Сафари «тавбаву надомат» ба Теҳрон? Паси пардаи дидори Ҳасан Асадуллозода бо Бобаки Занҷонӣ

Ислоҳ нет

Таҳқиқоти Ислоҳ

Сафари ахири як ҳайати баландпояи Тоҷикистон ба Эрон дар хабарҳои расмӣ ҳамчун сафари иқтисодӣ, энержӣ ва тиҷоратӣ муаррифӣ шуд. Аммо маълумоте, ки мо аз манбаъҳои дохилӣ ва афроде, ки аз ҷузъиёти ин сафар огоҳанд, дарёфт кардем, нишон медиҳад, ки пушти барномаи расмии ин ҳайат масъалаи дигаре низ қарор доштааст: парвандаи куҳнаи Бобаки Занҷонӣ ва миллиардҳо долларе, ки солҳо боз номи Тоҷикистон дар канори он зикр мешавад.

Ин маълумот вақте аҳамияти бештар пайдо мекунад, ки худи Бобаки Занҷонӣ баъди мулоқот бо ҳайати Тоҷикистон пардаро то андозае канор зад.

Ӯ навишт:

«Дирӯз ҷамъе аз меҳмонони даъватшуда аз Тоҷикистон, аз ҷумла вазири нақлиёт, вазири роҳи оҳан, вазири энержӣ, масъулони бонкӣ ва хонаводаи муҳтарами раисҷумҳури муҳтарами Тоҷикистон меҳмони мо дар Эрон буданд».

Занҷонӣ ҳамчунин эълон кард, ки меҳмонони тоҷик барои ӯ «медали ифтихорӣ ва акси наққошишуда»-ашро ба ҳадя овардаанд. Радиои Озодӣ низ ҳузури Азим Иброҳим, вазири нақлиёт, Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк» ва бародарарӯси Эмомалӣ Раҳмон, Фаррух Шарифзода, муовини вазири корҳои хориҷӣ ва дигаронро дар ҳайат тасдиқ кардааст.

Хабаргузории давлатии Эрон — IRNA — низ сафари ҳайати баландпояи Тоҷикистонро тасдиқ карда, навиштааст, ки Далер Ҷумъа, Азим Иброҳим, Фаррух Шарифзода ва гурӯҳе аз соҳибкорон бо вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ароқчӣ мулоқот карданд. Пеш аз он ҳайат бо вазири нафти Эрон Муҳсин Покнажод дар бораи ҳамкориҳои энержӣ гуфтушунид дошт.

Пас сафари расмӣ ва музокироти нафтӣ ҷои баҳс надорад.

Аммо он чи дар паси ин сафари расмӣ гузаштааст, қисмати муҳимтари моҷарост.

Чаро Ҳасан Асадуллозода?

Дар миёни вазирон ва дипломатҳо ҳузури Ҳасан Асадуллозода махсусан ҷалби таваҷҷуҳ мекунад.

Ӯ вазири нафт нест. Вазири энержӣ нест. Вазири нақлиёт ҳам нест.

Ҳасан Асадуллозода раиси «Ориёнбонк» ва бародарарӯси Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ва маҳз ӯ дар мулоқот бо Бобаки Занҷонӣ ҳузур пайдо мекунад — шахсе, ки номи ӯ беш аз даҳ сол боз бо баҳси миллиардҳо доллар ва Тоҷикистон пайваст аст. Ҳузури Асадуллозода дар ҳайатро Радиои Озодӣ низ тасдиқ кардааст.

Ба иттилои манбаъҳои дохилии мо, масъалаи Бобаки Занҷонӣ ҷузъи муҳими пушти пардаи ин сафар будааст ва қисми расмии сафари давлатӣ ҳамзамон имкон додааст, ки ин мулоқот дар чорчӯби як сафари бузурги иқтисодӣ анҷом шавад.

Яъне он чи ҷомеа дид — вазирон, музокироти нафт, энержӣ ва нақлиёт буд.

Аммо он чи дар паси парда қарор дошт, ҳалли як баҳси бисёр куҳнаи молӣ низ будааст.

2,5 миллиард доллар — баҳсе, ки ҳеҷ гоҳ тамом нашуд

Парвандаи Бобаки Занҷонӣ як баҳси одии тиҷоратӣ нест.

Дар Эрон мақомоти гуногун ҳаҷми қарзи ӯро дар солҳои гузашта бо рақамҳои андаке мухталиф эълон кардаанд: тақрибан 2,35 миллиард евро, 2,6 миллиард евро, 2,8 миллиард доллар ва рақамҳои наздик ба ин. IRNA соли 2014 ин ихтилофи рақамҳоро ҷамъбаст карда буд. (ایرنا)

Аз ин рӯ, рақами маъруфи «2,5 миллиард доллар» бештар ба шакли умумӣ барои тавсифи ҳаҷми баҳс истифода шудааст ва рақами дақиқ дар манобеи гуногун яксон нест.

Аммо робитаи молии худи Занҷонӣ бо Тоҷикистон тахмин нест.

Вазорати хазонадории ИМА ҳанӯз 11 апрели соли 2013 расман сабт карда буд, ки ширкати Kont Kozmetik, ки ба Бобаки Занҷонӣ тааллуқ дошт, соли 2011 Kont Investment Bank дар Тоҷикистонро харидорӣ кардааст. Суроғаи идораи он ҳам дар Душанбе, кӯчаи Бухоро 43 нишон дода шудааст. (U.S. Department of the Treasury)

Яъне Занҷонӣ дар Тоҷикистон танҳо меҳмон ё соҳибкори тасодуфӣ набуд. Ӯ дар ин кишвар сохтори бонкӣ ва тиҷоратӣ дошт.

Радиои Озодӣ низ менависад, ки мақомоти эронӣ дар гузашта гуфта буданд, Занҷонӣ аз 500 то 600 миллион доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва сарнавишти бахше аз дороиҳои ӯ то ҳол рӯшан нест.

Ин аст заминае, ки мулоқоти имрӯзаи Ҳасан Асадуллозода ва Бобаки Занҷониро аз як дидори одӣ фарқ мекунад.

Манбаъҳои мо: масъалаи пул дар музокирот будааст

Тибқи маълумоте, ки мо аз дохили ин сафар дарёфт кардем, масъалаи маблағҳои Занҷонӣ ва роҳи ҳал кардани баҳси куҳна дар гуфтугӯҳо матраҳ шудааст.

Манбаъҳои мо мегӯянд, Душанбе имрӯз ба беҳбуди муносибат бо Теҳрон ва, бахусус, ба ҳамкории Эрон дар бахши сӯзишворӣ ва энержӣ ниёз дорад.

Музокироти расмии ҳайат низ ҳамин ниёзро тасдиқ мекунад: ҷониби Тоҷикистон бо мақомоти Эрон масъалаи густариши ҳамкории энержиро дар сатҳи баланд баррасӣ кардааст. (IRNA English)

Ба иттилои манбаъҳои мо, дар чунин шароит бастани баҳси Занҷонӣ ба яке аз шартҳои муҳими барқарор кардани эътимоди комил табдил ёфтааст.

Манбаъҳои мо ҳамчунин мегӯянд, ки дар ин сафар масъалаи баргардондани бахше аз маблағҳои мавриди баҳс ва идомаи тасвияи он дар оянда матраҳ будааст.

Ин қисми маълумот аз суҳбатҳои мустақими мо бо афроде гирифта шудааст, ки аз ҷараёни сафар иттилоъ доранд. 

Аммо рафтори худи Занҷонӣ баъди мулоқот низ қобили таваҷҷуҳ аст.

Ӯ на танҳо ҳайати Тоҷикистонро бо гармӣ пешвоз гирифт, балки ҳадяҳои аз Душанбе овардашударо махсус ба намоиш гузошт.

Медал ва портрет барои чӣ?

Биёед ҳамин саҳнаро тасаввур кунем.

Аз Душанбе барои Бобаки Занҷонӣ портрет мекашанд.

Онро бо худ ба Теҳрон мебаранд.

Медали ифтихорӣ низ ҳамроҳи он аст.

Ва ин ҳадяҳоро ҳайате мебарад, ки дар он вазирони Тоҷикистон ва Ҳасан Асадуллозода ҳузур доранд.

Худи Занҷонӣ баъдан ин ҳодисаро ошкор мекунад ва мегӯяд, ки ин ҳадяҳо барои ӯ «бисёр боарзиш» буданд. Ин воқеаро ӯ ошкоро дар сафҳаи худ дар интернет нашр кардааст.  

Ҳамин ҷост,ки ин ҳадя дигар танҳо ҳадя нест.Ин як навъ изҳори тавбаву надомат ва узри бисёр калон ва бадтар аз гуноҳ аст.

Бо таваҷҷуҳ ба маълумоте, ки аз манбаъҳои дохилии худ гирифтаем, ин рафторро метавон ҳамчун нишонаи оштӣ ва талош барои бастани як баҳси бисёр сангини гузашта хонд.

Дар дипломатия ва муносибатҳои хусусии сатҳи боло на ҳамаи паёмҳо дар коғази расмӣ навишта мешаванд.

Гоҳе худи тарзи истиқбол, ҳадя, ҳайати фиристодашуда ва шахсе, ки барои музокирот интихоб мешавад, паём аст.

Ва ин ҷо паём хеле рӯшан менамояд:

Душанбе мехоҳад парвандаи Занҷониро аз сари роҳ бардорад ва бо Теҳрон ба марҳилаи нави ҳамкорӣ ворид шавад.

 Хуб,ин ҳама чӣ маъно дорад?Ин маънояш ин аст ки мо ғалат кардем,мо пушаймонем, ки пулҳои туро надодем.Вагарна чаро аз Душанбе акси наққоши Бобакро кашидаву сохтаву дар самолет бор кардаву Теҳрон меоваранду Ҳасан миёнашро дуқат карда тақдим мекунад?

Инро ҳам агар Бобак мегуфт,ки расми баргузории эътои «акси мунаққаш» дар манзили зисти вай иттифоқ уфтодааст ва ё дар кадом утоқи вазоратхона дар Теҳрон боз ҳам ҷолибтар мешуд.Ин маънои дигараш ин аст ки «ҳо бале мо пули туро дуздида будем,вале акнун бармегардонем ва шумо илтимос ба мо бензину солярка ёрдам кунед,нефт ёрдам кунед.Чунки мо дигар ҳоламон табоҳ аст».

Бубинед,ки барои манфиати худу қудраташ чи корҳои касифу хабисеро иҷро мекунад ва бо сарнавишти миллату давлат чи гуна бозӣ мекунад ва обрӯи давлатро чи гуна поин меоварад.

Хулоса,Бобаки Занҷонӣ бо нашри ин пост дар Телеграмканали худ дасти дуздро рӯ кард ва нишон дод,ки вай рост гуфта буд,ки Раҳмонов дунимиллиарди ӯро дуздид.

Вале кори худоро бинед,ки баъди чанд сол ҳамачиро ошкор кард.

Чаро ҳоло?

Ин суол аз ҳама муҳимтар аст.

Чаро баъди ин ҳама сол?

Чаро маҳз ҳоло Ҳасан Асадуллозода рӯбарӯи Бобаки Занҷонӣ менишинад?

Чаро маҳз ҳоло портрету медал мебаранд?

Ва чаро маҳз дар ҳамон сафар Тоҷикистон аз Эрон нафт, сӯзишворӣ ва густариши ҳамкории энержӣ мехоҳад?

Ба иттилои манбаъҳои мо, посухро бояд дар ниёзи имрӯзаи Душанбе ба Теҳрон ҷуст.

Раҳбарияти Тоҷикистон мехоҳад муносибати сиёсиву иқтисодии худро бо Эрон то ҳадди имкон беҳтар кунад ва аз имкониятҳои ин кишвар дар бахши энержӣ, нақлиёт ва тиҷорат истифода барад.

Аз тарафи дигар, наметавон аз Теҳрон ҳамкории стратегии нав талаб кард, вале баҳси чандмиллиарддолларии гузашта бо яке аз муҳимтарин афроди ин парванда боз боқӣ монад.

Аз ҳамин ҷост, ки масъалаи Занҷонӣ дубора аҳамият пайдо мекунад.

Оё ҲНИТ сабаби аслии сардии муносибатҳо буд?

Солҳо ба ҷомеаи Тоҷикистон чунин тасвир дода мешуд, ки яке аз сабабҳои аслии буҳрони муносибатҳои Душанбе ва Теҳрон масъалаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва ҳузури роҳбарияти он дар Эрон буд.

Ин омил воқеан дар танишҳои сиёсӣ нақш дошт.

Аммо таърихи парвандаи Занҷонӣ нишон медиҳад, ки баҳси молӣ пештар аз авҷи моҷарои ҲНИТ вуҷуд дошт.

Kont Investment Bank-и Занҷонӣ ҳанӯз соли 2011 дар Тоҷикистон фаъол буд ва Вазорати хазонадории ИМА соли 2013 робитаи онро бо шабакаи Занҷонӣ расман сабт карда буд. (U.S. Department of the Treasury)

Аз ин рӯ, маълумоти манбаъҳои мо тасвири дигареро пеш мегузорад:

моҷарои Занҷонӣ яке аз масъалаҳои бисёр ҷиддии пасипардагии равобити Душанбе ва Теҳрон будааст ва баҳсҳои сиёсӣ баъдан ба он илова шудаанд.

Ин маъно надорад, ки масъалаи ҲНИТ тамоман сохта буд. Аммо маънояш ин аст, ки муносибатҳои ду кишвар аз як баҳси бузурги молӣ низ осеб дида буданд.

Сафари давлатӣ — ва рисолати дигар

Ба иттилои манбаъҳои мо, агар танҳо масъалаи хусусии Занҷонӣ матраҳ мебуд, имкон дошт Ҳасан Асадуллозода ё шахсони дигари масъул алоҳида ба Эрон раванд.

Аммо ворид кардани ин мулоқот ба чорчӯби як сафари баландпояи давлатӣ ду вазифаро иҷро мекард:

аз як тараф музокироти энержӣ ва тиҷоратӣ анҷом мешуд;

аз тарафи дигар баҳси куҳнаи Занҷонӣ дар сатҳе баррасӣ мешуд, ки вазни сиёсӣ ва давлатӣ дошт.

Аз ҳамин назар, манбаъҳои мо ин сафарро танҳо сафари иқтисодӣ намедонанд.

Онҳо онро сафари оштӣ ва тасвияи ҳисобҳои гузашта низ тавсиф мекунанд.

500–600 миллион доллар сармоя куҷо шуд?

Соли 2015 Ҳасан Деҳдаштӣ, узви Кумитаи пайгирии парвандаи Бобаки Занҷонӣ дар порлумони Эрон, гуфта буд, тибқи маълумоте, ки онҳо ҷамъоварӣ кардаанд, Занҷонӣ тақрибан 500 то 600 миллион доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст.

Ӯ ҳамчунин изҳор карда буд, ки мумкин аст қисме аз дороиҳои вобаста ба Занҷонӣ ба номи афроди дигар, аз ҷумла ашхоси бонуфуз, сабт шуда бошанд. Ин маълумот баъдан, ба гуфтаи ӯ, ба мақомоти қазоии Эрон пешниҳод шудааст. 

Ин ҷо бояд бо дақиқӣ таъкид кард: ин сухан иддаои як мақоми эронӣ аст. Манбаъҳои кушода ҳукми додгоҳеро нишон намедиҳанд, ки собит карда бошад 500–600 миллион долларро шахсан Эмомалӣ Раҳмон ё Ҳасан Асадуллозода тасарруф кардаанд.

Аммо худи мавҷудияти чунин иддао дар сатҳи узви порлумони Эрон ва пайгирии расмии парванда як воқеияти таърихист.

Посте, ки пардаро каме канор зад

Шояд агар Бобаки Занҷонӣ худаш аксҳо ва ҷузъиёти мулоқотро нашр намекард, ин бахши сафар ба ҳамин андоза мавриди таваҷҷуҳ қарор намегирифт.

Аммо ӯ худаш гуфт, ки ҳайати Тоҷикистон меҳмони ӯ буд.

Худаш аз ҳузури аъзои хонаводаи раисиҷумҳур ёд кард.

Худаш ҳадяҳои овардашударо нишон дод.

Худаш аз медал ва портреташ гуфт.

Ва ҳамин навишта як саволи куҳнаро дубора ба маркази таваҷҷуҳ овард:

миёни Бобаки Занҷонӣ ва мақомоти Тоҷикистон дар ин солҳо воқеан чӣ ҳисобе боқӣ монда буд?

Таҳқиқоти мо бар асоси иттилои манбаъҳои дохилӣ нишон медиҳад, ки баҳси маблағҳо аз байн нарафта буд ва сафари ахир яке аз марҳилаҳои талош барои ҳал кардани он будааст.

«Тавбаву надомат» — маънои сиёсии сафар

Агар ин сафарро танҳо бо забони протокол бихонем, он сафари ҳайати иқтисодии Тоҷикистон ба Эрон аст.

Аммо агар онро дар канори таърихи Занҷонӣ, миллиардҳои баҳсбарангез, фаъолияти бонкии ӯ дар Душанбе, ҳузури Ҳасан Асадуллозода, мулоқоти хусусӣ, медал, портрет ва маълумоти манбаъҳои дохилии мо гузорем, тасвири дигаре пайдо мешавад.

Аз ҳамин назар метавон онро сафари тавбаву надомати сиёсӣ ва талош барои оштӣ бо як парвандаи куҳна номид.

На ба ин маъно, ки ягон санади расмии «узрхоҳии Эмомалӣ Раҳмон» имзо шудааст.

Балке ба ин маъно, ки мувофиқи маълумоти манбаъҳои мо, намояндагони наздики сохтори ҳокимият барои бастани баҳсе рафтаанд, ки солҳо ба муносибатҳои Душанбе ва Теҳрон соя андохта буд.

Ва аз ҳама рамзитар ин аст, ки имрӯз шахсе, ки солҳо дар маркази ин баҳс қарор дошт, на ҳамчун душман, балки ҳамчун мизбон истодааст ва меҳмонони Тоҷикистон барои ӯ портрет ва медали ифтихорӣ мебаранд.

Хулоса

Бобаки Занҷонӣ як шахси тасодуфӣ дар таърихи иқтисодии Тоҷикистону Эрон нест.

Санадҳои расмии байналмилалӣ мавҷудияти бонки вобаста ба шабакаи ӯ дар Душанбе аз соли 2011-ро тасдиқ мекунанд. (U.S. Department of the Treasury)

Мақомоти Эрон солҳо дар бораи миллиардҳо доллар қарзи Занҷонӣ баҳс кардаанд ва рақамҳои наздик ба 2,5–2,8 миллиард доллар ё 2,3–2,6 миллиард евро дар изҳороти мухталиф омадааст. (ایرنا)

Расонаҳо аз садҳо миллион доллар сармоягузории Занҷонӣ дар Тоҷикистон ва норӯшан мондани сарнавишти дороиҳои ӯ хабар додаанд. 

Ва имрӯз, баъди беш аз даҳ сол, Ҳасан Асадуллозода дар ҳайати баландпояи Тоҷикистон бо ҳамин Бобаки Занҷонӣ мулоқот мекунад ва барои ӯ аз Душанбе медалу портрет мебаранд. 

Ба иттилои манбаъҳои дохилии таҳқиқоти мо, ин мулоқот танҳо мулоқоти дӯстона набуд: баҳси маблағҳои гузашта ва роҳи тасвияи он низ яке аз мавзӯъҳои аслии пасипардагии сафар будааст.

Ҳамин аст ҷиҳате, ки ҳукумати Тоҷикистон то имрӯз барои ҷомеа шарҳ надодааст.

Агар ин маълумот нодуруст бошад, роҳи рад кардани он осон аст: мақомоти Тоҷикистон метавонанд ошкор кунанд, ки Ҳасан Асадуллозода бо Бобаки Занҷонӣ дар бораи чӣ суҳбат кард, медалро кадом ниҳод дод, портретро кӣ фармоиш дод ва масъалаи дороиҳои Занҷонӣ дар Тоҷикистон имрӯз дар чӣ вазъ қарор дорад.

То он замон, сафари Теҳрон танҳо бо чанд акси дипломатӣ ва хабар дар бораи нафт шарҳ дода намешавад.

Зеро дар паси ин аксҳо як парвандаи чандмиллиарддолларӣ истодааст, ки баъди беш аз даҳ сол боз Бобаки Занҷонӣ ва наздикони Эмомалӣ Раҳмонро сари як миз овардааст.

Ва,дар охир.Бастани қарордод барои хариди маҳсулоти омодаи нафтӣ:бензину солярка ва нафти хом(яқинан барои корхонаи тавлиди нафт дар Данғара) пеш аз ҳама шарики стратегии Тоҷикистон Русияро нигарон кардааст.Интерфакс,хабаргузории русӣ мисле,ки аз даруни ин мулоқот менависад: («Душанбе запросил у Тегерана около 2,6 млн тонн топлива, включая 2 млн тонн нефти»- «https://www.interfax.ru/world/1109931).

Агар ончики др ин навишта амалӣ ва татбиқ шавад,дар ҳақиқат Тоҷикистон аз вобастагии сахти Русия хеле ҳам халос мешвад,албатта,агарки мудовим бошад,на барои сол.Вале аз тарафи дигар Эрон,ки таҳти санксияи байнлмилалӣ қарор дорад,интиқоли ин ҳама ҳаҷми бузург,беш аз 50 ҳазор вагон аз қаламрави кишварҳои ҳамсоя барои Тоҷикистон осону роҳат даст нахоҳад дод.

Share This Article