Раҳмонов Масчоро ба хун менишонад?

Ислоҳ нет

Ситоди муқобала бо COVID – 19 эълон кард, ки шурӯъ аз 15 июн амокини ҷамъиятӣ ба фаъолият оғоз хоҳанд кард:

“… Ситоди ҷумҳуриявӣ бо дарназардошти тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ вобаста ба сирояти коронавируси COVID-19 дар Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки аз 15 июни соли равон ташкилоту муассисаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла марказҳои савдо, бозорҳо, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, ошхонаҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, тарабхонаҳо, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва ғайра бо таъмини безараргардонии мунтазами муассисаҳои мазкур, назорати риояи фосилаи иҷтимоӣ, қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемиявӣ ба фаъолият оғоз намоянд”.

 

Ба назар мерасад Ситоди муқобала бо COVID – 19 ба вазъи сиҳии аҳолии Тоҷикистон аҳамият ва эътино қоил нест ва дар пеш кадом масъала ва маъракаи дигаре ҳаст,ки бартар ва муҳимтар аз саломати мардум аст. Вагарна намояндагии Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон баракси гуфта ва хулосаи ин Ситод намегуфт,ки ҳанӯз Тоҷикистон марҳалаи авҷи коронавирусро тай накардааст.

 

Бактигул Карриева, сарпарасти раҳбари намояндагии Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон гуфтааст,ки хеле барвақт аст,бигӯем,ки кишвар “авҷи пандемияро пушти сар кард”. Вай таъкид кардааст,ки “на дар Тоҷикистон ва на дар кишварҳои дигар авҷи пандемияи коронавирус ҳанӯз паси сар нашудааст”.

 

Пас, ҳадаф аз лағв ва ё барчидани маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус чӣ аст? Ситоди ҷумҳуриявии муқобала бо коронавирус бар пояи кадом маълумот сӯҳбат аз “тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ вобаста ба сирояти коронавируси COVID-19” дар Тоҷикстон кардааст ва чаро ин бор низ миёни арзёбии вай ва Созмони ҷаҳонии беҳдошт фарқ аз замин то осмон аст? Агарки ки мо марҳалаи авҷи коронавирусро убур накардаем ва ҳамарӯза дар Душанбеву Хуҷанду Бохтару Бадахшону Кӯлоб, шаҳрҳои бузурги кишвар ва навоҳиву деҳаҳо ҷавону пир қурбонии ин беморӣ шуда истодааст, чаро аз 15 июн маҳдудиятҳо бекор карда мешаванд? Кишварҳои дунё аз ҷумла ҳамсояҳои мо ҳадди ақал се моҳӣ дар шароити карантини шадид ба сар бураднд. Дар ҳоле ки Раҳмонов танҳо 30 апрел эълон кард,ки коронавирус дар Тоҷикистон ҳам ҳаст. Аз он таърих то 15 июн ҳамагӣ 45 рӯз сипарӣ мешавад. Чаро бояд бо ин саросемагӣ ва шитобзадагӣ маҳдудиятҳо лағв мешаванд?

 

Раҳмонов боз кадом ҳадаф ва ғарази нопоке надошта бошад, ки боз ҳам мардумро ба куштан медиҳад? Дар ҳақиқат ҳам коронавирус кам шудааст? Пас,чаро ҳанӯз ҳам мардум мурда истодааст ва ҳоло баракс дар деҳаҳо мавориди маргу мир аз ин беморӣ зиёд шуда истодааст? Ё интихоби 15 июн заминагузорӣ барои баргузории кадом маърака ва ё ҷашни дигаре аст?

 

Ёдатон бошад Созмони ҷаҳонии беҳдошт рӯзи 11 март дар ҷаҳон бонги хатар зад, ки коронавирус дигар як балои оламгир шуд ва кишварҳо бо таваҷҷӯҳ ба шароиту қоидаи хос бо он муносибат кунанд. Раҳмонов он замон бо як такаббур ва манмании аблаҳона ба эътибор нагирифт ва ҳамоно машқу тамринро дар варзишгоҳи марказии Хуҷанд ҷиҳати ҷашни Наврӯз идома дод. Созмони ҷаҳонии беҳдошт рӯзи 16 март тавассути намояндаи худ бо як номаи махсус шахсан ба худи Раҳмонов муроҷиат кард, ки аз таҷлили Наврӯз ба хотири ҳифзу ҳимояти саломати мардум даст бикашад. Аммо на, ба эътибор нагирифт. Баракс даҳҳо ҳазорро ҷамъ овард ва рақсу бозӣ карду кунаку думак зада дар телевизионҳо намоиш дод ҷашни Наврӯзро. Бадтар аз ин дар ҷамъи садҳо нафари дигар як ҳафта дар Хуҷанд иди картошкаву иди намедонам кадуву чи чизҳои дигаре доир накард. Як мусафеди 68 сола,ки бояд сар ба саҷда гузорад,аз Худованд омурзиши гуноҳону ҷурмҳояшро биталабад бо чашмони ҳарису гурусна як донишҷӯдухтари суғдиро дар ҳузури омм машаварат дод,ки “дар курси чоруми шӯ куну дар курси панҷумӣ ҳам диплом гиру ҳам як бача зой”.

 

Хоҳиш мекунам,ҳамон навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯз ҳам ҳаст,як бор тамошояш кунед ва ба чашмони Раҳмонов ва теғи нигоҳи ӯ ба он духтар бингаред,ки чи тавр аст? Зинои чашм камтар аз зино ҷавобгарӣ надорад. Боз як нафаре,ки наберааш шавҳар кардааст:68 сола!!

 

Фақат ба хотири ҳамин гуна ҳолату лаҳзаҳояшро ба мардум нишон додан ва бидуни кадом шарму ҳаё кунаку қошак ҷумбонидан Наврӯз доир кард. Дар ҳоле,ки аллакай даҳҳо нафар бар асари корнавирус дар Тоҷикистон ҷон бохта ва дар кишварҳои ҳаммарз карантина ҷорӣ ва ҳамсояҳо марзу сарҳадоти худро масдуд карданд. Дигар барои тамоми мардуми Тоҷикистон ва ҷаҳон ошкор шуд,ки Раҳмонов то Рустамро раиси Маҷлиси Миллӣ накунад,нисф чи, тамоми халқи Тоҷикистон бимирад ҳам, вуҷуди коронавирус дар кишварро мункир мешавад, мепӯшонад. Мо борҳо ҳатто дар ҳамон оғози моҳҳои феврал-март,ки аллакай даҳҳо нафар бо ин беморӣ кушта шуда буданд, аҳли кишвар ва муҳоҷиронро фаҳмонидем ва огоҳ кардем,ки ба дурӯғҳои Раҳмонову думравону чоплусону косалесону резахоронаш бовар накунед, саломати худро ҳифз кунед. Зеро Раҳмонов аввал Рустамро раиси Маҷлиси миллӣ мекунад ва баъд як ҳафта ва шояд кам ё бештар фурсат ногузашта эълон мекунад,ки бале, дар мо ҳам коронавирус омадааст.

 

Дар ин миён фермаи ҷавобу мубаллиғони аблаҳу аҳмақи ӯ ҳамвора моро интиқод ва душному таҳқир мекарданд, ки дар ҳаққи Тоҷикистон тӯҳмат зада истодаем ва мо бисёр мехоҳем,ки коронавирус дар кишвар бошад. Онҳо мегуфтанд,ки сиёсати хирадмандонаи пешво сабаб шудааст,ки дар Тоҷикистони биҳиштосо зери раҳбарии наҷотдиҳандаи сайёра аз вуруди ин беморӣ ҷилавгирӣ карда шавад. Дар ҳоле,ки дигар аз тамоми навоҳиву деҳоту шаҳрҳо ахбори дақиқу мувассақ аз қурбониҳо ва аз даста-даста шаҳидшавии аъзои оилаҳо мерасид, боз ҳам “илтиҳоби шуш” ва “пневмания” таъвилу тафсир мекарданд. Ҳамин тавр шуд, ки дигар ҷони халқ ба лабаш омад. Танҳо баъд аз онки Рустамро дар курсӣ шинонд ва яке ду ҳафта ҳам гузаронд, ноилоҷ шуд эълон кунад,ки бале короно омадааст. Ин дақиқан рӯзи 30 апрел буд.Яъне ҳамагӣ баъд аз 12 рӯзи интихоби Рустам. Бубинед, аввалин коре,ки гӯё барои ҷилавгирӣ аз ҳамагиршавии ин беморӣ кард, бастани масоҷид буд.

 

Аммо ба хотири онки ҷашни Наврӯзашро,ки бо даҳҳо ҳазор доир карду дар ҳеҷ яке аз масҷид ин шумора одам ҷамъ намеояд, ду рӯзи қабл аз он масоҷидро боз кард. Дар ҳоле,ки дар ин миён ҳатто зиёрати хонаи Худо-ҳаҷҷи умра масдуд ва масҷоиди мамолики исломӣ таътил эълон шуда буд. Раҳмонов ба хотири онки дар Наврӯз “қаҳрамон”-и асосӣ, “раққоса” ва “артист”-и ягона худи ӯ буд, ҷони ҳазорҳо ҳазорро ба хатар бигзошт. Аммо Наврӯзро доир кард ва боз масоҷидро бубаст. Албатта,ки ин ҳама дар соли 1992 рух надодаанд, ки фермаи ҷавоб боз ҷавоб гардонад,ки наҳзатиҳо аз рӯи бахиливу ҳасуд ин гапҳоро мегӯянд. Шумо худ ҳамагӣ шоҳид ҳастед,ки ин ҳама ончиро, ки гуфтам бо чашми сар дидед. Рӯзи 24 апрел дар як суханронии телевизионӣ бахшида бо оғози моҳи шарифи Рамазон низ таъкид кард, ки дар ҷаҳон ин беморӣ дорад идома меёбад аммо хушбахтона мо дар Тоҷикистон надорем. Ҳамагӣ баъд аз 6 рӯзи он эълон кард,ки бале будааст. Ҳатто рӯзи 29 апрел вазорати тандурустӣ боз ҳам таъкид ва эълон кард,ки ягон мавриди ибтило бо коронавиурс дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. Дақиқан ки ин иродаи ва хостаи худи Раҳмонов буд, ки намехост эълон бишавад. Маълумоти алтернативии шумори кушташудаҳо, ки ном ба ном навишта шудааст 421 кас аст. Аммо вазорати тандурустӣ ҳамгӣ 48 кас мегӯяд ва чанд рӯзи ахирро бидуни мавориди маргу мир эълон кардааст.

 

Худаш,ки болои ҷасадҳои мардуми тоҷикро убур карда бо мӯзаҳои хунолуд ва дар китф ба гуфтаи Александр Лукашенко пулемёт ба Душанбе даромада буд, бачаашро ҳам аз болои хуни садҳо тан шаҳиди короно ба курсии Маҷлиси Миллӣ нишонд. Дурӯғу пинҳонкории ӯ то ба ҳадде ҷаҳонро нигарон кард, ки Созмони ҷаҳонии беҳдошт ногузир шуд,ки ҳайати худро барои онки Раҳмонов дурӯғ гуфта истодааст,ба чашми ҷаҳон хок пошида истодааст, вориди Тоҷикистон кунад. Танҳо як рӯз қабл аз вуруди онҳо ноилоҷ шуд эълон кунад, ки ҳа, дар мо ҳам коронавирус омадааст.

 

Агар то расман эътироф кардани коронавирус вуҷуди онро тавассути вазорати тандурустӣ пинҳон медошт ҳоло тавассути ин вазорати шумораи кушташудаҳоро ба маротиб кам нишон дода истодааст. Ман, мутмаинам,ки ин бор яъне маҳз рӯзи 15 июнро шурӯъи лағви маҳдудият эълон кардан яъне 12 рӯз пеш аз ҷашни Ваҳдат ба он хотир аст ки ин бор низ ҷашн баргузор кардан мехоҳад. Қарор аст дар ин рӯз ӯ ба Масчо биравад. Барои онки дар Масчо Ваҳдат ҷашн гирад ӯ боз ҳам халқро ба куштан дода истодааст. 15 июнро ба ҳамин хотир интихоб кардааст, то рӯзи 27 июн Ваҳдатро ҷашн бигирад, сулҳро қайд кунад. Давоми 12 рӯз баъди 15 июн тавассути тв-ю радиоҳо гӯши ҳамаро кар кунад,ки Раҳмонов сулҳ кард ва ҳоло корона ҳам гум шудаасту Масчо ҷашн меравад. Аҷобат дар онки як рӯзи пеш ба хотири ҷуброни корнавирус корхонаҳоро гӯиё таътили андозӣ доду кадом имтиёзҳои нестандарҷаҳон масалн гуфт ки то поёни сол нархи алоқа ва обу барқро боло намебарад, ҳоло 15 ум ҳама маҳдудиятҳоро бекор мекунад.

 

Агар марҳалаи авҷи короно гузашта шудааст,пас чаро милиса дар кӯчаҳои Душанбе одамони бениқобро танбеҳ мекунад? Ва,ҳоло ҳам бастани даҳанбанд ҳатмӣ аст? Сабаби шумори кушташудаҳоро кам нишон додан ва пинҳон кардан ҷашни Ваҳдат аст, мутмаин бошед. Коронавирус ошкор кард, ки барои санҷишу ташхиси ин гуна бемориҳо дар саросари Тоҷикистон танҳо як лаборатория вуҷуд доштасту бас. Миллионҳо доллар барои Наврӯз рафт ва миллионҳои дигар барои Ваҳдат меравад, фақат ба хотири онки инро Раҳмонов мехоҳад. Мо,мардуми Тоҷикстон,аз ҷумла мардуми Масчо, бояд сари по истем,иншооти ҷашниро новобаста аз таҳдиди ошкорои сироят ва кушташавӣ аз коронавирус бисозем, фақат ба хотири як кас.

 

Ё,тавба! Ин пирбеимон,ин пирбеномус,ин пирбешараф боз ҳам на пешниҳоду тавсияи Созмони ҷаҳонии беҳдоштро ба назар гирифтанист ва на вазъияти муардуми кишварро. Боз ҳам миллионҳо-миллионҳо доллари хазинаи давлатро барбод дода Масчо мераваду Ваҳдат баргузор мекунад. Ҳоло тасаввур кунед, ки дунё тавассути антенҳои моҳвораӣ Раҳмоновро дар майдони марказии Масчо тамошо мекунад, ки дар фукаш даҳанбанд, дар ҳалқаи духтарони арғуштӣ ва ҷавонони сарояндаи фуку манаҳбаста рақсу бозӣ мекунад.

 

Дар чунин шароит ҷашну ид аз гулӯи кӣ мегузарад? Магар аз авлоди аҷриқмисолу гургхисоли Раҳмонов ягон кас бо корона намурда бошад? Сайидшо Акрам,яке аз шахсиятҳои номдори миллат,ки тоза ҳанӯз 40ашро надодаанд ва чандин масчоии дигар, ва, на танҳо масчоӣ аз ин беморӣ гузашта шуданд.Танҳо дар шумори пизишкон беш аз 60 нафар бо ин беморӣ, дақиқтар бо фориғболиву бетафовутии Раҳмонов ҷон супурданд. Раҳмонов ҷашни Ваҳдатро дар ҳамин гуна вазъият, дар як чунин вақте,ки мардуми кишвар мотамзада аст бо чи рӯ доир мекарда бошад?

 

Пас, маълум мешавад, ки иншооти ҷашни ваҳдатии Масчоро ҳатто дар шароити шиддатёбии короно нахобонидаанд? Раҳмонов барои онки боз ба “подиум” барояд ва костюму шими навашро ( дар як матлабе хоҳем гуфт,ки костюму шимҳои ӯро барояш кадом ҷавонмарди дастбахайр харида медодааст) ба мардум сӯз диҳад, дар ҳамин гуна шароити фалокатбор ҷашни Ваҳдат доир карданӣ аст? Мо, намегӯем, ки тарафи дигар сулҳ, тарафи дигари Ваҳдат куҷост, мо гуфтанием,ки бо чӣ пӯсту рӯе?

 

Ин суоли мардум аст, ки чи тавр дар шароите,ки таҷаммӯъу издиҳом мамнӯъ асту масҷидҳо баста Раҳмонов Масчо барои ҷашни Ваҳдат меравад? Зеро дигар то маъракаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ягон маърака ва маросими оммавии дигар нест. Дурӯғ аст ки Раҳмонов бо баргузории ҷашну маросим ва ё бо сафарҳо ба манотиқи кишвар ба мардум руҳия медиҳад, ки ҳама тинҷу ҳама сиҳату саломат аст, аслан барояш аҳамият надорад, ки мардум сиҳат аст ё бемор. Ҳоло дар фикру хиёли ӯ як чиз аст,Рустамро чи тавр ба ҷои худаш биоварад. Барои ҳамин бояд нишон диҳад,ки Тоҷикистон тинҷ асту онҳо ҳатто ҷашну хурсандӣ доранд.

 

Таъйини 15 июн барои лағви маҳдудиятҳои короновирус замина сохтан барои ҷашни Ваҳдат аст, ҷашне,ки Раҳмонов бояд боз ҳам биҷумбонад… ва барои овардани Рустам

Share This Article