуди 200 нома ва дархост ба кишвар ва созмонҳои аврупоӣ барои дастгир ва таслим кардани Кабирӣ фиристодаанд. Вале ҳеҷ яке аз онҳо посухи мусбат надодаанд. Баракс Интерпол-пулиси байналмилалӣ исми Кабириро аз рӯихати афроди таҳти ҷустуҷӯ берун кард. Новобаста аз инки барномаҳояшон барои маҳор ва маҳв кардани оппозитсион дучори “фиаско” шуд, ҳамоно қоида ва қонуни “бои безправила”- ро ба иҷро дароварданианд.
Масъули қонун ва қонуният дар кишвар вақте ҳама мавозин ва меъёрҳои байналмилалиро сарфи назар карда ва аз идомаи музокирот барои боздошт ва истирдоди як сиёсатмадори дорои мақоми паноҳандагии сиёсӣ мегӯяд, ин чунин маъно дорад, ки онҳо қонунҳои байналмилалиро ё намедонанд ва ё амдан сарфи назар карданианд,агарчи хело кавдан ва пуррӯянд.
Як худи қарори ахири СММ ва Кумитаи ҳуқуқи башари он, ки аз давлати Раҳмонов тақозо кард, ҳамаи 11 узви аршади ҲНИТ +1+3: Муҳаммадалии Ҳайит, Сайидумар Ҳусайнӣ, Зубайдуллоҳи Розиқ, Саъдиддини Рустам, Абдуқаҳҳори Давлат, Абдусамади Ғайрат, Қиёмиддин Аваз, Раҳматуллои Раҷаб, Ҳикматулло Сайфуллозода, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад ,Муҳаммадшариф Набиев ,Воҳидхон Қосидинов ва Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров, Маҳмадрӯзи Искандаров ба таври оҷил озод бишаванд, ба дарозгӯши нобино ҳам маълум мебошад, ки СММ онҳоро гунаҳкор наҳисобид. Акнун, ки онҳоро гунаҳкор наҳисобид, маънояш ин аст ки ҲНИТ ҳам гуноҳ надорад. Акнун, ки ҲНИТ-ро ҳам бегуноҳ меҳисобад, маънояш ин аст ки раиси он ҳам гунаҳгор нест ва боздошту таслим карда намешавад ва акнун,ки файсала чунин аст маълум мешавад,ки кадом кудето ва табаддлуоте ҳам набудааст.
Балки баракс акнун навбати Кабирӣ ва созмони зери раёсати ӯ аст ки Раҳмонов ва тими ӯро барои аъмоли ҷиноияш бар зидди ҲНИТ ва миллат ба додгоҳ бикашад. Вақте СММ онҳоро бегуноҳ эълон кард, маънояш ин аст ки ончики шумо барои онҳо гуноҳ ҳисобидед, ончики шумо онҳоро то ҳукми абад додаед нодуруст ва ғайриқонунӣ аст. Яъне ин ба он маъно аст ки ҳамаи корҳои шумо як дурӯғи бузург аст. Ва мусалламан агар СММ қудрати онро медошт, афроде назири Раҳмонов ҳоло бо ҳукми абад дар дар ҷойи Муҳаммадалии Ҳайит менишаст.
Аммо мардиву ҷавонмардии Кабириро бубинед,ки новобаста аз онки Раҳмонов ва мақомоти вай таъқибу боздошт ва зиндонӣ кардани ӯро дар сархатти барномаҳои худ қарор додаанд ва дар ин роҳ аз ҳеҷ аъмоли ҳатто зиште ҳам даст намекашанд, Кабирӣ боз ҳам бо камолият дироят ва ҷавонмардӣ, ки вижаи сиёсатмадорони мардумӣ ва миллӣ аст аз мушкилоти мардум мегӯяд ва аз мақомоти Тоҷикистон ахиран даъват кард, ки хатар ва фалокати коронавирусро дасти кам нагиранд. Кабирӣ барои эмании мардум ва пешгирӣ аз ворид шудани ин беморӣ пешниҳодҳоеро матраҳ кард,ки ба инобат нагирифтани онҳо маънои ба ҳоли худ вогузор кардани мардумро дорад. Бо ин вуҷуд,ки Раҳмонов гаштаву баргашта ва лозиму нолозим аз ҲНИТ ва раҳбарияти он интиқоди шадид мекунад, дар ҳаққаш тӯҳмат мебофад, Кабирӣ гуфт,ки Ситоди ташкилдодаи Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвазир коромад нахоҳад буд,агарки ки худи Раҳмонов роҳбарии онро бар дӯш нагирад.Вале Раҳмонов, ончуноне 28 соли фаъолияташ маълум кардааст,дар қиссаи мардум набуд ва нест ва намешавад.
Имрӯз Раҳмонов дар Хуҷанд ба айшу ишрат машғул асту писару набераҳояш дар Душанбе ба асптозиву ҷоизагирӣ банд. Вале сокинони деҳаи Ҳалқаҷари Хуросон, ки ҳамдеҳаи бар асари сел кушташудаи худро гӯронида ва дар азову мотаманд, кӯрпа ва болини хушк надоранд, як хаймаеро ҳам барояшон надоданд,ки шабашонро рӯз кунанд. 200 хонавода маҳруми хонаву дар ва гову молашон шуданд. Ҳазорҳо муҳоҷир ва шаҳрвандони дигари тоҷик дар фурудгоҳҳои Маскав дармондаанд, чун парвозҳо ба самти Тоҷикистон мамнӯъ шуд. Аммо “Сомонэйр”-и Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси дузди гузарояш дар айни мусибат ва бадбахтии мардум пул канда истодааст. Нархи 1 билети ҳавопаймо аз 180-200 доллар то 450-600 доллар боло бурда шуд. Ҳатто русҳо барои тоҷикони бандмонда дар фурудгоҳ ғизову доруворӣ дастрас карданд, аммо сафорати Тоҷикистон ақалан як “бакалажка” об ба касе аз он дармондаҳо кӯмак накард. Раҳмонов ва наздикони дузди вай дар ҳамин шабурӯз ҳам дар фикри бизнес ҳастанд. Кишварҳои ҳамсоя дар мотами коронавирус нишастааанд, Раҳмонов бошад Хуҷанд тӯю тамошо дода гаштааст.
Чун ҷойи гуфтан аст як нуктаи дигарро ҳам бояд тазаккур бидиҳам,ки тибқи маълумотҳои ба дасти мо расида Юсуф Раҳмон парвандаҳои марбут ба “Салафия”, “Ихвон-ул-муслимин” ва амсоли инро ба як бизнеси калон табдил дода ва аз ин ҳисоб садҳо, балки миллионҳо доллар кор кардааст. Тамоми чунин парвандаҳо ҳатман нарх доштаанд ва саҳму “доля”-и Додситони кулл дар онҳоро охири ҳар моҳ оварда медодаанд. Юсуф Раҳмон дар гирифтани пора ва ришватситонӣ пешгузаштаи худ Шерхон Салимзодаро ба як нӯл задааст. Прокуратура то омадани ӯ ҳам як ниҳоди фосид ва “коррумпированний” буд вале баъди ӯ ришват ва порахӯрӣ дар ин ниҳод ба як амри маъмулӣ табдил шудааст.
Воқеияти ин иттиллоъро дар оянда боз ҳам хоҳем санҷид. Аммо як манбаи муътамад изҳор дошт,ки Юсуф Раҳмон, дар шумори вазири дохилӣ ва амният аз овардани Хӯҷа Карим, қумандони Фронти халқӣ ба Тоҷикистон он қадар ҳам розӣ набудааст ва ҳатто аснодеро, ки ниҳоди зери раҳбарии ӯ ба Имороти Муттаҳидаи Араб барои Хӯҷа Карим фиристодааст, сабаб шудааст,ки ӯро то муддате раҳо кунанд. Вале Шоҳрух Сайид, сардори Идораи кофтукови ҷиноии ВКДТ ва Рустами Эмомалӣ аз ин паҳлуи кор воқиф шуд ва таъҷилан ба Эмомалӣ Раҳмонов воқеиятро мерасонанд. Раҳмонов ҷаласаи фаврии Маҷлиси Миллиро даъват ва ӯро аз мақом барканор карданӣ мешавад. Ёдатон бошад ин ҷаласа ба таври оҷил доир гардид, ки дар он танҳо як масъала- таъйини Прокурори генералӣ баррасӣ мешуд. Аммо дар фосилаи як шаб Маҳмазойир Соҳибови домоди Раҳмонов, шавҳари Фирӯза, даст ба кор шуда ҷони Юсуф Раҳмоновро мехарад. Аммо ба миқдори чанд миллион доллар ва боз чи пораҳое инашро мегузорем ба баъд. Албатта, Юсуф Раҳмонов аз пеши худ ва бо ташаббуси худ ба чунин иқдом (манзур моҷарои марбут ба овардани Хӯҷа –командир) даст намезад. Мусаллам аст ки ӯро ба ин кор водор кардаанд. Ва ӯ дар сӯҳбати рӯбарӯ бо Раҳмонов воқеияти пушти пардаи моҷарои парвандаи Хӯҷа Каримовро ҳикоят кардааст…Вале дар ҳар сурат ӯ курсии худро барои панҷ соли баъд боз ҳам мисле,ки соҳибӣ кард.
Дар ҳар сурат бархе аз пешниҳодҳои Кабириро, бо ин вуҷуд ки худ медонед тамоми талошатон барои дастгир ва таслими ӯ ин ша Аллоҳ ноком хоҳад буд, вобаста ба ҷилавгирӣ аз коронавирус ва асароти бади он ҳатман ба эътибор бигиред. Аз ҷумла иҷрои ҳамаи ин даҳ пешниҳодҳо бағоят муҳим аст,ки онҳо чунинанд:
1. Ба таври ҳамагонӣ ва бепул ба кишвар овардани ҳама шаҳрвандони Точикистон, ки дар хориҷ мондаанд ва нияти бозгашт ба ватан доранд.
2. Дар биноҳои васеътар ва муносиб бо шароити беҳтар ҷой кардани ҳама касоне, ки ба карантин фаро гирифта мешаванд.
3. Қатъи тамоми навъи ҷамъомадҳо, чашнворахо, маросимхои серодам, аз ҷумла маршировкаҳо.
4. Озод намудани ҳама маҳбусони болои синни 60 аз зиндонҳо, новобаста аз муҳлати ҷазо, таркиби ҷиноят ва омилҳои дигар. Маҳбусони синашон ҷавонтар вобаста ба хатарнокиашон ба ҷомеъа, барои муддатҳои гуногун аз маҳбасҳо озод шаванд ва дар шароити манзил ба сар бубаранд. Инчунин, ба хотири беҳтар кардани фазои сиёсиву равонии кишвар, ба хотири боло бурдани эьтимоди мардум ба ҳукумат ва нишон додани эҳтиром ба қарори муътабартарин созмони байналмиллалӣ, ки Тоҷикистон узви он мебошад, озод намудани 15 зиндонии сиёсӣ, ки Кумитаи ҳуқуқи башари СММ озодии фаврии онҳоро талаб намудааст.
5. Боло бурдани суръати интернет ба хотири ҳарчи зудтар омода кардани шароит барои низоми интернетии таълим, коргузорӣ ва мудирият дар кишвар. Бардоштани ҳамагуна маҳдудиятҳо болои сайтҳои расонаӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба хотири қавитар кардани амнияти иттилоотии кишвар ва боло бурдани сатҳи огоҳии мардум аз равандҳо, мушоракати бештари мардум дар тарҳҳо ва барномаҳои зиддибуҳронӣ.
6. Роҳандозии низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ва фурушгоҳҳои интернетӣ, ки дар сурати зарурат мардум битавонанд ашёи мавриди ниёзи худро аз манзил ва фосилаи дур супориш бидиҳанд. Дар сурати зарурат, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо дар фаъолияти бозорҳо, фурӯшгоҳҳои калон , нақлиёти шаҳрӣ ва донишгоҳу муассиаҳои таълимӣ. Ҳамзамон ташкили фурӯшгоҳҳои хурди сайёр бо рияоти талаботи санитарӣ дар маҳаллаҳо ва хиёбонҳои аслии шаҳрҳо.
7. Барҳам додани низоми пулакии роҳи Душанбе -Чаноқ, ки ширкати IRS солона наздики 100 миллион долларро аз ронандагон, соҳибкорон ва мардуми оддӣ ситонида, ба суратҳисобҳои офшорӣ мефиристад ва амалан аз гардиши молии кишвар берун мекунад. Ин иқдом на танҳо фишори молиро дар чунин рӯзҳои буҳронӣ болои мардум камтар мекунад, балки таъсири худро ба поён рафтани нархи сафар ва интиқоли молу мавод хоҳад расонд.
8. Эълони мораторияи санҷиши корхонаҳо, ширкатҳо ва соҳибкорон (ба ғайр аз санҷишҳои санитарӣ) давоми солҳои 2020-21.
Барҳам додани имтиёзҳои молиявӣ ва андозӣ ба ширкатҳои монополистӣ ва додани ин имтиёзҳо ба соҳибкории хурду миёна, ки маҳсулоти ниёзи аввали мардумро истеҳсол мекунанд. Пешгирӣ аз нархгузориҳои баднафсонаи ширкати монополистии «Сомонайр» бо истифода аз буҳронҳо ва мутобиқ гардонидани нархи билетҳои ин ширкат ба нархҳои мавҷуд дар бозори мусофиркашонии минтақа.
9. Боло бурдани маоши кормандони соҳаи тиб, санитарӣ ва соҳаҳое, ки кормандонашон дар сафи аввали мубориза бо ин буҳрон фаъолият мекунанд.
10. Баргардонидани маблағҳои офшорӣ ба кишвар ва ворид намудани онҳо ба буҷаи давлат барои амалӣ кардани тарҳҳои миллӣ ва нигаҳдштани низоми иқтсодии кившар аз муфлисшавӣ.
Махсусан барои шахси худи Раҳмонов,ки бо амали намудани ин пешниҳодҳо хеле аз ҷиноятҳои худро аз парвандаи ҷиноии бисёрҷилдааш бо ин баҳона кам мекунад.
Ва,дар ниҳоят ба ин суол,ки чаро Юристи №1 музокира барои истирдоди Кабирӣ бо Иттиҳоди Аврупоро эълон карда чи ҳамоқат ва аблаҳиеро аз худ ба намоиш бигузошт, посух ин аст ки ин як кори тамоман ношуданист. Зеро Кабирӣ мақоми паноҳандагии сиёсии кишвари аврупоиро дорад. Юсуф Раҳмон ,агар болову поён ва пешу пушташро дарронад ҳам,-ончуноне сафири Олмон дар Тоҷикистон ҳам пештар гуфт,ки далеле дар дасти ҳукумати Тоҷикистон нест- наметавонад ба ин нияти бадаш бирасад,магар инки мақоми паноҳандагии Кабирӣ аз сӯи давлати эъто намудаи ин мақом лағв бишавад. Кореро,ки ҳеҷ гоҳ як давлати боиззате анҷоми онро барои худ ҷоиз намедонад.
Ps: Аммо бар ағлаби гумону фарзияҳо аз панҷсоли кории ин Юристи №1 чунонеки дар маҷомеъи байналмилалӣ дидем.Ӯ дақиқан кори ҳамон маймунеро дар ин ҳукумат мебозад,ки дар дасташ ду норинҷак (граната) додаанд вале намедонанд, ки ба кадом тараф он нориҷакҳоро мепартояд.Аммо ба гумони ағлаб норинҷакҳоро на ба тарафи мо чунки масофа ва тундбодҳо ба сӯйи мо бештар аст аз масофа ба самти қасри миллат.
v